Муаррифии китоб: Фалсафаи иҷтимоии исмоилияи муосир: Масоили марбута ва ҳалли онҳо
Нашр шуд 2020-10-14 13:45
Дар монография масоили мубрами фалсафаи иҷтимоии исмоилияи муосир, ки марбут ба танаввуи фалсафӣ, динӣ ва анъанаҳои халқии дорои хислатҳои фаромиллӣ, масоили қудрат, ҳуқуқҳо ва тааҳҳудоти исмоилиёни ҷаҳон, ақоиди таҳамулгароӣ ва гуногунандешӣ мебошанд, баррасӣ мешаванд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба масалаҳои хислатҳои иҷтимоии исмоилияи муосир тавассути гуногунандешӣ ва таҳамулгароӣ, ки ба ташаккул ва инкишофи шаклҳои гуногуни фарҳанг ва санъат, эъҷоди пойгоҳҳо барои таъмини хизматрасониҳои босифат дар соҳаҳои таҳсилот ва тандурустӣ, беҳтар кардани шароити зиндагии мусулмонон мусоидат менамоянд, равона шудааст.
Монографияи барои доираи васеъи мутахассисоне, ки бо омӯзиши исмоилияи муосир ва дурнамои рушди он дар ҷаҳонишавии кунунӣ машғуланд, таҳия шудааст.
Ин китоб ба тозагӣ нашр шудааст ва ҳоло метаовнед онро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Муаллиф Дастумбоев Н.Ш., тарҷумон Муҳаммадсалом Махшулов.
Исроил Иброҳимов, мутахассиси шӯъбаи маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ