Аз мавлуди Барно Исҳоқова 93 сол мегузарад

 

 Чун танинандоз шуд мавҷи садояш дар ҳаво,

    Оҷизу хору забун шуд номеҳрубонони Шашмақом.

Дар тўли фаъолияти эҷодии зиёда аз нимасраи хеш бо ҳунари воло, санъати асил ва қобилияти нотакрори хеш ба дилу дидаи мардуми  Машриқзамин ҷо гирифтааст. Суруду таронаҳои ҷаззобу форами ў  дар замири пиру ҷавон мазмуни амиқу ғояҳои олии ватанхоҳона ва башардўстонаи бузургони фарҳангу адабро парвариш намудааст.

       Ў чун меросбари  сазовори санъати  ғановатманди «Шашмақом» ба осори ниёгон шукўҳу ҷилои тоза бахшида, маҳбуби ҳамагон гаштааст.

   Барои хизматҳои шоистаи хеш дар рушду нумўи санъати классики «Шашмақом» Ҳукумати Тоҷикистон  ўро бо унвони «Артисти халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор гардонидааст

     Номи аслиаш Баҳман буда, дувоздаҳуми майи соли 1927 дар шаҳри Тошканд дар оилаи хизматчӣ дида ба олам кушод.

   Пешаи сарояндагиро аввал аз падараш Бераҳ Исоқов омўхта, сипас дар дастаи ҳаваскорони санъати хонаи бачагонаи Тошканд такмил додаст. Аввалин сурудаш «Лола» дар азназаргузаронии ҷумҳуриявӣ (соли 1939) сазовори ҷоиза гардидааст. Солҳои 1941-1943 китобдори китобхонаи мактаби миёнаи № 24-и шаҳри Тошканд, солҳои 1943-1945 сарояндаи хори радиои Ўзбекистон. Аз соли 1950 то 1980 яккахони Ансамбли мақомхонони Кумитаи садо ва симои РСС Тоҷикистон. Барно Исҳоқова аз беҳтарин сарояндагони осори мусиқии мардумӣ, классикӣ,оҳангсозии тоҷик буда, маҳорати иҷроияшро зери сарпарастии донандагони мусиқӣ ва устодони номии «Шашмақом» Б.Файзуллоев, Ф.Шаҳобов, Ш.Соҳибов, М.Толмасов дарси маҳорат омўхтааст.

  Дар иҷрои Барно зиёда аз 100 суруду тарона, шохаҳои овози «Шашмақом», мусиқии устодонаи тоҷик ба иҷро расида, ба захираи тиллоии мусиқӣ ворид шудаанд. Махсусан, «Насруллоҳӣ» (ғазали Ҳофиз), «Ҳусайнӣ (ғазали Ҳофиз), «Муғулчаи Дугоҳ» (ғазали Фурўғӣ), «Сарахбори Ороми ҷон» (ғазали Ҳофиз), «Насри Баёт» (ғазали Ҳилолӣ), «Чаҳоргоҳ» (ғазали Камол), “Ушшоқи Самарқанд» (ғазали Зебуниссо), «Нимчўпонӣ» (ғазали Бедил)  ва ғайра аз беҳтарин осори мусиқии иҷронамудаи Барно Исҳоқова буда, дар захираи тиллоии радиои Тоҷикистон сабт шуда ва маҳфузанд.

   Барно Исҳоқова иштирокдори чор Симпозиум ва Фестивали байналмилалии мусиқии мардумони Шарқи Миёнаю Наздик (Самарқанд,  1978,1983, 1987, Душанбе, 1990 ба ифтихори 1400-мин солрўзи Борбад) буда, дар овози ў бо ҳамовозии оркестри созҳои  миллӣ, ансамбли созҳои суннатӣ беҳтарин сурудҳои мардумию устодонаи тоҷик ба иҷро расида ва сабт шудаан

 Аллома Бобоҷон Ғафуров ба санъати волои  Артисткаи Халқии РСС Тоҷикистон Барно Исҳоқова борҳо кафкубӣ  намуда чунин қайд намуда буд:

 «Шашмақом» шоҳасари санъати мо ва на ҳар як овозхон ҳунари хондани онро дорад. Зеро иҷрои суруди классикӣ маҳорату истеъдод ва завқи хосаи ҳунариро талаб менамояд. Барно Исҳоқова дорои чунин завқи саршор буда, метавонад «Шашмақом»-ро бо тамоми назокату нафосаташ ба самъи шунаванда расонад». Устод Бобоҷон Ғафуров ташаббускори даъват кардани симпозиуми байналхалқӣ бахшида ба мероси мусиқии анъанавии халқҳои Шарқ ва махсусан «Шашмақом» буд. Барно Исҳоқова дар ҳар се симпозиуми байналхалқӣ дар шаҳри Самарқанд иштирок карда, ҷойи аввалро ишғол намуда буд.

 Бехтарин сурудҳои Барно Исҳоқова, ки Бобоҷон Ғафуров дўст медошт, бар ғазали Сайидо мебошад, ки матнаш ин аст:

                               Ин чӣ рангу рухсор аст? Гулшани ҷамол аст ин.

                        Ин чӣ қадду рафтор аст? Ғояти камол аст ин.

                        Пеши рўи тобонат ҷилваи таҷаллӣ чист?

                        Офтобу  моҳ аст он, партави ҳилол аст ин.

                        Аз замин чӣ меҷўӣ? В-аз фалак чӣ мехоҳӣ?

                        Гунбади тилисм аст он, чодари хаёл аст ин.

 Вақте ки соли 1983 Барно Исҳоқова дар симпозиуми байналхалқии сурудҳои «Шашмақом» ҳамин сурудро дар саҳнаи мадрасаи Шердори Самарқанд иҷро мекард, мавҷи қарсақҳоро ҳадду каноре набуд. Махсусан, ҳамон ҷои авҷи бланди суруд – « Аз замин чӣ меҷўӣ? В-аз фалак чӣ мехоҳӣ? Гунбади тилисм аст он, чодари хаёл аст ин»-ро хонд, гўё нақшунигор ва гунбади деворҳои мадрасаи Шердор ба ларза омада буд ва дар ҳамин лаҳзаҳо рўҳи поки Бобоҷон Ғафуров шод мешуд, ки ҳофизаи дўстдоштааш Барно Исҳоқова шарафи санъати мусиқавии тоҷикро баланд мебардошт.

    Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки Барно Исҳқова  солҳои хеле  зиёд дар Тоҷикистон камол ёфтаву эҷод кардааст, санъати ў эҳтироми бепоён дорад. Як зумра шогирдони ў Х.Зарипов, С.Умарова, С.Наҷмиддинова, Л.Азизова  дигарон бо меҳр ва самимият санъати «Шашмақом»- ро идома дода истодаанд.

      Барои хидматҳои шоистааш дар рушду тарғиби мероси мусиқии тоҷик Барно Исҳоқова бо Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рўдакӣ (1985), Орден  Байрқи Сурхи Меҳнат, нишону ифтихорномҳои СССР, РСС Тоҷикистон мушарраф шудааст.

      Соли 1993бо оила ва фарзандонаш ба давлати Исроил кўч баст ва дар ҳамон ҷо 8 сентябри соли 2001 дар сини 75 солагӣ  аз олам даргузашт.

   Дар фонди мусиқии маводҳои мусаббати шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар сурудҳои Барно Исҳоқова маҳфузанд . Хонандагони арҷманд  метавонанд онҳоро гўш намоянд.

Адабиётҳои истифодашуда:

1.Донишномаи «Шашмақом. – Душанбе: Контраст, 2009 - 421с.

2.Сулаймонӣ, Ҳ.,Нуров,М. –Душанбе: Эҷод, 2009 – 273 с.

3.Ҳакимов, Н.  «Шашмақом дар қарни ХХ. – Душанбе: Хуҷанд, 2005– 403с.

4.Шаламўев А. «Барнойи мо». –Тел-Авив: 2001 – 385с.

Таҳияи Нигина Маҳмудова,

Мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир ба фарҳанг ва ҳунар