Доктор ИРЖИ БЕЧКА: - Муҳаққиқи маъруфи адабиёти тоҷик

Иржи Бечка аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои адабӣ ва илмии олам аст, ки дилбаста ва шефтаи адабиёти пурғановати форсӣ маҳсуб мешуд. Садҳо мақолаҳо, китобҳо, пажӯҳишҳои илмиаш таърих, забон, фарҳанг, адабиёти классик ва муосири Эрону Афғонистон ва Тоҷикистонро дар бар гирифтааст. Муаллифи маъруфтарин асарҳои пажӯшӣ доир ба дабиёти форсу тоҷик аст. Шахсест, ки дар муаррифии адабиёти мусоири тоҷик, забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллати мо ба аврупоиён хизматҳои шоистае кардааст. Шояд шахси дигаре аз аврупоиён ба ҳадди Иржи Бечка дар муаррифии миллати мо ва адабиёту таърихи он хизмат накарда бошад.

Соли 2002-юм Иржи Бечка барои охирин бор ба Тоҷикистон сафар карда, дар ҷашни истиқлолият ширкат кард. Дӯсти Бечка, ховаршиноси олмонӣ аз Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин, Манфред Лорентс дар бораи он сафар гуфта буд: "Ман дидам, ки чӣ тавр мардуми тоҷик ӯро дӯст медорад ва эҳтиром мекунад. Дар Кохи Борбад президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз наздики мо рад шуд ва ногоҳ ақиб омада, Бечкаро ба оғӯш кашид. Дӯстони тоҷик медонистанд, ки Бечка чӣ қадар барояшон инсони азиз ва муҳим аст."

Энсиклопедияи милии тоҷик аз донишманди маъруф чунин ёд кардааст:    Иржи Бечка 89 сол умр дидааст ва беш аз шаст соли умрашро сафи пажӯҳишҳои илмӣ кардааст. 16 декабри соли 1915 дар Прага ба дунё омада,  21.12.2004 дар ҳамин шаҳри барояш азиз чашм аз олам пӯшидааст.

Иржи Бечка хатмкунандаи Донишгоҳи Карли Прага. Ходими илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АИ Чехословакия. Пас аз бознишастагӣ ( 1992) ба корҳои илмиву эҷодӣ шуғл меварзид; дар муддати панҷ-шаш соли охири умраш раиси Ҷамъияти равобити дӯстии Чехия ва Эрон, Тоҷикистону Афғонистон, сардабири маҷаллаи» Бӯстон» буд.

Ба омӯзиши адабиёту забон ва тамаддуни кишварҳои Шарқ, аз ҷумла Эрону Афғонистон, Осиёи Марказӣ пас аз сафараш дар айёми 20-солагӣ ба ин кишварҳо, махсусан ба Эрон, майлу рағбат пайдо кард. Дар донишгоҳ гарчанде донишҷӯи факултети ҳуқуқ буд, дар курсҳои омӯзиши забонҳои форсӣ, арабӣ ва туркии факултаи фалсафа иштирок мекард. Доираи пажӯҳишҳои Иржи Бечка хеле густурда ва гуногунҷанба буд. Вай ба пажӯҳиши адабиёти классикии форс-тоҷик, адабиёти асрҳои 16-20 тоҷик, адабиёти муосири тоҷикон), адабиётшиносии форс-тоҷик, забоншиносӣ (пажӯҳиши забонҳои форсӣ, тоҷикӣ, забонҳои пушту ва урду), эҷодиёти  шифоҳии адибони гузаштаву муосири тоҷик, муаррифӣ ва таблиғи адабиёти муосири тоҷик дар Аврупо ва ғайра машғул шудааст.

Пажӯҳишҳои  Иржи Бечка чун тоҷикшинос, муҳаққиқи адабиёти муосири тоҷик аз омӯзиши осори  Садриддин Айнӣ оғоз ёфтааст («Марги судхӯр»-и С.Айнӣ инъикосгари ҳаёти иҷтимоии Осиёи Миёна дар охири асри 19 ва ибтидои  садаи 20 1955/).

Баъдан асарҳои дигари Бечка  дар бораи ҳаёт ва эҷодиёт, маҳорати  нигорандагии Садриддин Айнӣ –  «Марги судхӯр», «Хақиқати  таърихӣ ва типсозӣ дар повести «Марги судхӯр»-и С.Айнӣ, «Ду асари барҷастаи адабиёти муосири тоҷику эронӣ (асари адабиёти эронӣ «Хоҷӣ-оғо-и Содиқ Хидоят), «Мактаби кӯҳна» дар осори С.Айнӣ ва нависандагони дигари  «Осиёи Миёна», ба пешвози 100-солагии  С.Айнӣ, «Юлиус Фучик ва Садриддин Айнӣ «,  «Садриддин Айнӣ ва  Чехословакия», рисолаҳои  «Нависанда  ва олим», Садриддин Айнӣ-падари маданияти муосири точик» таълиф кардааст.

Иржи Бечка оид ба ба ҳаёт ва ва эҷодиёти шоирону нависандагони тоҷик П.Сулаймонӣ, М.Турсунзода, Ҷ.Икромӣ, М.Раҳимӣ ва дигарҳо  андешаҳояшро иброз доштааст.

Иржи Бечка бо донишмандони тоҷик Б. Ғафуров, А. Мирзоев,  М. Шакурӣ, С. Табаров, А. Афсаҳзод, А. Турсон робитаҳои илмӣ дошт. Пас аз вохурӣ ва сӯҳбат бо Б.Гафуров Бечка ба Тоҷикистон даъват шуд ва ба пажӯҳиши  адабиёти  тоҷик ҷиддан машғул гардид. 

Иржи Бечка бо  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  низ дар Прага вохӯрда, сӯҳбат карда буд. Дар асари ҷомеаи шарқшиносони Чехословакия –  «Таърихи адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ» фаслҳои «Адабиёти тоҷик дар асрҳои 16-20» ва «Адабиёти шӯравии тоҷик» ҷой гирифтаанд. 

И. Бечка повести «Марги судхӯр»-и С.Айнӣ,» достони “Муш ва гурбаи»-и Убайди Зоконӣ,  маҷмӯаи шеърҳои Мирзо Турсунзодаро бо номи «Салому алайкум» баёзе бо унвони «Ситораҳои наздик» (намунаҳо аз эҷодиёти адибони муосири тоҷик –  А.Деҳотӣ, С.Улуғзода, М.Миршакар,Ғ.Мирзо, У.Раҷаб, Лоиқ, Кӯҳзод ва диг.), намунаҳоро аз эҷодиёти Рӯдакӣ, рубоёти Умари Хайём, осори Ҷалолуддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мушфиқӣ, Сайидо, Шамсиддини Шоҳин ба забон и чехӣ тарҷума кардааст.

Ба Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон (панҷ маротиба) сафар намуда, дар ҷашнҳои бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино, Ҳофиз, Ҷомӣ, Садриддин Айнӣ иштирок кардааст ва бори охир (с. 2002) дар ҷашни Истиқлолияти  Тоҷикистон ширкат намуд.

Соли 1985 ҷашни 70-солагии И. Бечка бо иштироки ӯ дар шаҳри Душанбе таҷлил гардид.

Аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 2 . Душанбе, 2013.  Сарредакцияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, саҳ. 547.

Таҳияи Маҳмудова Нигина,
м
утахассиси шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар
.