Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Фатҳулло Аҳмадовро бо ҳамин сифат ёд мекунанд. Дар мубориза бо тонкҳои қавипайкари душман бо воҳидҳои низомии таҳти фармондеҳиаш пирӯз омад. Худ пирӯзии бузургро надид, аз тири адӯ қурбон шуд. Вале ба ғалаба бовар дошт, чун пешрафтҳои артиши кишвари шӯроҳоро медид, матонати ҷанговаронро медид, рӯҳияи ҷангии фотеҳонро медид. Дар ҷанг барои озодии меҳан қурбон шуд, вале номашро чун фотеҳ ва қаҳарамон абадан дар дафтари айём сабт кард. Имрӯз аз ӯ ёд мекунем. Сад сол пеш ба дунё омада буд, ҳамагӣ 26 сол умр дид.
Аҳмадов Фатҳулло соли 1918, дар деҳаи Даштаки Хуҷанд аз оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945), сержант. Соли 1935 ба сафи Армияи Сурх даъват шуд. Баъди адои хизмат дар яке аз колхозҳои ноҳияи Ленинобод, баъдан хоҷагии ба номи Сайидхӯҷа Урунхоҷаев тракторчӣ буд.
Аҳмадов аз рўзҳои аввали ҷанг дар мудофиаи Севастопол иштирок кардааст. Соли 1944 Аҳмадов дар вазифаи командири расчёти танкзан дар собиқ полки 61 – уми дивизияи 17 – ум хизмат мекард. Дар наздики шаҳри Лукуви Лаҳистон дар муҳорибаи 30 июл ба пешравии эскадрон ДЗОТ-и душман халал мерасонд. Аҳмадов бо расчёти худ онро аз байн бурд.
Рўзи дигар ду баталёони душман бо ҳимояи 13 танк ҳуҷум намуд. Баъди наздик омадани тонкҳо Аҳмадов гранатаи зиддитанкӣ партофта, ба пешравии воҳидҳои ҳарбии худ шароити мусоид фароҳам овард.
Соли 1944 дар шаҳри Седлеци Лаҳистон ба ҳалокат расид.
Бозчоп аз Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1978. – Ҷ.1. – С. 236.
Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи ин фарзанди қаҳрамони миллат матолиби зерро метавонед бихонед:
Мухтасар дар бораи тарҷимаи ҳол ва корнамоиҳои ў дар ҶБВ: Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистон. – Душанбе, 1970.
Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистон. – ЭСТ . – Душанбе, 1978. – Ҷ.1. – 336 с.
Сечкина, Л. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Фатҳулло Аҳмадов // Ҳақиқати Ленинобод. – 1959. - 22 феврал.
Раҷабов, Р. Зиндааст мурдае, ки ҳама ёд мекунад: Дар бораи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Фатҳулло Аҳмадов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1967. – 19 июл.
Сечкина, Л. Ҳарбу зарбҳо барои озод кардани сарзамини советӣ: Фарзанди шарафманди, Тоҷикистон. – Душанбе, 1968. – С. 96-118.
Сечкина, Л. Қаҳрамони хуҷандӣ: Дар бораи иштирокчии ҶБВ, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Фатҳулло Аҳмадов // Тоҷикистони советӣ. – 1969. – 9 май.
Сечкина, Л.П. Қиркунандаи танкҳо: Дар бораи Фатҳулло Аҳмадов // Тоҷикистони советӣ. – 1970. – 14 август.
Ёқубов, Ў. Ёде аз гузаштаи ҷанг: Нақли иштирокчии ҶБВ, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ // Комунисти Тоҷикистон. – 1975. – №5. – С. 37-40.
Ниёзӣ, Н. Ҳайкал: Шеър бахшида ба Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Фатҳулло Аҳмадов // Тоҷикистони советӣ. – 1980. – 10 феврал.
Ҳамроев, Ҳ. Сайёди «палангҳои фўлодин»: Мухтасар, аз корнамоиҳои ҷангии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Фатҳулло Аҳмадов // Адабиёт ва санъат. – 1986. – №15. – С. 15.
Сафаров, Р. Дар суроғи фарзанди диёри Хуҷанд: Ҳуҷҷатҳои тоза оиди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Фатҳулло Аҳмадов // Адабиёт ва санъат. – 1991. – 9 май.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ