Дирафши Ковиёнӣ ва таърихи мухтасари он

Дирафши Ковиёнӣ, дирафш (байрақ)-и устураӣ, мардумӣ ва баъдан давлатии подшоҳони қадими ориёӣ (эронӣ). Аввалин дирафши аҷдодӣ-миллии тоҷикон «Дирафши Ковиён (Ахтари Ковиён) – дирафши бузурги шоҳони асотирии Каёнӣ, таърихи Хаҳоманишӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ буд, ки мувофиқи ривоёти  ақвоми эронӣ аз замони Фаридун боз вуҷуд доштааст,  то дар ҳуҷуми араб ба дасти онон  афтод  ва нобуд  шуд. Агарчӣ  ибтидои зуҳури  он ба ибороти имрўзӣ «асотирӣ»-ст,  вале мавҷудиятиаш  дар имтидоди давраи Хаҳоманишин то ба соли  632 комилан  собитшуда аст. Яъне, тўлм 1200 соли воқеии маълум -  то зуҳури   ислом  - муқаддастарин дирафши  давлатдории  эронитаборон будааст.

Таърихи  асотириаш  ба иттифоқи кулли маъхазҳои маълум чунон аст, ки пас аз он ки Коваи Оҳангар пешбанди чармини худро дирафш сохт ва дар  таҳти он мардумро алайҳи Заҳҳоки золим шўронд ва пирўз  шуд,  дирафши мазбур ҳамчун рамзи пирўзии миллӣ бар ҳакимони аҷнабӣ миёни қавмҳои ориёӣ  муқаддас дониста шуд. Дар он ҳангом мардумони шўрида Фаридунро бар тахти Эрон нишониданд ва ин дирафшро ҳамчун дирафши хоссаи шоҳ бад-ў бахшидаанд, ки баъд аз ин ҳар шоҳе, ки ба тахт менишаст, дирафши мазкур ба ихтиёри ў дода мешуд.

Аз навиштаҳои кулли таърихномаҳо – бахусус аз Таърихи Табарӣ – бармеояд, ки Фаридун баъд аз 20 соле, ки ҳамроҳ бо Кова буд ва Кова  бимурд, тамоми дороии Коваро ба фарзандони ў бахшид, аммо ин дирафшро дар хазинаи давлат ҳамчун  фоли нек нигоҳ медошт ва ба ҳар ҳарбе, ки  мерафт, онро мекушод ва бо худ мебурд, то зафар меёфт. Ибни Асир менависад, ки мардум ба даст овардани пирўзиҳоро дар мушкилоти давлатдории худ «аз баракати он дирафш донистанд ва онро ба фоли нек гирифтанд ва гиромӣ щумурданд ва дар бузургдошти он кўшиданд, то ҷое, ки ин дирафш дар назди подшоҳони Эрон бузургтарин дирафше  шуд, киаз он  хайру баракат меҷустанд ва онро  «Дирафши Ковиён» меномиданд. Онро ба роҳ намеандохтанд, магар дар корҳои бисёр  бузург ва онро барнамеафрохтанд, магар … ҳангоме ки бо пешомадҳои  бузург рў ба рў  мешуданд».

Аз ин буд,  ки – менависад Табарӣ – минбаъд  ҳар  подшоҳе, ки бар тахти давлати эрониён менишаст, ин дирафшро бо худ медошт ва ҳар подшоҳе аз худ гавҳару ёқуте бар он меафзуд, то пўст дар миёни он  гавҳарҳо нопадид шуд. Пас онро «Дирафши Ковиён» ном карданд. Ва маънии «дирафш» дар паҳлавӣ алам (ливо) буд ва эрониён чизи ларзанда ва рахшандаи тобонро «дирафшон»  мегуфтанд ва ҳам ҳар гоҳ, ки онро мекушоданд, ба воситаи дурру гавҳарҳое, ки дошт, дурафшон, яъне рахшандаи тобон  мешуд, аз ин рў ин калима маъруф  ва минбаъд ҳар дирафше, ки меафроштанд, маҳз бо ҳамин номи «дирафш» маъмул мешуд.

Дар  чигунагии шаклу таркиби ин дирафш то ба имрўз  ахбори мухталиф  расидааст, баъзе бар онанд, ки  чармпорае будааст аз пўсти шер, ё паланг, ё хирс, ки онро қаблан  Кова  ҳамчун  пешбанди кори хеш истифода  мекардааст ва баъд  аз он, ки  ба» дараҷа»-и  дирафшӣ  расид, онро  суфтатар  ва ба шакли  зеботар, ки ба алам монанд буда бошад, карданд. Ба навиштаи соҳиби «Бурҳони қотеъ» «ҳакиме  будааст дар улуми тилисмот бағоят моҳир, ки шакли сад дар сад бар он нақш карда буд.  Ва баъзе  гўянд шакле  аз сўхтагиҳои оташ дар он чарм  ба ҳам расида  буд, ки ин хосият дошт, яъне  дар ҷанг,  ки он ҳамроҳ  буд,  албатта фатҳ  мешуд».

Дар андозаи дирафш низ ақидаи ягона нест. Азбаски  онро аз пешбанде пеш ва албатта, аз аз пўсти як ҳайвон ҳам бештар надонистанд. Аммо дар «Таърихи Табарӣ» менависад: «Ин алам аз пўсти паланг буд ва ба арз  ҳашт  зироъ  ва тўл  дувоздаҳ  зироъ», яъне  тақрибан  чор метр бар шаш метр.  Аммо маълум нест, ки Табарӣ дирафши  кадом  аҳдро  дар назар дорад;  аҳли  Ҳахоманишҳо  ё Сосониёнро?  Дар ҳар сурат, агар ин гуфтаро ҳақиқате бошад, пас онро  баъдан  аз якчанд пўсти ороишдодашудаи паланг устокорона нусхабардорӣ карда ва бузургтару  пурҳайбаттар сохта буданд. Аммо дар Луғатномаи Деҳхудо  ва  Муъин  инро  низ оварданд, ки  дирафши мазбур  иборат  буд  аз як  қитъаи  чармпораи  чоргўшае, ки бар болои як найза насб шуда  аз нўги  найза ба пушти он аз тарафи  боло  пайдо буда  ва бар рўи  чарм, ки зеб додашуда ба ҳариру гавҳар  буда,  шакли як ситорае  буда,  мураккаб  аз чаҳор  парра ва дар маркази он доираи кўчаке ва ҳамчунин дар болои он низ доираи кўчаке, ки қариб  ба яқин  ҳамон аст, ки  Фирдавсӣ аз он  ба  «Ахтари Ковиёнӣ» таъбир мекунад.  Ва аз тарафи таҳтонии чарм чаҳор реша ба рангҳои мухталифи сурху зард ва бунафш  овехта будааст.

Бостоншиносон дар соли 1833 ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ  қисматҳое аз шаҳри дар соли 79  милодӣ зери вулканмондаи Помпеи  Итолиёро  падид овардаанд, ки  дар он  миён  тасвири  рангаи  зебое  дар тахтасанге  ба даст омад. Хотамкории мазбур  мутааллиқ  ба асри  дуюми  милод аст.  Ин хотамкорӣ иборат аз тасвири саҳнаи ҷанге буд, ки дар соли 323 қабл аз милод миёни  Искандар ва  Дорои Сеюм ба вуқўъ пайваста  буд. Дар ин акс Доро дар болои  аробаи ҷангӣ дар миёни лашкариёнаш  ва дар  ақиби  ў  саворе  дирафше  дар даст наққошӣ  шудааст, ки  мутаассифона  ба ҳамин  қисмати хотамкорӣ  шикасте  ворид омадааст, ки  бад-он  восита  дуруст  санги  дирафш  ҳувайдо  нест.  Вале бо вуҷуди  ин қисмати  болоии  худи  дирафш  ва нўки найзае , ки  дирафш  бад-он  васл  аст ва ҳамчунин  қисмате  аз решаҳое, ки барои  зинати  дирафш  овехта  буданд,  ба хубӣ  намоён  аст.

Ин мақоларо аз китоби  “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” (қисми якум) иқтибос шуд. Китоб соли 2015 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик чоп шудааст. Хонандагон метавонанд бо он дар толори хониши Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, воқеъ дар ошёнаи чоруми Китобхонаи миллӣ ошно шаванд. 

Таҳияи Нигина Маҳмудова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар