Бебаҳс либоси миллӣ яке аз рукнҳои асосӣ ва ҷузъи бунёдии фарҳанги миллии мост. Барои пурра дарк намудани ин ҳақиқат ва дар амал татбиқ кардани он пеш аз ҳама дониши баланд ва худшиносии кофӣ лозим аст. Мутаассифона, бо сабаби ба талаботи рўзгори пурихтилофи имрўза ҷавобгў набудани донишу маърифати баъзе аз тоҷикдухтарони мо дар тарзи либоспўшии худ ба миллатҳои бегона тақлиду пайравӣ мекунанд. Агар мо ҳадди ақал аз он огоҳӣ дошта бошем, ки дар нақшу нигор ва тарҳу тасвири матоъ ва либосҳои миллӣ аз қабили атласу адрас, гулбасту чаканҳои дилкаши Кўлобу Раштон, ё ҷўробҳои мардуми Бадахшон чӣ рамзу асроре ниҳон аст ва чӣ маъниҳое ифода ёфтаанд, мо бегуфтугў бо ифтихор онҳоро ба бар мекардемва ҳеҷ гоҳ дунболи муд ва навгониҳои барои мо бегона намешудем ва аз ин тақлиду пайравиҳои беасосу бебунёд даст мекашидем. Нафаре, ки ба дараҷаи худшиносии миллӣ ва дарки хиради сиёсӣ расидааст, ҳаргиз барои худ ва барои наздикони худ иҷоза намедиҳад, ки арзишҳои ниёгонашро поймол кунад, зеро ў эҳтироми неъматҳои моддию маънавии миллаташро қарзи фарзандии худ медонад.
Агар мо мувофиқи қадду баст, ҷисму чеҳраи худ дуруст либос интихоб карда тавонем, чӣ либоси миллӣ ва чӣ либоси аврупоии классикӣ дар тани мо шинаму зебо менамояд. Дар баробари ин, агар мо аз маводи ороишӣ (косметикӣ) низ дуруст истифода бурда тавонем, ба худамон хушӣ ва ба атрофиён ҳаловат мебахшем.
Аз нигоҳи ман духтароне, ки дар хонаводаҳои зиёӣ тарбия дидаанд, завқи эстетикии дигари пӯшиши либос доранд. Пас чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ягона роҳи дуруст ва муносиб барои баланд бардоштани завқи эстетикии мо тоҷикдухтарон ин баланд бардоштани сатҳу савияи дониш ва худшиносии мо мебошад. Танҳо рўй овардан ба донишу маърифат метавонад моро аз мушкилоти зиёди фарҳангӣ, аз ҷумла тақлиду зиёдаравиҳои бемаънӣ, ки имрўз сари ҳар як қадам ба мушоҳида мерасанд, нигоҳбон бошад.
Манижабону Убайдуллоева
мутахассиси Маркази
«Тоҷикшиносӣ»