Ҳамоиши Наврӯзи байналмилалӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-02-28 13:26
Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Наврӯзи байналмилалӣ” доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода баъди табрики ширкаткунандагони чорабинӣ мухтасар дар бораи оини Наврӯз сухан ронд. Вай аз ҷумла гуфт, ки ин ҷашнвора дар замони Истиқлолияти давлатӣ маънии нав касб кард ва ҳар сол назар соли пеш бошукуҳтару пурмуҳтавотар таҷлил мешавадж.
Директори Китобхонаи миллӣ ёдовар шуд, ки 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумиӣ СММ қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Аз соли 2019, баъди қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар чорабинӣ муовини Директор оид ба фарҳанги Институти Конфутсий дар шаҳри Душанбе Ся Тиен, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаббат Шобулбулова сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Фаёз Умаров суханронӣ карданд.
Дар қисмати дуюми барнома дар васфи баҳору Наврӯз шеърҳо хонаднд. Дар бахши созу суруд корманди Китобхонаи миллӣ Ороста Азизова навои фораму дилнишинеро иҷро кард.
Ҳозирон ҳамчунин навозиши мусиқии чинӣ дар иҷрои намояндаи Институти Конфутсий дар шаҳри Душанберо шуниданд.
Муди либосҳои тоҷикию чинӣ низ дар ҳамин росто баргузор шуд.
Фарзонаи Мирзо
Суратгир Хусрави Милод