“Осорномаи профессор Сафар Сулаймонӣ” дар таҳияи Ҷӯрабой Раҷабов аз чоп баромад.
Китоб, ки бо ду забон дар ҳаҷми ҳудудан 400 саҳифа рӯйи чопро дидааст, аз фаъолиятҳои илмии профессор Сафар Сулаймонӣ, яке аз устодони пуркори соҳаи китобдорӣ, фарҳангшиносӣ, омӯзгорӣ ва пажуҳишгари шинохта ҳикоят мекунад. Мураттиб талош кардааст ҳама маводи то соли 2016 дар расонаҳои хабарӣ, китобҳои ҷудогона ва шабакаи ҷаҳонии Интернет мунташиршударо гирдоварӣ кунад. Кўшиш ба харҷ дода шудааст, ки кулли маводи мунташира тибқи меъёрҳои пазируфташуда таҳия гарданд. Дастур барои намуна дар таҳияи библиографиҳо, сомонаҳои Интернетӣ, рўйхати китобҳо барои кормандони китобхонаҳо ва маркази иттилоърасонӣ, муҳаққиқону донишҷўён муфид мебошад.
Дар бораи тарҷумаи ҳоли доктори илмҳои педагогӣ, академики академияи байналмилалии иттилоотсозии Созмони Милаи Муттаҳид, узви Бунёди ироншиносони Ҷумҳурии Исломии Эрон, профессор Сафар Сулаймонӣ дар муқаддима муфассал сухан ронда шудааст. Гуфта мешавад, ки Сафар Сулаймонӣ 10 – уми марти соли 1951 таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1968 ҳуҷҷатҳояшро ба омўзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом супорида, соли 1972 омўзишгоҳи мазкурро хатм кардааст. Соли 1972 ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, соли 1976 онро хатм намудааст.
Сафар Сулаймонӣ донишкадаи риштаи китобдорӣ, фарҳангшиносӣ, ироншиносӣ ва педагогика буда, дар рушду такомули илми тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Дар тўли 45 соли фаъолияти илмию омўзгории ў даҳҳо китобу рисола ва садҳо мақолаҳои пурарзиши илмӣ таълиф намудааст.
Соли 1987 аввалин монографияи “Умури китобдорӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон” ба табъ расид. Дар ин рисола масоили назарӣ ва амалии китобдории Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Дар бораи фаъолиятҳои илмиву пажуҳишӣ ва педагогии Сафар Сулаймонӣ ба шумо мутолиаи китоби тозанашри “Осорномаи профессор Сафар Сулаймонӣ”-ро тавсия медиҳем, ки ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ