Ёркасиҳо дар таърих: Ровиёни ҳадис, донишмандон, шореҳону ҳофизони Қуръон
Нашр шуд 2020-10-29 15:40
Ёркасӣ
Ёркасӣ Абубакр Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Ҷаъфар (1055 дар рустои Ёркас, Самарқанд – 1126, рустои Чокапдиза, Самарқанд), фақеҳ ва қории Қуръон. Дар Самарқанд назди қозӣ ва имом Муҳаммад ибни Аҳмад ал Хаффоф таълим гирифта, аз имомхатиб Абубакр ибни Ҳамза ал-Мадинӣ ва қозӣ Абуалӣ ал-Ҳасан ибни Муҳаммад ал-Фуқоӣ ахбор шунидааст.
Ёркасӣ
Ёркасӣ Абулмузаффар Абдуссаъид ибни Абдуссалом ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Кундур асрҳои 11-12), ровии ҳадис ва қории Қуръон. Аввал як муддат сокини Самарқанд буд, сипас чанд сол дар Кошғар зист ва баъдан соли 1126 ба Самарқанд баргашт. Ёркасӣ дар Кошғар аз шайхаш Абўалӣ Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон-ал-Банокатӣ истимоъи ҳадис карда, аз тариқи ў ҳадис ривоят намудааст.
Ёркасӣ
Ёркасӣ Абулфазл Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Фазл (асри 11), яке аз ровиёни ҳадис, ки як замон вориди Самарқанд шуда, дар он ҷо муқим будааст. Аз Ҳусайн ибни ал-Кошфарӣ ҳадис ривоят карда, Наҷмуддини Насафӣ аз ў истимоъи ҳадис кардааст.
Ёркасӣ
Ёркасӣ Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад ибни Амр (асрҳои 10-11), адиб, муҳаддис, шореҳи китоби «Мақомот», аз шогирдони Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ (фавт 964). Ў дар Самарқанд таълим гирифта, ривояти ҳадис мекардааст. Абулбадеъ Мансур ибни Муҳаммади Самарқандӣ соли 1021 дар Самарқанд аз ў истимоъи ҳадис кардааст. Дар ривоят яке аз машоихи Ёркасӣ АбусаъидМуҳаммад ибни Абдулоҳ аш-Шумонӣ буда, аз тариқи ў ба ғайр аз ҳадис боз китобҳои «ал-Фиқҳу-л-акбар» ва «ал-Омил ва-л-мутааллим»-и имом Абуҳанифаро ривоят кардааст.
Боз чоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. Ҷ.6. – С. 424.
Муаллиф: Шаҳобуддинов С.
Таҳияи Аниса Набиева
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.