Чанд лаҳза бо Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ

Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ аз чеҳраҳои шинохтаи маорифпарвари Афғонистон ва минтақа аст. Замони зиндагонии вай ба солҳои истеъмори инглис рост меомад ва таҳоҷуми фарҳанги Ғарб ҳам маҳз аз ҳамон солҳо шуруъ шуда буд. Ҷамолиддини Афғонӣ ва даҳҳо ҳамсафони вай бо талошҳои милливу озодихоҳӣ руҳияи инқилобии мардумро бедор мекарданд. Аммо тӯли умраш басо овора шудаву гоҳ дар Ғарбу гоҳ дар Шарқ зиста ва билохира дур аз зодгоҳ вафот кардааст.

Ҷамолиддини Афғонӣ соли 1838 дар Асадобод наздики Кобул таваллуд шудааст. Маорифпарвар ва ходими ҷамъиятии афғон буд. Фаъолияти сиёсиаш солҳои 50-уми  асри 19 дар дарбори амири афғон Дўстмуҳаммад шуруъ ба кор шуд.

Соли 1868 ба Ҳиндустон ва аз он ҷо ба Истанбулу Қоҳира сафар кард.  Дар он ҷо ба муқобили фишору тазйиқи хориҷиён баромада, ғояи аввалин ташкилоти сиёсии «Ватан»-ро тарафдорӣ намуд. Бо талаби хориҷиён аз Миср ба Ҳиндустон ронда шуд.

Солҳои 1883-1886 дар кишварҳои Ғарб истиқомат мекард. Соли 1884 дар Порис ҳамроҳи мутафаккири араб Муҳаммад Абдуҳ маҷаллаи «Урват-ул-вусқо»-ро таъсис кард, ки бар зидди инглисҳо равона шуда буд.

Солҳои 1887-1889 дар Русия буд. Аз соли 1892 дар Истанбул зиндагӣ мекард.

Иттиҳоде, ки Ҷамолиддини  Афғонӣ таблиғ мекард, ҷанбаи динӣ дошт ва аз ин рў, ўро асосгузори ҷараёни иттиҳоди  исломӣ (панисломизм) меҳисобанд. Ақидаҳои сиёсӣ, фалсафӣ ва ахлоқии ў рўҳи динӣ дошта бошанд ҳам, ҳадафашон бартараф кардани ақибмонии моддӣ ва маданӣ, таассуби динӣ, истибдоди феодалӣ ва зулми мустамликадорӣ буд.

Ҷамолиддини Афғонӣ дар баробари олим ва донишманд буданаш дар илми фалсафа байни олимони замонаш бисёр шўҳрати беандоза доштааст. Ў тамоми истеъдодҳои худро барои зинда гардонидани дини Ислом ва ворид намудани ҳақиқати дини Ислом дар афкор ва андешаи мардум кўшиш ба харҷ додааст. Мавсуф байни миллатҳо фарқиятеро намедид. Бо нидои он ки "мўъмин бародари мўъмин аст", ислоҳкориро барои тамоми мусалмонони ҷаҳон ҳадафи худ қарор дода,ба қавли яке аз шахсиятҳои маъруфи Аврупо Эй  Ҷӣ  Броун, "дар ҳаёти худ амали чанд нафарро иҷро мекард. Ў ҳам файласуф, ҳам нависанда, ҳам суханрону рўзноманигор буд. Яъне Ҷамолиддин дар ҳар маврид новобаста ба он ки дар кадом ҳолат қарор дошт, метавонист ҳадафҳои нек ва созандагии худро ба ҳадаф расонад".

9 марти соли 1897 аз бемории саратон дар Истанбул вафот кард ва дар гӯристон Шуюх ба хок супурда шуд.

Гуфта мешавад, ки баъдҳо бинобар дархости давлати Афғонистон ҷасади Ҷамолиддин ба ватанаш мунтақил шуд ва дар минтақаи Алиобод дафн гардид. Бо гузоштани тобути Ҷамолиддин дар ин мавзеъ, ин маҳал номи Дорулфунунро соҳиб гашт. Дар замони подшоҳии Муҳаммадзоҳиршоҳ  аз санги обнус болои марқади ўро оро доданд.

Бозчоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик». – Душанбе, 1988. – Ҷ.8. – С. 451.

Дар Китобхонаи миллӣ аз осори Ҷамолиддини Афғонӣ ва дар бораи ӯ ин матолибро метаовн мутолиа кард:

 Таълимот-ул-баён  фи таърих-ил-афғон: Дунболаи таърихи афғон /  Ҷамолиддин  Сайид Афғонӣ. – Душанбе, 1999. – 152 с.

Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ: Намунаи осор / Таҳияи Ш. Зуҳурӣ // Фарҳанг. – 1992. – №9-10. – С.34-41.

Назаров, Н. Омолу афкори Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ /  Муҳаррири масъул аъзо-корреспонденти АФ РСС Тоҷикистон Ғ.А.Ашуров. – Душанбе, 1980. – 106 с.

Ғаффоров, А. Ҷамолиддини Афғонӣ ва Иқбол // Садои Шарқ. – 1981. – №12. – С.120-125.

Тањияи Меҳрангез Ғуломова,
корманди шуъбаи
библиографияи милл
ӣ