Соате бо “Ойини ойина” бошем ва баъд равем суроғи “Қалами найшакарӣ”

 “Ойини ойина” ва “Қалами найшакарӣ” исми ду китоби Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонист.  «Ойини ойина» аз саргузашт ва эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ ҳикоят мекунад. Андешаҳое, ки муҳаққиқон ва аҳли қалам дар бораи мушаххасоти эҷодиёти устод гуфтаанд, ҷолиби диққат ҳастанд. Қисмате аз саргузашти шоир, ки бо қалами ӯ пешниҳод мешавад шояд барои хонандагони арҷманд ибратбахш бошад. Китоб дар мачмӯъ васфу тантанаи дарду ифтихори ватандорӣ, роҳату ҷабри ишқу муҳаббат, андешаҳои бадеъ аз пастиҳо ва баландиҳои рӯзгори инсонаш, ки ба андешаи шоир, лаззату ширинии рӯзгори инсони дар ҳамин бешу ками зиндагӣ ҳаст.

 Оё муҳаққиқе, пажӯҳишгаре метавонад зиндагиномаи шоирро беҳтар аз худи ӯ бинвисад? Албатта не. Устод Назри Яздонӣ бори ин заҳматро кашидаву ин китобро таълиф карда, то зиндагиномаи дақиқу аниқи ӯро аз қалами ӯ бихонем. Устод менависад:

 Ман, Назри Яздонӣ (Назрулло Раҳматуллоев) 18-уми августи соли 1949 дар Вахё, қишлоқи Сангвор таваллуд шудаам. Модарам як умр хонашин буданд. Падарам муаллими забон ва адабиёт. Модарам зеботарин модари ҷаҳон, меҳрубонтарин, беҳтарини беҳтарин буд. Симои модарамро, дуояшро, тарзи андешаву либосашро дар «Модарнома» тасвир кардаам. Бисёр хушам меояд ҳар ки ин «Модарнома»-ро мехонад, бо камоли ваҷдухушнудӣ мегӯяд, ки «ин тасвири модари ман аст». Яъне тасвири модари ман, ки айни тасвири модари шумо, хонандаи азиз аст, як модари оддии тоҷик, модари муқаррарӣ, беҳтарин модари ҷаҳон, модаре, ки ормонаш, зисташ, зиндагиаш, сурудаш, саҳараш, шомаш, шабу рӯзаш, қалъаву қиблааш фарзанд аст. Маъмулан намедонад, ки сайр чист, сайёҳат чист, курорту санатория чист, аксари ин модарон парво ҳам надоранд, ки дар бозори либос кадом матоъ нав аст, кадом матоъ наву асрӣ (модный) аст... Яъне як бахшояндаи беназир, ки буду набудашро нисори фарзанд кардааст. Яъне воқеан беҳтарин модари ҷаҳон....

Идом аи ин матлабро ин ҷо бихонед.  

Дарёфти мавод: