Истиқлолиятро Ваҳдат пойдор менамояд.

Абрҳои сиёҳи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ осмони кишвари азизамон Тоҷикистонро фаро гирифта,  мардумро ба муқовиматҳои дохилӣ барангезониданд, ки аз  натиҷааш  зиёда аз 25 ҳазор оилаҳо бесаробон ва қариб 60 ҳазор нафар кӯдакони маъсум талхии ятимиро чашиданд. Ва инчунин ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ хосса ба махозини илму маърифат хисороти ҷиддӣ ворид гардид. Дар он айём 126 муассисаи таълимӣ ба пуррагӣ хароб гардиданд ва наздики 120 ҳазор нафар хонандагон аз беҳтарин неъмат  омўхтани илму дониш  маҳрум гардиданд.

Хонандаи азиз! мехоҳем  имрўз роҷе ба муҳимтарин неъмати гаронбаҳои тоҷик, яъне ваҳдати миллӣ чанд ибрози назар намоем. Зеро ҳамаи ин  хушбахтиҳое, ки имрўз  барои мо ҷавониони саодатманди замони истиқлолият  насиб гаштааст, аз баракати Сулҳу Ваҳдат аст.

Бояд донист, ки яке аз муҳимтарин рукни таҳкими истиқлолияти давлатӣ дар  сиёсати давлатдорӣ ин Ваҳдати миллист.

Ваҳдати миллӣ сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо, аз ҷумла оғози созандагю ободкорӣ расидан ба ҳамаи орзўву омолҳои нек ва шиори миллати куҳанбунёд ва соҳибтамадуни мост.

 Хонандагони гиромӣ! Пеш аз он ки оиди фазоили Сулҳу Ваҳдат ибрози назар намоем, мехоҳам, ки  чанд лаҳза ҳамроҳ бо Шумо хонандаи мўҳтарам ба сайри таърихии чигуна ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ бароем.

Дар ҳар давру замон Сулҳу Ваҳдат ва ягонагӣ ба осони ба даст намеояад, ҳатман дар рафти муваффақ шудан ба ин неъмати гаронбаҳо чандин нафар ҷони худро қурбон ва ё дар хатар мегузоранд.

Дар воқеъ  ҳар вақте, ки мо дар мавзўи ваҳдати миллии тоҷикон суханрони менамоем, бучунучаро симои саиёсадмадори варзида, ҳомии сулҳу ваҳдат ва қаҳрамони Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд.

Бояд ёдовар шавем, ки абрҳои сиёҳи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ осмони кишвари азизамон Тоҷикистонро фаро гирифта,  мардумро ба муқовиматҳои дохилӣ барангезониданд, ки аз  натиҷааш  зиёда аз 25 ҳазор оилаҳо бесаробон ва қариб 60 ҳазор нафар кӯдакони маъсум талхии ятимиро чашиданд. Ва инчунин ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ хосса ба махозини илму маърифат хисороти ҷиддӣ ворид гардид. Дар он айём 126 муассисаи таълимӣ ба пуррагӣ хароб гардиданд ва наздики 120 ҳазор нафар хонандагон аз беҳтарин неъмат  омўхтани илму дониш  маҳрум гардиданд.

Бешуҳа, дар он лаҳзаҳои хеле-хеле ҳассоси таърихе, ки  эҳтимолияти   аз байн рафтани давлату миллат қарор дошт, барои Тоҷикистон нафаре лозим буд, ки пеши роҳи ин ҷангӣ хонумонсузи шаҳрвандиро бигирад ва Ватану миллатро аз хатари нобудшудан раҳои бахшад ва ниҳоятан Ваҳдати миллиро ба миён орад.

Бешак дар он лаҳзаҳои ҳасоси таърихи Худованди бузург мардуми тоҷикро писандида аз байни теъдоди зиёди сиёсадмадорон, ҷавони чилсолаеро бо исми Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун роҳбари дилсўзу меҳрубон боли саҳнаи сиёсӣ овард.Чи тавре дар ин мавзўъ Саъдии Шерози байён доштаанд

                                Агар қавмеро писандад Худой,

                                Диҳад хусрави одилу некрой.

                               Агар хоҳад, ки вайрон кунад оламе,

                               Ниҳад мулк дар панҷаи золиме.

Мехоҳам ин ҷо сафари хеле ҳасос ва таърихи Роҳбари давлатро ба кишвари дар байни обу оташи ҷанг қарор доштаи Афғонистон баён намоем.

Роҳбари мамлакат барои ҳарчи пештар хомўш кардани шўълаи оташи ҷанг ва ба даст даровардани сулҳи тоҷикон, ирода намуданд, ки ба хотири мусолиҳа ва музокира ва муваффақ шудан ба Ваҳдати миллӣ ба кишвари Афғонистон ба назди мухолифин раванд. Дар воқеъ ин иродаи Раҳбари олӣ амалӣ гардид ва тавасути чархбол ба болои марзи  кишвари дар ҳолати ҷанг қарор доштаи Афғонистон расиданд, аммо чархбол ҷои фуруд омадани худро пайдо карда натавонист. Ёварони  сарвари давлат ҳама дар таҳлука ва хатари ҷони худ афтоданд ва яке аз онҳо ба Сарвари Давлат фикри худро чунин иброз намуд: «Ин тавр бе хат сайри аниқ парвоз кардан хатари мудҳиш дорад. Толибон чархболро кашф намоянд, хатари суқути кардани он бар меояд. Беҳтараш баргардем!” Дар посух Эмомалӣ Раҳмон чун ҷавонмардӣ содиқи Ватан, бо салобати ба худ хос ҷавоб дод: 

- На-а! Барнамегардем! Ман қавл додам, ки меоям! Аз раъи худ барнамегардам! Агар наравам онҳо умеди сулҳро аз мо мекананд!  Ин камоли ноҷавонмардӣ аст. Дар роҳи сулҳи тоҷикон ман аз сари худ гузаштаам. Мо имрўз дар атрофи масъалаи муҳими оташбас сўҳбат мекунем. Имрўз ақлу хирад бояд боло гирад. Мо имрўз бояд пеши сели пурошўбро гирем. Доду бедод фоида надорад! Мард бошед! Ҷон, зан ва фарзанд ҳам ба ман ширин аст, аммо рафтан даркор

Дар ҳақиқат Сарвари Давлати тоҷикон бо ин ҷасорату матонати ҷавонмардонашон тавонистанд, ки бори дигар қаҳрамони Рустами Достонро дар таърихи башарият такрор намоянд. Ҳамзамон бо ин ҷасорати роҳбари Муаззами мо  на танҳо ҳаммиллатону ҳамватанон, балки ҷомеаи ҷаҳони баҳои баланд дод.

 Шоир ин ҷасорати Роҳбари давлатро интавр ба қалам додааст:

 

                         Рафтаӣ бар марзи афғон бе сипоҳ,

                         Рустамона бе ягон тиру силоҳ.

                        Аз барои сулҳу истиқлоли хеш,

                        То нигаҳбони ту шуд лутфи Илоҳ.

Хулоса, пас аз мусолиҳаву музокираҳо 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ба вўқуъ пайваст, ки ин яке аз бузургтарин ҳодисаҳои сиёси ҷаҳон дар таърихи халқи тоҷик дар охири қарни 20 мебошад.

                                Раҳми Парвардигори мо омад,

                                Нури ҳақ бар диёри мо омад.

                                Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашт,

                                Сулҳи бунёдкорӣ мо омад.

Баъд аз Созишномаи истиқрори сулҳ ба дастовардҳои беназир мушарраф гардидем. Пеш аз он ки дастовардҳои миллатамонро баён намоем месазад ки сухани як нафар аз олимони кишваршиноси рус Н. Павловро ки дар китоби «Таърихи Тоҷикистон» навиштааст, биоварем: «Аз рўи ин инсоф бояд гуфт, ки тоҷикон то кунун халқи аз ҳама сахтҷонтаринанд, кам андар кам миллате мисли тоҷикон ба зарбаҳои сахт дучор омадааст, аммо қадре фурсати нафасроткунӣ кифоя буд, ки онҳо боз ҷон бигиранд».

Муҳимтарини дастоварди ваҳдати миллӣ ин итиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, якдилӣ, ҳамраъйи ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад зеро ин усурҳо сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо ва муваффақ шудан ба кулли аҳдофи нек аст. Чуночи Мавлонои Балхӣ мефармояд:

                           Парокандагӣ аз нифоқ хезад,

                           Пурқувватӣ аз иттифоқ хезад.

Маҳз ба туфайли сулҳу субот, ризоят ва ваҳдати миллӣ имконияти ҷалб намудани ҷалби сармрягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба миён омад.  Ҳоло сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ, мисли Сангтўда-1, Сангтўда-2, шоҳроҳи Душабе-Хуҷанд-Чаноқ, нақбҳои Шаҳристону Шар-Шар ва дигар иншоотҳои азим  бунёд ёфтаанд.

Дар арсаи байналхалқӣ бо қарори ЮНЕСКО таҷлил гардидании 1100-солагии Давлати Сомониён, 2500-солагии Истаравшани бостонӣ, 100-солагӣ мутафакир ва олими барҷастаи тоҷик Носири Хисрав, тантани 2003- Соли оби тоза дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ва ҷашни 2700-солагӣ шаҳри Кўлоб, Ҳамчунин аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2005-2015 ҳамчун даҳсолаи байналхалқии  амалиёти  «Об барои ҳаёт» ва ичунин ҷашн гирифтани 800-солагии Мавлоно, 1150-солагии Рудакӣ ва ниҳоятан таҷлили солрӯзи пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам  ва 5-октиябри ҳамон сол ҷамъ намудани 500 нафар аз муҳққиқони олами Ислом ин ҳама гувоҳи онанд, ки халқи Тоҷикистон, давлати тоҷикон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҷаҳон нисбати сиёсати пешгирифтаи Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон таваҷуҳи хос дорад. Дастовардҳое, ки ин ҷо зикр гардид, ҳама маҳсул ва натиҷаҳои хайри Истиқлолияти давлати ва Ваҳдати миллӣ мебошад, ки бояд мо ҷавонон шукргузор аз он бошем.

Имрўз мо ҷавононро зарур аст, ки баҳри тақвияти сулҳу ваҳдат ва барои фазои ормии сиёси кишвари азизамон Тоҷикистон ва инчунин барои  дӯстиву якдигарфаҳмӣ ва барои ризояти халқу миллат камари ҳиммат бандем. Чуноне, ки қаҳрамони милии Тоҷикистон, шоири шуҳрадманди олам, Мирзо Турсунзода ба мо ҷавонон таъкид намудаанд:

                          Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

                          Душманӣ орад ба мардум рўзи сахт.

Борҳо Перезиденти муҳтарам мегўянд: «Мо бояд шукр гўем, ки ба чунин рўзгори орому осуда расидем ва сулҳу субот, Ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди азимтарин халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт намоем».

Ин супориши сарвари олӣ мамлакат пеш аз ҳама ба ҷавонон дахл дорад зеро, ҳафтод фисади кишвари моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ҳамин ҷиҳад ҳар як ҷавони Тоҷикистонӣ муваззаф аст, ки барои таҳким ва густариши Ваҳдати миллӣ ва барои ҳифз намудани дастовардҳои истиқлолият тамоми нерў заковати худро равона созад. ва ба ин васила барои пеш бурдани сиёсати Раҳабари Олии малакат, Ҷаноби Олӣ Эмомиалӣ Раҳмон, ки асосаш сулҳу ваҳдат  ва ягонагиву якдигарфаҳмӣ мебошад, нақши худро гузорад.

  Мо барои васл кардан омадем,

  На барои фасл кардан омадем.

Ҷалолиддин Нурзода,

 Муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

 
Барчаспҳо: