Ёдгориҳои таърих. Емшитеппа
Нашр шуд 2020-10-14 15:37
Емшитеппа, харобаҳои шаҳри қадимаи аҳди Кушониён дар 4 километрии шимолу шарқии Шибирғони Афғонистон мебошад, ки тавассути Экспедитсияи муштараки Шўравию Афғонистон таҳқиқ шудааст (1969–70). Емшитеппа аз дигар шаҳрҳои аҳди Кушониён бо тарҳи мудаввар (қутраш 560 м) фарқ карда, масоҳаташ 18 га буд. Харобаҳои Емшитеппа дар шакли теппаҳои ҷудогона боқӣ монда, дар натиҷаи ҳафриёти сетои онҳо панҷ давраи бунёду азнавсозии шаҳр муайян гардид: қабати болоӣ ба давраи кушону сосонӣ, ду қабати баъдӣ ба аҳди Кушониён, қабати чорум ба давраи юнонии Бохтар ва қабати охирин ба давраи Ҳахоманишиён мансубанд.
Девори мудофиавии атрофи Емшитеппа низ якчанд бор бозсозӣ шуда буд. Девори мудофиавии қадимии Емшитеппа (баландиаш 14 м, паҳнои зербиноаш 15 м, паҳнои қисми болояш 9 м) аз похсаву хишти пухта бунёд ёфта, аз берун дар паҳлуяш хандақ дошт.
Дижи Емшитеппа дар қисми шарқии шаҳр воқеъ гардида, қароргоҳи ҳокими маҳаллӣ буд. Дар натиҷаи ҳафриёт аз Емшитеппа зарфҳои сафолӣ (хум, коса, ҷом, шоҳкоса) ва ҳайкалчаҳои гилӣ пайдо гардид. Зарфҳои сафолии Емшитеппа мунаққаш буданд: дар яке бузи кўҳӣ ва дар дигаре сайёди аспсавор тасвир ёфтааст.
Нодиртарин бозёфти Емшитеппа ҳайкалчаи гили зан мебошад, ки дар гарданаш муҳра ва дар қафаси синааш оина ё себ дошт. Зимни ҳафриёт аз Емшитеппа се сикка ёфт шуд, ки яке ба давраи Сомониён ва дигаре ба давраи Кушониён (бо навиштаҷоти Сотер Мегас) мансубанд. Ба қавли И. Т.Кругликова, Емшитеппа дар давраи мавҷудияи давлатии юнонии Бохтар бунёд ёфта, дар аҳди Кушониён ба авҷи тараққиёт расида буд.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 371.
Таҳияи Фируза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.