Наврӯзу баҳор дар шеъри шоирони Китобхонаи миллӣ
Назри Яздонӣ
*** БАЗМИ ХУСРАВОНӢ ***
Дар чорзарби тундар,
Дастури навбаҳорист.
Айёми дилситонӣ,
Айёми дилсупорист.
Ангезаи муҳаббат,
Дар чаҳ-чаҳи ҳазор аст.
Дар ғул-ғули канорӣ,
Дар ишваи нигор аст.
Ҳам лола, ҳам сияҳгўш,
Аз нашъаи баногўш
Ин ҳарду дўш бар дўш
Беёду масту мадҳўш.
Аз нашъаи баҳорӣ
Пар-пар занад кабутар.
Дар рақси ошиқона
Пар меканад кабутар.
Тадбири барқи гардун
Кардем барқгардон.
Тадбиру чорае нест
Аз барқи шўхчашмон.
Шогунаҳо муборак,
Ай чашми лоҷвардӣ,
Дил мезанад такопў,
Бо ҷони мо чӣ кардӣ?
Як даста нур афкан,
Ай барr, ай саҳобӣ,
Озурда кард моро
Нуқсони барқи обӣ.
Сад барқи хуштабассум,
Дар барқ – барқи дандон.
Аз барқ – барқи дилҳо,
Рухсораҳо дурахшон.
Зад барқи сабз шўъла,
Аз ханҷари санавбар.
Сад барқи сурху равшан,
Аз лола мезанад сар.
Аз шавкати каёнист,
Ин суру ин шаҳомат.
Аз фарри хусравонист,
Ин шeру ин қиёмат.
Ё шур дар раги хун,
Ё беқарорӣxорист.
Ин Яшти паҳлавонӣ,
Ганҷест, ёдгорист.
Шўру фалаксароӣ,
Дар ҳалқу дар раги хун.
З-ин шўр лол монда,
Ҳам раъду барқи гардун.
Ин ишқи тоҷдорон,
Ин сури ориёнист.
Сад марҳабо, азизон,
Ин базми хусравонист.
*** ДИЛАМ ЯК РЎЗ МЕТАРКАД ***
Дилам як рўз метаркад.
Чуноне донаи гандум,
Пуропур аз муҳаббатҳои нуронӣ шуда
Наврўзу метаркад,
Заминро майсаборон мекунад рўзе.
Баҳору сабзаборон мекунам роҳи туро рўзе,
Туро ман меҳрборон мекунам рўзе.
Чу саршори муҳаббатҳову рағбатҳои наврўзӣ
Дилам як рўз метаркад.
Дилам як рўз месўзад,
Вале таркида-таркида,
Мисоли оташи Банғола месўзад,
Хурўшон,
Озарахшон,
Ошиқона,
Ҳамчунон фаввораи ҷаввола месўзад
Ва шоми навбаҳоратро дурахшон мекунад рўзе,
Дурахшон,
Ишқборон карда дунёи туро як рўзи наврўзӣ,
Чу як фаввораи ҷавволаи пирўзӣ метаркад.
Дилам як рўзи наврўзӣ
Мисоли пўпаки заррини қоқу
Пухта, метаркад.
Насимаш чатрбозон мебарад ҳар сў.
Ки тухми ишки тиллоии ман
Ҳар навбаҳорон бештар гардад
Ба мисли тухмаҳои пухтаи коку.
Дилам таркида-таркида,
Дилам ҳар рўз метаркад,
Чуноне офтоби хештансўз,
Оламафрўз,
Даруни қолабаш ҳар лаҳза метаркад,
Даруни синаам ишқам фузунтар гашта ҳар соат,
Дили саршори шавқам
Меҳрубонтар гашта ҳар соат,
Ба мисли офтобе
Ишқборон карда дунёи туро охир,
Дилам имрўз метаркад.
Дилам имрўз метаркад…
Хайрандеш
*** СУМАНАК ***
Мон, ки хуб сабза дамонад суманак,
Мон, ки хуб шира давонад суманак.
Мон, ки дар рўи тафи лахчаалов,
Сўхтан чист? Бидонад суманак.
Сурх гардида чун рухсори арўс,
Аз даҳан об равонад суманак.
Ҳар касе коса надорад, биравад,
Дар табақ зуд бимонад суманак.
Маззаи кишти баҳорӣ ҳар сол,
Пеш аз вақт чашонад суманак.
Ҳосил имсол шавад бобаракат,
Ба ҳама мужда расонад суманак.
Мешавад садқаҳакаш Ҳайрандеш,
Ҳаркасе пухта тавонад суманак.
*** РӮЗИ БОРОН ***
Гирён нашавед рўзи борон,
Аз файзу сахои навбаҳорон.
Пайванд замину осмон аст,
Пайванд шавед, дўстдорон.
Бар санг занед ҷоми бода,
Онро шиканед, бодахорон.
Ҳарчанд ки манъи бода карданд,
Мастанд зи бода сад ҳазорон.
Дар сояи бед кош бошам,
В-аз ҳар сў навои обшорон.
Ман об хўрам аз оби чашма,
Чашм об хўрад зи гулъузорон.
Оед суроғи Ҳайрандеш,
Дидор ғанимат аст, ёрон.
*** БАРГИ САБЗ ***
Навбаҳор омад, ба духтарҳои хушрў гул диҳед,
Гўш бар савти наю бар чаҳ-чаҳи булбул диҳед.
Сабз бодо ҷонатон дар базми сабзи навбаҳор,
Гоҳ-гаҳ бар шоирони хуб кам-кам пул диҳед.
Шоҳбегим
*** ОФТОБӢ ***
Мо мардумони мамлакати офтобием
Чун Золи Зар ба мўйи зару чашми обием.
Дар сафҳаи замон
Хубу бади ҷаҳон
Бисёр дидаем.
Аз базри офтоб,
Аз насли Рустамем.
Мисли Сиёваш аз дили оташ гузаштаем
З-ин рўй дар ҷаҳон
Моро зи нестӣ
Ҳаргиз ҳарос нест.
Зеро ки ҳамчу мо
Зарри халос нест.
Муҳаммаднабӣ Баёнӣ
*** ЁСУМАН ***
ЭЙ ГУЛИ ЁСУМАНИ ФАСЛИ БАҲОР,
Аз чи ин қадр ту зебою латифу хуби?
Ба Худо байни ҳама лоларухон,
Гули хушбу, асалӣ, маҳбубӣ!
Эй гули ёсумани фасли баҳор,
Ба Худо дар дили ман меҳри ту аст.
Ҳам ба хобу ба намозу ба суҷуд,
Пеши чашмам бахудо чеҳри ту аст!
Ҳамчу оруи асал фасли баҳор,
Ба суроғи ту ба гулшан оям.
Аз лаби шахду шакарафшонат,
Нафасе бусаму хуш осоям.
*** ЁД ***
Аз ғуруби ишқи мо даҳ сол рафт,
Даҳ баҳор бигзашт бо шодию ғам.
Лек дар фасли баҳори чордаҳ,
Ман туро бори дигар пазмон шудам.
Мерасад акнун ба гушам хандаат,
Кокулонат пеши чашмам чилавагар,
Бар машомам накҳати зулфат расид,
Ин баҳор ҳам чун баҳорони дигар.
Алишери Муҳаммадӣ
*** ЧӢ МУБОРАК БА ҶАҲОН ОМАДАНЕ ***
Дар дили сабзи баҳорат зоданд,
То ки чун ғунчаи гул муъҷизаофар бошӣ,
То ки чун лола пур аз шуълаву ахгар бошӣ,
То ки чун булбули шўрида навогар бошӣ,
Чӣ муборак ба ҷаҳон омадане.
Дар дили сабзи баҳорат зоданд,
То қадамгоҳи ту пурлолаву насрин бошад,
То тамошагаҳи ту олами рангин бошад,
Дилат аз боди хазон яксара эмин бошад.
Чӣ муборак ба ҷаҳон омадане.
Дар дили сабзи баҳорат зоданд,
То бувад сабз ҳама олами андешаи ту,
То бувад сабз гулу шохаву ҳам решаи ту,
То бувад сабзгароӣ ба ҷаҳон пешаи ту,
Чӣ муборак ба ҷаҳон омадане,
Чӣ муборак ба ҷаҳон омадане.
Ҷалолиддин Нуров
*** МАНЗАРАИ БАҲОР ***
Сари бодоми пургул дар баҳорон,
Дили ман бо дили ту гуфтугў дошт.
Туро чун шохаи бодоми пургул,
Дили ман дар ҷавони ҷустуҷў дошт.
Гули сурху сафеди шохи бодом,
Парафшон буд дар душу канорат.
Нарафта то ҳануз дар хотири ман,
Ҳамон оғуши пурнози баҳорат.
Ба сар тури арус аз зуфу райҳон,
Фаранҷи дошти аз барги лола.
Ману ту почаки луч руи сабза,
Тару тоза будему ҳаждасола.
Миёни растаи гулҳо давида,
Гули пудинаро бў мекашидем.
Чу занбури асал дар тори гулҳо,
Ману ту шираи гул мемакидем.
Ману ту ҳарду як ҷуфти муҳаббат,
Будем озоду эмин зери гардун.
Ту мерафтиву коклҳоят аз пушт,
Ҳамеларзид мисли беди маҷнун.
Кунам фарёд, аз ҳусну ҷамолат,
Гуле хандиду аз рашку алам мурд.
Хаёлам он гули рухсори моро,
Баҳорон рафту хамроҳи худаш бурд.
Кунун мекобамат эй ҷони шерин,
Туро чун Лайлии худ зери гардун.
Ҷаҳон то боқи мерезам ба поят,
Ман ашки хешро чун беди Маҷнун.