Аёдати фотеҳони ҷанг

Як ҳайат аз Китобхонаи миллӣ бо сарварии Ҷонишиши Директори Китобхона Салима Раҷабова аз субҳи имрӯз ба аёдати фотеҳони Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтанд ва аз номи роҳбарият ва кормандон онҳоро ба Рӯзи Ғалаба табрик карданд.
Отақул Бӯстонов имсол ба синни мубораки 105 даромад. Аз ҷумлаи касонест, ки дар остонаи сисолагӣ ба ҷабҳа рафт ва муддати панҷ сол дар озодсозии муҳимтарин шаҳрҳо аз дасти ғосибони Гитлер ширкат намуд.
Ба Ватан бо пирӯзӣ ва бо ордену медалҳои қаҳрамонӣ баргашт. Баъди бозгашт ба Ватан саҳифиа дигар дар рӯзгораш оғоз шуд. Вай акнун қатори ҳазорон тани дигар мебоист барои шукуфоии ин Ватани аз ҷанги панҷсола хаставу бемадоршуда талош мекард.

Вақте Олмони фашистӣ зидди кишвари шӯроҳо ҷанг оғоз кард, Ҷамол Қосимов нав 22-сола мешуд. Ҷавон ба сафи аскарони озодӣ пайваст ва фотеҳ ба Тоҷикистони азизаш баргашт. Сари синаи ӯро ордену медалҳои зиёде оро медиҳанд. Ва имрӯз, ки синнаш ба 95 расидааст, боз ҳам хотироте дорад, ки аз он ҷанги хонумонсӯз қисса кунад. Вай бо вуҷуди ранҷуриву беморӣ тавонист ёд орад, ки роҳи ҷангиаш аз куҷо оғоз шуд ва дар куҷо ба поён расид.

Сайидмурод Расулов 92-сола аст ва бистсола буд, ки хабари ҷанги хонумонсӯзро шунид. Чун садҳо ҳамдиёронаш даъвати Ватанро қабул кард ва рафту дар даст силоҳ то охир зидди фашистон ҷангид.

Имрӯз аз оғози ҷанг 76 сол мегузарад ва аз анҷоми музаффаронаи он 72 сол. Вале ёдҳо ҳамоно ҷавонанд, ҳамоно пироне, ки ҳатто умрашон аз сад гузаштааст, хотироте доранд, ки ба имрӯзиён нақл кунанд.

Ин се тане, ки ҳайати Китобхонаи миллӣ аёдат кард, аз ҷумлаи ҳамин фотеҳонанд ва бо вуҷуди тани ранҷуру заъфи пирӣ тавонистанд пораҳое аз хотироти он рӯзҳои шумро пеши назар оваранд.

Фиристодагони Китобхонаи миллӣ ба фотеҳони Ҷанг туҳфаҳои хотиравӣ супурданд ва изҳор доштанд, ки корномаи онҳо фаромӯшношуданист.

Аёдати фотеҳони ҷанг барои кормандони Китобхонаи миллӣ ҳукми анъана ба худ гирифтааст. Ҳар сол дар ҳамин айём, ки дар сар то сари олам миллионҳо тан ёди он рӯзҳоро мекунанд, маъмурияти Китобхона ҳайатеро ба аёдати пирони зафарманд мефиристад, то онҳоро муборакбод кунанд ва барояшон ҳадяҳо супоранд.