Ҳадисаи Қурбон: Сарир (Девони ашъор)
Нашр шуд 2020-03-30 16:05
Ҷилди аввали девони ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадисаи Қурбон ба Китобхонаи миллӣ расид ва ин лаҳзаҳое, ки шумо хонандаҳои азиз, ин хабарро мутолиа мекунед, китоб рақамгузорӣ шуда, барои мутолиаи ҳаводорони назм ба бойгонӣ супурда шудааст. Дар аввалсухан омадааст, ки девони Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадисаи Қурбон «Сарир» ном дошта, шеърҳо аз китобҳои «Паймон», «Шукрона», «Нури Октябрь», «Сомон»,»Даргоҳи офтоб», Дунёи ҷавонӣ», «Эҳсон»,»Арғувон»,»Гулафшон»,»Мадина»,»Сояи мижгон» ва «Соҳати дил» гулчин шудааст.
Девон аз фаслҳои «Домони Ватан» “Навҳа», «Ятимхона»,»Баҳри гандум», «Танин», «Ёдҳо,фарёдҳо», «Рўбои ва дубайтиҳо» иборат мебошанд.
Фасли «Раҳовард», силсилаҳои : «Ман Хатин» (аз дафтари Белорус), « Тахти Ҷамшед» (аз дафтари Эрон). «Ҳирот» (аз дафтари Афғонистон) «Баҳри Ҳинд» (аз дафтари Ҳиндустон) ва достонҳои «Тўфон», «Лоиқ намеояд дигар», «Чакомаи Душанбе», «Меҳвари ишқ» (Мавлавӣ), «Ҳилолӣ», «Хатлон», «Саддом Ҳусейн», «Хаймаи Хайём», «Шоҳин ва манзумаи «Шабчароғ»-ро фаро гирифта аз талошу набардҳо баҳри истиқлол, аз сарсабзию сарбаландӣ, одаму одамгарӣ, парвози ҷовидонаи савту сози ишқу дарди ҷонсўзи фироқ, ҳифзи якпорчагии Ватан, сулҳу сафо ва ҳувияти миллӣ сухан ронда, хонандаро бо кишварҳои дуру наздик шинос менамояд.
Мақсади муаллиф танҳо бозгўи воқеаҳои таърихию адабӣ нест. Вай ҳар лаҳзаи ҳаёти қаҳрамони худро барои ҳаллу фасли масоили имрўз истифода мекунад ва достонҳояш ба асарҳои дорои манфиати имрўзӣ табдил меёбанд.
Ин муаррифии бисёр мухтасар ҳеҷ гоҳ паҳлўҳои адабию таърихӣ,бадеию ҳунарии достонҳои Ҳадисаи шоирро равшан карда наметавонад.
Умед дорем, ки девони «Сарир» эҳёгари савту навои сафои тори дилҳо гардида,мазраҳову қитъаҳоро пайванди ногусастанӣ дода, ошёни дилҳоро обшорону гулафшону нурафшон менамояд. Бигузор худи хонандагон хонанду қазоват кунанд.
Шарофат Мирзоева,
сармутахассиси шўъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ.