Сурудҳои Ҷўрабек Муродов

Китоби мазкур аз ду қисм иборат буда, дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд нашр гардидааст. Китоб аз эҷодиёти суруду таронаҳои устоди машҳури санъати тоҷик, оҳангсози нодир, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ҷўрабек Муродов таҳия гардидааст. Қисми аввалро 100 суруди устод, ки ҳанўз дар оғози солҳои 80-ум аз ҷониби шодравон Ҳамидқул Ҷумъаев гирдоварӣ шуда ва соли 1982 дар нашриёти “Ирфон” нашр гардида буд, ташкил медиҳад.
Қисми дуюм 70 сурудҳои беҳтарини солҳои гуногуни устодро дарбар мегирад: “Пир манам, ҷавон манам” (ғазалиҶалолиддини Румӣ), “Дар камозорӣ” (шеъри Носири Хусрав), “Дидори ёр” (ғазали Ҳофиз), “Дили модар” (шеъри Мирзо Турсунзода) “Ушшоқи Ҷўрабек” (шеъри Абдураҳмони Ҷомӣ), “Тоҷикам ман, тоҷикам” (шеъри Нурмуҳаммад Ниёзӣ), “Наврўз муборак бод!” (шеъри Лоиқ Шералӣ), “Зулайхо” (шеъри Аббоси Қодирӣ), “Гули саҳро” (шеъри халқӣ) ва ғайраҳо.
Ҳамчунин дар китоби мазкур зиёда аз 150 суруд ва таронаҳои устод шакли CD ва CVD  ва ҳамроҳ гардидааст.
Ин китоб нишонаи судманди эҷодиёти ин марди соҳибзавқу барнодил дар таърихи фарҳанги мусиқии тоҷик ба ҳаводорону мухлисон, устодону толибилмон ва инчунин мутахассисону муҳаққикон ва оммаи васеи хонандагони ҳофизи шинохта пешниҳод мегардад.
Бояд зикр намуд, ки дар шуъбаи фарҳанг ва ҳунари Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” роҷеъ ба фаъолияти Ҷўрабек Муродов китобҳои “Олимақом”-и Салими Зарафшонӣ, “Ихлос ва сипос”-и Мавлоно Раҷаб, “Ҷўрабек Муродов”-и Мавлуда Шарифова, “Сурудҳои Ҷўрабек”-и  Ҳ.Ҷумъаев мавҷуд аст, ки ниёзмандон ва хонандагон метавонанд аз он озодона истифода баранд.

Таҳмина Ҳабибова,
мутахассиси пешбари  шуъбаи
адабиёт доир фарҳанг ва ҳунар