Саду даҳ соли Боқӣ Раҳимзода

 Имрӯз ба таваллуди устод Боқӣ Раҳимзода-яке аз шинохтатарин суханварони қарни 20 тоҷик 110 сол шуд. Устод Боқӣ Раҳимзода аз зумраи мондагортарин чеҳраҳои адабии тоҷик буда, бо осори мондагори худ маҳбуби ҳазорон дилбохтагони адабиёти форсӣ мебошад. Боқӣ Раҳимзода мураббии шоирони тоҷик буд ва даҳҳо нафар китобашонро баъди таҳриру таҳлили ӯ ба чоп додаанд. Ёди Шоири халқии Тоҷикистон ба хайр!

      РАҲИМЗОДА  Боқӣ (15.05.1910, деҳаи Сорбоғи ноҳияи    Ғарм  дар оилаи мударрис ба дунё  чашм кушодааст.   Барвақт аз падару модар сағир монд.  Соли 1931 дар Самарқанд техникумро хатм кард. Солҳои 1933-36 муаллими мактаби ибтидои деҳаи Пашори ноҳияи Тавилдара, мудири мактаби деҳаи Хумдон, раиси иттифоқи касабаи муаллимон ва муаллими мактаби деҳаи Хилмонии ноҳияи Ғарм буд. Сипас таҳсилро дар Дорулмуаллимини тоҷикии Тошкент давом дод (1936-38).

 Соли 1928 баъди хатми мактаби ибтидоӣ шомили Душанбе гашт ва дар заводи пахтатозакунӣ ба кор даромад. Соли 1938 муаллими Омўзишгоҳи педагогии Ғарм таъин гардид. Солҳои 1939-41 дар Институти Давлатии педагогии Душанбе маълумоти олӣ гирифт ва дар ҳамон ҷо муаллим шуд. Аз соли 1948 то охири ҳаёташ мушовири ИН Тоҷикистон буд. Шеърҳояш аз охири солҳои 30 нашр мешаванд. Маҷмуъаи якуми Раҳимзода «Ба  фронт» (1945) навиштаҳои аввалин ва ашъори давраи ҷангии ўро фаро гирифтааст.  Шоири Халқии Тоҷикистон (1977), Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945).

    Пас аз як сол маҷмўъаи шеъру достонҳои шоир «Иди зафар» ва китоби очеркҳои ў «Дар водии Вахш» (ҳарду соли 1946) аз чоп баромадаанд. Шеърҳои Раҳимзода «Суруши ғалаба», «Мактуб аз чойхонаи Берлин», Балладаи «Чашмаи Ленин» ва  ғайра дар китоби «Кўҳистони дурахшон» (1948) ҷамъ омадаанд. Дар ҳамаи ин шеъру очеркҳои Раҳимзода, Ватани  шӯравӣ, диловариҳои Артиши  сурх ва ғалабаи халқи шӯравӣ бар фашизми Олмон тараннум шудаанд. Дар китобҳои «Ҳаёт ва сухан» (1955) «Чашмасор» (1957, бо алифбои арабӣ (1965), ки ашъори солҳои охири шоирро дар бар мегиранд, андешаҳои лирикии Раҳимзода аз ҳаёти ҷумҳурӣ ва одамони он ифода ёфтаанд.

    Раҳимзода соли 1964 ба шарафи 40-солагии РСС Тоҷикистони достони «Роҳи нури офтоб»-ро (ҳамроҳи М.Турсунзода) навишт. Достони «Эъҷозии санъат», ки дар анъанаи назми классикист, рўҳи баланди замонавӣ дорад. Ин достон соли 1971 ба мукофоти солонаи ж.  «Огонёк» мушарраф гардид.

     Достони «Қиссаи кўҳсор» дар эҷодиёти Раҳимзода, марҳилаи нав мебошад. Ин Достонҳо ва шеъру сурудҳои солҳои охири шоир дар маҷмуъаи «Қиссаи  кўҳсор» (1970) ба табъ расидааст. Лирикаи тозаи Раҳимзода дар силсилаи «Илҳом» (1973) нашр шуд. Солҳои 1975-76 куллиёти осори  шоир дар ду ҷилд аз чоп баромад. Боқӣ Раҳимзода пеш аз ҳама, шоири лирик аст. Вай образҳои анъанаҳои адабиёти классикии тоҷикро барои ифодаи мақсадҳои замони худ моҳирона истифода бурдааст. Аз лиҳози  мавзўъ ва мундариҷа лирикаи ин шоири тавонон гуногун буда, дар он масъалаҳои ҳаёту ишқ, иҷтимоъ ва фалсафа,таърх ва сиёсат ба қалам оварда шудааст. Чуноне ки мутахассисони лирикаи адабиёт меоварданд лирикаи Раҳимзода соддаву самимӣ буда, бо юмори сабук омезиш меёбад.  («Айнаки забз», «Як табассум кун» ва ғ.) як силсилаи сурудҳои дилписанд дорад ( «Дар лаби обе», «Республикаи ман» ва ғ.).

 Устод М Турсунзода дўсти худ Б Раҳимзодаро «Булбули ширинсухан» номидаааст. Ҳамзамон бояд гуфт, ки содабаёнии Б.Раҳимзодаро бо содданависиҳои шоирони солҳои гуногун омехтан ё як хел пиндоштан дуруст нест. Соддабаёнии Б.Раҳимзода аз соддагии шеъри халқ маншаъ мегирад.

Аз боби дӯстии шоирони зиндаёд Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода қиссаву ҳикоёти зиёд гуфтаву навишта шудааст. Ин бесабаб нест. Чунки  ин ду чеҳраи фархундаи миллат воқеан ҳам хеле наздик, ба қавле бо ҳам дўст аз  бародар наздиктар будаанд.     

                   Меҳмон Бахтӣ дар васфи Б.Раҳимзода чунин гуфтааст:

                 Ҳар кас  ба маҳфиле сухани Боқӣ гўш кард,

                 Гўё зи соғари суханаш шаҳд нўш кард,

                 Сар то ба пош хондаю дунёи ҳикмат аст,

                 Дидори неку суҳбати гараш ғанимат аст.

    Солҳои охир Раҳимзода ба наср рў оварда чанд ҳикоя ба миён овард, ки онҳо дар китоби «Аз саргузашти Соқӣ» (1973) ҷамъ омадаанд.  Маҷмўаҳои зеринаш ба забони рўсӣ аз чоп баромадаанд: “Моя песня» (1951), “Родник» (1957), “Зеленый лист» (М.1963), “Кошка хвастунишка» (1963), “Пути солнечного луча» (1964 ҳамроҳи М.Турсунзода), «Ҷудоӣ» (1973), «С крыши мира» (1973).

Ашъори Н Тихонов, М Светлов, А Сурков, Зулфия, Н Хазрӣ ва дигарон дар тарҷумаи Раҳимзода ба забони тоҷикӣ нашр шудаанд. Раҳимзода устод ва мураббии ҷавонон буд. Бисьёр китобҳои аввалини нависандагони ҷавони тоҷик дар таҳрири ў ба табъ расидаанд.  Бо ду ордени Байрақи Сурхи меҳнат, ду ордени «Нишонаи фахрӣ», чаҳор медал мукофотонида шудааст. Соҳиби ҷоизаи давлатии  Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ (1974) мебошад.

    30 январи соли 1980 аз олам даргузашт ва оромгоҳаш дар шаҳри Душанбест. 

.  Шарофат Мирзоева,

сармутахасиси шўъбаи

илмӣ ва таҳқиқотӣ