"Саройи Санг" - дастоварди адабиëти тоҷик"

Дар маърузаи ҳисоботии раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Низом Қосим романи "Саройи санг"-и Ато Мирхоҷа беҳтарин дастоварди насри панҷ соли тоҷик дониста шуд. Перомуни асари мазкур ду-се соли охир дар расонаҳои хабарӣ гуфтумонҳое ҳам сурат гирифтанд, ки аз пайдо гардидани асари тозаи хондание дар адабиëти муосири мо шаҳодат медиҳанд.

Дар муддати се соли ба нашр расидани романи мазкур дар бораи он адибону адабиëтшиносоне чун Саттор Турсун, Абдулҳамид Самадов, Гулназар, Шамсиддини Солеҳ, Ҳоким Қаландариëн, Суннатулло Ҷонбобоев, Сайфулло Маҳкамов, Шоҳзодамуҳаммад Шерзодшоев, доктори улуми таърих Ҳайдаршоҳ Пирумшоев ва дигарон изҳори назар намуда, асари пурманфиати адабӣ будани онро таъкид намудаанд.

Бо мақсади дарëфти иттилоъи ҳарчи бештар дар бораи ин падидаи тоза, ки аз ҷониби хонандагон истиқболи гарм пайдо намуда, "Достони родмардони кӯҳистон" унвон гирифтааст, бо муаллифи он, шоир ва нависандаи шинохтаи тоҷик, барандаи ҷоизаи адабии устод Турсунзода, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа мусоҳиба оростем.

- Шояд ин суолест, ки батакрор аз шоироне, ки наср менависанд, пурсида шавад. Аммо мехостам суҳбатамон аз ҳамин оғоз шавад. Чӣ боис шуд, ки шумо рӯ ба наср овардед, дар ҳоле, ки метавонистед ин маъниро дар қолаби достон ҳам ифода кунед?

- Албатта дар қолаби достон ин маъниро гуфтан мумкин, вале шеър талаботу маҳдудиятҳои худашро дорад. Шеър шеъриятро талаб мекунад, шеър бояд зебо бошад, нафис бошад. Шеър зан аст, нафосату латофат дорад, вале кореро, ки мард карда метавонад, зан аз уҳдааш намебарояд. Яъне, шеър зан аст ва наср мард. Мард вазифаи занро иҷро карда наметавонад, зан вазифаи мардро. Барои ҳамин вақте бор зиёд аст, заҳмати зиёдтар мехоҳад, мушкил бисёртар аст, қуввати мард лозим аст. Қудрат надоштам ҳодисаҳои қарни бузурги таърихиро, ки аз солҳои 50-ум то охири асри 19 ба сари мардум омаданд ва сарнавиштсоз буданд, онро, ки дунё дар Осиёи Миёна аз нав тақсим шуд, дар либоси маснавӣ ба мардум пешкаш кунам. Он дигаргуниҳоеро, ки метавонистам дар либоси наср дароварам, дар назм дода наметавонистам.

Вақте инқилоб шуд, устод Садриддин Айнӣ бо ин қудрату бузургӣ ва захираи бойи луғавӣ гуфт ман бояд ба наср гузарам, зеро фақат дар наср метавонам ин таҳаввулоти ҷомеаи иҷтимоиро биғунҷонам. Ва романҳои бузургашонро офариданд. Фикр кардам, ин кори устодро пайравӣ кунам (табассум мекунад).

- Ва ба назаратон муваффақ ҳам шудед?

- Ҳанӯз баҳо додан барвақт аст, чунки бояд чанд ҷилди дигарашро нависам. Баъд маълум мешавад, ки муваффак шудам ё на. Ҳарчанд рафиқони зиёдам гуфтанд комёб гардидам.

- Вақте «Саройи сангро»-ро мехондам, онро саропо аз факту далел дидам. Гумон намекунам он ҳама тахайюли нависанда бошад. Кадом маъхазҳо буданд, ки маводи романеро, ки то кунун ду ҷилди он ҷоп шудаву ҷилдҳои дигараш дар навбатанд, ба муаллиф фароҳам оварданд?

- Барои навиштани ин асар 38 сол омодагӣ гирифтам. Давраи донишҷӯӣ соли 1983 дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии ба номи Ленин маҳфили адибони Бадахшон доштем. Дар он Варқа Охониёзов, Раънои Мубориз, Муҳиддин Шоҳин, Мавҷигули Зардодхон, Эмомалӣ Раҳматов, Сиёвуш Ҷунайдӣ ва Зайналмои Назришоҳ шомил буданд.  Нафаронеанд, ки ба адабиёт завқи беандоза доштанд. Ғайр аз маҳфили адабии донишгоҳ маҳфили худамонро доштем, ки роҳбараш ман будам ва моҳе 2 маротиба ҷамъ мешудем. Дар ҳамин маҳфил ба дастам китоби «Таърихи Бадахшон» расид, ки муаллифонаш Охон Сулаймон Қурбонмаҳмадзода ва Шоҳфитур Муборакшоҳзода буданд. Ин китоб бо ҳуруфи форсӣ буд ва мо он вақт форсиро нав ёд гирифта будем. Дар бораи Бадахшон қариб чизе намедонистем, чунон ки дар бораи Тоҷикистон. Ҳафтае як маротиба фанни таърихи Точикистон буд, аз он ҳам воқеаҳои зиëде, ки дар доираи барномаи ҷудошуда азхуд карданашон бисëр мушкил буд. Вақте ин китобро хондам, ҳайрон шудам, зеро он мушаххасан дар бораи диёрамон навишта шуда буд.

Мо ин китобро дар маҳфил бонавбат мехондем. Масалан, Варқа мехонду мо гӯш мекардем, ман мехондаму дигарон гӯш мекарданд. Аз ҳамон вақт дар дилам ҳавас пайдо шуд, ки таърихи Шуғнону Бадахшонро нависам. Зеро мавод ҳаст, танҳо ба таври бадеӣ навиштан мемонад. Пас аз хатми донишгоҳ ман ба Бадахшон рафтаму роҳбари гурӯҳи лекторони Кумитаи вилоятии созмони ҷавонони Бадахшон шудам. Азбаски шоир будам, он вақт шеърҳоям кам­ - кам чоп мешуд, каме шинохта ҳам будам, бештар корҳои адабиро пеш мебурдам. Шоиру нависандагон ва овозхонону ҳунарпешагонро ба ноҳияҳо мебурдам, маҳфилҳо ташкил мекардам. Бо шарофати ин созмон тамоми Бадахшонро гаштам. Аз Ишкошим то Мурғоб,  Бартанг, Ванҷ, Дарвоз, Рушон … ­ро деҳа ба деҳа гашта, бо мардум ҳамсӯҳбат мешудам, сабт мекардам. Бахусус, пирони рӯзгордида, нафароне, ки синнашон боло буд, аз онҳо рочеъ ба таърих мепурсидам. Сарчашмаи дигари иттиллоъ падарам буд, ки бисёр мутолиаи фаррох дошт, бисёр чизҳоро медонист. Соли таваллудаш 1915 буд, алаккай намояндаи давраи қадим буд. Худам дар хонаҳои қаҳрамонони «Саройи санг», амсоли Мирзоазизу Чаҳонгир, ки сохти қадимӣ доштанд ва ҳоло модернизатсия шудаанд, зода ва калон шудаам. Мо намояндаи ҳамон наслем. Бобоям мутаваллиди соли 1883-85 буд. Ҳанӯз давраи кӯдакиям, шояд синнаш аз 70 гузашта буд, он қадар афсонаҳои зиёд медонист, ки вақте ба хонаамон меомад, тамоми мардум ҷамъ мешуданд. Азбаски хотираам мустаҳкам буд, нақлҳои бобоям дар хотирам нақш бастаанд. Яъне, яке аз ровиёне, ки дар навиштани ин роман кӯмакам кард, бобоям Салимшоҳ аст. Худам ҳам хеле зиёд мутолиа кардам, ҳудуди 1000 рисолаву китоби таърихиро. Чунки Помир минтақаест, ки бисёр омӯхтанд. Ҳоло шумо дар шабакаи ҷаҳонии интернет «Помир» нависед, чунон маводҳое пайдо мешаванд, ки саратон гиҷ мешавад. Аз тоҷикон дида мардуми Аврупо дар бораи Помир бисёртар навиштаанд. Ҳатто академик Фëдоров орзу дошт дар Помир рафта бимирад.  Воқеаҳое, ки дар таърих гузаштанд, ҳуҷҷатӣ ҳастанд. Яъне, дар ҳамин давра Осиёи Миёна, аз ҷумла Помир бозичаи абарқудратон шуд. Аз як тараф Афғонистон, Чин, Қирғиз, аз тарафи дигар Англия, Рус, Манғит, Қатаған. Инҳош мехостанд, ҳукуматашонро бар  Помир аз даст надиҳанд, онҳош мехостанд ин мамлакати пурганҷ аз онон бошад. Ба ғайр аз сарзамини пурсарват будан Помир як майдони бисёр ояндадори васеъ, барои тавсеаи сиёсати давлатҳои манфиатдор буд. Ба ибораи академик Фëдоров «Кто владеет Памиром, тот владеет миром» - («Он, ки Помирро ба даст меорад, тамоми оламро идора мекунад»). Бинобар ин, ҳама чиз дар роман воқеист, таърихист. Аз соҳати таърих ман берун баромада наметавонистам. Ҳодисаҳои хамон давраро, агар ба таври дигар мегуфтам, дурӯғ мебаромад ва хонанда ҳам бовар намекард. Яъне  вақте асарро аз ҳад зиёд рангу бор медиҳем, мисли духтаре мешавад, ки ҳусну ҷамол надораду аз ҳад зиёд худашро оро медиҳад. Вай сохта аст. Як нафар хонандаи ман, шахси баландпояи ҷумҳурӣ, ки дӯсти ман аст, ин романро он қадар дӯст медорад, ки ҳар бори хонданаш ба ман занг мезанд, ки ин чӣ шуду он чӣ шуд, барои чӣ ин хел шуд (механдад). Ин дӯстам гуфт, «Атохоҷа, вақте ман дар бораи романатон шунидам, ки дар бораи Помир аст ва ман, ки Помирро дӯст медорам, фикр мекардам, дар бораи ин мулк бисёр чизҳоро медонам. Вақте китобатонро хондам, ҳайрон шудам. Маълумам шуд, дар мавриди Помир тасаввуротам амиқ набудааст. Ва ба воситаи ин роман ман Боми ҷаҳонро шинохтам. Он хонандаи ман  саволи шуморо дод. Пурсид  руйдодҳои асар то чӣ андоза воқеият доранд. Гуфтам воқеаҳо далели таърихӣ доранд, устухонбандӣ аз ҳақиқат, вале гӯшту пӯст аз ман аст. Агар гӯшту пӯстро надарорем, онро ҳеҷ кас намехонад. Ӯ сухани бузургеро мисол овард, ки «таърихро Худованд менависад, вале инсонҳо онро таҳрир мекунанд» (механдад). Дар ҷавобаш гуфтам, агар ман дар романам таърихро таҳрир кунам, хонанда бовар намекунад ва роман муваффақ намешавад, зеро ҳама чиз дар назди мардум аён аст. Шумо онро хондед, ҳама чиз мушаххас аст, далели дигари мушаххас будан, қаҳрамонони китоб ҳастанд. Қаҳрамонҳоро  махсусан гирифтам, зиндагияшонро омӯхтам. Барои он, ки ин қаҳрамонҳо дар дигаргун шудани ҳаёти мардуми Бадахшон саҳм гузоштаанд. Инҳо Сайид Фаррухшо, Ҷаҳонгир, Мирзоазиз, Манзаршо, Мулло Хишол ва даҳҳо нафари дигар мебошанд.

- Қаҳрамонон бо номҳои худанд ё бофта?

- Якчанд нафараш бофта, яъне типӣ аст. Масалан Ғазанфар. Як нафари айёру маккору корбудкуну корчаллон. Ӯ забони ширин дорад. Дар зиндагӣ чунин навъ одамон бисëр вомехӯранд. Мебинӣ, як дам дар назди раис нишастааст, як дам пас  дар назди дуздон аст, бо майхурон ҷӯра аст, дар пеши домулло нишаста намоз хонда истодааст, амри маъруф карда истодааст. Чунин одамон аҷоиботи зиндагиянд. Мехоҳанд ба одамон некӣ кунанд, вале муваффақ намешаванд. Чун чанд руй ва ҷабҳа доранд. Инҳо баъзан барои таърих корҳое мекунанд, ки аз дасти ягон кас намеояд. Яке аз қаҳрамонҳои марказӣ Сайид Фаррухшост, ки аз ҷониби Имоми замон Оғохони сеюм иҷозатнома дошт. Мулло Хишол шоири таърихист, Кеке образи нимхаёлӣ аст, вале мардуми Хуф он ҳодисаҳоро аз сар гузарондаанд. Азизхон, Бибианор, Сарвиноз, Булато, Лахман шахсони воқеиянд. Масалан, Лахман худаш таърихи Рӯшонро навиштааст. Як марде, ки дар Чатрор ба дунё омадааст, чатрорист. Таърихи Манзаршоро Лахман менависад. Муҳим ин аст, ки ин таърих ба дасти  касе навишта шуд, ки шоҳиди воқеаҳо буд. Аз ин ҷиҳат барои мо ин арзишманд аст. Мулло Хишол, Қудрати шуғнонӣ, Мирзо Кӯчак, Шоҳ Зиёӣ ва чанде дигар шоирони таърихиянд, ки дар густариши фарҳанги форсӣ дар Бадахшон саҳм доранд.

Албатта, роман тахайюлот дорад. Бе тахайюл роман роман намешавад. Роман худаш тахайюлот аст. Бузурге гуфтааст барои он бояд навишт, ки хонанд. Ман кӯшиш кардам, ки ҳамаи воқеаҳо ҷолибу ҷозиб бошанд, драматизм ва конфликт дошта бошанд. Ин бисёр муҳим аст. Устод Низом Қосим вақте асарро хонданд, гуфтанд ман ҳайрон шудам ва аз ёдам рафт, ки чанд қаҳрамон аст дар романат. Қаҳрамон бисёр аст (механдад). Ин қаҳрамонроҳоро идора кардан даркор, инҳоро бояд пайванд дод. Яъне воқеаҳо дар атрофи инҳо сурат мегиранд ва бояд ба ҳамдигар пайванд дошта бошанд.

- Ба назарам расид, ки чун худатон аҳли Шуғнонед, рӯйдодҳоро бештар аз нақли мардум навиштаед.

- Оре, воқеаҳо дар Шуғнон мегузаранд. Шуғноне, ки дар натиҷаи муноқишаҳои чандинкарати ҷисмониву руҳонӣ ба маркази ҳамзистии меҳрубононаи ақвому мазҳабҳои гуногун табдил ëфт. Чунин ҳусни ҳамзистии зебо дар Осиëи Миëна танҳо хоси  Бадахшон аст. Ин ҳолатро дар қисми дуюм ба қалам додаам. Дар Бадахшон мазҳабҳои шиаи исноашарӣ, исмоилӣ ва суннӣ як навъ оромишу пайванд ёфтанд. Дар дигар минтақаҳо ҳамдигарро мезаданд, мекуфтанд, таъкибу таҳқир мекарданд. Фақат дар Бадахшон ин тавр набуд, на ҳамон вақт, на ҳозир. Агар дарвозиҳо ва ванҷиҳову қирғизҳо аҳли суннат бошанд, мардуми Шуғнону Рӯшон ва Вахон аҳли шиа ҳастанд, вале агар мо равем ба Ванҷ ё Дарвоз барои ҳамхона кардани ҷавонон, онҳо ҳиҷ гоҳ намегӯянд шумо дар дигар мазҳаб ҳастед, мо дар дигар мазҳаб. Ихтиёри интихоби мазҳабро ба худи шахс вомегузоранд. Агар хоҳад дар мазҳаби худаш меистад, агар хоҳад мазҳабашро тағйир медиҳад. Таърих ёд надорад, ки дар масъалаи мазҳаб дар Бадахшони ҷониби мо чангу хушунат ба миëн омада бошад. Ин бисёр дастоварди муҳим аст. Чунин муносибат, барои мисол дар Эрону Хуросон нест. Дар куҷое сунниҳо зур буданд, шиаҳоро пеш карданд, заданд, куфтанд. Ҷое, ки шиаҳо зӯр буданд, баръакс. Масалан, дар Эрон сунниҳоро заданд, таъқиб карданд ва омада-омада дар Бадахшон ҳамашон дӯст шуданд. Феномени аҷоиб аст ин. Мобояд инро қадр кунем, ривоҷ диҳем. Хушбахтона, ҳамин хел минтақа дорем.

-  Бадахшон аслан як кишвари афсонавист, ки омӯхтанду меомӯзанд, вале боз ҳам омӯзиши он ба охир намерасад. Романи шумо низ бахше аз ҳамин омӯзиши таърих аст. Аслан идеяи навиштани ин роман аз чӣ сар зада буд?

- Соли 1996 кӯшише кардам барои навиштан, хушам наёмад.  Боз як бори дигар навиштам. Дастнависи вай ҳам ҳаст. Написандидам. Хостам як чизи нав нависам, як навигарӣ кунам (механдад), хулоса вай ҳам нашуд. Соли 2014 ман дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» кор мекардам. Шоир Муҳаммад Ғоиб – инсони мехрубону фарохдил, сармуҳаррирамон буд. Наздаш даромада гуфтам, ба ман роҳнома диҳед, рафта истироҳат кунам. Гуфт ягон идея ба сарат омад-чӣ? Гуфтам дар хусуси Бадахшон романи таърихие навиштан мехоҳам. Хурсанд шуд, гуё дар бораи таърихи худаш менавишта бошам. Аз ҷо хесту гуфт бисёр кори хуб мекунӣ, ягон мавод дорӣ? Агар набошад, ман як нафарро мешиносам, ки дар мавзуи мавриди назарат маълумоти фаровон дорад, ӯро гап мезанам. Гуфтам таърихе, ки ман медонам, ягон кас намедонад. Ба ҳар ҳол ташаккур ба ӯ. Ба «Шоҳамбарӣ» рафта, 12 рӯз дам гирифтам, ба ин маъно, ки навиштам. Ба навиштан оғоз кардам, шабу рӯз. Яку якбора яксаду чанд саҳифа навиштам. Ҳамин тарзи навишт писандам омад. Аммо ҷуръат накардам онро чоп кунам. Баъдан як порчаашро дар «Адабиёт ва санъат» нашр кардам. Устод Кароматулло Мирзоев, сармухаррири хафтанома гуфт: ба ман маъқул шуд. Маҳсули заҳматамро ба устод Саттор Турсун додам, ки хонанд. Ӯро ба он хотир интихоб кардам, ки ростгӯй аст, ягон вақт дурӯғ намегӯяд. Агар асарро напазирад, рӯрост мегӯяд онро дарронда парто, намешавад. Боз ба таври дурушт мегӯяд, инро бар алов зан мегӯяд (механдад). Он вақт чашмашон дард мекард, аммо гуфт Атохоҷа ман суханатро ду намекунам, чунки худам ҳам мехохам дар бораи Бадахшон донам. Гуфт дар муддати чанд вакт хонам? Гуфтам чӣ қадаре, ки хохед, 3 моҳ ё шаш моҳ. Барои ман фикраш муҳим буд, дар муддати як сол ҳам мехонд, розӣ будам. Он кас пас аз 3 моҳ занг заду гуфт Атохоча қапид (механдад). Яъне мешавад. Устод як рӯз ба утоқам омаду  гуфт ба ман маъқул шуд, гуфтам маъқул шуда бошад, сарсуханашро нависед. Боз ин ранҷро ҳам ба худашон гирифтанд, навиштанд. Он вақт ман намедонистам, ҷилди дуюму сеюмро ҳам менависам. Ва бадоҳатан номи сарсуханро низ гузоштанд: «Достони родмардони куҳистон». «Саройи  санг» бо ин сарсухан ҷоп шуд. Ман аз устод бисёр миннатдорам. Баъд ба устод Низом Қосим додам, гуфтам дар шеър қувваи маро медонед, ҳоло насрамро ҳам баҳо гузоред.

Як-якуним моҳ пас хонданду фикрашонро гуфтанд. Фикрашон мусбат буд, таъриф карданд. Боз ба дасти чанд кас додам, ки хонанду назарашонро иброз доранд. Ба хонандаи оддӣ супоридам, ки андешаашро бароям иброз намояд, ки чӣ гуна қабул мекунад. Зеро мо адибон менависему фикр намекунем, ки ба мардум фаҳмо ҳаст ë не. Шояд мардум нафаҳмад. Ба бачаҳои Шуғнони он тарафи дарё, яъне Афғонистон додам, ки хонанду назар бидиҳанд. Шуғнониҳои Душанбе низ хуш қабул карданд. Фикрҳояшонро гуш карда, таҳрир намудам.  Хулоса ду сол таҳрир кардам, пас ба дасти чоп додам. Ҳамин тур шурӯъ шуд кор дар болои ин асаре, ки бисëрҷилда бояд шавад.

- Ростӣ, ман аз романи шумо бештар дарк кардам, ки пои туркон ба Бадахшон ҳам расидаву то ин ҳадд ғорат кардаанду ба мардум зулмро раво дидаанд.

- Инҳо, ки ҳама ҷоро гирифтанд. Помир минтақае буд, ки аз ин тараф дар зери  зулми қатанғанҳо меафтид, як вақти дигар дар қаламрави Қуқанд ва Фарғона меафтид. Як замон қирғиз меомад ба сарашон, ки таслими мо шавед, аз тарафи дигар тибетихо, сиёҳпӯшҳо, яъне ҳиндуҳо, ки Шуғнонро мо мегирем. Барои ин минтақа ҳамеша мубориза мебурданд. Ин мардум дар мубориза калон шудааст. Бубинед хислати мардуми Помир аз дигар мардум фарқ мекунад. Агар касе ба онҳо таарруз кунад, муқобилат нишон медиҳанд, ин психологияро задухӯрдҳои шадиди онҳо барои нигоҳ доштани ҳувияти худ дар тӯли таърих ба вуҷуд овардааст.  

Туркҳо ба воситаи дини ислом ба Бадахшон омаданд. То пазируфтани дини ислом ин мардум офтобпараст буданд. Мардуми озода буданд, дини худашонро доштанд. Зардуштро қабул накарданд. Вақте ислом бо зарби шамшер ҳама ҷоро гирифт, Бадахшонро забт карда натавонист. Диданд бо шамшер намешавад, ба воситаи сухан сар карданд. Яъне, мардуми Бадахшон исломро ба воситаи шамшер напазируфт, ба воситаи сухан қабул кард. Мубалиғони исломӣ, деҳа ба деҳа мегаштанду моҳияти динро мефаҳмонданд. Дар муддати 100-200 сол динро ҷорӣ карданд.

Мардуми Помир дини исломро ба воситаи забон, шеър ва гуфтушунид қабул намуд. Барои ҳамин дар ин ҷо фанатизму бабинии мазҳабӣ вуҷуд надорад, ин бисёр муҳим аст.

- Агар иштибоҳ накунам, дар баъзе мавридҳо талош кардед бобҳоро хеле ба зудӣ ҷамъбандӣ намоед. Мисле, ки намехостед фактҳои баъдӣ аз ёдатон равад. Ин услуби кӯтоҳбаёнист ё ғайр аз баёни асли ҳикоят намехостед ба он чизи дигар илова шавад?

- Нахостам сухан дароз шавад, чунки роман худаш дароз аст. Баъзе нависандагон эрод гирифтанд, ки дар ин ҷо тасвир камтар аст. Бубинед дар «Шоҳнома» тасвир қариб кам аст. Муаллиф якбора ба тасвири воқеа мепардозад. Тасвири табиату ҳолату пейзаж камтар аст, зеро бисёр вақт лозим меояд, ки мо ҳодисаро ба хонанда ҳарчӣ возеҳтар расонем. Агар драматизми ҳодисаро як сӯ гузошта, якбора дар байнаш тасвири табиат ë руҷуи лирикиро ҷой диҳем, манзара муҷмал мешавад ва ба хонанда лаззат намедиҳад. Вале ҳастанд ҷойҳое, ки тасвир аст, масалан тасвири фарохи Наврӯз, зимистон. Яъне, тасвир ҳам ҷои худашро дорад. Ҷойҳое ҳаст, ки бояд кутоҳ баён кард ва ба воқеаи дигар гузашт, агар кашол ёбад, боиси зоеъ шудани вақти хонанда  ва афсурдагии хотири ӯ мегардад.

- Шумо панҷ сол ҷонишини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед. Қаблан ҳам дар вазифаҳои роҳбарӣ кор кардаед ва 15 сол сардабири газета будед. Лутфан бигуед, ки кори роҳбариву эҷодӣ ба ҳам халал намерасонанд?

- Эҷодкор дар кадом вазифае, ки бошад бояд эҷод кунад. Вақте одам ба коре дода мешавад, нерӯи нав ҳис мекунад. Идеяи  навиштан, эҷод кардан одамро дар такопӯ нигоҳ медорад. Одам бо ҳавас ба дунё менигарад. Ин мақсад аст, агар инсон ҳадаф надошта бошад, рӯзи дароз бекор бошад ҳам,коре аз дасташ барнамеояд. Кор  ба кас илҳом медиҳад.

Вақте қисми якуми китобро ба охир расондам, фикр кардам, шояд бо ҳамин тамом шавад. Дидам ҳодисаҳо идома доранд.

- Шумо одатан кай эҷод мекунед?

-  Ман ҳамеша шабона менависам. Соатҳои 3 бедор мешаваму то соати 7 менависам. Вақте шаб хоб мекунам, мағзам дам мегирад, шаб ҳодисаҳои китоб ба ёдам меояд. Реҷа шудааст бароям, ба таври автоматик ин вақт бедор мешавам.

Вақте соат 2 мешавад қаҳрамонҳо ба майнаи сарам омадан мегиранд (механдад). Бедор мешаваму менависам. На танҳо роман, шеър низ менависам. Ин тарзи ҳаётам шудааст.

- Дар бораи нақшаҳои эҷодиятон ҳам чанд сухан бигӯед. Агар ҷилди сеюми «Саройи санг» ҳам нашр шавад, оё боз нияти навиштани асари насрӣ доред?

- Фикр мекунам дар 5-6 сол ман аз «Саройи санг» ва «Саройи санг» аз ман ҷудо намешавем (механдад). Чунки ҳодисаҳо бисёранд ва ба таври бадеӣ додани он кор мехоҳад, бояд чизҳои нав навишт. Фикр мекунам 3-4 китоби дигар менависам.

- Гуфтед қисми сеюм дар дасти чоп асту қисмҳои дигар навишта мешаванд. Ҳоло мушаххас кардед, ки бояд чанд ҷилд шавад?

- Бале, қисми сеюм дар моҳи январ бояд чоп шавад. Ҳоло барои навиштани китоби чорум қувва ҷамъ карда истодаам. Руйиҳамрафта шояд дар 6 ë 7 ҷилд шавад. Саломатӣ барҷо бошаду умр вафо кунад, иншооллоҳ ин кори азимро анҷом хоҳам дод.

- Ман, ки таҳсилкардаи Донишкадаи санъатам ҳисс кардам, ки аз ин романатон метавон филми таърихии хуб офарид. Дар ин бора фикр кардаед?

- Дар бораи филм кардани ин асар пешниҳодҳо шуда буданд. Якеаш коргардони маъруф Умед Мирзоширин, дигаре Озод Маликов, сеюмӣ кадом ширкати хориҷӣ. Вале ҳар се ҷуръат накарданд. Ба назарам, зарфияташон камӣ кард. Зеро ин асарро танҳо коргардонҳое тимсоли Борис Кимëгаров ë Давлат Худоназаров ба навор гирифта метавонанд.

Бовар дорам, чунин шахс ҳатман пайдо мешавад ва «Саройи санг» кинои тоҷикро боз ҳам ғанитар мегардонад.

Сӯҳбати Раҳима Аъзам