Шаъмро гуфтам, ки як шаб сӯз бо ман, гиря кард...

Агар гӯем, ки дар ин ду даҳаи охир ва ҳатто се даҳаи охир ҳеч касе ба мисли Озарахш дар таронаву оҳангу шеър дар як сатҳи қабулшуданӣ матраҳ набуд, шояд иштибоҳ накунем. Аз ҷавонӣ суруд месуруд, аввал аз ашъори бузургон: устодон Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор, Қутбӣ Киром...Ва баъдан шеъру ғазалҳои худро ҳам ба нота кашид. Ва хеле марғуб месарояду мехонад. Шеъраш аз таронаву оҳанг ва таронаву оҳангаш болотар аз шеъраш. Маъруфияти Озарахш шояд беш аз ин аст, ки гуфтем. Охирин китобаш бо номи “Девони ишқ” беҳтарин сурудаҳояшро дар бар гирифта.

Озарахш (Толиб Каримов)  13-августи соли 1963 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа, соли 1980, вориди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (бахши рӯзноманигорӣ) шудааст. Пас аз хатми донишгоҳ, солҳои 1986-1989, муҳаррири Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1989-1992 директори Иттиҳодияи эҷодӣ-истеҳсолии «Союзтеатр» дар вилояти Суғд, солҳои 1992-2002 муҳаррири телевизиони вилоят будааст.

Аз соли 2002 хабарнигори ҳафтаномаи «Нақлиёт» ва «Адабиёт ва санъат » дар вилояти Суғд  буд.  Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Муаллифи китоби ашъори  «Аз чашмасор омадам», «Намози мусофир», “Девони ишқ” ва «Чархболи Офтоб» аст, ки дар Душанбе ва Хуҷанд интишор ёфтаанд ва муаллифашонро дар қатори ҷавоншоирони ҳунарманди кишвар мақом бахшидаанд.

Зиёда аз 10 намоишномаи ў дар саҳнаи театрҳои кишвар (хусусан, театри наврасон) пешниҳоди ҳаводорони санъати театрӣ  гардидаанд, ки «Сафедор», «Равзанаи умед», «Афсона ё ҳақиқат», «Чашмаи Пардӯш», «Гулҳо намемиранд», «Ҳазордастон», «НақшиРўдакӣ» аз он шумуланд.

Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, руминӣ ва ўзбекӣ   тарҷумаву чоп шудаанд. Дар ҳайати намояндаҳои расмииТоҷикистонва гурӯҳҳои фарҳангиву ҳунарӣ дар   қитъаи Африқо (Гана, Бенин ва Того), кишварҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Инглистон дастовардҳои адабиёту санъати тоҷикро тарғиб кардааст.

Бозчоп аз “Манобеи электронӣ”

Дар Китобхонаи миллӣ аз Озарахш ва дар бораи ӯ ин матолиб барои мутолиа пайдо мешавад:

Осор

Озарахш Толиб Каримӣ. Аз чашмасор омадам. – Хуҷанд: Ношир, 1997. – 100 с.

Озарахш. Намози мусофир. – Душанбе: Адиб, 2006. – 178 с.

Озарахш.  Дуруди ишқ ба номат. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 102 с.

Озарахш, Т. Нуқтаи авҷ: Мушкиниёл; Қуллаи авҷ; Пайвандӣ: Силсилаи шеърҳо // Садои Шарқ. – 2015. – №10. – С. 3-8.

Озарахш. Офтоб орифона механдад: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1994. – 17-18 март.

Озарахш. Косагули лола: Ғазал // Адабиёт ва санъат. – 2002. – 22 феврал.

Озарахш. Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2003. – 4 июл. – С. 8.

Озарахш. Шоир, шоир...: Рубоиёт // Адабиёт ва санъат. – 2003. – 14 ноябр.

Озарахш. Дар Самарқанд; Ба вазни замон; Шўхӣ ва шўхӣ...: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2006. – 9 ноябр. – С. 8.

Озарахш. Бишнав аз най: (Китоби аз нав чоп баромада)  Гулчини “Маснавии маънави”- и Мавлавӣ // Ҷумҳурият. – 2007. – 12 июл.

Озарахш. Сураи суруд: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 27 ноябр. – С. 8.

Озарахш. Навбати Наврўз: Шеър // Ҷумҳурият. – 2009. – 19 март.

Озарахш. Нурнома: Шеър // Ҷумҳурият. – 2010. – 16 январ.

Озарахш. Шаби пеш аз Наврўз: Шеър // Ҷумҳурият. – 2010. – 20 март.

Озарахш. Чаҳорбарг (Аз дафтари рубоӣ): Рубоиёту қитъаҳо аз ашъори шоири маъруф Озарахш // Нақлиёт. – 2011. – 20 апрел. – С. 11.

Озарахш. Муҳаббат ҳаст!; Сиккаи Шекспир; Гирён-гирён; Нома ба ҳамватан: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 22 сентябр.

Озарахш. Мо ғами ишқ мехўрем; Парчамбардор; Сарнавишт: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2012. – 23 август.

Озарахш. Достони Шаҳристон: Ба ифтихори 20-солагии Иҷлосияи Шўрои Олии Тоҷикистон; Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2012. – 15 ноябр.

Озарахш. Як бағал ғазал // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 13 март.

Озарахш. Субҳатон хуш: Шеър // Паёми Душанбе. – 2015. – 18 март.

Озарахш. “Зиёда бод ёди ту...”: Рўбоиёт // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 30 апрел.

Озарахш. Айвони Туғрал: Шеър // Тоҷикистон. – 2015. – №9-10. – С. 23.

Озарахш. Хоби бедор; Биё...; Ба номи ту; Дустат дорам: Шеърҳо // Нигоҳ. – 2015. – 3 июн.

Озарахш. Субҳатон хуш: Шеър // Паёми Душанбе. – 2016. – 4 июл.

Озарахш. То як тарона ҳаст ҷавонӣ намеравад...: Шеърҳо // Нигоҳ. – 2016. – 17 август.

Озарахш. Кишвари хуршедҳо (Ватаннома): Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 25 август.

Озарахш. Субҳи истиқлоли миллат зинда бод!: Шеър // Баҳори аҷам. – 2016. – 6 сентябр.

Озарахш. Ширинасали ман: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 8 март.

Озарахш. Ҷавонӣ: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2017. – 18 май.

Дар бораи Озарахш

Тўрахуҷа, Л. Озарахш. – Душанбе: Сурўшан, 1999. – 32 с.

Қодир, Юсуф. Озарахш. – Душанбе: САМТ, 2011. – 36 с.

Ҳакимова, С. Мисрае дар варақи сабзи хаёл: Дар бораи шеърҳо ва эҷодиёти нави шоир Озарахш // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 14 июл. – С. 6.

Зарафшонӣ, Ф. Сабз аст нахли навбари андешаҳои ман: Дар бораи китоби нави Толиб Карими Озарахш “Ҷўйбори сари хирман // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 15 август.

Баҳриддинов, Ф. Шаъмро гуфтам, ки як шаб сӯз бо ман, гиря кард...: Аз ашъори шоири хушбаён Озарахш // Адаб. – 2014. – №3. – С. 78-80.

Ғаффорова, З. Озарахше дар раҳи шеъри тозарахш: Аз фаъолияти ашъори шоири хушзавқу хушсалиқа Озарахш // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 10 ноябр.

Таҳияи Насиба Даниярова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ