Ҳунарманде некухислат, хоксор, хушсуҳбат ва бонуе озода
Нашр шуд 2019-08-20 15:03
Дилбар Умарова аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки миёни мардум маъруфияти хос дорад. Дар суҳбате гуфтааст, ки ӯ бе театр вай ҳеҷ аст. “Театр ба ман нон дод, ном дод, машҳур кард. Шумо ҳам агар театр намебуд, ба назди Дилбар Умарова намеомадед ва ҳатто намедонистед, ки дар дунё зане ҳаст бо ҳамин ном. Дар зиндагии ман театр аз ҳама мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Мешавад гӯям, ки театр саҷдагоҳи ман аст. Ман бе театр наметавонам”.
Оре, Дилбар Умарова бештар ҳунарманди театр аст, то ки ҳунарманди синемо бошад.
Дилбар Умарова ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикисон 26 августи соли 1949 дар шаҳри Душанбе дар оилаи рўзноманигори варзида Усмон Умаров, ки солҳои тўлонӣ дар радиои Тоҷикистон кору фаъолият мекард, ба дунё омадааст. Соли 1971 факултети актиёрии Институти давлатии санъати театри ба номи В.И.Луначарскийро хатм кардааст.
Соли 1971 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии санъати шаҳри Москва Дилбар ҳамроҳи ҳамкурсонаш Малика Ҷўрабекова, Гулсара Абдуллоева, Ғолиб Аҳмадов ва дигарон ба Тоҷикистон баргаштанд. Онҳоро дар театри навтаъсиси «Ҷавонон» ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба кор гирифтанд.
Аввалин нақше, ки Дилбар Умарова дар ин театр бозид, Сайрамхон аз намоишномаи «Робияи Балхӣ» аз рўи асари драматург А.Атобоев буд. Баъдтар дар «Дилшоди Барно» аз рўи асари нависанда Аъзам Сидқӣ нақши шоира Барноро бозида, сазовори баҳои баланди тамошобинон гардид.
Дилбар Умарова дар саҳнаи театри «Ҷавонон» ба номи Маҳмудҷон Воҳидов 12 сол ҳунарнамоӣ карда, сипас бо фармони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои идомаи фаъолият ба театри академиявӣ драмавии ба номи Лоҳутӣ гузаронидашуд. Инак, таи солҳои зиёд аст, ки Дилбар Умарова дар саҳнаи ин театри машҳури тоҷик ҳунарнамоӣ мекунад.
Ў дар давоми фаъолияти эҷодиаш бештар аз 60 нақши хурду калонро иҷро кардааст. Беҳтарин нақшҳои ў: Рашел («Васса Железнова»-и М.Горкий, 1971), Дилшод («Дилшод»-и А,Сидқӣ 1976), Хайрӣ («Эҳ ҷавонӣ ҷавонӣ»-и М.Бахтӣ, 1977), Бахмал («Охирин аруси Амиралмўъминин»-и Ф. Муҳаммадиев, 1983), Софя («Дод аз дасти ақл»-и А.Грибоедов-1988) ва ғайра.
Баробари фаъолияташ дар театр Дилбар Умарова ҳамчунин дар 50 филми тоҷикӣ нақшҳои ҷаззобу хотирмон офаридааст. Дар дубляж, яъне бо забони тоҷикӣ баргардонидани филмҳои хориҷӣ низ ин зани сар то по ҳунар саҳми арзанда дорад. Дар кино чанд нақши ҷолибро бозидааст: Дилбар («Ман бо духтаре вохўрда», 1957), Гулнисо («Қиссаи маҳбаси Павиак», 1970), Муҳаббат («Вақте ки осиёб бозмонд», 1972), Дилбар («Ҳафт домоди дуздидашуда», 1975), Муҳаббат («Писарчаи гумшуда», 1970), Ҷамила («Дарди ишқ», 1989).
Дар дубляжи бештар аз 500 филми бадеӣ иштирок карда аст. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Ўзбекистон (1988) мукофотонида шудааст.
Бознашр аз “Энсклапедияи адабиёт ва санъати тоҷик”
қисми 3 саҳифаи 249
Ҳафтаномаи “Оила”, 4 феврали соли 2015
ВА ДАР ФАРҶОМ: Дар ҳамон суҳбате, ки дар оғоз ёд кардем, ба суоли “Барои ҳунарпешаи хуб шудан ба як бонуи тоҷик ба ҷуз истеъдод боз чӣ чиз муҳим аст?”, посух додааст:
- Аввалан хоксорӣ, дуввум бисёр мутолиа кардани китобҳо ва омӯхтани ҳаёт. Омӯхтан аз намоишномаҳое, ки дар онҳо ҳунармандони собиқадори бомаҳорат бозӣ мекунанд ва боз ҳам аз ҳама бештар хоксорӣ.
Таҳияи Ситора Қодирова,
мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар
Матни комили ин суҳбатро ИН ҶО метавонед бихонед.