Навад соли профессор Раҳим Халилович Додхудоев

Агар устод Раҳим Додхудоев зинда мебуд, имсол аз баҳори наваддуми умраш гул мечид. Қалби пур аз меҳри олими шинохта 23 сол қабл дар шаҳри Маскав аз задан бозмонд. Раҳим Халилович Додхудоев аз ҷумлаи маъруфтарин забоншиносони тоҷик аст, ки дар омӯзиши забонҳои помирӣ, таърихи забони тоҷикӣ, Авасто   фонетикаи таърихии забонҳои помирӣ хизматҳои шоён кардааст. Бо чанд ҷумла аз ӯ ёд мекунем.

Доктори илми филологӣ, профессор Раҳим Додихудоев 15- уми июни соли 1928 дар деҳаи Сохчарви ноҳияи Шуғнони ВМКБ чашм ба олам кушодааст. Солҳои 1946-1950 дар Институти харбии забонҳои хориҷии Вазорати мудофиаи СССР–ро хонда, дар системаи истихборотии низомии шўравӣ кор кардааст. Соли 1956 якбора аз курси чорум дар факултаи таъриху филологияи УДТ (ҳоло ДМТ) таҳсилро оғоз намуда, аз соли 1958 дар ҳамин боргоҳи илм заҳмат кашидааст. Вазифаҳои муаллими калон, дотсент, мудири кафедра ва декани факултаи забон ва адабиёти русро (1958-1979) иҷро кардааст.

Солҳои 1980-1984 ректори Институти педагогии забон ва адабиёти руси Тоҷикистон (ҳоло Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода) буд. Аз соли 1985 то поёни умр вазифаи сарходими илмии Пажўҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистонро иҷро кардааст.

Оид ба фонетикаи таърихии забони шуғнонӣ, микротопонимияи Помир, таърихи забонҳои қадимаи форсӣ ва ғайра зиёда аз сад кори илмӣ ба сомон расондааст. Таълифоташ ба англисӣ, немисӣ, форсӣ ва дигар забонҳо нашр гардидааст.

Бозчоп аз Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2018). – Душанбе, 2017. – С. 237-238.

Аз профессор Раҳим Додхудоев дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед бихонед:

Додихудоев, Р. Луғати  ҳетерограммаҳои паҳлавӣ. – Душанбе, 1969. – 20 с.
Додихудоев, Р. Матнҳо барои хониш оид ба таърихи забони тоҷикӣ. – Душанбе, 1970. – 11 с.
Додихудоев, Р. Дастури мухтасари таърихи забони тоҷикӣ. – Душанбе, 1978. – 70 с.
Додихудоев, Р. Дастури мухтасари таърихи забони тоҷикӣ: Дастури таълимӣ. – Душанбе, 1978. – 69 с.
Додихудоев, Р. Таърихи забони тоҷикӣ / Китоби дарси барои факултетҳои филологияи тоҷик. – Душанбе: Маориф,1987. – 200с.
Додихудоев, Р. Таърихи забони тоҷикӣ. – Душанбе: Маориф. – 1988. – 200 с.
Китоби гуфтугўи тоҷикӣ-русӣ. – Душанбе, 1988 (ҳаммуаллиф).
Додихудоев, Р. Тавқи манқурити то кай ?: Масъалаҳои марбут ба халқияту забонҳои помирӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1989. – №5. – С.28-30.
Додихудоев, Р. Авасто ва забонҳои помирӣ // Ҷумҳурият. – 1992. – 1 декабр.
Додихудоев, Р. Маҳмуд Темур нависандаи Миср: Роҷеъ ба фаъолияти адабӣ ва осори ҳикоянависи мисрӣ, нависадаи бузурги Миср Маҳмуд Темур // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 16 феврал.

Бо забони русӣ

Материалы по исторической фонетике шугнанского языка. – Душанбе, 1962.
Памирская микротопонимия. – Душанбе, 1975.
Руководство по истории таджикского языка. Учебное пособие. – Душанбе, 1979.
Учебник (Букварь) языка дари. – Душанбе, 1986 (соавтор).
Исследование по восточным языкам. – Душанбе, 1988.
Афганистан сегодня. – Душанбе, 1988 (соавтор).
Русский язык. Учебник для 9 класса. – Душанбе, 1992 (соавтор).
Евангелия от Луки. – Москва, 2001.

Дар бораи олими шинохта:

Додихудоев  Раҳим // Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1986. Ҷ.8. – С. 620.

Додихудоев Раҳим // Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2008. – С. 127.

Додихудоев  Раҳим // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб-Р, 2016. – С. 97.

Таҳияи Саодат Қодирова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ