СУРАТИ ХАЁЛИ ҶАҲОН
(Таҳқиқи матншиносии байте машҳур аз устод Рӯдакӣ)
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирдгардон аст,
Ҳамеша, то бувад оинш, гирдгардон буд.
Пеш аз ин дар мақолаи “Наврӯзии устод Рӯдакӣ” (Адабиёт ва санъат, 28.02.2019) зимни баррасии матншиносии намунае аз ашъори устод Рӯдакӣ арз шуда буд, ки баъзе аз ин ашъор бо вуҷуди яксон ва ё тақрибан яксон омадан дар нусхаҳои гуногун дар тӯли солҳои зиёд ва мавзеъҳои гуногун, ба далели он ки суолҳо ва шакку тардидҳои ногузирро ба вуҷуд меоранд, ҷо дорад, ки то пайдо шудани сарчашмаҳо ва манбаъҳои муътамади дигар ҳадди ақал ба воситаи конъектура (ҳадсу қиёс), албатта агар барои ин ҳадсу қиёс далелҳое мавҷуд бошад, мавриди таҳқиқи матншиносӣ қарор дода шавад. Ҷойгоҳ ва аҳаммияти шеъри устод Рӯдакӣ зарурати ин корро боз бештар менамояд.
Байте, ки дар сарлавҳа дарҷ шуд, яке аз байтҳои устод Рӯдакӣ аз қасидаи ҳолияи ӯ бо матлаъи “Маро бисӯду фуру рехт ҳарчи дандон буд....” мебошад, ки то кунун дар китобҳои дарсии мо бо номи қасидаи “Шикоят аз пирӣ” оварда шудааст. Ин қасида дар таҳқиқи осору аҳволи устод Рӯдакӣ мавқеи вижаеро касб намуда, бино бар ин аз тарафи муҳаққиқони пуршумор ба таври зимнӣ ва ҷузъӣ ва ё ба таври вижа ва куллӣ баррасӣ гардидааст. Аз ҷумла метавон аз мақолаи махсус ва муфассали профессор Абдунабӣ Сатторзода дар ин мавзӯъ (ниг: А. Сатторзода. Кӯҳна ва нав. – Душанбе: Пайванд, 1384 ҳ.ш., с.16-31) ёдоварӣ намуд, ки агарчи ба мавзӯи матншиносии ин байт назар нашуда бошад, ҳам ҷанбаҳои гуногуни ин қасида дар он баррасӣ гардидааст.
Мақолаи дигари нисбатан муфассал дар баррасии интиқодӣ ва матншиносии ашъори устод Рӯдакӣ ба қалами доктор Аскар Ҳаким тааллуқ дорад, ки дар он нисбат ба чанд мавриди тасҳифшуда дар абёти Рӯдакӣ назарҳои қобили таваҷҷӯҳе баён шудааст. Аз ҷумла ба байти мавриди назари мо ҳам дар ин мақола руҷуъ шуда, ки баҳс сари калимаи “буд” ва “бувад” дар он мебошад. Ин мавзӯъ фарохури суҳбати алоҳидаест. (Аскар Ҳаким. “Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён” ё “Боди Ҷӯйи Мӯлиён”//Маҷмӯаи осор, ҷ.4. – Хуҷанд: Ношир, 2017, с.510-527).
Нависанда ва пажӯҳишгар Қодири Рустам дар бахши “Ҳошия ва таълиқот”-и Девони Рӯдакӣ – Душанбе: Бухоро, 2015, с.176 низ дар шумори чанд калидвожаи ин қасида лозим дониста калимаи “гирдгардон”-ро шарҳ диҳад:
““Гирдгардон” – ҳаракати ҳамешагии даваронӣ. Гирдгардон будани ҷаҳон маншаъ дар андешаи эрониёни бостон ва, умуман, ҳиндуурупоиён дорад. Ин аст, ки Фирдавсӣ ҳам мукаррар аз ин тавсиф барои сипеҳр, фалак истифода мекунад:
Дигар ин ки ин гирдгардон сипеҳр,
Ҳаме нав намояд-т ҳар рӯз чеҳр...
Ва низ сабаб ин аст, ки бештари исмҳои сипеҳр дар форсӣ – фалак, гардун, чарх далолат ба гардандагии он мекунанд...
Рӯдакӣ бо ташбеҳи ҷаҳон ба “чашми гирди гардон” ҳамчунин Инсон (Олами сағир)-ро бо Кайҳон (Олами кабир) ташбеҳ мекунад, ки маншаъи онро ҳам дар ҷаҳоншиносии ориёиҳои бостон бояд ҷуст. Ин андеша баъдан дар афкори исломӣ ва масеҳӣ тавсиъа пайдо кард”.
Лозим ба ёдоварист, ки байти мавриди назар дар нусхаҳои гуногун ба чандин сурат омадааст, ки ин тафовути шакл асосан ба вожаи "чашм" ва "гирдгардон" дар мисраи аввал тааллуқ дорад:
А. Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирдгардон аст...
Б. Ҷаҳон ҳамеша чунин аст, гирдгардон аст...
В. Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест гирди гардон аст...
Аз ҳамин се гунаи матни як мисраъ (шояд боз гунаҳои дигаре ҳам бошад), маълум мегардад, муҳаққиқону нигорандагон асосан дар таъбири “чашми гирдгардон” ба шакку тардид рӯбарӯянд. Ин тардид, агар котибони гунаи “Б”-ро ба он водошта бошад, ки умуман аз баҳри вожаи “чашм” бароянд ва ба ҷойи он “чунин” бинависанд, ношири тозатарин китоби ҷомеъи Рӯдакӣ Абдуқодири Рустамро водошта, ки ҷузъи “гирд”-ро чун сифати зоҳирии чашм биёрад ва аз “гардон” ҷудо кунад, то дар хонанда чунин тасаввуре ҳосил нашавад, ки устод Рӯдакӣ ҷаҳонро ба чашм касе монанд, карда, ки чун чашми аҳли ҷунун дар косахонаи худ ҳамеша давр мезанад. Ҳаройина “гардон” боқӣ мемонад ва дар мисраъи дувум боз таъкид мешавад, ки бояд миёни ташбеҳ ва ташбеҳшаванда муштарак бошад: “Ҳамеша, то бувад оинш, гирдгардон буд”. Яъне хоста ё нахоста тардиду шубҳаи аслӣ рӯйи “чашм” боқӣ мемонад.
Акнун бар асли имконоти ҳадсу қиёс (конъектура) калимаи чашмро ба ҳуруфи форсӣ навишта ё пеши назар тасаввур карда, калимаҳои дар навишт (зоҳир) ба он монандро ба ёд меорем то аз ин миён калимаеро баргузинем, ки ба қисмати дигар байт ҳамхонии ҳарчи бештари маънавӣ ҳам дошта бошад. Ногузир зеҳни мо рӯйи калимаи “ҷом” қарор мегирад. Меозмоем:
ҶАҲОН ҲАМЕША ЧУ ҶОМЕСТ, ГИРДГАРДОН АСТ,
ҲАМЕША, ТО БУВАД ОИН-Ш ГИРДГАРДОН БУД.
Онгуна, ки гӯё ин байтро ё ҷузъи зарурии онро дар ковишгари роёнаӣ навишта бошем, дар лавҳи зеҳни мо даҳҳо ва садҳо қаринаи аз назари маънавӣ ба он наздик, рух менамояд:
Дар доираи сипеҳри нопайдоғавр,
Ҷомест, ки ҷумларо чашонанд ба давр.
Навбат чу ба даври ту расад, оҳ макун,
Менӯш ба хушдилӣ, ки давр аст, на ҷавр.
(Хайём)
Лаб бозмагир як замон аз лаби ҷом,
То настонӣ коми ҷаҳон аз лаби ҷом.
Дар ҷоми ҷаҳон чу талху ширин ба ҳам аст,
Ин аз лаби ёр хоҳу он аз лаби ҷом.
(Хайём)
Ҷоми навбат, косаи навбат (қисмат), пиёлаи қисмат ва... аз ин қабил сувари хаёли машҳури шеърие ҳастанд, ки чи дар адабиёти халқ (фолклор) ва чи дар адабиёти навишторӣ аз пуркорбурдтарин образҳои таҷассумкунандаи ҷаҳон, гардишу таҳаввулоти он ва паймонаи қисмату сарнавишти инсон мебошад. Ҳамон чизе ки дар ин қасидаи ҳолияи устод Рӯдакӣ мавзӯъи марказиро ташкил медиҳад. Ин образи ҷомеъ дар ниҳоят ба ҳадди як устура таҳаввулу такомул намуда, дар мафҳуми “ҷоми ҷаҳонбин” ки мазҳари олами сағир (бино бар баъзе ақвол – олами кабир), яъне инсони орифу комил хулоса мешавад:
Гуфтам ин ҷоми ҷаҳонбин ба ту кай дод Ҳаким,
Гуфт: Он рӯз, ки ин гунбади мино мекард.
Аммо ҳоло ба ин мафҳуми ирфонӣ намепардозем ва дар ҳамон марҳалаи аввалӣ ва ҳикамию фалсафӣ ва дар айни ҳол халқии он ин маъноро аз ашъори Ҳофиз пайгирӣ менамоем:
Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи дигар андозем.
Дар ин байт соғар омада, ки ҳамон ҷом аст ва ин ҷомест, ки башорати азми дигаргун кардани ҷаҳон мегардад.
Магзарон умр бе маю соқӣ,
Огаҳӣ чун зи чарху гардиши вай.
Ало, ё айюҳа-с-соқӣ, адир каъсан ва-н-новилҳо,
Ки ишқ осон намуд аввал, вале уфтод мушкилҳо.
(Эй соқӣ, ба гардиш биёвар косаро (ҷомро) ва ба ман бирасонаш, Ки ишқ осон намуд аввал...).
Дар базми давр як-ду қадаҳ даркашу бирав,
Яъне талаб мадор висоли давомро.
Гӯшам ҳама бар қавли найу нолаи чанг аст,
Чашмам ҳама бар лаъли лабу гардиши ҷом аст.
Дар сартосари шеъри Ҳофиз ҷом, соғар, қадаҳ, пиёла, коса (чун расм буд, ки дар маҳфил ба навбат аз як ҷом бинӯшанд) рамзи гардиши ҷаҳон ва гардиши аҳволу қисмат мебошад ва “ҷому ҷаҳон” аз ҳамнишинтарин вожаҳоянд, чун ба ҷиҳати овоӣ (аллитератсия) ҳам хешовандӣ доранду аз “ҷаҳон” таъбири дигаре ҳам (ҷаҳанда – ҳаракаткунанда) метавон кард ва иҳом (думаъноии ғайричашмдошт) низ аз дӯстдоштатарин саноеъи шеърии Ҳофиз аст.
Дар ашъори аксари шоирони бузурги классики тоҷику форс ҳамин ҳол мушоҳида мешавад. Аз ҷумла дар ашъори Бедили Деҳлавӣ:
Даври инсон ба миёни ду қадаҳ муштарак аст,
То чи иқбол кунад: ҷоми ладун ё дунё.
Даври ҷоме з-ин чаман чун гул насиби мо нашуд,
Ранг ногардида охир мешавад даврони мо.
Нашъаи ҳастӣ ба даври ҷоми пирӣ норасост,
Қомати хамгашта хатти соғари базми вафост.
Аҳли маънӣ аз ҳуҷуми ашк ҳиҷрат чидаанд,
Субҳро дар мавҷи шабнам хандаи дандоннамост.
Бо андак таваҷҷӯҳ қаробати маънавии ин пораҳо ба баёни устод Рӯдакӣ дар байти мазкур ба таври барҷаста ошкор мегардад.
Ҷом – ҷаҳон – қисмату машраб (сарнавишт, қазову қадар) – гардиши кайҳон ва тағйири ҳол инҳо мафҳумҳо ва вожаҳое ҳастанд, ки дар ҳамаи ин шеърҳо чун шоху барг аз як соқаи маънавӣ руйида, ба якдигар пайванди ногусастанӣ доранд.
Қобили зикр аст, ки чашм ва гардиши он (фарз бикунем наззораи он) чизе нест, ки дар дунёи моварои худ тағйиру таҳаввуле эҷод бикунад, балки танҳо нозир бар ин тағйиру таҳаввул метавонад бошад. Аммо ҷом ҳам ба маънои ҷузъӣ ва аввалии худ, ки зарфи шароб аст, ҳолгардон аст ва дар инсону ба воситаи он дар дунёи атроф тағйиру дигаргунӣ ба вуҷуд меорад ва чун бештар аз маънои ҷузъӣ дар маънои маҷозии он, ки сарнавишту қисмат аст, биандешем, маънои муродшударо ба куллӣ фаро мегирад. Ин маъно дар байте дигар аз ҳамин қасида равшантар мешавад:
На наҳси Кайвон буду на рӯзгори дароз,
Чӣ буд? Ман-т бигӯям: қазои Яздон буд.
Оё қазои Яздон чист ба ғайр аз ҳамон сарнавишт, тақдир, ки дарунмояи ҷоми гардони ҷаҳон аст?
Тавре, ки гуфта шуд ин андеша ҷанбаи қавии мардумӣ ҳам дорад ва дар адабиёти мардумӣ ва ҳамчунин адабиёти навиштории ба сабку гунаи фолклорӣ намунаҳои зиёде дорад, ки яке аз машҳуртаринаш ҳамин дубайтии Бобо Аслии Дамовандӣ мебошад:
Ҷаҳон ҷому фалак соқӣ аҷал май,
Халоиқ боданӯши маҷлиси вай.
Халосӣ нест, Аслӣ, ҳеч касро
Аз ин ҷому аз ин соқӣ, аз ин май.
Аммо бояд гуфт, ки бар хилофи бисёре аз сурудаҳои дигар дар ин мавзӯъ дар қасидаи мазкури устод Рӯдакӣ рӯҳиёти манфӣ, ноумедӣ, бадбинӣ (пессимизм) ҳоким нест, балки баръакс, гӯё устод Рӯдакӣ аз баёни аҳволи пирии худ муқаддимае чун баҳона ҳозир менамояд, то зиндагии пуршукӯҳу пурифтихор ва шоду пурнишоти гузаштаи худро бо ҳама дурахшу ҷамолу камолаш биситояд. Қисмати фахрияи ин қасида аксари кулли байтҳои онро ташкил медиҳад ва шумори андаке аз байтҳо ба ҳоли нотавонии ӯ ихтисос ёфтаанд ва он ҳам нотавонӣ нест, балки ҳакимона, муъминона ва таҳмтанона пазируфтани сарнавишт ва қазои ногузири яздонӣ мебошад, ки боз ҳам баёнгари шаҳомати ӯст. Он гуна, ки дар байте дигар фармуда:
Андар балои сахт падид оранд
Фарру бузургмардию солорӣ.
Ба таъбири дигар қасидаи мазкур беш аз он ки як қасидаи шиквоия бошад, қасидаи фахрия аст.
Рустам Ваҳҳоб