Пешвои маърифату ваҳдати миллӣ
Масъалаҳои маданияти миллӣ, хештаншиносии миллӣ, асолат ва ваҳдати миллӣ ҳамеша дар сархати андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Масъалаҳои маданияту маънавиёт аз назари Пешвои миллат аз баски тақдирсоз ҳастанд, шарти муҳимтарини суботи сиёсӣ ва беҳдошти асолати миллат ҳастанд, тақрибан дар ҳамаи суханрониҳояшон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Истилоҳоте, ки имрўз сари забонҳо ҳастанд, ба монанди «хиради азалӣ», «асолати миллӣ», «ҳушёрии сиёсӣ дар шароити пуртуғёну пурталотуми ҷаҳонишавӣ», бори нахуст аз забони ў ба майдони маданияту сиёсат омадаанд. Дар Паёми имсола ҳам ба ин масъала боз аз нуқтаи назари мубрам будани маданияту маърифат, илму маориф, шинохти иттилоотии муосир, дасти чира пайдо кардан дар технологияи иттилоотӣ, зарурати бунёди тозаи маркази иттилоотӣ баррасӣ шуданд. Дар ин гузориш чанд нуктаи аз назари муаллиф заруру мубрам дар шароити рўзгори имрўза, ки бештар аз пештар тақдирсозтар ва дар айни замон печидатар гаштааст, пешниҳод мешавад. Ин печидагиҳо боз ҳам печидатар аз он назар ҳастанд, ки мушкилоти ҷаҳонии молиявӣ, энергетикӣ, масоили экологӣ, амнияти умумиҷаҳонӣ, муқовимати давлатҳои абарқудрат, дар баробари ин муқовимат зуҳур кардани ихтилофҳои оташин, нанговар, бераҳмии бесобиқа байни давлатҳои ҷаҳони ислом сурат мегирад. Дар ин шароит табиист, ки хештаншиносии миллӣ, шинохти манфиатҳои миллӣ, шинохти гургоне, ки ҷомаи меш пўшидаанд дар партави «ҳушёрии сиёсӣ», «хиради азалӣ» муҳим аст.
***
Дар рӯ ба рӯ бо мушкили миллату Ватан
Дар шароите, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарии давлатро ба уҳда гирифт, мушкилтарин вазифаҳо дар пеши ў истода буданд:
гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ (аслан ҷанги таҳмилӣ буд ва ҷанги таҳмилӣ будани онро ҳам соли 1996 аввалин бор боз ҳам Эмомалӣ Раҳмон таъриф дода тавонист);
бунёд кардани заминаи сулҳ;
баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ;
таъмини иҷтимоии аҳолӣ;
ба низом овардани сохторҳои қудратӣ (хусусан артиши миллӣ) густурдани заминаҳои ваҳдати миллӣ, ҳал кардани масъалаи бумбасти коммуникатсионӣ…
ва чандин вазифаҳои дигар, ки баршумурдани онҳо ҳам зарур аст ва ҳам тўлонӣ. Аммо вазифаҳое, ки қайд карда шуданд на танҳо мубрам, на танҳо рўзмарра, балки ба истилоҳи дар он рўзгор маъмул тақдирсоз буданд.
Дар он шароит ҳар кадоме аз ин масъулиятҳо гўё фарёд мезаданд, ки масъулияти рақами як ҳастанд. Воқеан ҳам ҳар кадоме аз ин мушкилот таъхирнопазир, мубрам, тақдирсоз буданд. Дар баробари инҳо масъалае, ки боз якуми якум буда метавонист масъалаи сохтани бунёди давлат буд…
Дар байни мардум қавле машҳур шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон оғози бунёди артиши миллиро дар як хаймаи саҳроӣ оғоз кардааст…
Сохторҳое, ки бунёди ҳукумати қонунгузор, ҳукумати судӣ, ҳукумати иҷроияро ташкил медиҳанд тақрибан дар ҳамин гуна шароит, яъне шароити парешониву парокандагӣ дарҳамрехтани ҳукумати собиқ буд…
Вазъияти ваҳдати миллӣ на танҳо дар ҳолати нигаронкунанда ташвишовар, балки воқеан дар як вазъияти бисёр хатарнок, дар вазъияти оташгирӣ, ҳатто сўхта хокистар гаштан қарор дошт.
Хушбахтона ин масъалаҳои тадриҷан ҳалли худро ёфтанд, аммо мақсади ин гузориш нақши Эмомалӣ Раҳмон дар тамаддуни миллӣ ҳаст, ки барои равшан кардани он дар назар доштани ин заминаҳои қаблӣ, зарур аст. Аз ин рў баррасии масъалаҳое, ки ёд кардем камтар ба таҳлил гирифта мешаванд ва диққати марказиро ба масъалаҳои маданияти миллӣ харҷ мекунем.
Маълум аст, ки масъалаи маданият густурдадоман, бисёрпаҳлў, дар хати замонӣ беаввал ва беохир аст. Ба назари мо мушкилтарин садду бунбасте, ки дар роҳи ҳал кардани маданияти миллӣ, бунёд кардани воқеан тафаккури мадании хоси тоҷикии ориёнӣ пештар аз ҳама вобаста ба ин мушкил буд, ки
аслан худшиносии миллӣ баъд аз пош хўрдани шўравӣ дар вазъи тақрибан азбайнрафта ё агар бисёр мулоим бигўем захмину ҷароҳатбор қарор дошт. Пештар аз ҳама аз он нуктаи назар, ки эҳсоси хештаншиносии миллат бо эҳсоси ватанпарастии шўравӣ дар партави шиори халқи ягонаи шўравӣ (едининый советский народ) он чунон печида дарҳам барҳам буд, ки мушаххас кардани ин печидагиҳо ҳоло ҳам заҳматҳои зиёд мехоҳад. Ва боз ҳам шинохтани ин мушкилот зарур аст.
Баргардонидани диққат ва тафаккури хештаншиносии миллӣ ба нутаҳои бунёдии асолати миллӣ аз рўзҳои аввали фаъолияти роҳбарии Президенти арҷманд самарбор ва коромад сурат гирифт. Ин оғози бо баракат пештар аз ҳама вобаста ба он буд, ки аз як ҷониб эҳсоси ватандўстӣ, нангу номуси миллии роҳбар табиатан пурқудрат, пурҷўшу хурўш буд, аз ҷониби дигар шинохти ин маданияти арҷманд, маърифати саҳми тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ дар андешаи ў қавӣ ҳамеша рў ба кор ва ҳамеша дар пешрафти бетанаффус таҳлилу тадқиқи билофосила аз рўзҳои аввали фаъолияташон буд.
Сарфи назар аз машғул будани андешаи Президент бо масъалаи бешумор, имрўз мо мебинем, ки воқеан бетанаффус бо омўхтани таърихи тамаддуни ориёи-тоҷикӣ мушаххас кардани хусусиятҳои ин тамаддун ба он ҷо оварда расониданд, ки Эмомалӣ Раҳмон осоре таълиф кунад, ки воқеан идомаи хатти хештаншиносии кори тамоми умри Қаҳрамони Тоҷикистон, Академик, Алломаи бузург Бобоҷон Ғафуров мебошад. Китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих аз Ориён то Сомониён», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» осоре ҳастанд, ки идомаи мантиқӣ, илмӣ, ватандўстии хатти бузурони гузаштаи мо, хусусан хатти фаъолияти тамоми умри Академик, Бобоҷон Ғафуров (ин нукта, яъне тамоми умр, тамоми фаъолияти сиёсиву иҷтимоии ин алломаи бузург маҳз ба таҳқиқи нақшу мавқи тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ як нуктаи бисёр муҳим аст, ки пайгирона, ҳадафмандона будани нубуғи Алломаро нишон медиҳад). Дар айни замон байни осори Эмомалӣ Раҳмон ва Устод Ғафуров як фарқ аст, ки бисёр фарқи муҳим аст ва он фарқият ин аст, ки эҳсоси ифтихор, эҳсоси ҳуқуқи меросдории ин тамаддуни бузург дар асарҳои Эмомалӣ Раҳмон барҷаста, рўшан ва бо тамоми қудрати овози ботинӣ арз карда мешавад. Хусусан ҳамон нуктае, ки ман шахсан аз академик Ғафуров шунидам, ки бо эҳсоси дард, бо садои гирифта, мегуфт (ин гуфта ҳам дар тақрибан се-чор моҳи қабл аз вафоташон буд):
«Ин ҳақиқат, ки мо дар сафи пеши тамаддуни умумибашарӣ ҷой гирифтаем, хоҳиши худнамоии мо нест, ҳақиқате нест, ки мо онро ҳатман исбот карданӣ бошем. Ин ҳукми таърих аст. Таърихи инсоният ҳамингуна ҷараён гирифтааст, ки мо дар сафи пеши тамаддуни ҷаҳонӣ қарор гирифтем».
Ин ҷо бояд қайд кард, ки ҷасорати шахсии Эмомалӣ Раҳмон (ки як ҳақиқати барои ҳамагон маълум, маъруф ва мусаллам аст) на танҳо барои ҳалли мушкилоти ҷомеаи ҷангзада нақши бунёдӣ бозӣ кардааст, балки барои арз кардану исбот кардани мавқеъ, ҳуқуқи тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ низ, нақши пурсамар бозӣ кард.
Як ҷасорате мехоҳам, ки алоҳида қайд намоям, ин ба расми асолати миллӣ баргардонидани низоми қайди ному насаб аст. Яъне ба таомули анъанавии чандин ҳазорсолаи миллӣ сабт кардани ному насаб. Ин амал дар назари аввал як коре саҳлу осон аст, яъне гирифтани пасванди Аҳмадову Боев, «ов» ва «ев» аз ному насаби тоҷикӣ. Аслан ин як гардиши бунёдӣ, дар ҷойи худ, ба сари худ, як инқилоби хурд аст. Хурд аст, аммо ҳамоно инқилоб аст. Инқилоб дар ҷаҳонбинӣ, дар ҷаҳоншиносӣ, дар хештаншиносӣ.
Инқилоб, яъне бо шуҷоат (ҳар ҷо ки шуҷоату ҷасорат аст, хатар ҳам ҳаст, хатар бошад, як пораи ногузири инқилоб аст). Баргаштан ба низоми аслии миллии ному насаб инкор кардани тасаллути як миллати дигар бар миллати мо ҳаст, ки дар як шакли гўё камаҳамият ҳамоно вуҷуд дорад. Як ҳушдори тасаллути маънавӣ. Пешвои миллат шахсан нафари нахустин шуда, ибрати дигарон шуда, ному насаби худро ба асолати миллӣ баргардонданд. Акнун ҳар кас ба қадри қудрату вусъати ҷаҳонбиниаш тасаввур кунад, ки ин иқдом чӣ натиҷаҳое дошт. Назари ман ин аст, ки мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, ки вобаста ба миллӣ кардани ному насабашон ҳаст, ҳаргиз тасодуфию камаҳамият нест. Ин падидаи гўё маъмули рўзмарра барои мо ҳушдори дигар медиҳад, ки барқарор кардани асолати миллӣ кори саҳлу осон нест. Истодагарӣ мехоҳад, ҷасорату шуҷоат мехоҳад ва дар баробари ин дидем, ки хисороти молӣ ҳам талаб мекунад…
Осори Президенти муҳтарами мо дар ҷабҳаи шинохти тамаддуни ориёни тоҷикӣ аз рўзҳои аввали нашри онҳо диққати ҷомеаи илмии ҷаҳониро ба худ ҷалб кард, ин осор ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷимаву нашр шуд ва мавриди истифодаи ҷаҳониён гашт. Як сабаби бо чунин суръат маъруфу ба гардиши илмӣ ворид шудани андешаҳои Эмомалӣ Раҳмон агар аз як ҷониб ба таҳқиқи илмӣ гирифтани маводҳои қаблан барои илм номаълум бошад, аз ҷониби дигар мушаххасан бо ифтихори қонунии меросбари воқеӣ ва ҳуқуқӣ будани ин тамаддуни гаронмоя эҳсос кардани муаллиф аст.
Ватандўстӣ, миллатдўстии Президенти муҳтарам албатта сабабҳо, решаҳо, далелҳои тахрихӣ, илмӣ, мантиқӣ дорад ва дар ин маврид нуктае, ки қайд карданаш зарур аст ин аст, ки таҷрибаи биступанҷсолаи истиқлолияти сиёсӣ, хизмати ҷонсупоронаи ў нишон дод, ки Президент миллатро, тоҷикистониёнро сарфи назар аз тааллуқи миллӣ, мазҳабӣ, фирқавӣ, синну сол хуб мешиносад. Ва ба ҳар кадоме аз ин қишрҳо эҳтироми хосу алоҳида дорад, ки инро мо дар мулоқотҳояшон бо ҷомеа, ки дар тамоми гўшаву канор ба ҳукми анъана даромаданд (анъанаи мулоқот бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, дар маҳаллу минтақаҳо яке аз ҷузъҳои бисёр пурсамари давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон аст) мебинем. Дар ин мулоқотҳо, агар аз як ҷониб мардум ҳатман интизори ободкориҳои навбанав бошанд, аз ҷониби дигар аз ин мулоқот масъалаҳои мубраму фаврӣ, рўшан карда мешаванд ва барои ҳалли онҳо тадбирсозӣ карда мешавад. Ҳатто қисмате аз ин мушкилот фавран ҳал карда мешаванд ва ҳидояту даъвате, ки қариб дар тамоми ин мулоқтҳо садо медиҳад, самаровар, санҷида ва барои ҷомеа фаҳмо аст: «Мо давлати худро худамон месозем, бо дастони худ месозем. Як давлати обод, пешрафта мекунем». Мардум ҳам ба муваффақияти ин ҳидоятҳо шубҳа надоранд, зеро даъвату ҳидояте, ки дар оғози Нақби анзоб садо дод («мо ин нақбро бо дастони худ месозем. Бо чанголу дандонҳои худ онро меканем»). Воқеан дар шароите, ки бунёди ин нақб оғоз шуд, он як мушкили ҳалнашаванда ба назар мерасид. Аммо ҳиммат, ғайрат тадбирсозии роҳбари давлат бомуваффақият ба анҷом расид. Баъди ин нақб, ки акнун номи «Истиқлол»-ро гирифт, обод кардани нақбҳои дигар як амали маъмулӣ ба назар мерасад, ки ин ҳам муҳим аст, яъне эҳсоси қудрати ободкории миллӣ, эҳсоси тавоно будан дар вуҷуди миллат, рўз ба рўз қавитар мешавад.
Меъморӣ суруди дар нақш сабт гаштааст
Ман дар маросими кушодани баъзе аз биноҳое, ки асолати меъмории миллиро арза мекунанд, шаҳомати онро афзун мекунанд иштирок кардаам. Албатта барҷастатарини ин маросимҳои бошукўҳ баргузории нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар «Кохи Наврўз» буд. Ва боз ҳам бешубҳа аз он ҷиҳат барҷаста буд, ки ин нишастро телевезионҳои саросари ҷаҳон пахш мекарданд. Тамоми ҷахон шоҳиди эҳсоси ҳайрат ва ҳаяҷони Президентҳои аъзои Созмони Хамкории Шанхай шуда буданд, ки шубҳае нест, як ҳақиқати мусаннад, собит ва имрўз барои тамоми ҷаҳониён маълум аст. Ин танҳо ифтитоҳи Кохи Наврўз набуд, танҳо баргузории нишасти Созмони Хамкории Шанхай набуд, ин тасвиби ҷаҳонии ободкор будани миллат, зебоипараст, зебоиофарӣ, устоди санъати меъмории нафиса будани миллати тоҷик буд.
Дар маросими кўшодани чойхонаи Хоруғ, ки аслан як қасри бошаҳомату қасри музайн бо ҳунарҳои кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ, ҳаккокӣ, наҷҷорӣ ва ҳунарҳои дигар, хусусан яке аз се толори ин қаср, тибқи анъанаҳои меъмории маҳаллии Бадахшон ороста шуда буд, ки аслан ба дараҷаи меъмории муосир бардоштани меъмории маҳаллии бадахшӣ буд, ки ба андешаи ман ба дараҷаи сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ бардоштани меъмории маҳалливу миллӣ мебошад.
Баъд аз маросими ифтитоҳ дар ин қаср зиёфати бисёр муҳташам баргузор шуд. Иттифоқ чунин афтид, ки ман дар мизи дуввум рўбарўи Президент нишаста будам. Аҳли маҷлис баъд аз тақрибан ним соат, ки маросими расмии зиёфат гузашт бо суҳбату хушҳолӣ машғул буданд. Диққати маро хушҳолии Президент ба худ ҷалб кард, ки гўё тамоми ҷузъиёти шифту деворҳо, фаршу дару тирезаҳои боҳашаматро тамошо мекард. Эҳсос карда мешуд, ки Президент на танҳо аз тамошои ин зебоӣ завқ мебарад, балки дар андешаи идома додани иқдом, яъне бунёд кардани қасру кохҳои дигар, боз ҳам беҳтар аст. Аз андешаи ман мегузашт, ки гуфтаҳои ў дар бораи «Завқ доштан даркор», «Ба стандартҳои ҷаҳонӣ баробар будан даркор», «Ватани худро худамон, бо дастҳои худ месозем» гуфтаҳои ободкорона ҳастанд, ободкоронаи бошаҳомат, ҷаҳонӣ.
Дар ин мавридҳо гаштаву баргашта як саҳна аз соли 1987 ба ёди ман меояд: ман гурўҳи нависандагони хориҷиро дар шаҳри Хуҷанд ҳамроҳӣ мекардам. Тибқи нақшаи сафар ба стансияи техникҳои ҷавони шаҳри Хуҷанд омадем. Меҳмононро як лавҳаи кандакорӣ дар тахтаи шояд 50*50 сантиметрӣ ҷалб кард. Дар ин лавҳаи чубин портрети Гагарин кандакорӣ шуда буд. Меҳмонон бисёр ба ҳаяҷон омаданд. Аҳсанҳо гуфтанд. Роҳбари он шуъба, ки як устоди миёнасол буд, бо қаноатмандӣ қайд кард, ки ин лавҳа дар мусобиқаи ҳунармандони ҷавони Иттиҳоди шўравӣ ҷойи якумро гирифтааст. Вақте меҳмонон аз толор берун мерафтанд, ман бо устод танҳо мондам ва бо самимияти фаровон ба ў арзи ташаккуру аҳсан мегуфтам. Дидам, ки чашмонаш пури об шуд ва бо овози гирифта гуфт: афсўс, ки мо шароит надорем, набошад ман ба тамоми ҷаҳон нишон медодам, ки кандакорӣ чӣ ҳунар аст.
Акнун, ки ин гуна қасрҳои боҳашамат дар саросари ҷумҳурӣ ва ҳатто бо хоҳиши сарварони хориҷӣ дар гўшаву канори гуногуни ҷаҳон обод мешаванд ва ин биноҳо на танҳо як муҷассамаи зебоию шаҳомат ҳастанд, балки муҳимтар аз ҳама ҳуҷҷати ҳунари нотакрор, ҳунари ҷаҳонгири миллати ман ҳастанд.
Боз ҳам гаштаву баргашта чашмони пур аз оби он устод ба ёдам меояд, ки гаштаву баргашта бо худ мегўям балки ба тамоми ҷаҳон мегўям: «зиндаву ҷовидон бод Истиқлоли сиёсӣ, шоду ҷовидон бод Пешвои Тоҷикистони соҳибистеқлол». Маҳз истиқлоли сиёсӣ ва маҳз роҳнамову сарпарасти ин истиқлоли сиёсӣ, ватандўстӣ, миллатдўстӣ, зубоидўстӣ, завқи зиндаву тапанда, завқи ободгар, хиради азалии Президенти арҷманди мо-Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳунарҳои зебои миллӣ, ҳунарҳое, ки анқариб дар садади аз байн рафтан буданд на танҳо наҷот ёфтанд, балки бо таровату шаҳомати тоза қудрати ҳунари миллатро муаррифӣ мекунад. Бе муҳобо ҳар нақш, чӣ дар чуб, чӣ дар санг, чӣ дар гаҷ таронаи зиндагӣ, таронаи шодбоши ворастагӣ, ҷовидониро месароянд. Ин ҳақиқати мусаллами ҷаҳонӣ аниқу дақиқ, хуб мегўяд, ҳақиқат мегўяд, ки «Меъморӣ суруди дар нақш сабт гаштааст».
Шаҳомати ташрифоти дарборро аз ориёниён биомўзед
Ҳар гоҳе дар мавриди зебоиҳои маданияти моддӣ ва маънавии оронӣ-тоҷикӣ андеша мекунам, ҳатман гуфтаи мутафаккири Юнони бостон Лукретсий Карр дар хотирам гардон мешавад, ки ба шоҳони Юнон хитоб карда буд: Шаҳомати қасрсозӣ, шаҳомати ташрифоти дарборро аз ориёниён биомўзед. Ин шаҳомат дар садои танбур ҳам ҳаст, дар садои қонун, борбад, чангу уд ҳам ҳаст. Яъне «Шашмақом» ҳам як рукни солору баландмартабаи тамаддуни башарист. «Шашмақом» дар даврони шўравӣ ҳам мартабае дошт, балки бо шарофати устодони мусиқии рус, бо ҳамкории устодони гаронмоя Бобоқул Файзуллоев, Файзиддин Шаҳобов, Шоҳназар Собиров ба алифбои адвор даромад, аз хатари нестӣ раҳо шуд. Аммо танҳо баъд аз бо тадбири Эмомалӣ Раҳмон мақоми давлатӣ гирифтан марҳила ба марҳила дар саросари ҷумҳурӣ садо медодагӣ шуд. Гармонияе, ки заминаҳои моддиву маънавии ободкоронаи Истиқлолияти сиёсӣ фароҳам овард, садои «Шашмақом»-ро қавитар, бетанаффус кард.
«Шашмақом» ҳунари солору бошаҳомат аст, ҳунари шоҳона ва шоҳи ҳунарон аст. Ин арзиш, ин зебоӣ, ин шаҳомат дар кўлбаҳову харобаҳо зиндагӣ кардан наметавонад. Ин зебоӣ реша дар дилҳои озоду мухтор, соҳибдавлат, соҳибистеқлол, вораста, на вобаста, дар саҳнаи баланди қасрҳои бошукўҳ тамомияти худро намоиш дода метавонад. Ин шароитро хушбахтона истиқлолияти сиёсӣ, ки сарпарастии онро, парваришашро, суботашро Эмомалӣ Раҳмон бар ўҳда дорад муҳайё кард.
Миллати мо дар тўли таърих дар давраҳои гуногун номҳое доштааст, бо вуҷуди гуногун будани ин унвонҳо дар таркиби онҳо
ду унсур ҳамеша ҳамчун нишонаҳои асолаташ сикка зада шудаанд: маърифат ва адолат
Таркиби уновни «пешдодиён»- (параса-дата) аз ду бахш иборат аст: параса, - префикси ифодакунандаи муқаддимият, пеш будан, замина; ва дата ба маънии дод, адолат, қонун.
Пешдодиён - парасадата – яъне қонунпешагон. Қавме - ҷамъияте, миллате, ки дар ҳама кору пайкор, дар ҳар ибтикороте пештар аз ибтидои он амал қонунро, таълимоти адолаташро пеш мугузорад, нияту нақшаеро бо ин қонун мувофиқ ва татбиқ мекунад. Ба қонунӣ будан, одилона будани нияту нақшааш, ки эътимод ҳосил кард, онро дар амал анҷом медиҳад.
Маздакиён низ аз ду таркиб иборат аст. «Маз», ки дар даврони паҳлавӣ, «меҳ», яъне «бузург» шудааст ва таркиби дуюм, -до»- боз ҳамин дод, адолат, қонун, маърифат мебошад. Ин унвони миллат бояд бигўем, ки аз даврони авастоӣ ҳам муқаддамтар аст.
Ин ду сифат, - қонунпешагӣ, риояту икроми қонунро нигоҳ доштем ва маърифатгароӣ (маздо – ясноиён ҳамчун этноним, пайравони як эътиқод ясно – яъне парастидан, муқаддас доштан, гаравидан) аз асолатҳои бунёдии миллати тоҷик аст.
Қонунпешагӣ ва маърифатгароӣ ҳамеша ва имрўз бештар аз пештар, шарту сабаби ҳаёту нишоти миллати тоҷик аст.
Ин сифатҳои миллати мо ҳамеша дар ёдамон ҳастанд, азбаски ҳамеша дар пажўҳишу тадқиқашон ҳастем, аммо ҳолтаҳое мешаванд, ки қонунпешагиву маърифатгароии тоҷикон он гуна равшану сареҳ таҷаллӣ мекунанд, ки тадқиқу таҳқиқ барзиёд менамояд. Аз он ҷумла дар вохўриҳо бо алоқамандону ошиқони шеъру ҳикмат. Дар миёни ин тоифа нафароне мешаванд, ки дониши амиқу дақиқашон, иттилои салоҳиятмандонашон аз таърих ҳикмату фалсафа, каломи бадеъ ҳайратангез аст. ва соҳиби ин ҳама ҳунари гаронқадр ғолибан шарифону азизон ҳастанд, ки содиқона бо касби худ машғуланд, дар ихтисосашон салоҳиятманд, чирадаст ҳастанд, хоҳ заргаранд ё оҳангар ё барзгар ё коргар, дур намондааст.
Ҳолати дигаре, ки қонунпешагиву маърифатгароии миллатро таҷаллии ҷонбахш медиҳад, ҳангоми вохўриву мулоқоти Президенти давлатамон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеа мебошад. Хусусусан, бо аҳли зиё, арбоби фарҳангу маърифат, ки дар арафаи Наврўз доир мешавад, ки анъанаи пурмўҳтаво шудааст. Мулоқотҳои Наврўзии Президенти кишвар бо аҳли зиё, боз як иқдоми Пешвои миллат, ки дар ин биступанҷ сол ба ҳукми анъана даромадааст, боз яке аз рукнҳои давлатсозии роҳбари давлат аст.
Ғамхорӣ барои маориф, бузургдошти хотираи фарҳангсолорони гузашта кўшиши судманд, самарабахш дар роҳи пайванд кардани маърифату истеъдоди миллат бо тамаддуну донишҳои муосир, аз тадбиру чорасозиҳои муассири давлатӣ ҳастанд, дар айни замон ин табирҳо ҳамчун як амри табиӣ, ҳамчун нафаси тоза гирифтан, ҳамчун пайванди оддии инсон бо об, ҳаво, эҳсос карда мешавад.
Дар давраи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳоеро ҳаллу фасл кард, ки воқеан ҳам печидаву мушкил (ба монанди ҳалли низои дохилӣ) ва ҳам аз ҳайси фанниву молиявӣ мушкилу маҳол буданд (ба мисли сохтмони роҳи Кўлоб – Кулма – Қароқурум ва нақби Анзоб), аммо тўли ин бисту панҷ соли истиқлолият, ҳаргиз масъалаи маърифату маориф аз мадди назараш дур намондааст.
Маълум аст, ки маданият ва маориф бахшҳои серхарҷи ҷамъият мебошанд. Ҳар қадар маблағгузорӣ бештар аст, сифати маданияту маориф беҳтар аст. Дар як шароите, ки иқтисодиёти кишвар дар ҳоли буҳронӣ, камбизоатӣ қарор дошт, Президент Эмомалӣ Раҳмон имконият ёфта, вазъи моддӣ ва молии маорифу маданиятро рўз ба рўз беҳтар кард. Хусусан таъминии компютерии молиявиву имтиёзҳои моддӣ барои устодони мактбаҳои деҳот намуна равшан ва самарабахши ин ғамхорӣ аст.
Бешубҳа маданияту маориф танҳо масъалаи маънавиву маърифатӣ нестанд. Ин масъала сиёсӣ ҳам ҳаст, балки шарти солиму қудратмард будани тафаккури сиёсии ҷомеа, шарти шукуфоӣ ва тавоноии сиёсати давлат ҳам ҳаст. шарти худшиносии солими миллист. Дар даврони соҳибистеқлолӣ, ки хатари ба сароби худшиносии миллӣ, миллатгароӣ афтидани миллат вуҷуд дошт, ҳидояту дурандешии Президент буд, ки худшиносии миллӣ на дар ин самти барғалат, балки дар самти мувофиқ шудан бохудшиносии асрӣ, худшиносии огоҳона рушду равнақ ёбад. Муайян карданаи самти солими рушду нумўи эҳсососи хештаншиносӣ, шинохти қадру манзалати хештан дар ҷомеаи сареъуссайри муосир на танҳо дар маърузаву мақолоти Эмомалӣ Раҳмон, балки ҳатто дар дастуру фармонҳои Президент равшан, дақиқ қайд мешавад. Аз ҷумла дар фармон «Дар бораи бузургдошти Соли тамаддуни ориё» ин ақида, таъкидан, дақиқ карда мешавад: дар зимни «вусъат бахшидани худшиносии миллӣ», - қайд карда мешавад: «Таҳкими равобити байни халқҳо ва фарҳангҳо».
Ҷашни бузургдошти тамаддуни ориёӣ ва тадбирҳои монанди ин барои миллат аҳамияти актуалӣ доштанд. Агар аз як тараф нуқсонҳоеро, ки дар тафаккури миллӣ бар асари сиёсати миллатзудоӣ, тоталитарӣ ислоҳ кунад, аз тарафи дигар бояд нозукбинона дар назар дошта мешуд, ки ин тадбирҳо ба худпарастии миллӣ, ба натсизм, худпарастӣ, миллатпарастӣ набарад, балки ба хештаншиносӣ, миллатдўстӣ раҳнамунӣ кунад. Ин ҷиҳати масъала ҳамеша дар мадди назар ҳаст ва натиҷаи ин аст, ки ин сиёсат, дар матну батни сиёсати хориҷии Тоҷикистон хуб ҷараён меёбад ва хуб ҳам истиқбол мешавад.
Дар ин маврид ба хотир овардан зарур аст, ки дар Саммити охирини ҳаштгонаи бузург, ки соли 2006 дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуда буд, аз тамоми минтақа танҳо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват шуда буд. Ширкати Президент дар Саммити ҳаштгонаи бузург, ки имрўз воқеан тақдири стратегияи иқисодиву сиёсии ҷаҳони муосирро ҳал мекунад, эътирофи сиёсати байналхалқии ў аз тарафи ин ташкилот мебошад. Воқеан дар ҷиҳати сиёсати самарабахши байналхалқии Президенти Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ўро барои ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон ёдовар шудан зарур аст. Ў бо истифода аз тамоми имкониятҳо, аз гузоришу мулоқотҳо сар карда, то минбарҳои олимақоми Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай, ИДМ, Созмони Конфронси Исломӣ ва ғайра диққати ҷонибҳои дахлдорро барои ҳалли қазияи Афғонистон пай дар пай ҷалб кард. Пешниҳоди ў дар бораи Афғонистон ва дар атрофи он ташкил намудани «тасмаи амниятӣ» ҳамчун як тадбири нияҳоят муҳим барои истиқрори сулҳи бардавом дар ин кишвар ва дар минтақа мебошад.
Рейтинги сиёсати Президенти Тоҷикистон дар минтақа ва дар сиёсати байналхалқӣ рў ба афзоиш аст. Дар марҳалаи имрўзаи сиёсати байналхалқӣ масъалаи сулҳсозӣ ва равобити ҳарчи наздиктари миллатҳову тамаддунҳо баъди сипарӣ шудани даврони «ҷанги сард», ки дар баробари хисороти ҳамагонӣ дар сабқати мусаллаҳшавӣ решҳои равоне дар ҷомеаи муосир мондааст, ки бидуни ислоҳи онҳо ҳамзистии осоишта, ҳусни тафоҳум дар миёни қавмҳо, динҳо, тамаддунҳо як амри муҳол аст.
Таҷрибаи сулҳофарине, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон анҷом дод, дар ин раванд яке аз тадбирҳои фаъол ва самарабахш аст. ин таҷриба аллакай мавриди тадқиқу омўзиши ҷаҳониён мавриди истифода дар нуқтаҳову минтақаҳои ноором қарор гирифтааст. Воқеан ҳам расидан ба мусолиҳаи миллӣ, ба мувофиқаи сиёсӣ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ, низоъҳои олуда набуд. Дар ин амали беназири мусолиҳаи миллӣ, бешубҳа, маърифату маданияти баланди аҷдодони мо нақши намоён дорад. Нақши маданияти миллӣ, бахусус таълимоти маслиҳат, муросо ва мадоро, агар барои аҳли савод ошно бошад, барои ҷомеа дар хунашон аз насл ба насл ҷорист.
Имрўзҳо ҷаҳон тамоили ягона шуданро дорад. Равандҳои глобализатсияи иттилоотӣ, технологоияи иттилоотӣ аслан ба анҷом расидаанд, яъне дар ин қисмати рўзгор инсоният ба ягонагӣ расидааст. Таҷрибаи рўзгор нишон медиҳад, ки расидан ба ягонагӣ дар тарзи зисти ҳамарўза, дар моддиёт чандон мушкилот ва печидагӣ надоранд, аммо расидан ба ягонагии ақида, ваҳдати имону андеша кори мушкил аст. Расидан ба Ваҳдати андешаҳо, ақидаҳо, ормонҳо бояд заминае дошта бошад. Имкон надорад бо хоҳиш ва иродати як арбоби илм ё арбоби сиёсат ба ваҳадати ормонӣ бирасӣ.
Эҳсоси масъулияти ватандорӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷузъиву куллӣ эҳсос мешавад.
Дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 апрели соли 2006) ташвишҳову мушкилотеро, ки глоболизатсия ба сари миллати тоҷик оварда мешавад, нишон медиҳад: «Сеюм: ҷаҳонишавӣ чун дар ҳама ҷо барои асолат ва ҳуввияти миллӣ, арзишҳои волои ахлоқиву маънавӣ, симо ва сирати миллии мо хатари ҷиддӣ эҷод намуд. Ба ин сабаб талоши мунтазам ва қотеонаи мо барои ҳифзи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти дохилӣ ва хориҷии давлати ҷавони Тоҷикистонро ташкил дод ва силсилаи чораҳои доманадорро тақозо намуд…».
«…ҷаҳонишавӣ ба тавозуни беҳтари муносибатҳо ва суботи бештари низоми байналмилалӣ мусоидат карда натавонист…».
Силсилаи тадбирҳои фарҳангие, ки Ҳукумати Тоҷикистон анҷом медиҳад, имрўз на танҳо аҳамияту хусусияти маънавиву маданӣ доранд, дар ин айни замон онҳо як тадбири тавонову қавӣ кардани иқтидору иммунитети миллат дар рў ба рўи сели беамон ва бебозгашти глоболизатсия низ мебошад. Шиоре, ки Эмомалӣ Раҳмон гуфт ва имрўз ҳақиқату мубрамии он собит шудааст: «Фарҳанг ҳастии миллат аст», аз нуқтаи назари Паёми соли 2006 дигар шиори фарҳангӣ нест, дигар танҳо икрому иззати фарҳангу фарҳангиён нест. Дар партави ин «Паём…» ин шиор акнун хусусияти стратегӣ дорад. Ишора ба сарнавишти бо ҳам мушкилтарин миллат ва шароити глобализатсия дорад.
Эҳтирому иззате, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи Тоҷикистон, дар саросари ҷаҳон дорад, маншаъ аз муҳаббат ва самимият, ободкорӣ, маслиҳату мадоро (яъне сулҳофаринӣ), эҳтироми қонуну қонунпешагӣ, адолат (хусусан ба қишрҳои осебпазири ҷомеа), ғамхории бетанаффус ба маърифат, маориф, тараққии рўзафзуни хештаншиносии миллӣ дорад. Ин амал самараи муҳим дод, - бо пешниҳоди ҷомеаи васеи шаҳрвандон унвони Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат қонунан дастгирӣ карда шуд. Ин қонун албатта қадршиносии ҷонфарсоёна, сарбакафбигрифтагӣ, хизмати бетанаффус, хастанашаванда ҳам ҳаст, дар айни замон ин унвон як рукни тавонои дигар барои истеҳкоми ваҳдати миллӣ ҳам ҳаст.
Зимнан масъалаи дин ҳам хусусияти глобалӣ дорад.
Имрўз дар бораи дин, хусусан дини Ислом, дар доираҳои обрўманди байналмилаливу ҷаҳонӣ суҳбат кардану истиқболи гарм ёфтан мушкил аст. ходимони суннатии дин, муллову муллонамоҳо аз як тараф, аз тарафи дигар манфиатҷўёни диниву сиёсии байналхалқӣ он қадар эътибори дини исломро костанд, ки мавриди малолатборони ҳамешагии қудратҳову гурўҳҳои гуногуни ҷаҳонӣ шудааст. Ҳам решаҳои терроризмро ба ислом пайвастанӣ мешаванд, ҳам экстремизмро ва боз кадом «измҳои» дигарро. Манфиати моливу маънавие, ки функсионерҳои исломӣ аз ташкилотҳои минтақавиву умумиҷаҳонӣ, давлатҳое, ки унвонашон исломӣ аст, шайху шуюхи босаводу бесавод мегиранд, аз ҳадди ҳисобу китоб берун аст. аммо ягон нафаре аз онҳо ҷуръат карда, туҳмату барбастҳоеро, ки ба ислом мекунанд, рад накард. Ҳатто кўшиши рад кардан ҳам накарданд. Танҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо ҷасорату ҷуръати ҳамешагиаш фарқ кардани исломи мубинро аз сиёсатбозиҳо ва манфиатҷўиҳо аз номи поку муқтадири ислом талаб кард. Ҳам дар Душанбе, ҳам дар Париж ҳангоми суханронӣ аз минбари ,неско 10 октябри соли 2005, ҳам аз ин минбари СММ, ҳам аз мингбариа Созмони Конфронси Исломӣ, дар шаҳри Макка, 7 декабр соли 2005 садо баланд кард ва даъват намуд, ки исломро аз ҳар гуна манфиатҷўиҳои иқтисодиву сиёсӣ бояд фарқ кард.
Барои ин мақсад заминаи варзида ва маъруфи ҳамагон зарур аст. аз ин ҷо сабаби афзудани рейтинги сиёсии Президент Эмомалӣ Раҳмон равшан мебошад.
Тадбир ва ақидаҳое, ки ў пешниҳод кардаас, ғолибан заминаи варзида, собиқаи қадимию антиқӣ доранд.
Аз ҳамин ҷумла ҳаракати умумиҷаҳонии «Об барои ҳаёт», ки дар заминаи таълимоти беҳдошти табиат ва ҷамият (экологияи ориёнии табиат в амаънавиёт –Спантахрата – хирад ҳикмати муқаддас) реша дорад. Хирад ва ақли чорасозе, ки чунин тадбирҳоро пиёда мекунад, маншаи фитрию табиӣ доранд. Ин маншаи табиӣ, вақте ки дар ҷавҳари қонунпешагон ва маърифатгароён сиришта мешавад, ба як маъҷуне, як мўмиёи табдил меёбад, ки инро ба истилоҳи Насриддин Тусӣ танҳо «Ҳакими ҳақиқии ҷомеа» эҷод карда метавонад.
Маданият ватандорӣ намунаи олии маданияти одамгароёнаи тоҷикӣ аст. Дар баробари ин маданият имрўз дар Ғарб маданият ва тафаккури хештанпарастӣ, манфиатгароӣ вуҷуд дорад, ки аҳли маърифати Ғарб аз он изҳори ташвишу нигаронӣ мекунанд. Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, ки заминаи одамгароёна, ғамхорӣ ба инсон дошт, ўро ҳмчун вориси ҳақиқии маданияти бостонии одамгароёна барои ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Ин дар риояти қадру матрабаи инсон дар ҳамаи тадбирҳои сиёсӣ ва рўзмарраи ў эҳсос карда мешавад. Аз ҷумла да расъори миллӣ.
Асъори миллии давлатии моро симои аҳли илм ва адаб ороиш медиҳад. Миллати тоҷик қаҳрамонҳои ҷаҳоншумуле дорад, ки дар ҳарбу зарб тимсоли сипаҳсолориву шуҷоатмандӣ шудаанд: Ораши Камонвар, Рустами Достон, Исфандиёри Руинтан, Спитамен, Ҷалолиддин Хоразмшоҳӣ, Темурмалик сафедҷомагону сиёҳҷомагон, Восеъ ва ғайра.
Аммо асъори миллии моро, ки бо имзои Эмомалӣ Раҳмон тасвиб шудааст, на симои аҳли шамшер, балки чеҳраҳои аҳли қалам –Шайхурраис Абўалӣ ибн Сино, Аллома Бобоҷон Ғафуров, устод Садриддин Айнӣ, устод Мирзо Турсунзода оро медиҳанд. Тарғиби фарҳанг тамаддун аз тариқи маърифатгароӣ, инсондўстӣ, қонунпешагӣ беҳтарин ташвиқу тарғиби маданияту маърифат аст.
Дар айни замон дурнамои сиёсати Тоҷикистони ҳуқуқбунёди демократиро намоиш медиҳад:- яъне давлати тоҷикон бо ханҷару шамшер ифтихор намекунад, ки таҳдиди ҷаҳонгириву тохтутоз дошта бошад.
Давлати тоҷикон тарғиби қаламу қаламкаш, сухану суханварро мекунад. Бағалашро ба сўи ҷаҳони башар кушодааст ва натиҷааш ҳам маълум аст, ки меҳмондўстии тоҷикон, яъне гуманизми онҳо инсондўстии онҳо ҷаҳонро ба ҳайрат гузоштааст ва қоил кардааст. Ба хотир биёрем, ки Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо донишҷўёни Донишгоҳи аграрӣ аз саргузашти даврони ҳунаромўзиашон ёд овард, ки маҷбур шуда буд либосашро ба ғизо иваз кунад. Вай гуфта буд: («ман он вақт донистам, ки Тоҷикистон чӣ будааст?») Албатта, бо риояти назокати сиёсӣ нагуфт, ки агар ҷавононе аз фалон давлат дар Тоҷикистон дар ин ҳол меафтад, аввал ин ки як мусофир, бахусус донишҷў, дар Тоҷикистон ҳаргиз ба сараш ояд ҳам, ба ин қадар сахтӣ дучор намеомад.
Давомдиҳандаи кори Бобоҷон Ғафуров
Аслан асолати маънавиёти тоҷиконро иззату эҳтироми инсон ташкил мекунад. Иззату эҳтироми шаҳрвандони Тоҷикистон. Ҷомеаи умумибашарӣ меҳвари андешаҳо ва фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ақида ба монанди як муҳаррик андешаҳои ўро ба умқи таърих, ба таҳқиқи равандҳои таърихӣ барои натиҷа гирифтан аз таърихи сиёсӣ ва фарҳангӣ роҳнамоӣ кардааст, ки натиҷаи ин мақолаҳо ва монографияҳои фундаменталию таърихӣ, ба мисли «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» мебошанд. Ҳангоми сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон, моҳи декабри соли 1995, Президенти Ҳиндустон Шанкар Шарма дар маросими мулоқот гуфта буд: «Мо дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори Бобоҷон Ғафуровро мебинем». Эътирофи Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меросбари воқеии маданияту сиёсати ҷаҳоншумули ориётоҷикӣ, эътирофи арбоби барҷастаи сиёсӣ, ки тамаддуни бостонро тавонистааст бо фаъолияти сиёсатмадори асрӣ тамзиҷ кунад, суннати сиёсати одамгароёна, гуманистие, ки аллома Б. Ғафуров дар дастгоҳи сиёсати абарқудрат мебурд, татбиқ кунад, пеш барад.
Маълум аст, ки Б. Ғафуров барои пешрафти сиёсати Ҳиндустон, ҳалли низоъҳои Покистону Ҳиндустон, Бангладеш, равшан кардани робитаҳои таърихии тоҷику ҳинд, саҳми тоҷикон дар маданияти Ҳинд, таъсири судманду муштараки тоҷику ҳинд хизматҳои шоиста кардааст.
Эътибору нуфузи Б. Ғафуров дар Ҳиндустон то ҳанўз баланду арҷманд аст. Аз ин нукаи баҳое, ки Президент ба Э. Раҳмон додааст, аслан эътирофи хизматҳои Президенти Тоҷикистон, эътирофи саҳми сиёсии ў дар муътадил кардани вазъи минтақа аст. Маърифату адолат ҳамеша чароғи роҳнамоии миллати мо буд ва мебошад.
Ҳар мушкилоте, ки имрўз низ дар рў ба рўи раванди глобализатсия барои миллати мо дар пеш истодааст, танҳо дар партави чилчароғи маърифат ва адолат ҳал мешавад.
Дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ ин масъала гузошта мешавад, ки дар айни замон ҳидояту раҳнамоӣ дар бунбасти раванди глобализатсияи мебошад. Дар ин паём ва дар суханрониҳову гуфтугўҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон вақе сухан аз тақдири миллат, ояндаи миллат меравад, мисраъҳои Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Мирзо Турсунзода ба ёд меоянд:
Аз ватан гўи сухан, дар мегирифт,
Дар ба мисли ҳезум тар мегирифт.
Вақте ў хоҳ бо ҷавонон, хоҳ бо дигар қисмҳову қишрҳои мулоқот доир мекунад, пеш аз ҳама ғамхории сарвари як ҷамъият ба аҳли ҷомеааш мушоҳида карда мешавад.
Дар миёни онҳо монанди як хирмани нур нурафканӣ ва меҳрафшонӣ мекунад, зеро андешаву фаъолияташ аз хирмани пурнуру гарми қонунпешагон, маърифатгароён, инсондўстон маншаъ гирифтааст.
Бешубҳа миллату маданияти тоҷикон оламшумул, ҷаҳонгир ҳастанд, хушбахтона, аҳли фарҳанги ҷаҳон миллати тамаддунофарин будани тоҷиконро эътироф кардаанд, хазинаи таърихиву ганҷинаи зиндаи маърифату фарҳанги мо мавриди эҳтиром ва омўзишҳост.
Аммо бояд эътироф кунам, бояд дар назар дошта бошем, ки ин ҳама сарват, шукўҳу шаҳомат қабл аз истеқлол ҳам вуҷуд доштанд, аммо гунгу сокит буданд. Таълимоти назариёти ҷаҳони мунаввари ориёнӣ танҳо дар дастраси доираи ихтисосмандон қарор дошту халос. «Ҷомеа бешубҳа медонист, ки Исмоили Сомонӣ исбот кардааст, ки девори давлату миллат агар хишт аст, заволпазир аст. Девори миллату давлат бояд шуҷоату муҳаббати шаҳрвандонаш бошад…»
Имондорона бояд қоил шуд ва эътироф кард, ки бузургмарде бо исму насаби Эмомалӣ Раҳмон ин Ватан, ин миллат, ин халқ ва ин забонро бо фарҳанги тамаддунсозаш дўст медорад, аз дилу ҷон ба ҳамааш муҳаббату сўзон дорад.
Маҳз истиқлоли сиёсии Тоҷикистон буд, танҳо муҳаббат меҳр ба ин фарҳанг, ғайрату ҷасорати сарвари Тоҷикистони соҳибистеқлол буд, ки ин дурдонаҳои шоҳворро аз ганҷ таърих берун биёрад, натиҷаи тозаву сарӣ бидиҳад. Як дафъаи дигар ҷаҳониёнро аз шаҳомату салобати ин фарҳанг баҳравар кунад.
Сарваре, ки нияташ одилона, суханаш орифона, амалаш ориёна аст, фарзанди Тоҷикистони азиз Эмомалӣ Раҳмон аст, ки сухани нобу обдор, сухани ширадору шифокори тоҷикиро аз минбарҳои расмии муътабари умумидунявӣ барои ҷаҳониён тақдим медорад.
Назри Яздонӣ
сармутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и
Китобхонаи миллии Тоҷикистон