Хусрав Нозирӣ. Мукотиботи дипломатӣ
Забони ҳар давлат равзанае ба ҷаҳон аст.
Ҷ.Стейнер, олими англис
Боадаб бошед, ба забони дипломатӣ нависед. Ҳатто дар эъломияи ҷанг назокатҳоро риоя кунед.
Отто фон Бисмарк, нахустин садраъзами империяи Олмон, дипломат
Ба афсари хуби иттилоот ва инчунин дипломат қобилияти баёни возеҳ, кӯтоҳ ва ҷолиби фикри худ хос аст.
А. Даллес, раиси иттилооти ИМА.
Сафирон дар ихтиёри худ на киштии ҷангӣ доранд, на сарбозони зиреҳпӯш, на деж: силоҳи онҳо сухан ва фурсатҳои муносиб аст.
Демосфен, суханвар ва сиёсатмадори Юнони Бостонӣ
Сухан дӯзахиро биҳиштӣ кунад,
Сухан мазкитиро куништӣ кунад.
Асадии Тӯсӣ
Сухан, к-он аз сари андеша н-ояд,
Навиштанро ва гуфтанро нашояд.
Сухан гавҳар шуду гӯянда ғаввос,
Ба сахтӣ дар каф ояд гавҳари хос.
Низомии Ганҷавӣ
Дипломатия ба андозаи зиёд ҳунар ва маҳорати навиштан аст ва силоҳи дипломатҳо сухан аст. Муҳимтарин фаъолияти дипломатӣ таҳияи санадҳо: мукотиботи дипломатӣ бо намояндагони кишварҳои хориҷӣ, мукотиботи расмӣ, шахсӣ ва байниидоравӣ мебошад. Ҳар ҳирфа услуби хоси навиштани санадҳоро дорад. Дипломатҳо низ услуби хешро доранд. Барои мукотиботи дипломатӣ даромезии услубҳои илмӣ ва таҳлилӣ бо адабӣ наздиктарин услуб аст. Навиштаи шахс имкон медиҳад, ки дар бораи ақлу заковат, дониши ҳирфаӣ ва равшанфикрии ӯ қазоват кунӣ.
Аҳёнан дар равияи дипломатӣ на танҳо вожа кор мекунад, балки аломат низ. Дар ин замина метавон ҳамоҳангсозии пешнависи санади ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Фаронса ҷиҳати омодагӣ ба сафари расмии Леонид Брежнев ба Фаронсаро мисол овард. Матн усулан ҳамоҳанг шуда буд, ба ҷуз гузоштани вергул дар яке аз таъбирҳо, ки ба он ҷониби фаронсавӣ розӣ набуд. Он гоҳ Вазири корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ Андрей Громико барои он ки кор ба поён расад ва матн ҳамоҳанг шавад, мегӯяд, ки ӯ “ин вергулро ба фаронсавиҳо ҳадя мекунад” ва ба ин васила масъаларо аз миён мебардорад. Фаронсавиҳо ба ин вокуниш нишон надоданд. Аммо дар ҷараёни сафар муовини вазири корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ ба назди дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Фаронса даъват мешавад. Дар суҳбати кӯтоҳ ба дипломати шӯравӣ хабар медиҳанд, ки ӯро барои он даъват карданд, ки “вергули ҳадякардаи Громикоро бозпас диҳанд”. Ҳамин тавр бо зарофате, ки хоси фаронсавиҳост, ҳамоҳангсозии аслҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар анҷом ёфта, санад барои имзо омода мегардад.
Бояд ба эътибор гирифт, ки забони муоширати давлатҳо ва ҳукуматҳо забони раису тобеъ нест. Он забони субектҳои баробари ҳуқуқи байналмилалӣ аст ва бино бар ин костани ҳақ, шахсият ва обрӯи кишвари дигари соҳибихтиёр ғайриқобили қабул аст. Дар ин гуна санадҳо ба тарафи дигар эҳтиром гузошта мешавад. Ин гуна санадҳо бо изҳори таоруфот оғоз меёбанд ва бо таоруфот ба поён мерасанд. Ҳатто дар санадҳое, ки аз эътироз иборатанд, одатан таъбирҳои ташрифотии эҳтиром корбурд мешаванд.
Масъалаҳое, ки дар мукотиботи дипломатӣ матраҳ мешаванд, мисли зиндагӣ гуногунанд: аз ба расмият шинохтани давлатҳои нави мустақил ва пешниҳоди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ то ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҷангу сулҳ, халъи силоҳ, ҳифзи муҳити зист, мубориза бо гуруснагӣ ва нодорӣ, терроризм ва ҷиноятҳои созмонёфта. Аз ин ҷо талаботи аслӣ бармеояд – санадҳои дипломатӣ бояд пурмазмун, дақиқ, мушаххас ва созанда бошанд. Барои дар сатҳи шоиста таҳия кардани ин гуна санадҳо иҳотаи комил бар масъала, таърих ва ҳолати кунунии он, паҳлӯҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва гоҳо нажодию динӣ ва ғайра зарурӣ аст. Бадеҳист, ки дониш ва дарки возеҳи тамоми назокатҳои хатти машйи сиёсати хориҷии кишвари худ ва вазифаҳои мушаххасе, ки дар мавриди кишвари маҳалли иқомат гузошта шудаанд (вақте ки сухан дар бораи муносибатҳои дуҷониба меравад), лозим аст.
Расман вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва сафоратҳо ҳақ доранд, ки мукотиботи дипломатиро ба забони кишвари худ анҷом диҳанд. Вале ин амр гоҳо боис мешавад, ки тарафи гирандаи санад бо мушкили тарҷума рӯбарӯ шавад ва аз ин рӯст, ки баррасии масъалаҳои дар санад матраҳшуда метавонад ба дарозо кашад. Ба манзури рафъи ин сад мукотиба метавонад, бино ба тавофуқ, ба забони дигари севум сурат гирад, вале дар амал забони кишвари худ истифода шуда, ба санад тарҷумаи ғайрирасмии он замима мегардад. Сафоратҳо метавонанд мукотиботи дипломатиро ба забони расмии кишвари маҳалли иқомат анҷом диҳанд.
Дар равияи дипломатияи муосир давлатҳо дар умум аз чаҳор равиш барои мустақиман мукотиба кардан бо ҳамдигар ва бозигарони дигари байналмилалӣ истифода мекунанд: ёддошти шахсӣ (personal notes), ёддошти шифоҳӣ (notes verbale), меморандум (memoranda) ва тизкория (aides-memoire). Гузашта аз ин, роҳбарони сиёсӣ ва шахсиятҳои дигари байналмилалӣ бо ҳамдигар мустақиман ё ба таври ғайримустақим аз тариқи суханронӣ, изҳорот, баёния ва мусоҳибаи матбуотӣ гуфтугӯ мекунанд. Эъломия низ ба вежагии муҳимми ҳаёти байналмилалии сиёсӣ табдил ёфтааст. Дар мукотибаи дипломатии дохилӣ (байни пойтахт ва сафоратҳои он) рамзнигорӣ низ роиҷ аст, ки бо он номаҳою барқияҳои маҳрамона ва махфӣ ирсол мешаванд. Ин гуна номаҳои рамзомез ва пӯшидаро дар қадим муаммонома низ мегуфтанд (барои мутолиаи бештар руҷӯъ кунед ба “Таърихи Байҳақӣ”). Бо вуҷуди ин рангорангӣ, мо танҳо маъмултарин равишҳоро дар зер баррасӣ хоҳем кард.
Ёддошти шахсӣ. Дар замони худ ёддоштҳои шахсӣ маъмултарин санади мукотиботи дипломатӣ ба шумор мерафтанд. Дар он даврон агар мукотиба бо вазорати корҳои хориҷӣ тавассути ёддошти шифоҳӣ сурат мегирифт, маънои онро дошт, ки муносибатҳо байни ду кишвар чандон дӯстона набуданд. Ёддошти шахсӣ дар шахси якум навишта мешавад. Он дар барги ёддошти нишондор, ки зери он номи муассисаи дипломатӣ омадааст, навишта мешавад. Дар кунҷи рости болоии барг номи шаҳр ва таърихи ирсол қайд мешаванд. Таваҷҷуҳи вежа ба шакл, пеш аз ҳама ба наҳваи хитоб, таоруфи поёнӣ, навишти дурусти ном ва номи хонаводагии гиранда ва унвони ӯ зоҳир мегардад. Матни ёддошти шахсӣ ба забони англисӣ одатан бо ҷумлаи “I have the honour …” (Шарафёбам ...) сар шуда, бо таоруфи “Please, Excellency, accept the assurances of my highest consideration” (Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред) ба охир мерасад. Нишонӣ дар ёддошти шахсӣ дар кунҷи чапи поёнӣ навишта шуда, аз унвон, ном ва номи хонаводагӣ ва вазифаи шахс иборат аст.
Аз замони Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ва таъсиси эътилофи зиддигитлерӣ дар равияи мукотиботи дипломатӣ мубодилаи нома ва паёмҳои шахсӣ байни сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо корбурд пайдо кард. Ин гуна номаҳоро метавонанд сафирон ё фиристодагони вежа расонанд. Бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти истисноии муҳтаво, мақоми баланди фиристанда ва гиранда, табиист, ки чунин санадҳо аз чаҳорчӯби ёддоштҳои одии шахсӣ фаротар рафта, зернавъи мустақилро ташкил медиҳанд. Ба гурӯҳи мазкур номаҳои вазирони корҳои хориҷӣ ба Дабири кулли СММ низ мансубанд. Чунин номаҳо ба мақсадҳои гуногун, аз қабили арзи шикоят, ба расмият даровардани амре, таъкиди иҷрои тавсияҳои СММ ва ё байналмилалӣ намудани ихтилоф бо дархости баррасии мавзӯъ дар Шӯрои Амнияти СММ фиристода мешаванд.
Ёддошти шифоҳӣ. Ёддошти шифоҳӣ шакли мукотиботи дипломатиест, ки дар муқоиса бо шаклҳои дигар корбурди густурдатар дорад ва бештар расмӣ аст. Ёддошти шифоҳӣ дар шахси севум навишта мешавад ва метавонад мавзӯъҳои гуногунро фаро гирад, аз масъалаҳои рӯзмарраи идорӣ байни сафорат ва вазорати корҳои хориҷии кишвари мизбон, дархости пазириш (агреман), эътибор пайдо намудани паймонҳо, додан ва ё надодани иҷозати парвоз гирифта, то ба эътирозҳои расмӣ ба иқдомҳои кишвари дигар. Бандҳои ёддошт рақамгузорӣ намешаванд, дар поёни ёддошт имзо гузошта намешавад, вале дар таҷрибаи баъзе кишварҳо гузоштани ҳарфҳои аввали ном ва номи хонаводагии масъул роиҷ аст. Дар поёни ёддошт муҳр гузошта мешавад. Баъзе кишварҳо дар болои ин шакли мукотиботи дипломатӣ унвони онро ҳам менависанд (Note Verbale). Ёддошт ҳатман бо ҷумлаи таоруфӣ оғоз меёбад (The Embassy of … presents its compliments to the Ministry and has the honour to … - Сафорати ... бо арзи эҳтиром ба Вазорат шарафёб аст, ки ...) ва бо ҷумлаи таоруфӣ ба поён мерасад (The Embassy avails itself of this opportunity to renew to the Ministry the assurances of its highest consideration – Сафорат ин фурсатро барои таҷдиди ғояти эҳтиром ба Вазорат ғанимат медонад). Вале дар баъзе маворид, масалан, дар ёддоштҳои эътирозӣ ва ё ёддоштҳои изҳори таслият таоруфоти мазкур метавонад ҳазф гардад.
Ёддоштҳои эътирозӣ. Ҳангоме ки давлатҳо лозим медонанд, ки дар мавриди иқдомҳои муайяни кишвари дигар эътироз кунанд, онро метавонанд шифоҳӣ кунанд, аз тариқи фарохондани сафир ё кордор ба вазорати корҳои хориҷӣ. Вале вобаста ба замина ва навъи эътироз, эътирозро метавон ба таври хаттӣ ҳам баён кард. Вақте ки эътироз дар шакли ёддошт меояд, ҳадаф маъмулан сабт намудани мавқеи давлат ба мақсадҳои сиёсӣ ё ҳуқуқӣ аст. Ин метавонад заминаро барои даъво ё даъвои муқобил дар марҳилаи баъдӣ гузорад ё василае бошад барои дарёфти ҷонибдории сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ (масалан, дар мавриди ихтилофҳои марзӣ). Дар баъзе маворид давлатҳо ёддоштҳои эътирозии худро аз тариқи СММ мефиристанд, то ки мавзӯъро ба иттилои умум расонанд ва ё мавзӯъ дар Шӯрои Амнияти СММ баррасӣ гардад.
Ба ҷуз ин, ёддоштҳои ҷамъӣ вуҷуд доранд. Ин гуна ёддоштҳоро чанд кишвар ба ҳукумат ё ниҳоди байналмилалӣ дар мавзӯи мавриди эҳтимоми муштараки онҳо пешниҳод мекунанд. Дар мавриди созмони минтақавӣ (масалан, АСЕАН, КАРИКОМ) матнро метавонад раиси кунунӣ, дабири кулли созмон ё сафире расонад. Вале дар маҷмӯъ аз ёддошти ҷамъӣ танҳо дар мавориди истисноӣ истифода мекунанд. Гузашта аз ин, ёддоштҳои яксон (identical) ва ҳамсон (similar) корбурд доранд. Ёддошти яксонро як давлат метавонад ба чанд кишвар фиристад. Аммо ёддоштҳои ҳамсонро чанд давлат пас аз ройзанӣ бо ҳамдигар метавонанд ба кишвари дигар фиристанд, масалан, ҳангоми таҳаффузи кишваре дар мавриди паймони байналмилалӣ. Забони ёддошти давлатҳо метавонад як набошад, вале ҳамсон аст. Навъи дигари ёддоштҳо ба истилоҳ ёддошти гӯянда ё bout de papier аст, ки метавонад пас аз поёни мулоқот монда шавад ва ҳамчун aide-memoire хидмат кунад, то эҳтимоли сӯитафоҳумро дар мавриди нуктаҳои дар мулоқот баёншуда коҳиш диҳад.
Ёддошти шифоҳӣ метавонад ба сифати шакли мувофиқатномаи дуҷониба низ корбурд шавад. Ёддошти аввалӣ ва посухи ҳукумати дигар ба он мувофиқатнома дар бораи мавзӯи ёддошти якум ва ёддошти ҷавобиро ташкил медиҳанд. Инро мубодилаи ёддоштҳо меноманд. Масалан, тавофуқи Чин ва Ҳиндустон дар бораи хориҷ шудани низомиёни ҳиндӣ аз минтақаи Тибети Чин, ки 29 апрели 1954 ҳосил шуд, дар шакли мубодилаи ёддоштҳо сурат гирифта буд.
Меморандум. Моҳиятан меморандум изҳори муфассали факту далелҳо ва таҳлили онҳост. Он ба ёддошт шабоҳат дорад, вале аз нигоҳи услуб озодтар аст. Меморандум дар барги расмӣ, вале бидуни ҷумлаҳои таоруфотӣ ва муҳру имзо чоп мешавад. Он санади мустақил аст, вале метавонад замимаи ёддошти шифоҳӣ ҳам бошад. Дар ин сурат макон ва таърихи ирсол қайд намегардад. Меморандум ба таври густурда ҳангоми ихтилофҳо истифода мешавад, то даъвои тарафи ихтилофро тақвият диҳад. Меморандум инчунин метавонад дар робита ба паймонҳо корбурд шавад. Ҳадаф аз истифодаи меморандум ба тарафи дигар пешниҳод намудани тафсир ё дарки вежаи ҷумла ё бахши мувофиқатнома мебошад. Дар ин сурат метавонад мубодилаи меморандумҳо низ сурат гирад (масалан, меморандумҳои Чин ва Британияи Кабир дар робита ба пешнависи Мувофиқатномаи ояндаи Гонконг).
Aide-memoire. Корбурди aide-memoire ё тизкория монанди меморандум роиҷ аст. Аз нигоҳи муҳтаво он метавонад бисёр гуногун бошад. Он нисбат ба меморандум камтар расмӣ аст. Aide-memoire ё ҳангоми мулоқот супорида мешавад ё пас аз мулоқот бо пайк фиристода мешавад. Ҳадафи он пешгирии тафсири ғалати суханоне, ки ҳангоми мулоқот эрод шуданд, таъйиди изҳороте, ки дар мулоқот садо дод, осон кардани раванди баъдии ҳалли масъала мебошад. Тизкория дар шакли бешахс таҳия мегардад, мухотаб, таоруфот ва муҳр надорад. Дар aide-memoire номи пойтахт ва таърихи супоридан навишта мешавад. Aide-memoire дар коғази одии бидуни нишон чоп мешавад. Дар болои матни он Aide-memoire (Тизкория) навишта мешавад. Тизкорияро дар баъзе маворид метавон тайи ёддошти шахсӣ (шифоҳӣ) ё корт бо ишора ба дархост фиристод.
Номаи дипломатии ғайрирасмӣ дар муқоиса бо номаи расмӣ табиатан бештар шахсӣ мебошад ва байни дипломатҳо ё байни дипломатҳо ва шахсони расмии дигар истифода мешавад. Расмиёти чунин номаҳо камтар аст. Ин гуна номаҳоро метавон дар масъалаҳои хурд, мисли таъйини мулоқотҳои одӣ, дархостҳои хурд ва ғайра истифода кард. Ёддоштҳои шифоҳӣ ё меморандум метавонанд аз ҳукумат (зери номи вазорати корҳои хориҷӣ ё сафорат) намояндагӣ кунанд, вале номаи дипломатии ғайрирасмӣ метавонад танҳо аз шахси нигоранда ва ё ниҳоде, ки ӯ дар он кор мекунад, намояндагӣ кунад.
Барқияи дипломатӣ амалан номаи дипломатиест, ки бо телеграф фиристода мешавад. Барқия дар мукотиботи дипломатӣ ба хотири суръат нақши вежа дорад. Бино бар ин, ҳукуматҳо барқияи дипломатиро ғолибан барои мавқеъгирии сареъ нисбат ба рӯйдоде муайян, анҷом додани расмиёти зарурии дипломатӣ ё ба иттилоъ расонидани масъалаҳои фаврӣ истифода мекунанд. Масалан, ҳангоме ки давлати нав ё ҳукумати нав таъсис меёбад, замони ба расмият шинохтани он муносибати кишварро ба давлат ё ҳукумати навтаъсис нишон медиҳад. Ҷумҳурии Халқии Чин 1 октябри 1949 таъсис ёфт ва Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ Чини навро дар рӯзи дигар, 2 октябр, бо фиристодани барқияи дипломатӣ ба расмият шинохт, ки пуштибонии қавӣ аз Чини нав буд. Гузашта аз ин, барқияҳои дипломатӣ барои табрик кардан ба муносибати Рӯзҳои миллии кишварҳо, изҳори таслият, интихоб ё таъйин шудани роҳбари нави кишвар, бузургдошти солгарди барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ ва ғайра истифода мегарданд.
Хулоса. Дар амал мукотибаи дипломатӣ имрӯз шаклҳо ва қолабҳои гуногуне дорад, ки шинохт, интихоб ва корбурди саҳеҳи он аз аҳаммияти хоссе бархурдор мебошад. Аз байни василаҳои асосии мукотиботи дипломатӣ яқинан ёддошти шифоҳӣ, сарфи назар аз доираи мавзӯъҳои мавриди истифодаи он, корбурди бештар дорад. Мубодилаи номаҳо байни сарони ҳукуматҳо ба унсури муҳим дар анҷом додани дипломатияи шахсӣ мубаддал шудааст. Иртибототи хаттӣ, воқеан, сарфи назар аз шакл ва бо вуҷуди тавсеаи шаклҳои дигари иртиботот, ҳамоно барои дипломатия абзори марказӣ мебошад. Он василае аст, ки тавассути он давлатҳо мавқеи худро баён мекунанд, ҷузъиёти сиёсати худро шарҳ медиҳанд, эътироз мекунанд, даъво менамоянд, таъйиди ҷамъӣ ҷӯё мешаванд ва корҳои дигареро анҷом медиҳанд, ки кори муносибатҳои байналмилалиро ташкил медиҳад.
Мукотиботи дипломатӣ монанди дипломатия роҳи дарози рушдро тай намудааст. Санадҳои дипломатӣ ба сифати яке аз шаклҳои фаъолияти дипломатии давлат вежагиҳоеро, ки ба сохтори иҷтимоиву иқтисодии кишвар, забон ва фарҳанги он хос аст, бозтоб мекунанд. Вале бо вуҷуди ҳамаи тафовутҳо, санадҳои дипломатии ҳамаи давраҳо як ваҷҳи муштарак доранд, ба онҳо талаботи вежа пешниҳод мешуд ва то ба имрӯз низ чунин аст. Дар мавриди санадҳои дипломатӣ месазад қоидаи зеринро татбиқ кард: дар ин гуна санадҳо ҷо барои вожаҳо бояд танг бошад, вале барои андешаҳо фарох. Вожа дар мукотиботи дипломатӣ ва умуман дар дипломатия метавонад ҳам ҳампаймон бошад ва ҳам душман. Бино бар ин, ба гузиниши вожа дар мукотиботи дипломатӣ бояд таваҷҷуҳи вежа зоҳир кард.
Адабиёти истифодашуда:
Barston R.P. Modern diplomacy. - London and New York, 1988.
Feltham R.G. Diplomatic handbook. – New York, 1988.
Huang Jinqi. What is diplomacy. A bilingual course. - Foreign Affairs College, PRC.
Huang Jinqi. Documentary English in diplomatic practice. Books I-II. - Foreign Affairs College, PRC
Борунков А.Ф. Дипломатический протокол в России. - Москва, 1999.
Кузьмин Э.Л. Дипломатическое и деловое общение: правила игры. - Москва, 2005.
Попов В.И. Современная дипломатия. Теория и практика. - Москва, 2000.
محمد رضا دبیری. دپلوماسی کاربردی ورویه های دیپلماتیک، تهران 1374
أحمد حلمي ابراهيم. الدبلوماسية. البروتوكول الإتيكيت المجاملة، القاهرة 1986
رالف جي فالثام. الوافي في العمل الدبلوماسي. ترجمة السفير عبدالفتاح عموره، دمشق 2014
مأمون الحموي. المصطلحات الدبلوماسية في الانكليزية والعربية، بيروت 1966
نادية الحفني محمود. ادارة البروتوكول الرسمي والدبلوماسي، القاهرة 2015
Хусрав Нозирӣ,Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон.