Агар Хушназар Майбалиев зинда мебуд, имсол аз баҳори 80-уми ҳаёташ гул мечид. Дардову дареғо, ки олами моро тарк кард. Вале аз ӯ чун эҷодкори асил даҳҳо намоишҳои мондагор ба ёдгор монда ва ҳам мактаби ҳунарии ӯ, ки имрӯз шогирдонаш идома медиҳанд.
Коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ Майбалиев Хушназар (Хушвақтшо) 20- уми апрели соли 1938 дар деҳаи Дарзуди ноҳияи Рўшони ВМКБ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1964 шўъбаи коргардонии Институти давлатии маданияти ш. Маскав ва 1969 факултаи коргардонии Институти давлатии саънати театрии ба номи А. Луначарский ш. Маскавро ба охир расондааст.
Фаъолияти кориаш соли 1956 дар ҳайати ансамбли тарона ва рақси «Помир»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон шурўъ шуда, то пошхўрии ин даста (1961) идома ёфтааст. Аз соли 1969 то поёни умр дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба сифати коргардон ва саркоргардон фаъолият доштааст.
Муддате сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ будааст.
Зиёда аз панҷоҳ спектакл, аз қабили «Дўсти дўст», «Захми забон», «Фарёди ишқ», «Беватан», «Ибтидо», «Машварат», «Писари калонӣ», «Ваня тағо», «Антигона», «Муфаттиш», «Дод аз дасти ақл» рўй саҳна оварда, дар беҳбуд ва равнақи санъати театри тоҷик ҳисса гузоштааст. Дар ҳар таҳия як тарафи тозаи маҳораташ кушода мегардид. Бозёфтҳои пайвастаи эҷодӣ имконаш доданд, ки ба таҳияи шоҳасарҳои класикони драматургияи ҷаҳонӣ ва ватанӣ даст занад. Дар ҷодаи коргардонӣ аз василаҳои гуногун истифода бурда, барои ноил шудан ба мақсади ниҳои ҳеч гоҳ тан ба фароғат намедод. Бо дигар театрҳои касбии ҷумҳурӣ ҳамеша дар робитаи эҷодӣ қарор дошт ва донишу таҷрибаашро ба ҷавонони навкор ёд медод.
Дар бораи ин ҳунарманди нотакрор дар Китобхонаи миллӣ метавонед бихонед:
Абдураҳмонов, А. Фидоии фарҳангу ҳунар. – Душанбе: Ирфон, 2008. – 96 с.
Майбалиев, Х. «Театр дар Тоҷикистон оянда дорад»…: Мусоҳибаи Қ.Собир бо коргардони театри ба номи А.Лоҳути Хушназар Майбалиев оиди Театрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон // Садои мардум. –2003. – 31 май.
Майбалиев, Х. Эҷод карда некӣ офаридан аст: Сўҳбати А.Раҳим бо ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев // Ҷумҳурият. – 2008. – 19 январ.
Майбалиев, Х. Хоҳони онем, ки дар режиссураи кино ҳам сермаҳсулу навҷўӣ бошед: Сўҳбати Т. Некқадам бо ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев // Садои мардум. – 2008. – 28 октябр.
Ҳамдам, А. Марде, ки саропо ҳунар аст: Коргардони театри ба номи А.Лоҳутӣ Хушназар Майбалиев // Садои мардум. – 2008. – 13 май.
Абдулқайсов, Ш. Оиди ко рва фаъолияти ҳунарманди театри академӣ – драмавии ба номи А.Лоҳутӣ Хушназар Майбалиев // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 7 апрел.
Меҳрафзун. Ў шоирона зист: Оиди кор ва фаъолияти яке аз арбобони намоёни санъати касбии тоҷик, коргардони маъруфи театри миллии кишвар, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон шодравон Хушназар Майбалиев // Адабиёт ва санъат. – 2012. – 2 феврал.
Икромӣ, Л., Қудус,Ҷ. Мактаби эҷодии Хушназар Майбалиев: Оиди кору фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев // Минбари халқ. – 2012. – 2 август.
Раҳмонқулов, А. Хушназаре, ки театро дигар кард: Ёде аз коргардони театри ба номи А.Лоҳутӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев // Ҷумҳурият. – 2013. – 1 июн.
Шафеъ, Б. Ҳунарманде, ки бо ёдҳои ширин тарки олам кард: Аз ҳаёт ва фаъолияти актёри театр Хушназар Майбалиев // Рўзгор. – 2014. – 30 апрел.
Таҳияи Саодат Қодирова
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ