Юсуфшо Яъқубов – маъруфтарин бостоншиноси кишвар
Юсуфшо Яъқубов аз ҷумлаи машҳуртарину маъруфтарин бостоншиносони кишвар ва пурмаҳсултарин олими соҳа аст. Ҷузъитарин кашфиёт ё бозёфти худро китоб кардааст ва ё ҳаддиақал дар мақолае шарҳ додааст. Кам олимони ин соҳаро ёд дорем, ки ҳавсалаи профессор Ёқубовро дошта бошанд. Кореро, ки шуруъ кардааст, ҳамтман ба поён расонидааст.
Юсуфшо Яъқубов - доктори илми таърих (соли 1988), профессор, Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (соли 1991), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (соли 1999), академики Академияи илмҳои ҶТ (соли 2017) 16 ноябри соли 1937 дар деҳаи Равнови ноҳияи Дарвози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаводаи деҳқон Ёқубшоҳи Муборакшоҳ ба дунё омадааст.
Солҳои 1945-1952, мактаби ҳафтсолаи деҳаи мазкурро хатм намуда, солҳои 1952-1954 таҳсилро дар мактаб-интернати деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шўрообод ва синфи даҳумро дар интернати шаҳраки Кангурти ноҳияи Данғара хатм намуд.
Соли 1955 ба шуъбаи таърихи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил мешавад. Юсуфшо Яъқубов соли 1960, баъди бомуваффақият хатм намудани Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ба шуъбаи бостоншиносии Институти таърихи ба номи А. Дониши Академияи илмҳо ба кор даъват шуда, ба ҳайси сарлаборант ба пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент фиристонида мешавад.
Солҳои 1960-1963, ба ҷуз экспедитсияи Панҷакент дар ковишҳои бостоншиносонии гурўҳҳои Б. А. Литвинский дар Аҷинатеппа, Ҳулбук, гўристонҳои асри биринҷи Фархор, Вахш, Б. Я. Ставиский Моғиён ва Н. Неъматов Шаҳристон, Уротеппа, Симғори Хуҷанд, Ашт ширкат намуд.
Солҳои 1963-1966 аспиранти шуъбаи бостоншиносии Институти таърихи ба номи А. Дониши Академияи илмҳо буд.
Соли 1964 барои мавзуи номзадӣ ба ковишҳо дар ёдгориҳои Гардани Ҳисори назди деҳаи Мадм ва қалъаи Куми деҳаи Кум буда, машғул мешавад. Дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ дар ёдгориҳои зикршуда ва сарчашмаҳои хаттии суғдӣ, форсию арабӣ рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Паргар дар асрҳои VII-VIII мелодӣ» навишта, онро 15 январи соли 1970 дар Шурои Институти Шарқшиносии АИ Россия бомуваффақият дифоъ менамояд.
Аз соли 1970 то соли 1986 ходими калони илмии шуъбаи бостоншиносии пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ кору фаъолият менамояд.
Дар натиҷаи ҳафриётҳои тўлонӣ, бори нахуст дар таърихи Суғд, умуман Осиёи Марказӣ деҳаҳои хуб боқимондаи асрҳои VI-VIII мелодӣ Гардани Ҳисор ва Кум комилан кофта шуданд ва дар асоси маводи нодири ба даст омада ва боз 118 ёдгории дигари кашфшуда, рисолаи докторӣ дар мавзуи “Раннесредневековые сельские поселения Горного Согда” (Деҳаҳои ибтидои асри миёнаи кўҳистони Суғд)-ро менависад.
Аз солҳои 1986-1989 ба ҳайси ходими пешбари илмӣ дар шуъбаи бостоншиносӣ фаъолият намудааст. Солҳои 1989 то соли 2011 вазифаи мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ўҳда дошт.
Соли 1991 аъзои корреспонденти Академияи имлҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Фаъолияти омўзгории Юсуфшо Яъқубов солҳои 1971-1997-ро дар бар мегирад. Соли 2015 бо даъвати декани факултети таърих, дар кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дубора фаъолияти омўзгории худро то ба имрўз идома дода истодааст.
Юсуфшо Яъқубов соли 1988 дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов рисолаи доктории худро дар мавзуи «Деҳаҳои ибтидои асрҳои V-VIII мелодии Кўҳистони Суғд ва масъалаи ташаккули феодализм дар Осиёи Миёна” бомуваффақият ҳимоя мекунад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ монографияи “Тоҷикон” дар мавзуи этногенез навишта шуд (1994) ва соли 1999 бо таҳрир бо номи “Тоҷикшинос” чоп шуд.
Соли 1996 рисолаи бунёдии “ Религия домусульманского Согда” (Дини тоисломии суғдиён)-ро менависад. Соли 2001, ба муносибати ҷашни 3000-солагии тамаддуни “Авесто” китоби “Гоҳномаи Авесто”-ро бо тасвири фариштагони 30 рўзи моҳ пешкаши хонандагон менамояд. Соли 2000-ум китоби дарсӣ “Таърихи халқи тоҷик” замони Ориёиҳоро барои мактабҳои маълумоти миёна менависад.
Солҳои 1997-1999 сардори экспедитсияи якҷояи Тоҷику Олмон дар бахши омўхтани конҳои қадими миси Зарафшонро ба ўҳда дошт. Ў кашшофи деҳаи асри биринҷ дар баландии 3200 м ва даҳҳо конҳои истихроҷи мис дар кўҳҳои Мушистон мебошад. Соли 1998 дар қалъаи Ҳисораки Масчо ҳафриёт гузаронида, дар дижи шоҳ як толори мураббаи 10 х 10 м ва маъбади оташро кашфу таҳқиқ намуда, аҳамияти муҳими таърихӣ доштани ин ёдгориро баррасӣ кард.
Дар тўли 56 соли корияш дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 рисола ва зиёда аз 700 мақолаҳои илмӣ дар нашриётҳои мухталиф ба табъ расонидааст.
Зиёда аз 20 мақолаи худро дар кишварҳои Фаронса, Дания, Олмон, Англия, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон, Лаҳистон ба чоп расонидаанд. Асари “Дини суғдиён” соли 2006 дар Ҷопон тарҷума шудааст.
Соли 1996 узви Ҷамъияти бостоншиносони Россия интихоб шудааст. Соли 1998 аъзои корреспонденти Институти бостоншиносии Олмон интихоб мешавад. Соли 1999 ба унвони «Ходими хизматнишондодаи илму техникаи Тоҷикистон» сарфароз мегардад.
Дар муддати 56 соли фаъолияти кориаш дар Институт зиёда аз 120 ёдгориҳои бостоншиносиро кашф намудааст, ки дар миёни онҳо Гардани Ҳисор, Кум дар ноҳияи Айнӣ, Ҳисорак дар Масчо, маъбади оташ дар ёдгории Наврўзшо, дар ноҳияи Панҷакент, шаҳраки Дарбанд дар ноҳияи Нуробод, Чоргул ва гўристони сакоиҳои асрҳои IV-III пеш аз мелод ва V –VI мелод дар Лахш ва водии Рашт нодир мебошанд.
Бо ташаббуси ў 2700-солагии шаҳри Кўлоб пешниҳод шуда буд. Ба ин муносибат, бо роҳбарии Юсуфшо Яъқубов бошишгоҳи асри санг, давраи неолит, ёдгориҳои асри биринҷи Ғелот, харобаҳои шаҳраки асри VIII-I то мелод, I-VIII, ХII-ХIХ мелоди шаҳри Кўлоб кушода, таҳқиқ шуданд. Ба муносибати ҷашнвораи шаҳр зери роҳбарӣ ва ширкатии он китобҳои «История Куляба с древнейших времен до наших дней» муаллифон Ю.Якубов, Д.Довудов. Т.Филимонова, «Кўлоб шаҳри қадиму шўҳратманд», муаллиф Ю.Яъқубов, Д.Довудов ва А.Зардиев, «Хулбук – столица Хатлона», муаллиф Ю.Якубов, Э.Гулямова (2006) навишта ба табъ расонида шуданд.
Муҳаррир, ташкилкунанда ва муаллифи зиёда аз 100 мақола дар Энсиклопедияи Кўлоб мебошад (2006).
Солҳои 2008-2009 дар ёдгории Золи Зарди ноҳияи Фархор ҳафриёт намуда, онро боқимондаи шаҳри пеш аз исломии Андичароғ муайян мекунад. Соли 2012 асари бунёдии “Давлати Каёниён”-ро пешкаши хонандагон менамояд.
Яке аз кашфиётҳои бузурги профессор Юсуфшо Яъқубов дар соли 2012 харобаи шаҳри Карон дар ноҳияи Дарвози Бадахшон мебошад. Юсуфшоҳ Яъқубов аз соли 2012 то 2013 сарварии гурўҳи бостоншиносони тоҷикро дар Миси Айнаки Афғонистон бар ўҳда дошт.
Ў иштирокчии бисёр экспедитсияҳои байналмилалӣ аз ҷумла Роҳи Бузурги Абрешим мебошад ва бо медали ЮНЕСКО барои ҳиссагузорӣ дар бахши бостоншиносӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ сарфароз шудааст. Дар конфаронсҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ, симпозиумҳо, коллеквиумҳо марбут ба фанни таърих, дин, бостоншиносии Осиёи Марказӣ, дар Афғонистон, Олмон, Россия, Гурҷистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Эрон, Туркия ширкат ва баромад намудааст. Яке аз муаллифони нашри навини асари бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» мебошад.
Бозчоп аз сомонаи https://tg.wikipedia.org/wiki/Юсуфшо_Ёқубов
Аз олими забардаст дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед суроғ кунед:
Ёдгориҳои болооби Зарафшон. – Душанбе: Ирфон, 1977. – 64 с.
Паргар в VII-VIII веках нашей эры: Верхний Заравшан в эпоху раннего средневековья. – Душанбе: Дониш, 1979. – 216 с.
Гарданаи Ҳисор: Димнаи деҳаи асрҳои 7-8 дар қишлоқи Мадми ноҳияи Айнӣ // Энсиклопедияи советии тоҷик, 1980. – Ҷ. 2. – С.81.
Мухтаров, А. Путешествие в Согдиану / А. Мухтаров, Н. Негматов, В. Ранов, Ю. Якубов. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 132 с.
Тоҷикон: Пиромуни этногенез. – Душанбе, 1994. – 70 с.
Тоҷикшинос. – Душанбе: Ирфон, 1999. – 112 с.
Таърихи қадими халқи тоҷик: Замони ориёиҳо. – Алмаато: Атамура, 2000. – 214 с.
Гоҳномаи Авесто. – Душанбе: Деваштич, 2001. – 96 с.
Маниши миллӣ. – Душанбе: Деваштич, 2004. – 72 с.
Кўлоб: шаҳри қадиму шўҳратманд. 2700 сол / Ю. Яъқубов, Д. Довудӣ, А. Зардиев. – Душанбе: ЭР-граф, 2006. – 100 с.
Ҳулбук пойтахти қадими Хатлон / Ю. Яъқубов, Э. Ғуломова. – Душанбе: ЭР-граф, 2006. – 68 с.
История Куляба с древнейших времен до наших дней. – Душанбе: Дониш, 2006. – 263 с.
Давлати Каёниён. – Душанбе: ЭР-граф, 2012. – 544 с.
Чанд ҳуҷҷати нави суғдӣ: Оид ба бозёфтҳои археологӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1962. – 27 июл.
Кашфи асрори Чилдухтарон: Кофтуковҳои бостоншиносон дар ноҳияи Ўротеппа // Тоҷикистони советӣ. – 1962. – 2 декабр.
Тадқиқоти бостонии Яғноб // Маориф ва маданият. – 1963. – 5 сентябр.
Осори ҳаёти бостонӣ: Дар бораи кофтуковҳои бостоншиносон дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1964. – 14 август.
Аз ганҷинаҳои бостонии Ғазна // Маориф ва маданият. – 1964. – 10 ноябр.
Кашфиёти Суғд: Бозёфтҳои бостоншиносони тоҷик // Тоҷикистони советӣ. – 1965. – 2 март.
Алимардонов, А., Яъқубов, Ю. Ёдгориҳои бостонӣ ҳадис мегўянд // Маориф ва маданият. – 1965. – 20 март.
Тахти Ҷамшед: Осори маданияти мардуми Шарқ // Тоҷикистони советӣ. – 1965. – 8 сентябр.
Саёҳати дунёи қадим: Доир ба бозёфтҳои қадима // Маориф ва маданият. – 1966. – 7 апрел.
Ҷомҳои заррини марг: Дар бораи бозёфти бостонӣ // Маориф ва маданият. – 1966. – 27 сентябр.
Кашфиёти нодир дар Ашт: Саҳифае аз таърихи бостонӣ // Маориф ва маданият. – 1967. – 13 май.
Хазинаи асбобҳои рўзғор дар хароботи Золи Зард: Бозёфтҳои қадима // Маориф ва маданият. – 1968. – 23 июл.
Бозёфтҳои бостонӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1968. – 19 сентябр.
Ёдгориҳо аз таърих ҳикоят мекунанд: Нақли бостоншинос // Маориф ва маданият. – 1970. – 12 март.
Аз таърихи қадими Норак: Оид ба бостоншиносӣ // Занони Тоҷикистон. – 1971. – №12. – С.10-11.
Яъқубов, Ю., Довудов, А.Кашфиётҳои археологӣ дар ноҳияи Орҷоникидзеобод // Коммуна. – 1973. – 23 июн.
Кашфиёти бостоншиносон: Кофтуковҳои археологии Гардани Ҳисор дар водии Зарафшон // Маориф ва маданият. – 1977. – 10 феврал.
Мухторов, А., Ёқубов, Ю. Асрори кўҳистони Суғд: Бозёфтҳои бостоншиносон // Маориф ва маданият. – 1979. – 17 июл.
Аз қаъри асрҳо // Уфуқҳои илм. – Душанбе, 1981. – №2. – С. 26-29.
Аз қаъри асрҳо: Корҳои ҷустуҷўӣ ва тадқиқотии отряди археологии Институти таърихи АФ РСС Тоҷикистон ба номи А. Дониш дар болооби водии Зарафшон // Тоҷикистони советӣ. – 1981. – 4 июл.
Садои асрҳо: Дар бораи доктори илм, профессор, бостоншиноси номӣ Б. Я. Ставиский // Газетаи муаллимон. – 1981. – 15 декабр.
Кумед: Дар бораи кофтуковҳои бостоншиносони тоҷик дар ноҳияҳои Орҷоникидзеобод ва Файзобод // Газетаи муаллимон. – 1983. – 12 апрел.
Асрори қалъаи Наврўзшоҳ: Дар ҷанубу шарқии деҳаи Навобод воқеъ гардидааст // Тоҷикистони советӣ. – 1984. – 23 ноябр.
Кашфи шаҳри Дарбанд: Тадқиқоти археологии Қалъаи Имлоқи соҳили чапи Сурхоб // Тоҷикистони советӣ. – 1985. – 31 январ.
Машварати бостоншиносон: Дар бораи ҷамъомади махсуси бостоншиносони Иттифоқи Советӣ ва Фаронса дар шаҳри Самарқанд // Тоҷикистони советӣ. – 1986. – 15 октябр.
Маъбади оташ: Дар бораи кори бостоншиносон дар деҳаи Навободи ноҳияи Панҷакент // Газетаи муаллимон. – 1986. – 20 декабр.
Ёқубов, Ю., Муллоқандов, М. Маъбади Буддо дар Ховалинг // Газетаи муаллимон. – 1987. – 19 сентябр.
Се оташи муқаддаси ниёгон: Таърих, археология ва этнография // Илм ва ҳаёт. – 1989. – №5. – С.10-11.
Ўротеппа чӣ маъно дорад // Тоҷикистони советӣ. – 1990. – 12 январ.
Танбарҳои хумӣ: Таърихи қадими асрҳои 1-3 милодӣ // Илм ва ҳаёт. – 1991. – №12. – С.8-9.
Довуд, Д. Пардаафкани розҳои бостон: Нақл дар бораи бостоншинос Ю. Ёқубов // Тоҷикистони шўравӣ. – 1991. – 18 январ.
Кашфи шаҳри Дарбанд // Ҳақиқати Комсомолобод. – 1991. – 7 май.
Ҳамкории бостоншиносон: Перомуни Анҷумани бостоншиносони Тоҷикистон дар шаҳри Майнзи Олмон // Ҷумҳурият. – 1993. – 9 январ.
Шаҳри Душанбе 2300 сол дорад: Ба ифтихори 70-солагии пойтахт // Ҷумҳурият. – 1994. – 9 октябр.
Авасто осори фарҳангии кадом халқ аст: Ҳақиқати таърих // Садои мардум. – 2000. – 15 январ.
Бухоро пойтахти Давлати Сомониён: Дар бораи масоҳат, мавқеъ ва андози Бухоро дар замони Давлати Сомониён // Ҷумҳурият. – 2000. – 11 ноябр.
Худшиносӣ миллатгароӣ нест: Сабабҳои пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи соли 2006 ҷашн гирифтани тамаддуни ориёиҳо // Ҷумҳурият. – 2003. – 27 ноябр.
Рамзи ҷашнвораи 2700-солагии шаҳри Кўлоб шери дусара интихоб шуд // Ҷумҳурият. – 2004. – 27 январ.
Ватани чакану гулдўзӣ: Ҳунарҳои мардумӣ аз нигоҳи бостоншинос // Ҷумҳурият. – 2005. – 20 октябр.
Таърих бозгўи тамаддун: Ба ифтихори Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ ва 2700-солагии Кўлоб // Ҷумҳурият. – 2005. – 19 ноябр.
Нигоҳе ба таърихи шоҳони Дарвоз // Миллат. – 2007. – 7 июн.
Ғелот таърихи 5-ҳазорсола дорад: Бозёфтҳо аз Кўлоб // Ҷумҳурият. – 2011. – 21 май.
Майдони чавгонбозии Карон ва баҳсҳои атрофи чавгон // Мероси ниёгон. – 2015. – №17. – С. 103-110.
Карон – кашфи бузурги асри XXI: Оид ба номи аслии Қалъаи куҳна – Карон, ки дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон ҷой гирифтааст // Ҷумҳурият. – 2015. – 21 феврал.
Наврўз дар устураи офариниш: Ҷаҳонӣ шудани Наврўз // Ҷумҳурият. – 2015. – 20 март.
Раҳим Масов: Аз ҳаёт ва фаъолияти илмии директори Институти таърихи АИ ҶТ, доктори илми таърих, академик Р. Масов // Нигоҳ. – 2015. – 15 апрел.
Аслиён номи қадимии Хатлон аст: Таърих // Ҷумҳурият. – 2015. – 20 август.
Тасвири устураи офариниш дар мўҳру туморҳои асри биринҷи Бохтар // Мероси ниёгон. – 2016. – №18. – С. 46-50.
Устураи Ҷамшед // Мероси ниёгон. – 2016. – №18. – С. 62-68.
Аз таърихи пайдо шудани этноними тоҷик; Истилоҳоти нажодӣ; Истилоҳоти этникӣ: Тоҷикон // Миллат. – 2016. – 27 сентябр.
Тоҷик – тоҷдор, асилзода, шоҳзода: Тоҷикон // Миллат. – 2016. – 6 октябр.
Қалъаи Муғ: Воқеъ дар шаҳри Истаравшан // Тоҷикистон. – 2017. – 11 октябр.
Дар борааш
Научная деятельность член-корреспондента Академии наук Республики Таджикистан Юсуфшо Якубова. – Душанбе: Шахпар, 2012. – 89 с.
Таҳияи Истампулод Ормонов,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ