Доғмонӣ дар замонҳои қадим усули маъмули муолиҷа буд. Табибони халқӣ имрӯз аз баъзе унсурҳои он истифода мебаранд. Дар тибби муосир тарзи нави доғмонӣ – термокоаагулятсия мавҷуд аст, ки бо истифода аз барқ сурат мегирад.
Доғмонӣ, доғниҳӣ, доғсузӣ, яке аз усулҳои табобат дар тибби қадим. Доғмонӣ барои боздоштани паҳншавии фасод, қавӣ гардондани андоми мизоҷаш сард, ҳал намудани моддаҳои фосиди ба андом часпида, нигоҳ доштани хунравӣ ва ғайра истифода мегашт.
Беҳтарин чизе, ки бо он доғ мениҳоданд (доғмон), зар буд. Табибон маъмулан, пӯст, баъзан даруни андом, аз қабили даҳон, бинӣ ва мақъадро доғ мекарданд. Дар ин гуна мавридҳо бисёр вақтҳо ба қолаб эҳтиёҷ меафтод.
Қолаб ҷиҳози махсусе буд. Пеш аз истифода ба болои он талқ ва гили сурхи андар сирко таркарда мемолиданд. Баъд онро ба латтапора печонида, бо гулоб ё баъзе аз фишурдаҳо ниҳоят сард менамуданд. Қолабе, ки ба гузаргоҳ ворид карда шудаст, барои доғмонӣ шароити мусоид фароҳам меовард.
Табиб доғмонро андаруни қолаб медаровард ва эҳтиёткорона ба ҷойи лозим мерасонд. Бо мақсади самараи бештар овардани табобат ва газанд нарасиданд ба бофтаҳои атроф, асабҳо, ватарҳо, пайвандҳо ва ғайра доғмонро бориктар аз фазои қолаб месохтанд. Барои боздоштани хунравӣ қавитар доғ мемонданд, то ки хушкрешаи амиқу сахт падид омад, зуд беҷо нашавад. Афтодани хушкрешаи доғи хунрав боиси офате мегашт, ки бузургтар аз пешина буд. Агар барои афтонидани гӯшт зарурати доғмонӣ пеш меомад, табибон баҳри муаян кардани ҳадди дурусти он то маҳалли пайдоиши дард доғ мегузоштанд.
Доғмонӣ дар замонҳои қадим усули маъмули муолиҷа буд. Табибони халқӣ имрӯз аз баъзе унсурҳои он истифода мебаранд. Дар тибби муосир тарзи нави доғмонӣ – термокоаагулятсия мавҷуд аст, ки бо истифода аз барқ сурат мегирад.
Таҳияи Диловар Солиев,
мутахассиси шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар.