Одина фалак мезад...
Ба таваллуди яке аз маъруфтарин ҳунармандони қарн, яке аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳанги кишвар Одина Ҳошим 83 сол шуд. Исми ин хунёгари нотакрор ва ин донандаи хуби таронаҳои мардумӣ тӯли ин ҳама солҳо вирди забон будаву таронаҳояш ҳамоно маъруфияти беандоза доранд. Одина Ҳошим бо овози худододу форам ва табииву марғуладори хеш аз дарди дили мардум барои мардум месароид. Садои дилпазири ин овозхони саршиноси тоҷик ба дили ҳазорон мухлисаш ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар роҳ ёфта, ўро маҳбуби қалбҳо карда буд. Дар давоми умри бобаракаташ дар санъати мусиқии классикии тоҷик ҳидматҳои арзишмандеро анҷом додаст.
Одина Ҳошим 13-уми июни соли 1937 дар деҳаи Нимдараи ноҳияи Даштиҷуми (ҳозира ноҳияи Шуробод)-и вилояти Хатлон, дар оилаи санъаткор ва мусиқидони варзида, Ҳофизи халқии ҷумҳурӣ Ҳошим Қосимов таваллуд шудааст. Модари Одина Ҳошим донандаи хуби адабиёти классикии форс-тоҷик буда, ашъори Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил, Соиби Табрезӣ, Ҳилолӣ, Сайидо ва даҳҳо суханварони дигари мумтози ин адабиётро мутолиа кардаву аз бар намуда буд. Ва дар домони чунин модар тарбият ёфтани Одина ба ў бетаъсир намонда, ў низ осори шоирони мазкурро хондаву азбар намуда ва ба бисёре аз ин осор оҳангҳои ҷовидона низ бастааст. Аҷдодаш низ дилбохтаи санъату ҳунар будаанд. Одина аз хурдӣ шоҳиди хонишу навозиши падараш будааст ва ин чиз дар дили Одинаи хурд таъсири амиқ гузошта, ў низ ба ин роҳи пурифтихор раҳсипор гардида ва дар оянда ҳамчун санъаткори асил ва маъруф шинохта шуд.
Бо орзуи дар оянда овозхон шудан, Одина пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи созҳои миллии Омўзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе супорид. Се сол дар ин боргоҳи ҳунар аз устодони маъруфу машҳур дарси санъати навозандагиву овозхониро бо тамоми нозукиҳояш аз бар кард ва соли 1959 ҳамчун мутахассиси ҷавон фаъолияти кориашро аз театри халқии ноҳияи Москва (Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ба сифати коргардон оғоз намуда, то соли 1962 дар ин пеша масъулият нишон дод. Чун коргари содиқ, ҷўянда ва навовар маҳбубият пайдо намуда, ба боварии роҳбарон сазовор шуд ва соли 1962 ба зимаи Одинаи ҷавон, ба Одинае, ки ҳамагӣ 25 сол дошт вазифаи басо пурмасъулият, сарварии театри драмаи мусиқии шаҳри Кўлобро вогузоштанд. Муддати 13-сол дар ин кори пурзаҳмат иҷрои вазифа намуда, беҳтарин асарҳои саҳнавиро рўи саҳна гузошт, ки аз ҷониби мухлисон баҳои баландро сазовор гашт. Аз соли 1975 то соли 1980 ба сифати солисти театри мазкур кор кард.
Нахустин суруди Одинаи Ҳошим «Ленин бародар раҳнамо» бар матни шоир Сайидалӣ Вализода ўро миёни ҳаводорон маъруфу машҳур намуда, дар сини биступанҷсолагӣ бо унвони Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозаш гардонд. Сипас, сурудҳои «Гулъузори ман куҷост?» (ғазали Ҳилолӣ), «Рафтӣ» (Сайидо), «Охир эй сарви хиромон зи кадомин чаманӣ» (ғазали Ҷомӣ), «Соқиё бархезу дардеҳ ҷомро» (ғазали Ҳофиз), «Хиҷил аст сарви бўстон бари қомати баландаш» (ғазали Саъдӣ), «Ба завқе такя бар шамшер ҷисми лоғарам дорад» (ғазали Соиб), «Аз чашми пурхумори ту мастӣ намеравад» (ғазали Ҳасани Деҳлавӣ), «Ё ҳар ду» (ғазали А. Лоҳутӣ), «Куҳан диёро» (ғазали Нодири Нодирпур) ва садҳои дигар, ки саршори меҳру муҳаббати поки инсонӣ, садоқат, некӣ ва дилрабоӣ буданд, дар иҷрои Одина Ҳошим дилпазир ва форам ба самти ҳаводорони санъат расонида шуд ва то имрўз бо ҳамон садои нотакрор аз тариқи садову симо ба ихлосмандони ҳунари ин ҳунарманди нотакрор пешкаш карда мешавад.
Ҳунари дигаре, ки Одина Ҳошимро миёни мардум шуҳратёр намуд, ин ҳунари фалакхонию фалакдонии ўст. Ҳамчун сарояндаи ҷўяндаву навовар дар зиндаю ҷовид гардонидани асари сертаркибаи «Фалак» хизмати шоистаеро касб кардааст. Дар ин ҷода Одина Ҳошим бо машҳуртарин фалаксароёну шашмақомхонон, бо устодони маъруфи санъати сарояндагӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони Ҳофиз, Домулло Ҳалим, Шоҳназар Соҳибов ва Акашариф Ҷўраев дар як поя қарор дошту шўҳраташ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ паҳн буд.
Соли 1972 фалаксароёни машҳури афғон Мангал, Карим, Нурмуҳаммад, Раҳимҷон, Абдурасул ва Акбар Лоло Одина Ҳошимро ба Афғонистон даъват намуданд, то ҳунарашро ба ҳаводорони афғонаш намоиш бидиҳад. Аниқтараш дар озмуни «Фалаксароёни мумтоз», ки дар шаҳри Кундуз барпо гардид, ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон даъват шуда буд ва дар ин озмун ғолиби ҷои аввал дониста шуд.
Одина Ҳошим аз соли 1953 то вопасин соли ҳаёт дар ҷодаи санъат ҳунарнамоӣ карда, бо ҳунари нотакрори хеш дар дилу дидаи мардум маъво гирифт. Хизматҳои шоёни ин марди шариф аз ҷониби давлату ҳукумат бо унвонҳои фахрӣ, аз қобили медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», Грамотаҳои Фахрии Президуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон ва Мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ қадрдонӣ шудааст.
Вай 16-уми ноябри соли 1993 оламро тарк кард. Одина Ҳошим, ки тамоми умр баҳри болидагии хотири мардум, гарму фараҳбахш намудани маҳфилҳо, чорабиниҳо пайваста омода буд, имрўз миёни ихлосмандон нест, вале номи ў, садои нотакрори ў ва меҳру муҳаббати ў умре дар қалбу дар забонҳо абадист.
Инчунин сурудҳои овозхони нотакрор Одина Ҳошимро дар шакли (аудио)-и ва китобҳо дар бораи ўро аз шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас карда метавонед.
Адабиётҳои истифодашуда:
1.Одина фалак мезад.– Душанбе: «Симурғ».– 1994.– 176 саҳ.
2. Табаров Соҳиб – Ёде аз Одина Ҳошим, «Матбуот», Душанбе. – 2004.– 50 саҳ.
3. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик ҷилди 3. – 2004. Душанбе. –518 саҳ.
4. Қодиров С. – Салавоте ба Одина. – Душанбе: «Ирфон», 104 саҳ.
5. Фароғат Азизӣ – Фалак ва масъалаҳои таърихӣ – назариявии мусиқии тоҷик. – Душанбе: «Адиб», 2009. – 248 саҳ.
Рустам Шарифов,
мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар