Муҳаққиқи варзидаи соҳаи библиографияшиносӣ
Китобу китобдорӣ аз қадимулайём хоси мардуми донишманд, фарҳангдӯст ва эҷодкор буд. Аҷдодони мо дар кашф ва эҳёи китобу китобдорӣ ва донишпарастӣ аз пешсафони замони хеш будаанд. Мақоми дастовардҳои аҷдодони мо дар қатори донишмандони давраҳои гуногуни таърихӣ густурдатар ва арзишмантар ба чашм мерасад. Аз ҷумла, дар пайдоиши нигору хат, китобу китобхонаҳои нахустин, ки асосан дар минтақаи будубоши ориёитаборон, яъне аҷдодони гузаштаи пурифтихори мо арзи ҳасти намудаасту ба хислати кашшофии онҳо алоқаманди дорад далели равшани гуфтаҳои мост.
Дар асрҳои миёна мардуми донишпарасти мо ливои пешсафиро ба дараҷаҳои баланди замони худ расонида буданд, ки аврупоиён онро ҳамчун давраи “Эҳёи мусулмонӣ” шинохтаанд ва аз дастоварду кашфиётҳои илмию адабии онҳо манфиатҳо бурда, давраи “Эҳёи” илму маърифати аврупоро замина гузоштаанд. Олимони аврупо ва ҷаҳон ба ақлу фасоҳат илму фарҳанги “шарқиён”-и асрҳои миёна қоиланд ва дар аксари китобхонаҳои бузурги ҷаҳон дастхатҳои нодирӣ осори эҷоднамудаии аҷдодони моро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ менамоянд ва то ба имрӯз ин сарчашмаҳои нодири таърихиву фарҳангӣ арзиши баланди илмию адабиро соҳибанд. Имрӯз низ дар байни миллати тоҷик фарзонафарзандоне умр ба сар мебаранд, ки на танҳо аз дастовардҳои ҷаҳоншумулӣ аҷдодӣ ифтихор доранд, балки дар ташаккул ва ҷаҳонишавии илму дониш ва фарҳангӣ миллӣ саҳми бориз доранд. Истиқлолият барои эҳё ва рушди илму фарҳанги миллӣ, хусусан барои фаъолияти пурсамари олимон ва муҳаққиқони тоҷик имкониятҳои зиёде фароҳам овард. Истифода аз ин шароити мувофиқ китобдорони ҳирфаии тоҷик, хусусан муҳаққиқони шинохтаи он корҳои зиёди илмию таҳқиқотиро ба сомон расонидаанд, ки дар таърихи соҳа бесобиқа аст. Аз ҷумла саҳми яке аз олимони маъруфи китобдории тоҷик Шариф Комилзода (Шариф Тошев) дар рушду нумӯи китобдории замони истиқлолият беназир аст. ӯ на танҳо бо эҷодиёти пурмуҳтаво ва навовариҳои хеш байни мутахассисон шуҳратманд аст, балки бо хислати созандагӣ ва бунёдкоронааш дар таҷдиди сохтори китобдории тоҷик таҳаввулотҳои зиёдеро ворид намудаву дар бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон саҳми бориз дорад.
Ҳамзамон ӯ дар таҳия ва пешниҳоди матни қонуну қарорҳои соҳавӣ ва барномаву лоиҳаҳои давлатии рушди китобдорӣ саҳми назаррас гузоштааст, ки ҳар яки он дар таҳкими заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ, таҷҳизотиву технологӣ, ҷалби маблағ дар беҳтарнамоии шароити мусоид оид ба рушди минбаъдаи соҳа таъсири бузург расонидаанд. Шариф Комилзода яке аз шахсиятҳои маъруфи китобдории тоҷик шинохта шудааст ва дар аксар маврид ҳангоми ҳалли масоили мубрами соҳа ба ӯ муроҷиат менамоянд. Меҳнатқаринии ӯ дар овони кӯдакиву наврасӣ дар яке аз деҳаҳои хушманзари кишвари азизамон замина мегирад. Устод зодаи деҳаи зебоманзари Басмандаи ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) буда, баъди хатми мактаби миёна ба факултаи Китобдории Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода шомил шудааст. Давраи донишҷӯйи аз устодони соҳибкасб Р. Шарофзода, Г. Мушеев, А. Раҳимов ва дигарон сабақ омӯхта, таҷрибаю малакаи касбии хешро доимо сайқал медиҳад.
Баъди хатми бомуваффақияти донишкада ба ҳайси омӯзгор дар кафедраи библиографияшиносӣ фаъолияти касбиро оғоз менамояд. Дар аввал аз фанҳои тахассусии «Китобшиносӣ ва таърихи китоб» ва «Библиографияшиносӣ. Курси умумӣ» ба донишҷӯён таълим медод, сипас доираи васеи фанҳои соҳавӣ, аз ҷумла фанҳои «Созмондиҳи ва услуби кори библиографӣ дар китобхонаҳо», «Библиографияи кишваршиносӣ», «Асосҳои китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ», «Асосҳои кори илмӣ-таҳқиқотӣ», «Библиографияи адабиёт барои бачаҳо ва ҷавонон», «Библиографияи адабиёти илмӣ-маърифатӣ барои бачаҳо ва ҷавонон»-ро ба садҳо донишҷӯёни гурӯҳҳои рӯзона ва ғоибонаи факултаи китобдорӣ сабақ меомӯхт.
Шариф Комилзода аз рӯзҳои нахустини фаъолият ба такмили донишҳои назариявӣ ва амалии хеш ҳамеша кӯшиш мекард ва ин заҳматҳои пайгирона ӯро ба даргоҳи аспирантураи Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Маскав (1985-1988) мебарад. Дар ин донишкадаи бонуфӯз аз олимони варзидаи соҳа ба монанди А.Н. Ванеев, Л.А. Левин, Ю.С. Зубов, С.А. Трубников, И.Г. Моргенштерн, О.П. Коршунов, В.В. Скворцов, В.С. Крайденко, А.Е. Шапошников, К.И. Абрамов, Н.А. Сляднева, Т.Ф. Столяров, В.В. Добровольский, В.М. Беспалов, Н.Е. Добринина ва дигарон сабақ меомӯзад ва кори илмии хешро зери роҳбарии онҳо оғоз ва идома медиҳад. Ҳангоми унвонҷӯйи Шариф Комилзода бо асарҳои илмии китобхонашиносон ва библиографияшиносони варзидаи рус ошноӣ пайдо мекунад, аз эҷодиёти онҳо баҳравар гардида, рисолаи номзадии хешро зери таъсири онҳо фаровон истифода менамояд. Осори библиографони рус ӯро ба ҷаҳони нави илми китобдорӣ ошно месозад ва такя ба эҷодиёти илмию таҳқиқотии олимони тоҷику рус тавонист дар як муддати начандон зиёд (1989) рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи “Библиографияи тавсиявии адабӣ-бадеӣ ҳамчун воситаи тарбияи интернатсионалӣ ва ватандӯстии бачагон ва наврасон”сарбаландона дифоъ намояд ва соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ гардад.
Баъди бозгашт ба ватан касби дӯстдоштаи хешро идома медиҳад, аммо ҳамеша аз навгониҳои илмии олимони рус ва ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бохабар гардида меистад. Олими ҷавонро дар факултаи Китобдорӣ хуш пазируфтанд ва ӯ дар муддати кутоҳ ба ҳайси мудири кафедраи “Библиографияшиносӣ” (1990) ва Узви Шӯрои илмии Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода (1990-2005) интихоб мегардад. Минбаъд устод на танҳо фаъолияти омӯзгорӣ, балки роҳбарии яке аз кафедраҳои пешқадами донишкадаро ба души хеш мегирад.
Дар ин давраи фаъолияти хеш таваҷҷуҳи устод бештар ба таълим ва таҳқиқӣ библиографияи бачагонаи тоҷик равона шуда, натиҷаҳои хуб ба бор овард. Гарчанде устод фаъолияти хешро ба ҳайси омӯзгори одӣ оғоз намуда бошад ҳам тавонист то ба ҳайси директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, ки қуллаи баландтарини вазифавии касбӣ маҳсуб меёбад бирасад ва анқариб 10 сол онро роҳбарӣ намояд. Дониш, малака, маҳорати касбӣ ва кордонии ӯро ба назар гирифта, роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзодаро ба вазифаҳои гуногун роҳбариву ҷамъиятӣ пешбарӣ менамуданд ва ӯ дар навбати хеш боварии онҳоро содиқона иҷро менамуд. Устод тӯли умри бобаракати хеш тавонистааст вазифаҳои гуногуни давлативу ҷамъиятиро сарбаландона иҷро намоянд ва ҳамзамон эҷодиёти рангину пурғановати соҳавиро ба мерос гузорад. Бо ҳукми тақдир ҳарчанд устод Шариф Комилзода ба вазифаҳои гуногуни роҳбари таъйин мегардид доираи фаъолияти илмиву амалии ӯ торафт рангинтар ва мазмуну муҳтавои он ғанитар мегардид. Далели ин гуфтаҳои мо ҳангоми иҷронамоии вазифаҳои Сардори шуъбаи равобити байналмилалии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар солҳои 1998-1999), Раиси Китобхонаи давлатии бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1999-2001), Сардори Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2001-2003), Раиси Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (солҳои 2003-2011) ва бо Амри Президенти кишвар таъйин гардидани ӯ ба ҳайси Муовини Раиси Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (солҳои 2011-2015) бараъло мушоҳида менамоем. Имрӯз устод Шариф Комилзода роҳбарии яке аз муассисаҳои бузурги илмӣ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро (аз 22 майи соли 2015) ба уҳда дорад ва ҳамзамон фаъолияти омӯзгорӣ ва эҷодии хешро идома медиҳад.
Иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ вақти зиёдро талаб намояд ҳам, устод Шариф Комилзода дар фурсатҳои муносиб ба эҷоди осори илмӣ ва илмию оммавӣ иқдом шуғл меварзид. Саҳми устод дар рушди библиографияшиносӣ, китобхонашиносӣ, китобшиносӣ ва иттилоотшиносии тоҷик, хусусан дар таҳқиқи масоили назарӣ ва амалии библиографияшиносии умумӣ ва бачагона, таҳияи дастурҳои бунёдӣ, мавзӯӣ, соҳавӣ ва шарҳиҳолӣ ниҳоят бузург аст. Назарсанҷӣ нишон дод, ки фаъолияти илмию таҳқиқотии устод фарроху доманадор аст ва аз самтҳои асосии онро таҳқиқоти масоили гуногуни ҳалталаби китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва иттилоотшиносии тоҷик ташкил дода, дар аксар маврид тавонистааст пешниҳодоти илман асоснок ва барои рушди соҳа муфидро манзур намояд. Қисми бештари эҷодиёти Шариф Комилзода, албатта, ба библиографияшиносӣ ва китобхонашиносии тоҷик марбут буда, ҳамчун мутахассиси варзида ва олими соҳибқалам дар ин самт осори ғании илмию таҳқиқотӣ офаридааст. Яке аз самтҳои бунёдии фаъолияти таҳқиқотии устод омӯзиш ва таҳқиқи назария ва амалияи библиографияи кӯдакон ва наврасон ташкил менамояд. Осори пурғановати устод аз таҳияи дастури методии “Библиографикунонии адабиёти бачагона” оғоз ёфта, беш аз 600 маводи гуногуни чопию электрониро фаро мегирад. Андешаву таҳқиқотҳои ӯ перомуни масоили интишор ва таблиғи китоби кӯдак, нашри адабиёти бачагона, нашри асарҳои адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ, адабиёти бачагона дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, нақши китобхонаҳои бачагона дар тарғиби фарҳанги сулҳ, такмили фаъолияти кори китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ, давраҳои асосии рушди библиографияи адабиёти бачагонаи тоҷик, инъикоси афкори педагогӣ дар китобшиносии тоҷик, китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар шароити ҷаҳонишавии иттилооти электронӣ, саҳми чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ дар таҳияи библиографияи сарчашмаҳои таърихӣ дар рисола ва мақолаҳои илмию амалиаш мавриди баҳсу мунозира қарор гирифтанд. Осори илмии ӯ масоили гуногуни библиография кӯдакону наврасон, аз ҷумла омилҳои пайдоиш ва рушди библиографияи бачагона, библиографияи илмӣ-ёрирасони адабиёт бачагона (ҷорӣ ва тарҷейи), библиографияи тавсиявии адабиёт бачагона, библиографияи дохилимаҷаллавӣ ва дохилирӯзномавии бачагона, библиографияи паҳлуикитобӣ ва дохиликитобӣ оид ба адабиёти кӯдакону наврасон, библиографияи библиографияи адабиёт барои кӯдакон ва наврасон, созмондиҳии дастгоҳи маълумотӣ-библиографӣ дар китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ, услуби таҳияи китобномаҳо оид ба адабиёти кӯдакону наврасон, тавсифнигории адабиёти кӯдакону наврасон, инчунин масъалаҳои библиографияи тавсиявии адабӣ-бадеӣ ҳамчун воситаи тарбияи интернатсионалӣ ва ватандӯстии бачагон ва наврасон, такмили методикаи библиографиянамоии адабиёти бадеии гуногунмиллат барои кӯдакон ва наврасон, услуби таҳияи китобномаҳо оид ба адабиёти кӯдакону наврасон, дастгоҳи маълумот-библиографии китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ, нашри китобҳои электронӣ ва тарғиби онҳо тавассути сомонаҳои электронӣ, истифодаи интернет дар китобхонаҳои бачагона, нашрияҳои даврӣ – манбаи иттилооти библиографӣ барои кӯдакону наврасон, масъулияти падару мордар дар интихобу таъмини китобҳои ниёзи хониш барои фарзандон ва ғайраро фаро мегирад. Шариф Комилзода тавонистааст библиографияи адабиёти кӯдакон ва наврасонро ҳаддалимкон пурра мавриди омӯзишу таҳлил қарор диҳад ва натиҷаи дастоварҳои хешро дар шакли рисола, мақола, маводи таълимию методӣ манзури ҳамагон гардонад. Имрӯз тавассути заҳматҳои беандозаи устод библиографияи адабиёти кӯдакон ва наврасон ба ҳайси фанни асосӣ дар факултаи Китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ таълим дода мешавад ва ҳамасола садҳо донишҷӯёни рӯзона ва ғоибона онро меомӯзанд ва дар фаъолияти ояндаи хеш истифода менамоянд.
Шариф Комилзода фаъолияти муассисаҳои ҷудогонаи китобдории ҷумҳуриро низ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарод додааст, ки дар ин радиф фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ), Хонаи китоби Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар мавқеи назаррас доранд. Аз ҷумла мақолаҳои илмӣ оид ба таърих, фаъолияти илмиву методӣ, библиографӣ, илмию тадқиқотии КМТ, саҳми КМТ дар рушди библиографияи миллӣ, ҷойгоҳи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи китобшиносиҳои нусхаи хаттӣ (105, С. 70-72), Хонаи китоби Тоҷикистон – маркази библиографияи давлатӣ, фаъолияти нашрӣ ва библиографии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва ғайра бозгӯйи саҳми беандозаи ӯ дар таҳқиқу натиҷагирӣ нисбати мавзӯъоти доираи васеъи масоили китобдорӣ ва библиографии тоҷик мебошанд. Ин осори пурғановат ҳамчун дастурамали илмию амалӣ ва таълимию методӣ, ба ҳайси қутбнамо ба муҳаққиқон, унвонҷӯён, омӯзгорон, донишҷӯён ва мутахассисони соҳа хизмат менамоянд.
Масоили рушди китобдории тоҷик, истифодаи навгониҳои муосир ва натиҷагирӣ аз он дар таҳқиқотҳои бунёдии Шариф Комилзода бештар ба чашм мерасанд. Аз ҷумла дар мақолаҳои илмии “Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи эҷоди фазои иттилоотӣ”, “Инкишофи китобхонаҳои Тоҷикистон дар 10-соли истиқлолият”, “Густариш ва таҳкими фазои иттилоотӣ”, “Фаъолияти нашрии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ”, “Библиотечное дело в современном Таджикистане” (110, С. 62-65), “Использование новых информационных технологий в Национальной библиотеки Республики Таджикистан им. А. Фирдавси” (113, С. 13-14), “Ганҷинаи бузург” (116, С. 13-14), “Нақши китобхонаҳо дар тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ” (140, С. 19-20), “Дастовардҳои Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” (145, С. 35-36), “Нақши Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар рушду нумӯи илми китобдории тоҷик” (146, С. 12-17), “Нақши китобхонаҳо дар танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” (147, С. 48-50), “Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва истифодабарии он”, “Таҳқиқи равандҳои инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ”, “Фаъолияти инноватсионии Китобхонаи миллии Тоҷикистон”, “Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар масири таърих”, “Нусхаҳои муътабари фонди тиллоии Китобхонаи миллии Тоҷикистон”, “Робитаи байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон”, “Бинои нави Китобхонаи миллӣ ва ташкили низоми кор дар он”, “Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар даврони истиқлол” ва ғайра натиҷаи таҳқиқотҳои анҷомдодаи устод мебошанд, ки таъсири самарабахше дар рушду такомули китобдории тоҷик гузоштаанд.
Шариф Комилзода дар аксари ҳамоишҳои илмии китобдории ватанию хориҷӣ ба ҳайси намояндаи соҳавӣ фаъолона ширкат меварзанд, бинобар ин фишурдаи гузоришҳои илмии ӯ зери унвони “К вопросу изучения библиографии литературы для детей в Таджикистане // Ленинская теория культурной революции и ее осуществление в Таджикистане: Тез. докл. науч.-прак. конф. проф.-преподават. состава, посвящ. 60-летию образования ТаджССР и Компартии Таджикистана, 29-30 ноябрь 1984 г.”, (149, С. 44-45), “Некоторые актуальные проблемы библиографии детской литературы Таджикистана // Роль Ленинского комсомола в осуществлении культурной революции в Таджикистане: Тез. докл. науч.-теорет. конф. проф. - преподават. состава, посвящ. 60-летию образования комсомола Таджикистана, 20 ноябрь 1985 г.” (150, С. 38-39), “Рекомендательная библиография как средство интернационально-патриотического воспитания детей // Актуальные проблемы развития культуры и искусства в свете решений ХХУ11 съезда КПСС: Тез.докл.1Х региональной науч.-теорет. конф. асп., соиск. вузов культуры и искусства, посвящ. 70-й годовщине Великой Октябрьской социалистической революции, ноябрь 1987 г. Душанбе” (151, С. 68-70), “Патриотическое и интернациональное воспитание детей средствами внутрижурнальной и внутригазетной рекомендательной библиографии // Книга и культура: Тез. докл. Шестой всесоюз. науч. конф. по проблемам кнговедения, 18-20 апр.1988 г. Москва” (152, С. 34-35), “Вопросы совершенствования библиотечно-библиографической работы детских и школьных библиотек Таджикистана в области интернационального и патриотического воспитания // Книга в развитии культуры народов Востока: История и современность: Материалы межд. конф. 1990, Душанбе” (153, С. 164-167), “Основные этапы развития рекомендательной библиографии литеатуры для детей и подростков // Проблемы национального и интернационального в развитии культуры Советского Востока: Материалы всесоюз. конф. 1990” (154, С. 91-96), “Совершенствование библиографирования многонациональной литературы как фактор развития личности подростка // Книга и личность в свете обновления общества: Тез. докл. респ. науч. конф. Ташкент 1991” (155, С. 72-73), “Масоили интишор ва таблиғи китоби кӯдак // Фарҳанг ва бозор: Фишурдаи гузоришҳои конф.байналмилалӣ, 14-15 декабри с.1995” (156, С. 28-29), “Нашри адабиёти бачагона дар Тоҷикистон дар солҳои 1941-1945 // Тез. конф. ХХVII илмию амалии муаллимони Донишкадаи санъат бахшида ба 50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ.” (157, С. 30-31), “Инъикоси афкори педагогӣ дар китобшиносии тоҷик // Афкори педагогии халқи тоҷик ва истифодаи он дар амалияи тарбия: Материалҳои конф.байналхалқии илмӣ-амалӣ.” (158, С. 35-37), “Китобхонаҳои бачагона дар остонаи асри ХХI // Китобхонаҳои Тоҷикистон дар арафаи асри ХХI: Мӯҳтавои маърӯзаҳои конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ.” (159, С. 19-21), “Фарҳанги иттилоотии бачагон ва наврасон дар остонаи асри ХХ1 // Китобхонаҳо ва марказҳои ахборотӣ дар ҷаҳони ивазшаванда: Технологияи ҷадид ва шаклҳои нави ҳамкорӣ: Маводи конференсияи якуми вилоятии «Хуҷанд-2000» (24-26 майи соли 2000)”, “Нақши китобхонаҳои бачагона дар тарғиби фарҳанги сулҳ // Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон: Маҷмӯаи тезисҳои Симпозиуми байналмилалӣ, Душанбе, 26-27 апрели соли 2001”, “Информационно-библиотечное обеспечение школьников в Республике Таджикистан // Труды восьмой межд.конф. «Крым – 2001», “Роль детских библиотек в пропаганде таджикского мира // Исторический опыт миротворчества в Таджикистане: Сб. тез. межд. симп., Душанбе, 26-27 апр. 2001 г.” ва ғайра аз ин қабиланд.
Яке аз самтҳои умдаи фаъолияти Шариф Комилзодаро тайёрнамоии маводи таълимӣ: китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ, нишондодҳои услубӣ ва амалӣ ташкил менамоянд. Аз ҷумла маводи таълимии “Библиография барои бачаҳо”, “Роҳбарии хониши бачагон ва ҷавонон дар китобхона”, “Барномаҳои таълимии соҳаи китобдорӣ: Барои донишҷӯёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ оид ба тахассуси 05.27.00 “Китобдор, библиограф - омӯзгор”, “Муқаддимаи ихтисос”, “Асосҳои кори илмӣ-тадқиқотӣ”, “Библиографияи адабиёт барои кӯдакон ва наврасон: Барномаи таълимӣ ва нишондоди услубӣ оид ба омӯзиши фан барои донишҷӯёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ”, “Библиографияи адабиёт барои кӯдакон ва наврасон: Мавод барои омӯзиши фан”, “Асосҳои дониши китобдорӣ-библиографӣ: Барномаи таълимӣ”, “Асосҳои дониши китобдорӣ-иттилоотӣ: Барномаи таълимии курси такмили ихтисос барои кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон”, “Китобхонаи миллии Тоҷикистон: Дирӯз ва имрӯз: Дастури таълимӣ барои мактабҳои олӣ” аз зери қалами устод баромадаанд.
Ҳамзамон зери назари устод маводи таълимии “Таърихи номаҳои Аҷам: Дарснома”, “Программаи омӯзиши асосҳои китобдорию китобшиносӣ дар мактаб. Нашри дуюми ислоҳшуда”, “Библиографияи адабиёти илмӣ-табиатшиносӣ, техникӣ, кишоварзӣ: Нишондоди услубӣ барои донишҷӯёни ғоибхони факултаи китобдорӣ”, “Таърихи номаҳои Аҷам: Барномаи дарсӣ барои донишҷӯёни факултаи китобдорӣ”, “Созмондиҳӣ ва услуби кори библиографӣ дар китобхонаҳо”, “Библиографияи адабиёти кишоварзӣ: Барнома барои донишҷӯёни факултаи китобдорӣ” ва ғайра рӯйи чоп омадаанд.
Шариф Комилзода дар омодасозии дастуру тавсияномаҳо барои китобдорон, роҳбарони хониш, роҳнамоҳо, низомномаву оинномаҳо, барномаву лоиҳаҳои давлативу сармоягузорӣ низ саҳми босазо дорад. ӯ ҳангоми иҷрои вазифаи Раиси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ тавонистааст як қатор дастурҳо ва тавсияҳо барои китобдорон, тавсияҳо барои роҳбарони хониш, лоиҳаҳои барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла “Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015”, оинномаву низомномаҳои кориро омода ва манзури китобдорон гардонад. Шариф Комилзода дар омодасозии сохтори ҷадиди фаъолиятҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, таҳияи ҷадвали нави воҳидҳои кории он, омодасозии дастурамалҳои нави вазифавии кормандони китобхона, омодасозӣ, интихоб ва ҷобаҷокунии мутахассисон, такмили ихтисоси китобдорон, таҳия ва пешниҳоди Оинномаи нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Сафар Шосаидзода пешниҳод намудани лоиҳаи “Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, роҳандозии фаъолият дар китобхонаи нав ва ғайра заҳмати беандоза зиёд кашидааст.
Аз самтҳои афзалиятноки эҷодиёти устод ин таҳия ва интишори нишондиҳандаҳои бунёдии библиографӣ мебошад. Қайд кардан лозим аст, ки таҳияи асари библиографӣ аз эҷодкор заҳмати беандоза, сабру таҳаммул, малакаю маҳорат, пажӯҳишу омӯзиш, коркарду натиҷагирӣ, инобати талаботи ҷомеа, ки дар асл кори саҳл нест тақозо мекунад. Тавассути заҳматҳои хеш Шариф Комилзода тавонист дар як муддати начандон тӯлонӣ бахшида ба мавзӯъҳои муҳимми замон осори библиографии арзишманд биофарад ва осори ӯ дар қатори шоҳкориҳои библиографияи миллӣ мақому манзалат ёбад. Дар ин радиф аз нишондиҳандаҳои таҳиянамудаи ӯ «Иҷлосияи сарнавиштсоз: Феҳристи адабиёт» (2012, 206 с.), «Наврӯз: Китобнома» (2012-2013, 504 с.), «Об – манбаи ҳаёт: Феҳристи адабиёт» (2013, 576 с.), “Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ”, (2013, 656 с.), «Ваҳдати миллӣ: Китобнома» (2014, 342 с.), «Наврӯзнома: Феҳристи адабиёт» (2015, 174 с.), “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” (2016, 224 с.), «Наврӯз: Феҳристи адабиёт» (2017, 280 с.), «Ваҳдати миллӣ: Феҳристи адабиёт» (2017, 272 с.), “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон: Китобнома. Иборат аз 8 ҷилд (солҳои 2012 – 2019)” (2018, 2019, 2020) метавон ёдовар шуд.
Шариф Комилзода дар таҳияи дастурҳои умумибиблиографӣ нақши бориз доранд. Аз ҷумла аз зери назари ӯ дастурҳоии умумибиблиографии адабиёти нав оид ба адабиёту фарҳанг, ҳунар, кишвар, ҷашн ва санаҳои муҳим ва ғайра манзури ҳамагон гардидаанд. Ҳар яки ин дастурҳо ҳамчун дастурамалӣ корӣ барои китобдорон ва мутахассисони соҳа хизмат карда меоянд.
Саҳми устод дар таҳия ва таҳрири дастурҳои соҳавӣ низ хело назаррас аст. Аз ҷумла оид ба адабиёти бадеӣ, тиб, китобдорӣ ва амсоли ин дар эҷодиёти ӯ хело зиёданд. Мисоли равшани онро мо дар зери назари ӯ таҳия гардидани нишондиҳандаи бунёдии “Китобхонаҳои Тоҷикистон дар замони истиқлол”, ки дар он бахшида ба соҳаи китобдорӣ интишор намудаи мутахассисони тоҷик дар замони истиқлол пурра фаро гирифта шудааст. Дар маълумотномаи дигар зери унвони “Коршиносони эҷодкори Китобхонаи миллӣ: Маълумотномаи шарҳиҳолию библиографӣ” Шариф Комилзода тавонистааст доир ба тамоми китобдорони КМТ маълумотҳои шарҳиҳолию библиографӣ манзур намояд, ки он дар навбати худ ба пайдоиши маълумотномаҳои шарҳиҳолию библиографии китобхонаҳои ҷумҳурӣ замина мегузорад.
Саҳми Шариф Комилзода дар таҳияи нишондиҳандаҳои шарҳиҳолию библиографӣ бахшида ба ашхоси барҷастаи халқи тоҷик аз ҷумла, арбобони илму ҳунар, сиёсатмадорон, фарҳангшиносон, адабиётшиносон, таърихнигорон, китобдорон ва ғайра бузург аст. Устод дар аксар маврид барои навиштани мақолаҳои муқаддимавӣ ва ё пешгуфтори нишондиҳандаҳои шарҳиҳолию библиографӣ корҳои зиёдеро дар самти омӯзишу пажӯҳиш, таҳлилу баррасии санаҳои муҳими ҳаёт ва эҷодиёти соҳибҷашнҳоро мавриди таҳқиқ ва натиҷагирӣ қарор медиҳад. Аз ин рӯ аксари мақолаҳои муқаддимавӣ бо хусусиятҳои хоси худ аз ҳам фарқ мекунанд. Дар таҳияи мақолаҳои мазкур пеш аз ҳама услубҳои илмӣ бо суфтагии маъно ва васеъгии мазмуну муҳтаво ба ҳам омадаанд ва аксари он дар шакли мушаххас ва мухтасар пешниҳод гардидаанд. Аз ҷумла, мақолаҳои ҷашнии “Зиндагиномаи ибратомӯз” (13, С. 4-14; 50), “Баррасии масоили илмӣ ва корбурди китобшиносӣ дар фаъолияти устод Раҳимҷони Шарофзода” (53, С. 12-18), “Заминаҳои камолот” ” (14, С. 6-10; 55), “Олим ва устод” (61, С. 5-8), “Бобоҷон Ғафуров ва масоили таҳияи библиографии сарчашмаҳои таърихӣ” (63, С. 3-5), “Дар шоҳроҳи фарҳанг” (90, С. 5-14), “Тавозӯъ ҳар ки дорад сарфароз аст” (101, С. 5-16), “Бо китоб зинда аст инсон” (115, С. 4-14), “Муҳаққиқи илми китобдорӣ” (125, С. 5-9), “Устоди ҳунари рақс” (134, С. 5-15), “Ним аср дар ганҷина” (141, С. 6-9) ва ғайра.
Ғайр аз ин устод дар бораи ашхосони барҷаста меҳрномаҳои зиёде эҷод намудаанд, ки дар онҳо аз саҳифаҳои ҳаёту эҷодиёт ва саҳми муносиби онҳо дар рушди самтҳои гуногуни илму маърифат дар шакли мушаххас маълумот манзур намудаанд. Аз ҷумлаи чунин мақолот зери унвони “Мероси Меҳрубон Назаров” (85, С. 64-67), “Раҳимов Абдураҳим Ҳамроевич” (98, С. 52-54), “Раҷабов Ҷӯрабой” (99, С. 39-40), Сафар Сулаймонӣ “Сулаймонӣ Сафар” (100, С. 70-72), “Муҳаққиқи илми библиография” (80, С. 38-40), “Авғонов Қурбон Ғуломович” (86, С. 81-82), “Холов Бозорбой Сайфуллоевич” (104, С.75-77), “Шарофзода Раҳимҷон” (106, С. 34-37), “Шерматов Ҷелмат” (107, С. 73-74), “Шораҳматов Зиёратшоҳ” (108, С. 60-61), “Шосаидов Сафар” (109, С. 83-84), “Авғонов Қурбон Ғуломович” (120, С. 77), “Амиров Раҷабмад” (121, С. 93-94), “Валаматзода Ғаффор Рустамович: Ба ифтихори 90-солагии зодрӯзаш” (123, С. 25-28), “Ганҷинашинос: Ба ифтихори 70-солагии зодрӯзи китобшиноси маърӯфи тоҷик Абдуллоҷон Юнусов” (137, С. 29-30) ва ғайра дар маҷмӯа, маълумотнома ва нашрияҳои ҷудогона инъикос ёфтаанд.
Солҳои охир Шариф Комилзода бахшида ба олимон ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ як зумра нишондиҳандаҳои библиографӣ таҳия намудаанд. Аз ҷумла, бахшида ба “Сафар Шосаидов: Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” (2012, 80 с.), “Авғонов Қурбон Ғуломович” (128 с.), “Бӯриев Қурбоналӣ Бозорович: Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” (2014, 140 с.), «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: Феҳристи осор ва адабиёт доир ба ӯ» (2015, 128 с.), “Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ: Нишондиҳандаи шарҳиҳолию библиографӣ” (2015, 112 с.) ва ғайра аз эҷодиёти пурғановати ӯ гувоҳи медиҳанд. Устод бахшида ба олимону орифони илму фарҳанг феҳристҳои шарҳиҳолии зиёде офарида, таҷрибаю малакаи хешро сайқал дод ва сипас ба эҷоди китобномаи шарҳиҳолии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даст мезанад. Хонандагоне ки бо феҳристи “Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ”, (2013, 656 с.) ошноӣ пайдо кардаанд, онро ҳамчун дастоварди нодири библиографӣ арзёбӣ намуда, қоиланд, ки ин дастовард дар таърихи библиографияи тоҷик бесобиқа аст. Китобномаи дигари устод бо унвони “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” (2016, 224 с.) ба яке аз самтҳои муҳимми инъикосгари симои сиёсиву ҳаётии фарзанди баруманди халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ бахшида шуда, тамоми маводи интихобгардида аз ҷониби устод якояк аз назар гузаронида шуда, бо мазмуну муҳтавои он аз наздик ошно гардида, мавриди омӯзишу таҳлил, коркарду интихоб қарор медиҳад ва маводи гирдовардашударо дар қисматҳои “Назм”, “Наср”, “Инъикоси осори Эмомалӣ Раҳмон ва адабиёт доир ба ӯ дар китобномаҳо” моҳирона ҷойгир намудаанд. Нишондиҳандаҳои мазкур ба дараҷаи баланди касбият расидани устодро гувоҳи медиҳанд ва ин дастурҳо барои мутахассисони ҳирфаӣ ҳамчун манбаи илҳом ва дастурамалӣ корӣ хизмат менамоянд.
Феҳристи бузурги тарҷеие, ки бахшида ба кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар арафаи анҷомёбист зери унвони “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон: Китобнома. Иборат аз 8 ҷилд”, (2018, 2019, 2020) тибқи маблағгузории лоиҳаи “Бунёди манобеи библиографии чопӣ ва электронии “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” барои солҳои 2017-2019” аз ҷониби устод Ш. Комилзода омода ва таҳия мегардад, аз дақиқтарин ва муҳимтарин китобномаҳоест, ки пурра кору фаъолияти Пешвои муаззами миллат бахшида шудааст ва дар соҳаи худ миёни феҳристнигорони кишварҳои ҷаҳони муосир назир надорад. Устод дар таҳияи он заҳмати чандинсолаи хешро таҷассум намуда, бо истифода аз маҳорату малакаи касбӣ тавонистааст китобномаи дорои арзиши байналимилалӣ ва дар зоти худ бесобиқа манзур намояд. Дар сарсухани китобнома қайд шудааст, ки “Китобнома аз 8 ҷилд иборат буда, адабиёти ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекии дар солҳои 2012 – 2019 иштишорёфтаро дар бар мегирад. Дар ҷилдҳои 1 то 6-ум адабиёт ба забони тоҷикӣ, дар ҷилди 7-ум адабиёт ба забонҳои русиву ӯзбекӣ ва дар ҷилди 8-ум адабиёти бадеии ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ нашргардида тасвирнигори гардидааст”.
Дар ҷодаи таҳияи дастурҳои библиографии дуюмдараҷа, яъне библиографиянамоии дастурҳои библиографӣ саҳми устод собиқа надорад. Аз ҷумла, зери роҳбарии ӯ нишондиҳандаҳои дуюминдараҷаи “Мирзо Турсунзода: Шарҳи нишондиҳандаҳои библиографӣ” (1986), “Нашрияҳои Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ: Нишондиҳандаи библиографӣ. Солҳои 1983-2003” (2004) ва “Нашрияҳои Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳурияви ба номи Мирсаид Миршакар: Нишондиҳандаи библиографӣ. Солҳои 1979-2009” (2009) таҳия ва манзур гардиданд. Инчунин устод дар аксари дастурҳои бунёдии омоданамудаи хеш фасли алоҳида ва ё зерфасл оид ба нишондиҳандаҳои мавҷуда инъикос менамоянд. Мисоли равшани онро мо дар нишондиҳандаҳои мавзӯӣ, соҳавӣ ва шарҳиҳолӣ мебинем. Аз ҷумла дар нишондиҳандаҳои «Иҷлосияи сарнавиштсоз: Феҳристи адабиёт» (2012, 206 с.), «Об – манбаи ҳаёт: Феҳристи адабиёт» (2013, 576 с.), «Наврӯзнома: Феҳристи адабиёт» (2015, 174 с.), «Наврӯз: Феҳристи адабиёт» (2017, 280 с.), «Ваҳдати миллӣ: Китобнома» (2014, 342 с.) “Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ”, (2013, 656 с.), “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” (2016, 224 с.), “Китобхонаҳои Тоҷикистон дар замони истиқлол: Феҳристи адабиёт” (2016, 312 с.) ва феҳристи тарҷеии “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон: Китобнома. Иборат аз 8 ҷилд”, (2018, 2019, 2020) фаслҳои ҷудогона бахшида ба нишондиҳандаҳои библиографӣ оварда шудаанд.
Устод на танҳо дар эҷодиёти асарҳои илмӣ, мақолаҳо ва таҳияи дастурҳои библиографию шарҳиҳолӣ саҳми босазо дорад, балки аз зери қалами ӯ боз садҳо маводи илмӣ, таълимӣ, методӣ ва библиографӣ мавриди таҳрир ва такмил қарор дода шудаанд.
ӯ солҳои зиёд ба ҳайси сармуҳаррири маҷаллаҳои “Китобдор” (2003-2011) ва “Паёмномаи фарҳанг” (2015 инҷониб) заҳмат кашидаанд. Ҳар яки ин маҷаллаҳо ҳамасола мақолаҳои зиёди илмӣ ва методиро дар саҳифаҳои хеш инъикос менамуд, ки теъдоди мақолоти таҳриргардиди аз ҷониби Шариф Комилзода дар шумораҳои маҷаллаи “Китобдор” байни солҳои 2003-2011 беш аз 160 мавод ва маҷаллаи илмию таҳлилии “Паёмномаи фарҳанг” аз моҳи июли соли 2015 то охири соли 2019 беш аз 300 мақолаҳои илмӣ ва тақризҳо мавриди таҳрири илмӣ қарор гирифтааст.
Шариф Комилзода ҳамчун муҳаррири маводи таълимӣ, маҷмӯаҳои илмӣ, маҷаллаҳо ва дастурҳои методиву библиографӣ низ бузург аст. Гуфтаҳои моро таҳрири маҷмӯаи соҳавии “Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон: Китоби 6-8” (2017 - 2019), ки дар он зиёда аз 150 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва тақризҳои олимон ва мутахассисони соҳа ҷой дода шудаанд, 4 ҷилди маҷмӯаи илмии “Осор” (солҳои 2016-2019) ва маҷаллаи илмию таҳлилии “Паёмномаи фарҳанг”-и Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот далели қатъист.
Ба ҳайси директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот” таъйин гардидан Шариф Комилзода ба души ӯ роҳбарии мавзӯъҳои илмии “Самтҳои асосӣ ва дурнамои рушди фаъолияти муассисаҳои фарҳангию иҷтимоӣ (солҳои 2011 – 2015)” № 01011 ТД 066, “Таҳқиқи равандҳои инноватсионии соҳаҳои фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ (2016-2020)” № 0116 TJ 00606, “Таҳқиқ ва ҳуҷҷатикунонии унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар (2016 – 2020)” № 0116 TJ 00605, “Равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг (2016 – 2020)” № 0116 TJ 00604 ва “Вазъ ва дурнамои матбуоти маҳаллии Тоҷикистон» (2016 – 2020)” № 0116 TJ 00603 вогузошта шуд. ӯ тавонист дар як муддати начандон зиёд на танҳо фаъолияти пажӯҳишгоҳро ҷоннок намояд, балки дар таҳқиқи соҳаҳои фарҳангшиносӣ, санъатшиносӣ, китобдорӣ, иттилоотшиносӣ, васоити ахбори омма, рақсшиносӣ, ҳунарҳои мардумӣ, осорхонашиносӣ ва амсоли он ҷараёнҳои наву инноватсиониеро кашфу пешниҳод намояд, ки ба рушду нумуи минбаъдаи он заминаи воқеи гардад. Аз ҷумла тавассути мавзӯъҳои илмӣ, лоиҳаҳои хурди маблағгузории “Созмондиҳии бойгонии иттилоотӣ оид ба фарҳанг барои солҳои 2013-2015”, “Ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии захираҳои иттилоотии ҳуҷҷатишудаи халқи тоҷик барои солҳои 2014-2016”, “Созмондиҳии бойгонии иттилоотии илмӣ оид ба соҳаи китобдорӣ (2016-2018” ва “Бунёди манобеи библиографии чопӣ ва электронии “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон (2017 – 2019)” фаъолияти пажӯҳишгоҳро пурзӯр намуда бо таҷҳизотҳои наву технологияи замонавӣ онро таъмин гардонид.
Доираи фаъолиятҳои ӯ ниҳоят доманадор аст. Шариф Комилзода на танҳо олими шинохта, роҳбари кордон, омӯзгорӣ дилсӯз, балки бо ҳунармандии хеш дар байни омма симои шинохта аст. Аз ҷумла ҳамчун ҳунарманди босалиқа дар филмҳои гуногун якчанд симоҳои барҷастаро бо маҳорати воло бозидааст, ки дар хотираи тамошобинон абади боқӣ мемонад. Аз ҷумла, солҳои 2005-2006 дар силсилафилми «Муҳаббат» нақши Карим Бурҳонов, соли 2007 дар филми «Ҷинояткор» нақши намояндаи ҳифзи муҳити зист, соли 2008 дар филми «Беҳуда хорам мекунӣ» нақши Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009 дар филми «Ҳикояти Хоҷа» нақши Ҳоким, дар филми «Чароғи мунаввар» нақши Саид ва соли 2010 дар филми «Боз омадам…» нақши духтури ҷарроҳро хело ҳам ҷозиб бозидааст.
Бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Шариф Комилзода мақолаҳои бешумор манзури хонанда гардонида шудаанд. Оид ба самтҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти ӯ мақолаҳои “Ба муҳаққиқи ҷавон оид ба сарчашмаҳои соҳаи китобдорӣ”, “Комилзода Шариф” ва беш аз 100 маводи чопӣ ва электронӣ ба мо бозгӯ менамоянд.
Дар охир ҳаминро қайд менамоем, ки Шариф Комилзода дар таҳқиқу омӯзиши масоили мубрами соҳаи китобдорӣ, фарҳанг, иттилоот, ки ҳалли онҳо тақозои замон буд, таваҷҷуҳи амиқ зоҳир менамояд. Таъкид менамоем, ки ӯ дар рушду такомули мактаби китобдории тоҷик мақоми хоссаи хешро пайдо намуда, идомадиҳандаи кору пайкори намояндагони барҷастаи он мебошад ва саҳми босазои хешро дар тарбияи мутахассисони соҳа мегузорад.
Устоди гиромиқадрро бо рӯзи мавлудашон аз самими дил табрику муборакбод намуда, ба ӯ саломативу хонаободӣ, муваффақияту комёбӣ дар ҳаёту фаъолияти эҷодиёташон таманно дорем.
Буризода Қ.Б.
Маҳмудов Г. Б.
Ва боз дар бораи Шариф Комилзода:
Ҳаққи устод аз падар беш аст...
Бунёдгузори библиографияи адабиёти кўдакон ва наврасони тоҷик
Баҳси мушкилоти китобхонаҳо дар мизи мудаввари Китобхонаи миллӣ