Ҳаргиз аз зан буданам, ёрон, пушаймон нестам...
Нашр шуд 2020-08-21 14:04
Эмомалӣ Раҳмон-ин марди олами сиёсат, абармарди таърихи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як суханронӣ ба он таъкид намуд, ки хизмати занон шоистаи он аст, ки исмашон ҳамеша ба забон бурда шавад, на ки соле як бор аз вуҷудашон ёд орем. «Модарону бонувонро на танҳо дар рўзҳои ҷашн гиромӣ дорем, балки дар зиндагии ҳаррўза ба қадри худфарсоиву ҷоннисорӣ, муҳаббату меҳрубонӣ ва порсоии онҳо расем ва мақоми баландшонро пос дорем».
Ҳамин ҳоло, ки хостам дар бораи ҳамкорам нависам, ин сатрҳо ба ёдам омаданд. Дар ҳақиқат Махмура Ҳикматовна бонуест, ки бояд дар борааш зиёд гуфта шавад, дар ҳоле ки мӯйи худро дар ҳамин як коргоҳ сафед кардааст, умре хидматгори китобу китобхона будааст ва пешаи дигаре надоштааст.
Азимова Махмура Ҳикматовна аз зумраи он бонувонест, ки месазад дар ҳақаш чанд ҳарфи гуфтаниро бигӯӣ. Ӯ солиёни зиёд аст бо ишқу муҳаббат ба зиндагӣ пайи хизмат ба халқу миллат камари ҳиммат бастааст. Фаъолияти пурсамару ташаббусҳои созандааш худ як достони шуниданиву хонданист. Як бонуи фидокор, заҳматкаш ва пурталошест, ки аз субҳ то шом мо ҳамкорон ӯро дар такопӯ мебинем.
Ӯ муддати 40 сол аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси китобдор дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа менамояд. Фаъолияти кории худро соли 1980 чун китобдори шуъбаи хизматрасонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ оғоз намуда, минбаъд зина ба зина дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз ҷумла вай китобдори калони шуъбаи захиравӣ-мубодилавӣ (1986-89), муҳаррири калони шуъбаи илмӣ-маълумотдиҳӣ оид ба фарҳанг ва санъат (1989-93), мудири шуъбаи библиографияи миллӣ (1995-99), мудири шуъбаи коркарди адабиёт ва феҳристнигорӣ (1999-2006), мудири шуъбаи такмили адабиёт (2006-2007), мудири шуъбаи хизматрасонӣ (2007-2008), мудири бахши феҳристнигории шуъбаи коркарди адабиёт ва феҳристнигорӣ (2008-2012), муовини сардори шуъбаи феҳристнигорӣ (2012-2016) будааст ва аз моҳи декабри соли 2016 то инҷониб дар вазифаи сардори шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ фаъолият менамояд.
Махмура дар корхона рафиқу ҳамкори мушфиқ барои атрофиён аст ва дар оила модари меҳрубони се фарзанд мебошад. Вазифаи модариву кор дар коргоҳро аз ҳам ҷудо намедонад. Чун дар коргоҳ вай як мурабии дилсӯзест, ки дасти даҳҳо нафар шогирдонро ба кор рост кардааст. Мураббӣ будан ва модар будан, ҳарду як чизанд: ҳарду муҳаббату самимият мехоҳанд, ки Махмура аз ин неъмат бархӯрдор аст.
Махмура Азимова донандаи хуби касби худ аст. Таҷрибаи ҳудудан чилсолаи кор дар китобхона, фаъолият дар муҳимтарин шуъбаҳои он барояш ин имконро фароҳам овардааст, ки устоди донишманди касби худ бошад. Вай дар сабру истиқомат намунаи ибрат барои дигарон аст, дар миёни ҳамкорон обрўи баланд ва соҳиби ҳурмату эҳтироми хосса мебошад. Ӯ ҳамеша пайи иҷрои уҳдадориҳои хеш буда, дар ин баробар ба ҷавонон низ дасти ёрию мадад дароз менамояд.
Махмура Азимова дар баробари комёбиҳои касбияш дар таълиму тарбияи фарзандон низ ҳамчун зан-модар намунаи ибрат мебошад. Фарзандонаш имрӯз дар самтҳои гуногун фаъолият намуда, боиси шарафмандии падару модар ва ватани маҳбубамон мебошанд.
Ҷойгоҳи шоистаи занон ва ҳузури фаъоли онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, бозгўи заҳмату талошҳои бесобиқаашон мебошад. Ба қавли шоир:
Ман занам, мавҷуди нозукпайкари оташниҳод,
Ҳаргиз аз зан буданам, ёрон, пушаймон нестам.
Ҳеҷ гоҳе бо таассуф бар забон н-овардаам,
Ки чаро аз ҷумлаи мардони майдон нестам…
Махмура Азимова накуӣ ба халқу садоқат ба Ватанро маънии ҳаёт ва нақше дар тарбияву ташаккули наслҳои оянда гузоштанро рисолати худ медонад.
Соли 2004 ба муносибати 70-солагии Китобхонаи миллӣ ба дарёфти унвони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мушарраф шуд. Бо Ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикитсон, ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шудааст.
Эмомова З. Раиси Шурои бонувони КМТ.