“Файзи қудс”-и устод Халилилллоҳ Халилӣ дар Китобхонаи миллӣ муаррфиӣ шуд

 Дар Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, коршиносон, рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ рӯнамоии асари арзишманди  адабию таҳқиқии устод Халилуллоҳ Халилӣ ба номи “Файзи қудс”, ки шарҳи аҳволу рӯзгор ва таҳлили ашъори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегирад, баргузор шуд.

 Ин китоб бо ҳамкории Энсиклопедияи миллии тоҷик, бо мусоидати иқтисодии Дафтари ҳамкориҳои Швейсария дар Тоҷикистон  ба нашр расидааст.

 Дар саҳифаи дуюми китоб мураттибон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштироккунандагони семинари бузургдошти 100-умин солгарди Халилуллоҳ Халилиро ҷо додаанд.

 Китоби мазкур яке аз асарҳои мондагори шоир, мутафаккир ва олими шинохтаи Афғонистон устод Халилуллоҳи Халилӣ буда, дар эҷодиёти шоири бузург мавқеъи хос дорад.

 Китобро аз хати форсӣ Ҳусниддин Ғафурӣ баргардон кардааст ва он бо талоши  Ҷаъфар Ранҷбар, муассиси Китобхонаи устод Халилӣ бо ду ҳуруф: крилӣ ва форсӣ рӯйи чоп омадааст.

 Маврид ба ёдоварист, ки Китобхонаи устод Халилуллоҳ Халилӣ соли 1997 бо талоши Ҷаъфар Ранҷбар дар дохили “Осорхонаи Гурминҷ Завқибек ифтитоҳ гардид.

 Аз соли 1998 фаъолияти худро дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон идома дод. Аз охири соли 2005 то соли 2019 дар дохили Институти шарқшиносӣ ва мероси хатии  Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъол буд.

 Муассиси он Ҷаъфар Ранҷбар мегӯяд тӯли ин солҳо зиёда 20 китоби арзишманд ва бештар аз 15 маҳфили адабӣ созмон додааст.