Гуландом Сафаралиева дар намоишномаҳои “Фоҷиаҳои хурд”; “Ҳуррият”; “Хизматгори ду хоҷа”; “Ваня тағо”; “Эзоп”; “Гамлет”; “Шоҳ Лир”; “Тўй”; “Имтиҳон”; “Бой ва хизматгор””; Интизорӣ”; “Охирин арўси амиралмўъминин”; “Афсонаҳои мўйсафед”; “Эдип”; “Нодира”; “Зебунисо” образҳои ҷолиб офаридааст. Дертар Гуландом дар эҷоди нақшҳои характери психологӣ дошта низ бомуваффақият қувва озмуд. Нақшҳои Дона Анна ва “Фоҷиаҳои хурд”-и Пушкин ва Клея аз “Эзоп”-и Нигейреф аз қабили чунин характерҳоянд.
Гуландом Сафаралиева 25 июни соли 1944 дар деҳаи Дошманди ноҳияи Кўлоб таввалуд ёфтааст. Соли 1964 Омўзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм кардааст. Дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ беш аз чор даҳсола ба сифати ҳунарпеша заҳмат кашидааст. Зиёда аз ҳафтод симои драмавӣ, фоҷиавӣ ва мазҳакавӣ бозида, олами ботинии қаҳрамононашро амиқ мекушод.
Аввалин касе, ки дар дили ў ин санъати касбиро ҷой гардонд, Артисти халқии РСС Тоҷикистон марҳум С. И. Мителман буд. Маҳз ў дар симои духтараки ҳунарманд зинати саҳнаи тоҷикро дарёфт. Соли 1989 ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, соли 1998 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро сазовор гардидааст.
Гуландом Сафаралиева дар намоишномаҳои “Фоҷиаҳои хурд”; “Ҳуррият”; “Хизматгори ду хоҷа”; “Ваня тағо”; “Эзоп”; “Гамлет”; “Шоҳ Лир”; “Тўй”; “Имтиҳон”; “Бой ва хизматгор””; Интизорӣ”; “Охирин арўси амиралмўъминин”; “Афсонаҳои мўйсафед”; “Эдип”; “Нодира”; “Зебунисо” образҳои ҷолиб офаридааст. Дертар Гуландом дар эҷоди нақшҳои характери психологӣ дошта низ бомуваффақият қувва озмуд. Нақшҳои Дона Анна ва “Фоҷиаҳои хурд”-и Пушкин ва Клея аз “Эзоп”-и Нигейреф аз қабили чунин характерҳоянд.
Бо медали Барои меҳнати шуҷоатнок қадр шудааст.
Бозчоп аз “Арбобони фарҳанги тоҷик»
Донишнома. – Душанбе, 2017. – С. 560.
Дар бораи Гуландом Сафаралиева дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолибро ҳам метавон хонд:
Мирзосаидов, С. Истеъдоди саршор: Дар бораи актрисаи Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Г. Сафаралиева // Комсомоли Тоҷикистон. – 1974. – 27 октябр.
Шарофов, М. Саҳназеб: Актрисаи Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, лауреати мукофоти Комсомоли ленинии Тоҷикистон Г. Сафаралиева // Комсомоли Тоҷикистон. – 1975. – 21 декабр.
Ёров, С. Маро дар образ ҷўед: Ба мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон пешниҳод кардани актрисаи Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Г. Сафаралиева // Комсомоли Тоҷикистон. – 1977. – 2 октябр.
Мўсоев, А. Қадри ҳунар: Дар бораи актрисаи Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Г. Сафаралиева // Комсомоли Тоҷикистон Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Г. Сафаралиева // Комсомоли Тоҷикистон. – 1977. – 2 декабр.
Яҳёев, М. Гуландом: Актрисаи Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Г. Сафаралиева // Занони Тоҷикистон. – 1978. – №11. – С. 14.
Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Дар бораи ба рафиқа Сафаралиева Гуландом додани унвони фахрии “Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон” // Ведомости Совети Олии РСС Тоҷикистон. – 1989. – №22. – С. 4.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани унвони фахрии ҶТ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ба ҳунарманди Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Сафаралиева Гуландом // Садои мардум. – 1998. – 18 сентябр.
Сафаралиева, Г. Сухани ногуфта, дарди ногуфта зиёд дорам: Мусоҳибаи Ортиқи Қодир бо ҳунарманди театр Гуландом Сафаралиева // Чархи гардун. – 2007. – 18 январ.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ