Назри Яздонӣ: Муҳаббат метавонад дар вуҷуди як инсони бемаърифат ҳам бошад

Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ
-  Устод  Шумо аз ҷумлаи он шахсиятҳои баруманди миллат ҳастед, ки тўли фаъолияти беш аз 40 солаи худ мудом аз арзишҳои милливу асолати миллӣ ҳарф мезанед, дар ин замина таҳқиқоти комиле низ анҷом додаед. Баромадҳои Шумо дар телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мунтазам дар самти Ваҳдати миллӣ, асолати миллӣ ва худшиносии миллӣ садо медиҳад. Лутфан бигўед, ки тўли фаъолияти худ аз даврони Шуравӣ то замони истиқлол ба кадом муваффақияту дастовардҳо ноил гардидед?

- Бисёр ташаккур мекунам, ки ба корҳои ночизи ман таваҷҷуҳ доред. Аслан арзишҳои миллӣ бунёди аслии ҳар як миллат аст. Дар ин ҷаҳони густурдаву фишурда ҳар миллат зебоии худро дорад, рангу бўи хоси худу фарҳанги худро дорад. Ҳар кадоме ба қадри захираву заминаи фарҳанги илмии худ дар тамаддуни ҷаҳон нақше дорад. Яке камтар ва яке бештар ва ҳар кадом аз инҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ аҳамияти худро дорад. Тамаддунҳое, ки кўчӣ номида мешаванд, тамаддунҳое, ки ҳанўз ҳам дар вазъияти хеле бозмондагии маданӣ қарор доранд. Маданияту фарҳанги ин қавмҳои гуногун, аз ҷумла қавмҳое, ки бо сабабҳои таърихӣ ва бо сабабҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, бо сабабҳои сиёсӣ қафо мондаанд, имрўз ба ҳайси ҷаҳони сеюм шинохта шудаанд.

Шумо дар бораи то куҷо муваффақ гардиданам пурсидед. Боиси хушҳоливу сарфарозӣ тинҷиву оромии кишвар аст, ки то имрўз ба ҳадди имкон ҳаракат дорам ва бояд шукр ҳам гўям. Чаро ки тўли фаъолиятам аз даврони кўдакӣ, аз замоне, ки марҳум падарам дар қайди ҳаёт буданд ва маро дар ҷодаи фарҳангу маданият тарбият намуданд, мудом дунболи илму машғулияти илмӣ гардидам.

Гуфтан мумкин аст, ки аз замони наврасӣ ба муваффақият ноил гардида будам. Ба хусус аснои таҳсил дар Донишкадаи омўзгории ба номи Қандил Ҷўраев аввалин шеъру мақолаҳои илмиам ба нашр расида буданд. Дар озмунҳои шеърӣ ва илмии донишҷўён ширкат варзида, аз муваффақиятҳо ақиб набудам.

Баъди хатми Донишгоҳ дар бахши таърихи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омадам. Соли 1981 дар Алма-Ато дар мавзуи Фалсафаи Ибни Сино дар «Ишорот ва танбеҳот» рисолаи номзадии худро ҳимоя намудам.

Тўли чанд сол дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи равобити адабӣ кор кардам. Аз соли 1991 ба Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумат ба сифати мудири шуъбаи назорат ва ҳамоҳангӣ ба кор даромада, то соли 1999 кору фаъолият намудам ва баъдан ба Академияи Илмҳои Тоҷикистон, Институти фалсафа ва ҳуқуқ ба кор омадам. Бояд гўям, ки тўли фаъолият дар ин даврон ва то имрўз комилан ба кори илмиву эҷодӣ машғул ҳастам.

Агар сафар намудан ҳам яке аз муваффақиятҳои инсонӣ шумурда шавад, банда ба мамолики Ҳиндустон, Венгрия, Русия ва аксари ҷумҳуриҳои собиқ шўравӣ, Ирон, Ироқ, Туркия, Сурия, Урдун, Арабистони Саудӣ, Қатар сафарҳои хидматӣ анҷом додаам.

Як муддати дигар дар вазифаи сардори шуъбаи байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират низ фаъолият намудам ва бо хоҳиши иддае аз дўстон масъулияти Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллииро солҳои баъдӣ бар дўш гирифтам. Дар ин Маркази илму ҳунар ҳам муваффақ бар он гардидам, ки таҳияву коркарди силсилакитоби «Тоҷнома»-ро ба роҳ монем. Феълан ба тариқи шартномавӣ дар ин Марказ фаъолият дорам.

Ашъори навиштаи камина дар китобҳои «Меҳрбон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Нурборон», «Дилнигора», «Нурполо», ва «Фалсафаи Ибни Сино дар китоби «Ишорот ва танбеҳот», «Маданиятшиносӣ», «Ҳикмати озодагон» мақолаҳои илмӣ ва публисистӣ ҳам, ки зиёда аз 130 номгўй мебошанд ва маҷмуаҳои дастҷамъӣ чоп шудаанд. Шеърҳоям ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ, украинӣ, эстонӣ, олмонӣ, тарҷума ва нашр шудаанд. Дар шеъри худ то андозае кўшидам, то дар заминаи анъанаҳои шеъри классикӣ, шеъри ҷаҳонӣ, шеъри мардуми тоҷик, шеъри нимоӣ, шеъри тоза гўям. Талош намудам, то ки дар шеър сухани тоза, пурмаънову, фаҳмо, зебо ва гўё бошад.

  - Хеле хуб. Возеҳан маълум аст, ки умри худ сарфаи шеъру дониш намудаед, ин аз ҷумлаи муваффақиятии худи Шумо аст. Ҳамзамон аз як чанд забонҳои хориҷӣ китобу достонҳо тарҷумаву баргардон кардаед.

  - Бале, то қадри имкон аз забонҳои русӣ, инглисӣ, арабӣ, ўзбекӣ, урду, украинӣ мавод тарҷума намудам. Шеъру достонҳо ва қиссаҳои А. Пушкин, М. Лермонтов, В. Шекспир, Ҷ. Байрон, Алӣ Сардор Ҷафрӣ, роману повестҳои Л. Каррол, З. Бистшитская ва дигар адибони ҷаҳониро тарҷума кардам. «Ишорат ва танбеҳот»-и Ибни Синоро бошад, бо ҳамқаламии Мусо Диноршоев ва Тоҷиддин Мардонӣ аз забони арабӣ ба русӣ гардонидем. Аз ҷумла, чанде баёзҳои (антология) манзум, мансур, фолклорӣ таҳия ва тавзеҳ намуда будем, ки ба забонҳои гуногун дар Киев, Минск, Таллин, Тошканд, Тифлис, Ҳаной, Прог, София ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон нашр шудаанд. Бояд қайд намоям, ки нашри саввуми китоби “Ҳикмати озодагон” дар тараддуди нашр шудан аст...

  – Устод муҳтавои “Ҳикмати озодагон” аз чӣ иборат аст, оё нашри баъдии ин китоб шарҳу иловаҳо дорад ва кай тасмим аст аз чоп барояд?

  - Ин китоб аслан дар жанри эссе навишта шудааст. Муҳтавои он фалсафиву адаб ба тадбиру тақдири ҳуввияти миллӣ ва фарҳанги имрўзаи тоҷикон бахшида шудааст. Дар ин асар моҳияти маданияти тоҷик, мавқеи он дар тамаддуни ҷаҳонӣ, хусусиятҳои асолати миллӣ, моҳияти иҷтимоӣ, сиёсати ваҳдати миллӣ дар гирдобу тундбоди беамон, бебозгашт будан ҷаҳонишавӣ мавриди таҳлили ҷиддии усулӣ ва илмӣ қарор гирифтааст. Нашри саввум тақрибан 70 дарсад маводи нав буда, тасмим аст, ки рўзҳои наздик аз чоп барояд.

  –  Дар радиову телевезион аз шеъру таронаҳои Шумо зиёд месароянд ва аксари онҳо таронаҳои ваҳдатгароӣ мебошанд...

- Дар радиои ҷумҳурӣ беш аз 50 суруди ман сабт шудаанд, ки аксари онҳо тантанаи ватандўстиву ваҳдатгароӣ мебошанд. Дар телевезиони кишвар ҳам сурудҳое ба монанди «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Ориёни бостонам, Тоҷикистони ҷавонам», «Таронаи ҳамдилӣ», «Суруди Ваҳдат», «Ишқи нуронӣ», «Сарзамини камзамини беканор» дар ҳамаи шабакаҳои телевезиону радио мунтазам садо медиҳанд ва дар аксари чорабиниҳои бузурги давлатӣ низ иҷро мешаванд. Таронаи “Тоҷикистон беҳтар аз ҷон” барои ман чанд лаҳзаҳои хотирмон дорад. Қисса кўтоҳ, яке аз онҳо ин аст, ки як марди солдида дар роҳ арзи эҳтиром кард ва гуфт, ки – маро аз муҳоҷират аз як гўшам хоки ватан мекашид ва аз гўши дигарам суруди “Тоҷикистон беҳтар аз ҷон” ва дигар сурудҳоям, ки дар васфи ватан равона шудааст, дар торнамоҳои иҷтимоӣ хонандагону шунавандагони худро доранд. Барои мисол суруди “Сафири ватан”-ро, ки аз ҷониби ҳунармандони тоҷики худамон омодаву сароида шудааст фақат дар сайти “Ютуб” мухлисонаш ба чандин ҳазор расидааст ва ман аз ҳунармандони ватаниам низ ташаккур мекунам.

Силсилаи “Тоҷнома” феълан 50 китобро дар бар мегирад

  – Пештар зикр кардед, ки аснои масъулияти Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллииро бар дўш доштанатон муваффақ бар он гардидед, ки таҳияву коркарди силсила “Тоҷнома”-ро дар ин Марказ ба роҳ монед, лутфан гўед, ки ин фикр ё идеяи кӣ буд ва ин силсила аз чанд китоб бояд иборат бошад ва то кадом давра бояд равад, ҳадаф чист?

- Бале, андешаи чунин як маҷмуаи базурге, ки саҳми тоҷиконро дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо санаду ҳуҷҷатҳои дақиқ нишон диҳад, мавқеи миллати манро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ равшан кунад, ҳамеша як орзуи ман буд. Хушбахтона, соате шуд, ки ин ақида бо академик Носирҷон Салимӣ ба ман гузошта шуд ва соати саодат будааст, ки маслиҳати ба амал овардани ин орзу дастгирии воқеӣ ёфт. Ба назари ман ин лоиҳа бисёр муҳим аст дар самти ҳам шинохтани миллат хештанро ҳам истиқлоливу сарбаландона хостани ҷои миллатро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Агар мо тавонем дар солҳои наздик ин силсиларо ба пуррагӣ ба нашр супорем, ин муваффақиятии кишвар аст. Албатта, ин кор кори саҳлу содда нест ва заҳмати зиёд талаб мекунад. Ва тибқи лоиҳа ин силсила феълан аз 50 китоб иборат аст ва баъдан мувофиқи барнома ҳамаи ин китобҳои силсилаи “Тоҷнома” ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забони инглисӣ тарҷума ва нашр шавад, инчунин ба хати форсӣ низ баргардонидан аз манфиат холӣ нест ва шояд ба забони арабӣ ҳам нашр гардад.

Бояд қайд намоем, ки ин ҳама корҳо дар ҳоле амалӣ мешаванд, ки кишвари азизи моро сулҳу салоҳ ва оромиву амният фаро гирифта бошад.

  - Имрӯз мушоҳида мекунем, ки иддае аз ҷавонон аз фарҳангу арзишҳои миллии худ бохабар нестанду ба фарҳанги бегона рў меоранд. Мехостам назаратонро дар ин бора бифаҳмам: чигуна ҷавононро дар рўҳияи миллӣ метавон тарбия кард, ба назари шумо фикри солим чист ва андешаи миллӣ чист?

  - Агар диққат карда бошед, ман дар навиштаҳову баромадҳоям дар ашъорам, хусусан дар се-чор соли охир як ҳукмро ҳамеша таъкид мекунам: Имрўз хатти сангари набардҳои минтақаву ҷаҳонӣ аз майдонҳои оташу дуду хуни минтақаҳои даргир намегузаранд, балки аз мағзҳову андешаҳо мегузаранд.

Бародари гиромӣ, интилигент ҳастӣ, масъул ҳастӣ, ки ин алифборо (хати форсӣ) бояд донӣ. Адабиёти худро, таърихи худро, бояд донӣ. Омўхтани ин алифбо ҳам он қадар мушкил нест. Ман шахсан як дарси форсиву дарси алифбои арабӣ нахондаам, вале аз синфи ҳаштум ин алифборо мехонам. Дар ин таҷрибае, ки дорам ҳатто нафаронеро дарс додам, ки дар ҳафт дарс китобхон шуданд.

Андешаи тамоми миллат хусусан ҷавонон аз ҳайси шинохти манфиатҳои миллӣ бояд ба монанди як қалъаи на инки сангӣ балки пулодин бошад. Ин қалъа дар айни замон хусусиятҳои технологияи навинро бояд дар вуҷуди хештан парвариш карда бошад. Яъне, тафаккури чун қалъаи пулодин бошад, ки дар айни замон филфавр ба падидаҳои барои манфиати миллӣ судманд кушодаву истиқбол кунад ва ҳамчунин филфавру онан аз камтарин хатаре, ки барои манфиатҳои миллиаш пайдо шавад, пешгирӣ, мубориза, ҷавоби салоҳиятмандона дода тавонад...

  - Вазъи забони адабӣ дар замони истиқлолият ба таъбири Шумо…

  - Забон яке аз неъматҳои дараҷаи аввали ҷаҳони инсонӣ аст, ҳатто андешаҳои зебо, орзуҳои ширин дар зеҳни инсон ба воситаи забон сурат мегирад. Забони тоҷикӣ хушранг аст, хушбўй аст, хушоҳанг аст, мавзун аст, ба вазъи камолоти гармония расидааст.

Забони тоҷикӣ забони меҳрубонист. Як мастчоҳӣ шояд «Марҳабо» ҳам мегўяду «Хуш омадед» ҳам. Аммо маъмулан ва ғолибан мегўяд: «Дар қадамотон мурам», як панҷакентӣ дар тамоми умраш ҳаргиз «додарам» ё «хоҳарам» намегуфт, балки мегўяд: «додаракам», «хоҳаракам». Як ҷавони ошиқ, аз ҳар минтақае бошад калимаҳое, таъбирҳое, ба монанди инҳо саршор аз меҳрубониро арз мекунад. Имрўз аст, ки барои мо тақрибан одат шудааст бишнавем: «Қошота бухуруме». Албатта, гўянда қасди хўрдани абрувони мавриди муҳаббатро надорад. Мехоҳад бигўяд: «Абрувони шумо зебо ҳастанд, гўё рассоми чирадасте онҳоро кашидааст». Ӯ аз мероси бобоиаш бебаҳра мондааст, ки дар чунин маврид гуфта буд: «Қошони сиёҳи қаламита садқа», зеро агар аз як ҷониб таъсири айёми зудсайр бошад, ки ба ҷавон имконият надодааст, аз хушиҳо ва лаззатҳои маънавиёти аҷдодаш баҳравар шавад, аз ҷониби дигар на дар хона, на дар муассисаҳои таълимиву тарбиятӣ дарси шинохти хушиҳо ва лаззатҳои маънавиро нагирифтааст. Дур аз асолати маънавии аҷдодаш мондааст.

Мо одат кардаем, ки мегўем ва мешунавем: «духтари хушрў», «суруди хушрў», «туфлии хушрў» ва ҳама чизи дигар, ки гўё ба ғайр аз «хушрўй» ҳаргиз намегўем, ки ин хонум латофат дорад, малоҳат дорад ё ширинсухан аст, меҳрубон аст, покиза аст, дасту даҳони пок дорад.

Бузургдошти забони тоҷикӣ дар замони истиқлол ба андешаи ман гиромӣ доштани ин забон, қадри онро шинохтан асту шаҳомат, солорӣ, тобишҳои эҳсоси инсонии онро риоят кардан. Ногузир ва филфавр тағйироти ҷиддӣ дар таълифи фонетика, морфология, грамматикаи забони тоҷикӣ тадбирҳои судманд анҷом додан зарур аст. Мушкил бошад ҳам, аз қайди тақлиди забоншиносии ғайр берун омада, тибқи талабот ва қоидаҳои асолати забоншиносии классикӣ амал карда, ҳатман дар барномаи мактабҳои ҳамагонӣ дарси луғат ворид намуда, тадбире андешидан даркор аст, ки забони матбуоти даврӣ беҳтар шавад. Забонро аз олоишот нигоҳ дорем...

Дар ҳар сурат имрўз шикоят аз пулдорони бузург вуҷуд дорад, ки бадбахтии ҷаҳон аз барномаҳои онҳо сарчашма мегиранд. Маъмултарини онҳо «Кумитаи сесадгона», «Маҳфили Римӣ», лоиҳаи «Миллиарди тиллоӣ» ҳастанд. Лоиҳаи «Миллиарди тиллоӣ» пайрави назарияи Малтус аст. Назарияаш ин аст! Наздик ба ҳашт миллиарду зиёда аз он будани инсон зарур нест. Дар курраи замин як миллиард инсон бояд зиндагонӣ кунад. Несту нобуд кардани «Инсонияти барзиёд» ҳам дар нақшаашон ҳаст. Ба монанди ин аст, ки қавмҳои славянӣ ба воситаи шаробзадагӣ, нашъамандӣ, фаҳшу фуҷур бояд кушта шаванд. Сиёяҳпӯстони африқоӣ ба воситаи вирусҳои сунъӣ, - «эбола», «зика», «спид». Миллатҳои мусулмонро, ки бо шаробу нашъа, фаҳшу фуҷур нест карда намешавад аз тариқи низоу ҷангҳои қавмӣ, мазҳабӣ бояд кушт. Ба назар мерасад, ки фоҷиаи Сурия татбиқи ҳамин гуна лоиҳа аст. Яъне «Диктатураи Башар Асад» матраҳ нест. Асли мақсад ба ҷони ҳам андохтани сунниёну шииён аст, ки дар партави ин лоиҳа таърихи шиаи сафавӣ ҳамчун таърихи омодагии куштани шиаву суннӣ ба дасти якдигар аст. Яъне, ин омодагӣ зиёда азшашсад сол дорад.

-   Устод, Шумо дар васфи забони тоҷикӣ зиёд ҳарф мезанед ва биёед дар бораи хати ниёгон ҳарф занем дар бораи хате, ки гузаштагони мо мардуми форсу тоҷик аз он ба хубӣ истифода мекарданду ҳоло онро то андозае мавриди истифода қарор дорем ва албатта кам аст, чӣ бояд кард ки ин хат, яъне шояд “хати миллӣ”-и худ гўем, мавриди истифодаи ҳамагон қарор гирад?

  - Алифбои арабиасоси форсии тоҷикӣ бо зарурати таърихӣ бар асари қабул кардани мардуми форсигўву тоҷикзабон аз сарҳади Сурия то Ҳинд роиҷ шуд. Ин алифбо барои тасвир, бозгўй кардани назокат, латофат ва балоғати фонетикаи забони тоҷикӣ хурўҷи ҳуруфи тоҷикӣ аз қадамҳои аввалин мушкилоте дошт ва ин мушкилот дар осори классикони мо ҳарҷо-ҳарҷо ёдовар шудаанд аз ин мушкилот ва ин ҳикмате, ки мегўянд оқилон пайрави нуқат набуданд. Ин ҳам як ишораву як кинояи мавзуъ, ки ба нуқсони алифбои арабӣ дорад, ки садои фонетикаи забони тоҷикиву дариву форсиро комилан бозгўй кардану тасвир кардан навиштан наметавонад. Дар айни замон фазилатҳое дорад. Қисми аз бузургони мо ин алифборо алифбои фаросат гуфтаанд. Яъне чи? Фарз кардем ки «шир» ва «шер» дар ин алифбо як хел навишта мешавад, мо метавонем инро «шир» бихонем ё метавонем «шер». Дар ин ҷо кадом роҳу усул аст, ки дар матн он калимаи дурустро бихонем. Дар матн бояд «шир» бошад ё «шер» бошад. Ин фаросат аст. Ин гуна фаросат барои алифбои арабиасоси мо додаанд, ки ин алифбо дар зеҳни як нафар, дар зеҳни як кўдак аз қадамҳои аввалин қудрати фаросатро тарбият мекунад. Яъне, як нафар дар айни замон, ки алифбо меомўзад, малакаҳои фитриву ҳадсиву фаросатии худро тарбият мекунад. Дар ҳар сурат атрофи ин мавзуъ гуфтугўи зиёд аст. Дар атрофи ҳам алифбои арабиасоси тоҷикӣ ва ҳам алифбоҳои собиқаи ҳар кадоми онҳо як зебоии худро доранд, ҳатто дар навиштор ва ҳатто дар шакл. Китоби аҷдодони мо ба забони арабӣ баргардонида шудааст. Дар ин маврид суҳбатҳо зиёда аз чил сол давом мекунад, ки ин алифбо бошад ё набошад, алифбои кириллӣ бошад ё арабӣ бошад? Ақидаи ман ин аст, ки масъала он масъалаи вазнине нест, ки ин қадар қудрати зеҳнӣ ва ин қадар вақти аҳли қалам аз савод ба ин сарф карда шавад. Мо корҳои зиёде дорем, ки ин қувваи зеҳниву сиёсӣ ба он ҷо равона карда шавад. Аз он ҷумла, шинохти асолати эҳёи асолати сиёсӣ. Пойбарҷой доштани симои шахсии миллат. Ин яке аз ин масъалаҳое дар баробари дигар масаъалаҳо аст. Аммо зарурат чист фарз, қарз чист? Ин аст, ки ин алифбо ба он ҳадде алифбои дастнорас, алифбои мушкиломўз нест, ки он дар атрофи он мубоҳот кунем. Ақидаи ман ин аст, ҳар зиёие, ки муҳаббат ба ватан дорад, муҳаббат ба гузаштаи худ дорад, бидуни ин муҳаббат ў зиёӣ буда наметавонад, бояд ин алифборо бидонад. Муҳандис аст, табиб аст, муаллим аст, ҳар касе набошад, бояд ин алифборо омўзад. То имрўз мутаассифона як қишри тоҷикон вазифаи таърихии масъулияти иҷимоиву фарзандии худро дар назди миллат эҳсос намекунад. Бубинед мо ба чи муносибатҳо рўбарў мешавем. Фарз кардем як нафаре муҳандиси об аст, муҳандиси мошин аст адабиёту таърихро хуб медонад, ҳатман ифтихор мекунад. Ман филолог нестам, муаррих нестам, аммо алифбои арабиро медонам, шеъру суруд медонам. Дар ҳар сурат интеллегент дар баробари ихтисоси худаш ҳатман алифбои форсиро бояд донад. Бубинед, як нафаре, ки маълумоти олӣ дорад, адабиёти худро надонад, чигуна соҳибмаълумот аст ў?! Як нафаре, ки маълумоти олии тиббӣ дорад, ў чигуна маълумот аст, чигуна метавонад масъулияти худро дар ҷомеа иҷро кунад, яъне масъулияти пуштибони маданияти худ будан. Вориси маданияти худ будан. Ин масъала бисёр масъалаи саҳл аст. Ин масъала он масъале нест, ки то ин ҳад печида карда шавад. Ин масъалаи бисёр сохтааст. Бародари гиромӣ, интилигент ҳастӣ, масъул ҳастӣ, ки ин алифборо бояд донӣ. Адабиёти худро, таърихи худро, бояд донӣ. Омўхтани ин алифбо ҳам он қадар мушкил нест. Ман шахсан як дарси форсиву дарси алифбои арабӣ нахондаам, вале аз синфи ҳаштум ин алифборо мехонам. Дар ин таҷрибае, ки дорам ҳатто нафаронеро дарс додам, ки дар ҳафт дарс китобхон шуданд. Яъне, диққат даркор, меҳнат даркор. Омўзиши ин алифбо то он ҳадде воҳима нест, ки кадом кўҳ ё кўҳи Қоф ё кадом масоили математикиро ҳаллу фасл карда бошӣ, яъне ягон мушкилоти чиддие надорад. Он алифбои расмие, ки алифбои кириллӣ аст ин ҳам як фазилатҳои худро дорад ва фазилаташ ҳам ин аст, ки бисёр дастрас аст. Миллат бояд саросарӣ босавод бошад. Маърифат чароғи саодат аст. Як нафар бесавод дар миллат набояд вуҷуд дошта бошад. Аз ин рў алифбои кириллӣ бисёр осономўзу содда аст.

Алифбо яке аз арзишҳои ҳар як миллат аст

  – Пас он чи ки дар мактабҳои умумӣ омўхта мешавад, оё кифоя намекунад?

  - Он чизе, ки дар мактабҳо аз фанни алифбои ниёгон тадрис мешавад дуруст аст, ки кифоя намекунад, вале агар шавқ дошта бошад, муносибати ҷиддӣ дошта бошад, хонданро ёд мегирад. Гузашта аз ин ки мутахассиси кадом соҳа аст бояд дар баробари ин алифборо донад. Танҳо шиштан даркор, омўхтан даркор, яъне ҳеч мушкилие надорад.

Алифбо яке аз арзишҳои ҳар як миллат аст. Ва як хусусияти дигар дорад, ки ҳам арзиши моддӣ аст ва ҳам арзиши маънавӣ. Дар марҳилае, ки мо имрўз умр ба сар мебарем, масъалаи арзишҳо аслан масъалаи тақдирсоз аст. На танҳо барои миллати тоҷик, балки хусусан барои ҳамаи он миллатҳое, ки аз зери назорати Иттиҳоди шуравӣ берун буромадаанду мустақил шуданд ва барои тамоми ҷаҳон. Хусусан баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди шуравӣ. Ҳақиқати илми ҷомеашиносӣ ин аст, ки яке аз ҳақиқатҳо яке аз ҳукмҳои мусаллам аст. Баъд аз даврони даврони гулгулшукуфтани эҳсосҳои миллӣ сурат гирифт. Дар даврони шуравӣ ҳарчанд дар ягон қонун сабт нашудааст, ки кадом миллате кадом бартарие дорад, миллатҳо баробар дониста мешуданд. Ҳамаи миллатҳо озод дониста мешуданд. Аммо нонавишта, ин гуна қоида расм шудаву маъмул набуд, ки намояндаи як миллат дар бораи ифтихороти миллии худаш суҳбат кунад. Танҳо гурҷиҳо чун дар бораи кадом арзишҳои миллати худ суҳбат мекарданд, ки ҳатман саркўб мешуданд. Бубинед, вақто ки китоби аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» нашр шуд муддати 3-4 сол зери шиканҷаи ҳарифонаш, дасгоҳи ҳукуматӣ қарор гирифта буд, ки «дигарон аз тоҷикон чӣ камӣ доранд, гурҷиҳо аз тоҷикон чӣ камӣ доранд, ки тоҷикон китоби махсусе ба номи «Тоҷикон» доранд, шиносномаашон шудааст, дигарон надоранд. Ин миллатчигист, худхоҳии миллӣ аст».

Имрўз на танҳо дар миллати мо, давлати мо, балки аксари кишварҳо кўшиш доранд, то миллати худро шинохта бошанд. Дар паҳлуи мо миллатҳое ҳаст, ки бо шиору маводи худ сабқат карданӣ мешаванд, ки бо миллати қадимаи тоҷик баробар гарданд. Талош меварзанд, ки худро ба маданияти авастоӣ пайванд кунанд. Ҳар миллат дар он шакле ҳаст, ки ҳаст он гуна, ки ҳар як инсоне, ки ба рўи замин меояд ба он шакле зебо аст, ки ба бунёд омадааст, ҳабашӣ бо шакли ҳабашии худ зебо аст, бародари чиниҳову ҷопониҳо бо шакли худ, ҳиндуҳо бо шакли кабудиву сиёҳии худ зебоянд. Дар ҳар сурат шинохти арзишҳо дар миллат зарур аст. Ба хотири зинда нигоҳ доштани миллат. Ҳар як миллат тараққиву рушду нуму додагони худро дорад. Аз ин нуқтаи назар донистани арзишҳои миллии мо ба по доштани онҳо ин яъне зинда нигоҳ доштани онҳо аст. Мо имрўз дар баробари тамаддуни пешрафтаи техникӣ аз воситаҳои техникӣ истифода мебарем. Инсоне, ки гузаштаи худро намедонад, ҳафт пушти худро намедонад, дар як ҷомеае хўрд ҳам мавқеи хурд пайдо карда наметавонад. Ҳол он ки имрўз мо зарурат дорем, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи шоистаи миллати худро пайдо кунем, дар ин ҷо донистани арзишҳои миллӣ моро қувват медиҳад, садои моро баланд мекунад. На ин ки моро ба ақиб барад.

Рахна дар ваҳдати миллӣ, рахна дар тақдири ҳар як шаҳрванд аст

  – Устод, ҷаҳониён ба хубӣ медонанд, ки аз ҷанг танҳо харобӣ ҳосил мешавад. Ин кишварҳое, ки аз ин гиру дорҳо ба гуфтаи худашон “манфиат” мебаранд ҷаҳонро аз ҷумлаи кишвари азизи моро ҳам нооромии онҳо таъсир гузоштааст чӣ бояд кард?

 - Ибтидои асри XXI даврони баркандани қулфҳои асрори сиёсӣ шуд. Падидаи Ҷуллиан Оссанж, Эдвард Сноуден ва таҷассуми шикастани асрорхонаҳои сиёсати ҷаҳонӣ шуд. Аксарияти ҷомеаи инсонӣ аз тариқи технологияи нави иттилоотӣ аз найрангу тавтиаҳо, дугуна будани дилу забони сиёсатмадорони ҷаҳон огоҳ шуданд. Огоҳи истидлолӣ, ҳуҷҷатӣ, гуфторӣ, дидорӣ.

Огоҳии муҳимтарин он аст, ки глобализатсия раванди рушду тараққии эволютсионӣ, қонуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаст, бебозгашт, беамон аст, аммо дар айни замон идорашаванда ҳаст. Идора кардани глобализатсия дар қабзаи як давлати муайян нест. Ҳатто дар қабзаи давлати абарқудрат ҳам нест. Ин қудратҳо табақае дорад, ки соҳиби мутлақи кулли ҷаҳон, моликияи ҷаҳонӣ аст.

Имрўз ҳам натиҷа гирифтан мушкил аст, ки ин қудрат дар як шакли муназзаму мукаммали як ташкилоти сиёсӣ вуҷуд дорад ё не? Имрўз ҳам бештари воридони матлаби мавриди назар бадгумонӣ ба саҳёнизму массонҳо доранд, ба яҳудиён доранд. Аммо таърих исбот мекунад, ки яҳудиён ҳам монанди миллати дигаре бадкорон ҳам доранд, накўкорон ҳам. Ба қавли маъруф инсоният ба миллатҳои дигар, ба мазҳабҳо тақсим шудааст. Ба ҳизбҳову фирқаҳо тақсим ҳаст, аммо нишони асосии фарқу тақсими инсоният ин аст, ки ё хуб ҳаст, ё бад. Ин тақсимоти соддаи мардумӣ дар айёми глобализатсия сареҳу равшантар шудааст. Агар пулдорони бузург ҷаҳондоранд, пас Марк Сукербургер кист? Ў ҳанўз сисола нест. Ба шукронаи таваллуди духтараш 90 дарсади дороияшро чаро барои хайрия медиҳад? Чаро 3 миллиард доллари худу ҳамсарашро барои чорасозии бемориҳои сироятӣ хайр кард?

Дар ҳар сурат имрўз шикоят аз пулдорони бузург вуҷуд дорад, ки бадбахтии ҷаҳон аз барномаҳои онҳо сарчашма мегиранд. Маъмултарини онҳо «Кумитаи сесадгона», «Маҳфили Римӣ», лоиҳаи «Миллиарди тиллоӣ» ҳастанд. Лоиҳаи «Миллиарди тиллоӣ» пайрави назарияи Малтус аст. Назарияаш ин аст! Наздик ба ҳашт миллиарду зиёда аз он будани инсон зарур нест. Дар курраи замин як миллиард инсон бояд зиндагонӣ кунад. Несту нобуд кардани «Инсонияти барзиёд» ҳам дар нақшаашон ҳаст. Ба монанди ин аст, ки қавмҳои славянӣ ба воситаи шаробзадагӣ, нашъамандӣ, фаҳшу фуҷур бояд кушта шаванд. Сиёяҳпӯстони африқоӣ ба воситаи вирусҳои сунъӣ, - «эбола», «зика», «спид». Миллатҳои мусулмонро, ки бо шаробу нашъа, фаҳшу фуҷур нест карда намешавад аз тариқи низоу ҷангҳои қавмӣ, мазҳабӣ бояд кушт. Ба назар мерасад, ки фоҷиаи Сурия татбиқи ҳамин гуна лоиҳа аст. Яъне «Диктатураи Башар Асад» матраҳ нест. Асли мақсад ба ҷони ҳам андохтани сунниёну шииён аст, ки дар партави ин лоиҳа таърихи шиаи сафавӣ ҳамчун таърихи омодагии куштани шиаву суннӣ ба дасти якдигар аст. Яъне, ин омодагӣ зиёда аз шашсад сол дорад.

Ҷои тааҷҷуб аст, ки оё дар миёни зиёда аз якуним миллиард мусалмони сунниву шиъӣ чаро нафаре пайдо намешавад, ки ҳадди ақалл бигўяд: «эй мусалмонон шиа ҳастед ё суннӣ аз куштани якдигар барои мо манфиате нест. Худкуширо бас кунед!».

Воқеаҳои ҳалокатбору ҷаҳонсўзи чанд соли ахир дар Югославия, Ироқ, Либия, Афғонистон, Сурия ба гунаи пўшидаву печидатар вайронкориҳои низоми давлатии Колумбия, Венесуела, Бразилия, Украина ошкоро намоиш доданд, ки амири худкомаи имрўзи ҷаҳон Штатҳои Муттаҳидаи Амрикост.

Мо метавонем ба сиёсати ҷаҳонӣ кор надошта бошем. Аммо сиёсати ҷаҳонӣ ба мо кор дорад. Яъне, шинохтани сиёсати ҷаҳон, шинохтани фаъолу ҳушмандона барои мо фарз аст. Ҳар як шаҳрванд бояд дар зеҳнаш дирояти омодаи сиёсатшиносиро тарбият кунад. Аввалин, заруртарин, муассиртарин қадами ин фарз андешаи ваҳдати миллат аст. Ваҳдати пулодин, рахнанопазир. Дар назар ҳам дошта бошем, ки имрўз хати набардҳои беамон на дар фронти Сурияву ғайраҳо мегузарад, балки хати набард дар зеҳнҳо мегузарад. Набарди ҷаҳонӣ барои тасарруфи андешаҳо ҷараён дорад.

Табиати инсон низоъ дорад, ихтилоф дорад. Аммо инсон бояд қудрате дошта бошад, ки ин ихтилофу низоъи ногузирро лаҷом зада тавонад. Ин гуфтугўҳо малолиҳову малолатҳо метавонад дар хонавода бошад. Миёни дўстон бошад, дохили ҳизбҳо бошад, аммо ба манфиати миллат роҳ наёбад. Рахна дар ваҳдати миллӣ, рахна дар тақдири ҳар як шаҳрванд аст, тири ҳалокати ҳар як нафар аст…

  – Устод инсони комил ба назари Шумо кӣ буда метавонад?

  - Назарияи инсони комил яке аз дастовардҳои мутафаккирони ориёни тоҷикӣ хусусан аҳли машшоъ ва тасаввууф дар тамаддуни умумибашарист. Ин назария дар саросари ҷаҳон хусусан аз назари мутафаккирони англис, франсуз, олмонӣ ва рус мавриди диккат ва эҳтироми алоҳидааст.

Ин назария дар ҳар ҷараён хусусиятҳои хос дорад. Дар байни мардум назарияи аҳли тасаввуф бештар роиҷ аст, машҳур аст. Ба сабаби ин ки тобиши худошиносӣ дорад. Ба назари мо дар айни замон татбиқи дунявӣ ҳам дорад. Тафисири дунявии назарияи инсони комил аз он нуқтаи назар муҳим аст, ки бениҳоят аст. Инсони комил як нуқта ё як мақоме надорад, ки гуфта шавад инсон дар ин мақом ба камолот мерасад. Яъне, аз он ҷо ки қудратҳои фитрии инсон ниҳоят надоранд барои мисол аз самак то само аз кайҳон то хурдтарин зарраи атому нейрон дастрасӣ дорад, қудрати ишқу нафрати инсони оқил хотима надорад инсон бояд ҳамеша дар масири беҳтар кардани қудратҳои маънавии хештан бошад.

Имрўз ҳам ин таълимот барои мо коромад аст, зеро ҷаҳони имрўза дар ихтиёри нафаре буда метавонад, ки маърифати ҳамаҷонибаи инсоншиносӣ ва ҷаҳоншиносӣ дошта бошад, қудрати шинохт ва истифодаи дастовардҳои навтарини илму фарҳангро дошта бошад. Илму фарҳанг ҳам ниҳоят надорад, ҷараёни камолоти инсонӣ ҳам дар ҳамин масир бояд ҳамеша дар ҳаракат бошад. Лаҳзае ҳам аз тапидан осоиш накунад.

Дар назар ҳам дошта бошем, ки имрўз хати набардҳои беамон на дар фронти Сурияву ғайраҳо мегузарад, балки хати набард дар зеҳнҳо мегузарад. Набарди ҷаҳонӣ барои тасарруфи андешаҳо ҷараён дорад.

  – Пас вазифаи инсоният аз чӣ иборат аст?

  - Вазифаи инсоният ҳамеша обод кардану беҳтар кардани ҷаҳони атроф, дар гармония будани шахсияти ў бо ҷаҳони атрофаш ҳаст. Беҳтарину олитарин ҳунари инсон қудрати ў парвариш кардани эҳсоси муҳаббат ва ишқ дар вуҷуди хештан аст. Ба камолоти самаровар расонидани ин муҳаббат ва ишқ аст. Тақдим кардани дурдонаи ишқу муҳаббат ба олами атрофаш аст. Ба маҳбубааш, ҳамсараш, фарзандонаш, волидонаш, дўстонаш, ватанаш, табиати ватанаш, инсонияти кўраи фирўзагии замин, ин кўрраи сабзе, ки дар коиноти бекарон аст як нуқтами бисёр кўчак аст. Умри инсон бошад дар нисбати ин нуқтаи сабзи кўчак, ин ҷаҳони бениҳоят як лаҳзаи бисёр кўтоҳ, як мижа задан аст. Ин лаҳза бояд зебо манфиатрасон, самардор, гарму рўшан бошад. Дар партави ишқу муҳаббат, илму маърифат бошад. Муҳаббат метавонад дар вуҷуди як инсони бемаърифат ҳам бошад, аммо  муҳаббате, ки аҳли маърифат парвариш кардаанд ва тақдим кардаанд маълум аст, ки пурмағзтар, рўшантар, гармтар ва ҷовидонӣ аст.

Чаро қонун барои яке ҷорӣ мешавад барои дигаре не?

- Як нуктаи дигар дар зеҳнам хутур мекунад фикр мекунам агар тақдиматон кунам зид нестед ва ин назари Шумо дар робита ба тафаккури давлатдорию давлатӣ аст.

- Чанд сол пештар дар шаҳри Душанбе овозае шуд: дар маҳаллае як мошин се нафар наврасро мезанад. Онҳоро ба беморхона мебаранд. Ҳар се ҳам беҳуш. Духтурон ду навҷавонро, ки соҳибонашон ҳамроҳ омада буданд, таъҷилан кўмак мерасонанд. Ҷавонаки сеюм болопўши сафед пўшонида мемонад. Ҳарчанд илтиҷо мекунанд, ки ўро бинед, духтур розӣ намешавад. Мегўяд, ки то пули корамро надиҳед нигоҳ намекунам. Баъди чанде модари он ҷавон фарёду фиғон карда медарояд. Духтур мебинад, ки зани ўст. Ба ҳавлу ваҳшат афтида болои навҷавонро мекушояд, ки водарғо дер шудааст. Тамаъҷўии духтур сабаби марги писараш шуд…

Ин овоза ҳақиқат ҳаст ё не, аммо ҳамоно дар рўзгори мо имконият дорад. Ман худам шоҳид будам, ки дар маҷмааи “Қаряи боло” модаре даступо сўхта ба маҳаллаи Заҳматообод медавид, ки пули ҷарроҳиро биёрад. Ин қисса такрор мешавад…

Дар рўзгори мо падидаҳои аҷибе мушоҳида мешаванд. Судяе дузана ё сезана як мардикореро, ки ба кадом сабаб бо зани дигаре ҳамхона шудаааст дузана гуфта суд мекунад. Қонун ҳамон аст. Чаро барои яке ҷорӣ мешавад барои дигаре не. Сухан аз боби дугунагии зиндагӣ аст. Ба истилоҳи байналмилалӣ зиндагӣ дустандартӣ. Рўзгору зиндагии дугуна чандин давлатҳоро аз байн бурдааст, аз он ҷумла соҳибназарон яке аз сабабҳои шикасти Шуравиро ҳамин медонанд. Мо шоҳидем, ки як зиёӣ ҳаррўз тарғиби атеизм мекард ва ҳаргиз ягон намозашро қазо накардааст. Сталин дуғу димоғ, сиёсати атеистӣ мебурд, аммо ҳамеша «Инҷил» мехонд. Сартарош дуредгарро фиреб медиҳад, дуредгар аграномро, аграном сиёсат мекунад, ки себу ангураш бо харҷи зиёд то бозор мерасанд, ҷаллобон (акнун «соҳибкор» унвон доранд) соати се-чори саҳар меваи ўро се сум мехаранд. Баъд аз соати ҳашт даҳсумӣ мефурўшанд. Яъне, як сарчашмаи манфиати бисёр шубҳанок ранг ба ранг фиреб додани якдигар аст.

Гуфтем, ки яке аз этнонимҳои миллати тоҷик «Пешдодиён» аст. Номи «Пешдодиён»-и миллат маънои бошаҳомат ва бошарофат дорад: миллате, ки қонунро (дод)-ро пеш мегузорад, баъдан тибқи ҳамин қонун зиндагӣ мекунад. Аз ин қонун, ки берун рафт, ба истилоҳи бостониён «бадаҳкор» мешавад, яъне ҷинояткор, бероҳа мешавад. Аслан ҷаҳду талоши башарият барои қонунманд кардани рўзгор, башариятро дар низоми инсонӣ нигоҳ доштан аст. Агар қонун барои ҳама ҳатмӣ нест, ҳаргиз саодати умумихалқӣ имконпазир ҳам нест.

Эҳтироми қонун васф кардани қонун нест. Ситоишҳои баҷову ноҷо кардани он нест. Эҳтироми қонун ҳатман, бечуну чаро, нуқта ба нуқта риоят кардани он аст.

Албатта, барои ба ин таври зист расидан тафаккури фаъоли ҳуқуқӣ доштан зарур аст. Тафаккури умумимиллии ҳуқуқӣ. Ин тафаккур танҳо дар як самт бояд ҳаракат кунад: дар самти риояти бечуну чаро нуқта ба нуқтаи қонун.

Дар фалсафаи диалектикӣ ва фалсафаи ҷомеашиносӣ гунаҳои тафаккур маълум ҳастанд: тафаккури илмӣ, фалсафӣ, динӣ, асотирӣ, бадеӣ…

Тафаккуре ба унвони «тафаккури давлатӣ» нест. Аммо он чи ки барои имрўзи шаҳрвандони Тоҷикистон зарур менамояд, тарзи тафаккуре ҳаст, ки мо онро «тафаккури давлатӣ» гуфтем. Ин тарзи тафакур бояд дар қадами аввал дар назар дошта бошад, ки кулли барору нобарори мо ба он вобаста аст, ки мо дар тамоми фаъолияти хурду бузурги худ манфиати давлатиро дар назар дошта бошем. Гузашта аз фаҳмиши маъмули манфиати давлатӣ аз назари сёсатшиносӣ шаҳрванд бояд равшану сареҳ, қотеъ дониста бошад, ки ҳеҷ як қадами истеҳсолӣ, фарҳангӣ, моддӣ, маънавии ў амали шахсӣ нест, амале нест, ки сабабу натиҷаи он тааллуқ танҳо ба шахси ў дошта бошад. Ҳама гуна фаъолияти ў бо рагу риштаҳои ба чашм ноаён, аммо рагу риштаҳои бисёр зинда ва сахт мустаҳкам бо тамоми ҷомеа пайванд дорад. Хуне ки аз амали ў ба воситаи ин рагу решаҳо ба рагу риштаҳои тамоми ҷомеа ҷараён дорад, (ки он бетанаффус ҷараён доранд) бояд покизаву беолоиш бошад. Зеро ин хун, ки ҳамеша дар гардиш аст боз ба вуҷуди шахси худаш бармегардад ва агар кароҳату олоише дошта бошад вуҷуди ўро маъюб мегардонад.

Ин матлаб дар масири тамоми саргузашти маънавию мадании миллати мо ҳамеша зинда будааст ва таъкид мешудааст. Оғоз аз «Ҷовидонхирад» то рисолаи «Тамаддуну таъовун»-и Аҳмади Дониш, ки намунаи комилу барҷастаи ин андеша аст ва минбаъд ҳам.

Дар доду гирифти ҷамъиятӣ чӣ савдо бошад, чӣ хидматгузорӣ ҳар фаъолияте, ки ҳаст агар манфиати ҷониби дигар ба назар гирифта нашавад, на кори як ҷониб баракат меёбад, на кори ҷониби дигар.

Ҳар нафаре, ки пардохти дақиқи боҷу хироҷро намекунад, пардохти барқро намекунад ва монанди инҳо, бояд бидонад ба хазинаи давлат зарар овардааст. Ҳамон хазинае, ки ҳар қадар ғанитар бошад, табобати хонаводааш беҳтар мешавад, роҳҳояш ҳамвортар мешавад, маошаш, идрорпулияш, нафақааш беҳтар мешавад, агар пардохт накард камтар мешавад.

Бубинед як ҳақиқати бисёр сода, аммо ношинохта. Онро бояд шинохт ва риоят кард ба хотири осудагиву қудратмандии давлаташ, яъне осудгиву қудратмандии хонаводаи худаш.

- Устод аз суҳбат бо Шумо хеле хушҳол гардидам ва барои ин як суҳбати пурмуҳтавову судманд бисёр миннатдорам.
- Зиндаву саломат бошед.

Мусоҳиб Умед Пудинаев
рўзноманигор