Академик Файзулло Шарифзода зиёда аз 520 адад китоб ба Китобхонаи миллӣ туҳфа кард
Нашр шуд 2020-07-22 15:47
Академик Файзулло Шарифзода аз китобхонаи шахсии худ беш аз 520 ва 173 автореферат ба Китобхонаи миллӣ туҳфа намуд. Бахше аз ин китобҳо навиштаҳои худи устод Шарифзода буда, бахши дигар адабиёти муфиди илмиву бадеӣ мебошанд, ки солҳои гуногун дар бойгонии худ нигоҳ медошт. Дар миёни ин китобҳо асарҳое аз эҷоди олими шинохта: “Методикаи таълими забони модарӣ барои хонандагони синфи 2”, “Масоили мубрами таҳқиқоти педагогии муосир”,“Актуальные проблемы современной педагогики” (дар ду китоб), “Ҳакими маърифат”, “Педагогикаи ҳамгиро”, “Педагогикаи ибтикорӣ”, “Педагогикаи умумӣ ва касбӣ” (бо ҳаммуаллифии А.Мирализода) ва ғайра ҳастанд.
Инчунин, китобҳои дигар ва авторефератҳои пурарзиш ба мисли “Фарҳанги мутавосити Деҳхудо” (ҷилҳои 1-2), “Насиме аз Бухоро” (ашъори Рӯдакӣ ба англисӣ ва русӣ), “Девони Ҳофиз” ва ғайра аз қабили китобҳое буданд, ки ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуданд.
Дар бораи академик Файзулло Шарифзода дар Донишномаи озод мехонем:
Файзулло Шарифзода - олим, омӯзгор, донишманди маъруф, доктори илмҳои педагогӣ (1998), профессор (2000), узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2003), академики АТТ (2004), ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2006 – 2009), (2003). Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002).
Файзулло Шарифзода 18 августи соли 1940 дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Т.Г. Шевченко (1964) мебошад. Солҳои 1958–1965 дар вазифаҳои муаллими мактаби миёнаи № 81-и ноҳияи Рӯдакӣ, 1965–1967 методисти Кабинети методии ҷумҳуриявии Вазорати маорифи Тоҷикистон, 1967–1973 муовини директори Кабинети методии ҷумҳуриявӣ, 1973–1976 аспирант, 1976–1984 ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст. С. 1984 – 1987 ба ҳайси котиби дуюми сафорати ИҶШС дар Афғонистон, 1987 – 2000 дотсент, профессори кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, с. 2000-2002 корманди Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ ва муаллими литсейи “Некӣ” – и Донишгоҳи славянии Руссия ва Тоҷикистон иҷрои вазифа кардааст.
Аз соли 2003 дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи илм ва инноватсия кор мекунад. Ӯ соли 1997 дар мавзӯи «Назария ва амалияи таълими ҳамгиро дар мактаби миёна» рисолаи илмиашро сарбаландона ҳимоя намуда, сазовори унвони баланди доктори илми педагогика гардид. Минбаъд дар асоси ин рисола асарҳои бунёдиаш «Назария ва амалияи таълими ҳамгиро дар марҳалаи ибтидоии мактаби миёна» (1997) ва «Таълими ҳамгиро: проблема, таҳқиқ ва андешаҳо» (иборат аз ду қисм, солҳои 1999-2000) таълиф ва чоп шуданд, ки дар таҳқиқи назарияи таълими ҳамгиро аз иқдомоти аввалин мебошанд.
Дар таълифи китобҳои дарсии Алифбо, Забони модарӣ (барои синфи 4) (1989-2012), Одобнома (барои синфҳои 5-6) (1995) Педагогика ва барномаи таълими он (2008), Забони модарӣ барои синфи 2 (2012) ҳаммуаллифӣ кардааст.
45 нафар аспирант ва унвонҷӯён зери роҳбарии ӯ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ кардаанд.
Фарзонаи МИРЗО