Бойгонии электронии мусикӣ ва адабиёт дар Китобхонаи миллӣ

 Ҳифзи мероси фарҳангӣ боарзиштарин мероси ҳар миллат аст. Кишварҳои пурқудрат барои нигаҳдорӣ ва рушди мунтазами соҳаи фарҳанг ва ҳунар хеле зиёд таваҷҷуҳ доранд. Бахусус дар Китобхонаҳои машҳури кишварҳои Осиёву Аврупо назар меафканем аз ганҷинаи пурғановати миллатҳои гуногун баҳра мегирем. Ногуфта намонад, ки санъати мусиқӣ ва рассомӣ ҳунарест, ки барои дарки мазмуни онҳо донистани забон муҳим нест. Зеро он ба гӯшу чашму дил таъсир гузошта эҳсоси хушбиниву хушҳолиро дар инсон бедор мекунад. Китобҳо низ дӯсти безабонанд, ки инсон метавонанд аз он мафҳумҳои заруриро ва ё худ роҳи дурустеро барои пешрафти рӯзгор кумак менамоянд. Хулоса фарҳанг ва ҳунар оина ё худ шиносномаи ҳар миллат аст. Ҳифзи чунин арзишҳои маънавӣ аз заковату ҳиммати ҳар шахси соҳибтамаддун вобастагии зиёд дорад. Моро зарур аст, ки хазинаи гаронбаҳои миллатро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, барои ояндагон нигоҳ дорем.

 Қобили зикр аст, ки мутобиқи барномаи «Фонди электронии аудиои рақамӣ - видеосабти мероси мусиқавии Тоҷикистон» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон январи соли 2013 ҳайати гурӯҳи корӣ дар толори маводи мусаббат (аудио-видео) шуъбаи фарҳанг ва ҳунар “Хазинаи электронии мусиқии тоҷик” таъсис гардид. Дар ин бахш мусиқии тоҷик асарҳои композиторон, мусиқиҳои анъанавӣ, аз ҷумла, халқӣ - сурудҳои лирикӣ, мавсимӣ ва маросимӣ, маросими оилавӣ, халқӣ-касбӣ, гурӯғлихонӣ, мавригӣ, фалак, ва созҳои халқӣ, ғиҷҷак, даф, доира, думбра, дутор, қӯшнай, лабчанг, най, рубоб, рубоби бадахшӣ, сатор, сетор, таблак, доира, танбур ва чанг; шашмақом: бузург, рост, наво, дугоҳ, сегоҳ, ироқ ва классикӣ.

 Ҳамчунин сурудҳои устодони санъат: Акашариф Ҷӯраев, Ҳанифа Мавлонова, Барно Исоқова, Ҷӯрабек Муродов, Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, Нигина Рауфова, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Дона Баҳромов, Афзалшоҳ Шодиев, Хурсандмурод Зарипов. Аз ҳунармандони оркестри эстрадии Гулшан: Муқаддас Набиева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Махфират Ҳамроқулова, Баҳодур Неъматов, Хурмо Ширинова. Аз сарояндагони ҷавони замони муосир: Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов, Нигина Амонқулова, Валиҷон Азиз, Наимҷони Саидалӣ, Зиёвиддини Нурзод, Гуласал Пулодова, Тахмина Ниёзова, Фарзонаи Хуршед ва дигарон. Инчунин дар махзани толори маводи мусаббат (аудио-видео) ҳофизони машҳури хориҷӣ ворид гардиданд.

 Аз асарҳои композиторони тоҷик: Зиёдулло Шаҳидӣ, Толибхон Шаҳидӣ, Қудратулло Яҳёев, Шуҳрат Ашӯров, асарҳои композиторони ҷаҳон Л. Бетховен, И. С. Бах мавҷуд ҳастанд.

 Бахши дигари барнома китобҳои электронӣ, филмҳо ва силсилаи як қатор асарҳои рассомони тоҷик гирдоварӣ гардидааст: А. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, китобҳои С. Улуғзода, «Субҳи ҷавонии мо», «Восеъ», «Мусиқии тоҷик», Маълумотнома дар бораи композиторони тоҷик, Б. Тоҳир,«Мунтахаби рубоиёт», «Таърихи табарӣ», «Баласанян и таджикская музыкальная культура», «Эпоси Гуруғлӣ», “Донишномаи фарҳанги мардум”, “Ҳазору як рубоӣ”, “Фарҳанги тоҷик”, “Мӯҳрадӯзӣ”, “Гулдӯзӣ”, “Зарбулмасалҳои халҷҳои ҷаҳон”, “Намунаи фолклори Эрон”, “Намунаи фолклори Афғонистон” ва ғайра.

 Силсилаи филмҳо аз рӯи асарҳои безаволи А. Фирдавсӣ «Шоҳнома»: «Достони Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб»; инчунин «Сиёвуш», «Зумрад», «Ман бо духтаре вохӯрдам», “Вохӯрӣ дар дараи марг”,«Марги судхӯр», «Ҳасани аробакаш», «Муҷассамаи ишқ», «Вақте ки болои шаҳр борон мерехт», «Беҳуда хорам мекунӣ», «Мукчаи майда», «Чор фасли умр», «Нишони зиндагӣ», «Тақдир», «Кӯрнамак», «Арӯси замонавӣ», саҳначаҳои ҳаҷвӣ дар иҷрои гурӯҳи «Маҳфилоро», инчунин филмҳои истеҳсоли Россия, Ўзбекистон, ШМА, ва ғайраҳо ворид гардидаанд.

 Қобили зикр аст, ки дар фонди маводи мусаббат шеърҳо дар қироати худи шоири бузурги тоҷик Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор маҳфуз аст.

 Ҳадаф аз таъсиси фонд пеш аз ҳама ин ҳифз ва нигоҳдории беҳтарин осори фарҳанги миллӣ, аз ҷумла эҷодиёти шифоҳии халқ, мусиқӣ, оҳангсозӣ, навозандагӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, кашидадӯзӣ (гулдӯзӣ), рассомӣ, тарроҳӣ, меъморӣ, раққосӣ, театр, синамо, филмҳои мустанад дар бораи чеҳраҳои фарҳангӣ, гуфторҳои шахсиятҳои фарҳангӣ, балет ғайраҳо мебошад.

 Мо дар оянда тасмим гирифтем, ки бо дастгирии раёсати Китобхонаи миллӣ бахшҳои дигари мухталифи санъат ва ҳунарро дар шакли электронӣ таҳия намуда, дастраси хонандагону пажўҳишгарон ва хоҳишмандон намоем.

Оинамо Имомназарова

мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир ба фарҳанг ва ҳунар