Омӯзгор, пажӯҳишгар, модари ғамхор

 Муҳаббат Иноятова ҳамчун омўзгори асил, солиёни аз фанҳои педагогика, психология, маҳорати педагогӣ дар сатҳи  баланди илмию методӣ, дарсҳои назариявию амалӣ мебарад. Дар  корҳои тарбиявии омўзгорони ҷавон саҳми муносиб гузошта, маҳорат, донишу малака ва таҷрибаи бои хешро пайваста такмил медиҳад.

Иззатова Муҳаббат Иноятовна  10.03.1952 дар шаҳри Кўлоб вилояти Хатлон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи пурраро дар мактаби рақами №4 шаҳри Кўлоб гирифта, соли 1969 ба бахши рўзонаи факултаи омўзгории Донишгоҳи давлатии Кўлоб дохил мешавад ва донишгоҳро соли 1973 бо дипломи аъло аз рўи ихтисоси муаллимаи педагогика ва психология хатм менамояд.

  Баъди хатми ДДК ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ аз соли  1973 ин ҷониб дар вазифаҳои гуногун: муаллима, муаллимаи калон, дотсент, мудири кафедраи тарбияи томактабӣ, декани факултаи омўзгорӣ кору фаъолият кардааст.

 Иззатова М.И. соли  1976 ба аспирантураи Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии тарбияи томактабии Академияи илмҳои педагогии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ  дохил шуда, онро соли  1979 хатм карда, моҳи октябри соли 1980 таҳти роҳбарии педагоги  шинохта, доктори илмҳои педагогӣ, Профессор Маркова Т.А. дар мавзўи: «Хусусиятҳои тарбияи меҳнатии кўдакони синни калони томактабӣ ва роҳҳои такмили он дар оилаҳои деҳот» рисолаи номзадӣ  дифоъ намуд.

 Қобили зикр аст, ки мавсуф, ҳамчун омўзгори асил, солиёни аз фанҳои педагогика, психология, маҳорати педагогӣ дар сатҳи  баланди илмию методӣ, дарсҳои назариявию амалӣ мебарад. Дар  корҳои тарбиявии омўзгорони ҷавон саҳми муносиб гузошта, маҳорат, донишу малака ва таҷрибаи бои хешро пайваста такмил медиҳад.

  Ў шахси  ботамкин, тозакор, хоксор, ҳақиқатҷўй  аст.  Ғамхори соҳаи илму маориф буда, дар семинару конфронсҳои назариявию методии шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баҳри беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас, тавассути маърўзаҳояш маслиҳатҳои судманд пешниҳод менамояд.

  Иззатова М.И. ҳамчун донишманди варзида, беш аз  60 рисолаю асарҳо, мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ, публисистӣ, китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ ва ғайраҳо таълиф намудааст. Мақолаҳояш дар саҳифаҳои рўзномаҳою маҷаллаҳои  «Омўзгор», «Навиди Кўлоб», «Кулябская правда», «Ҷумҳурият», «Мактаби советӣ»  ва ғайра чоп шудаанд.                                                                                          

  Соли  1995 барои  хизматҳои шоёнаш дар таълиму тарбияи насли наврас ба нувони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардид.

 Иззатова М.И. соли  2004 бо дастгирии фарзандонаш таъмири бинои фарсудаеро  оғоз кард ва соли  2009 онро ба сомон расонид, худи ҳамон сол муассисаи томактабӣ ташкил намуда, ба кор оғоз намуд, ки имрўзҳо дар он  кўдакон  ба таълиму тарбия фарогирифта шудаанд.

   Иззатова М.И. соли 2015 бо медали “Хизмати шоиста”қадршиносӣ гардидааст.

   Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст, ки ҳамаи онҳо соҳиби оила ва маълумоти олӣ мебошанд.

  Дар Китобхонаи миллӣ аз Муҳаббат Иззатова ин китобҳоро метавонед бихонед:

   Педагогикаи томактабӣ. Иззатова Муҳаббат қисмҳои 1-2-Душанбе «Ирфон», 2012 -313 саҳ.

     Асосҳои Педагогии тарбияи кўдакон. Иззатова Муҳаббат Иноятовна. Душанбе»Эрграф», 2013-143 саҳ.

     Иззатова М. Асосҳои педагогии корҳои таълимию тарбиявӣ дар фаъолияти амалии омўзгорони ҷавон -Душанбе «Истеъдод», 2017,224 саҳ.

     Иззатова М.И.: Становление и развитие дошкольных образовательных учреждений в Таджикистане. Душанбе» Нашри анвор», 2014,348 стр.

     Иззатова М.И. История и развитие системы дошкольных учреждений в Хатлонской области 1920-1980 гг.  Дущанбе. Типография ТНУ,-2012, 104 саҳ.

    И-27  Иззатова М. И. Особенности трудового воспитания детей старшего дошкольного возраста в Таджикской семье и пути его совершенствовании (1970-1980гг)-Душанбе.       «Маориф», 216 стр.

    М. И. Иззатова. История развития дошкольных учреждений в Таджикистане -Душанбе. Маориф. 2009- 7 стр              

   Шарофат  Мирзоева,

 сармутахассиси шўъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ