Як ҳафтаи фарҳанг дар мамлакат дар расонаҳои чопи Душанбе
Нашр шуд 2017-10-31 15:25
Ҳафтаи гузашта дар матбуоти кишвар силсилаи зиёди хабару мақолаҳои ҷолибу хонданӣ аз ҳаёти фарҳангии мамлакат интишор ёфтанд.
Навидҳо аз баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон “Насими дӯстӣ”, “Ансанбли фолклории Помир эҳё шуд”, “Ҳунар беҳтар аз симу зар” аз ҷараёни намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе дар рӯзномаи “Баҳори Аҷам” нашр гардидааст.
Мақолаи Гулҳаёи Мадимар “Кинои тоҷик тарғибгари фарҳанги миллат” оид ба баргузории мизи мудаввар таҳти унвони “Рушди синамои тоҷик таҳкимгари фарҳанги миллӣ” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, “Қадамҳои устувори фарҳанги миллӣ” аз натиҷаи баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Таҳқиқи фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол” бахшида ба 80-солагии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми октябр дар рӯзномаи “Минбари халқ” чоп шудааст.
Мақолаи директори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” Сироҷиддин Икромӣ “Ҷойгоҳи китоб дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ”, ки 24-уми октябр дар рўзномаи “Баҳори Аҷам” нашр гардидааст, аз вазъи иттиллоотонии китобхонаҳои кишвар, мушкилоти табъу нашр ва дастовардҳо дар замони истиқлолият маълумоти дақиқро пешниҳод намудааст.
26-уми октябр дар рўзномаи “Адабиёт ва санъат” оид ба баргузориии силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ дар кишвар, аз ҷумла “Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии “Китоби Душанбе” 25-уми октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагон аз кишварҳои Русия, Ўзбекистон, Тукманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Фаронса, Украина, Беларусия, Афғонистон, Покистон, Куриё ва ғайра иштирок доштанд. Ин намоиш то 27-уми октябр идома дошт.
Ҳамчунин мақолаи Ғарибшо Ғарибшоев ва Гулангез Файрўзшоева “Сухани раҳнамо” дар бораи роҳнамоӣ ва муаррифии маҳсули заҳмати омўзгор дар шакли китобҳо, дастурҳои методиву илмӣ барои тарғиби ҳадафҳои маърифатгароёна, ба самъи хонанда расондани таҷрибаи пешқадам ва дастрасӣ ба навгониҳоро ҳикоят мекунад дар рўзномаи “Омўзгор” 26-уми октябр нашр гардидааст.
Хонандагону пажӯҳишгарон метавонанд матолиби мазкурро мустақим аз шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ истифода баранд.
Зебуннисо Сафарова,
Мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар