Китоби дигар аз силсилаи “Тоҷнома”: «Сайёҳат ба Осиёи Миёна»

Гардишгари машҳур Армений Вамберӣ, ки дар асри 18 ба қаламрави имрӯзаи Осиёи Марказӣ омадаву ҳам таърих омӯхтааст ва ҳам расму русум, забон, фолклор, баъди бозгашт ба ватанаш сафардидаҳои худро дар чанд китоб ба чоп дод, ки бидуни шак аз аҳамияти илмиву таърихии бузурге бархӯрдоранд. Ин ки як сайёҳи хориҷӣ зиндагии ду қарн пеши ниёкони бузургвори моро тасвир кардааст, худ аз арзиши волои илмии асарҳои вай шаҳодат медиҳад. Аз силсилаи “Тоҷнома” “Саёҳат ба Осиёи Миёна”-и ҷаҳонгарди машҳур, олим, муаррих ва донандаи забонҳои зиёд ба чоп омода шуд ва қарор аст дар наздиктарин фурсат ба дасти хонанда расад.

Армений Вамберӣ ё бо номи дигар Ҳерман Вамбергер 19 - марти соли 1832 дар Нидермаркет, дар мавзеъи Пресбурги Маҷористон ба дунё омада, 15- сентябри соли 1913 дар Будапешт - пойтахти Маҷористон аз олам чашм пӯшидааст. Ў чун шарқшинос, сайёҳ, донандаи чандин забонҳо, олими забоншинос ва таърихнигор шуҳрат ёфтааст.

Харитаи сафарҳои Вамберӣ

Асари «Сайёҳат ба Осиёи Миёна» ва асари дуҷилдаи ў бо номи «Таърихи Бухоро ё Мовароуннаҳр аз замонҳои қадим то рӯзҳои мо” ва чандин асарҳои дигараш дар бораи забоншиносӣ ва таърихнигорӣ номи ўро машҳур гардонданд. Бояд гуфт, ки Вамберӣ аз зумраи он инсонҳои бениҳоят лаёқатманду боистеъдоде буд, ки ҳанӯз то 20- солагӣ ба қавле ҳашт забон ва аз рўи шаҳодати дигарон 12- забони хориҷиро медонист, ки маҷорӣ (венгерӣ), инглисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, испанӣ, чехӣ, туркӣ ва форсӣ (тоҷикӣ) аз ҷумлаи он забонҳо масҳуб мешаванд.

Соли 1864 баъди сафар ба Осиёи Миёна ў дар бораи саргузашту азобҳои сафараш ба кишвари Бухоро китоберо бо номи «Сайёҳат ба Осиёи Миёна», навишта ба чоп расонд. Ин асар аз ҳаёту зиндагии мардуми Осиёи Миёна – туркманҳо, узбекҳо ва тоҷикон нақл мекунад. Мо аз ин асар дар бораи зисту зиндагии мардуми Осиёи Миёна дар давраи хонигарии Бухоро ва ҳукмронии сулолаи манғитҳо маълумоти пурқимате пайдо карда метавонем.

«Сайёҳат ба Осиёи Миёна»-ро, ки ҳоло дар арафаи чоп мебошад, соли 2017 тарҷумон Ислом Юсуфӣ аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ин асари пурмуҳтаво барои мо аз он ҷиҳат пурқимат аст, ки дар он як олим ва таърихнигори беғараз дар бораи тоҷикон меандешад:

«Тоҷикон – сокинони нахустини таҳҷоии ҳамаи шаҳрҳои Осиёи Миёна мебошанд. Бухоро дар айни замон ягона шаҳрест, ки тоҷикон бо мавҷудияти он ба гузаштаи худ ифтихори беандозае доранд ва дар ҳақиқат ҳам марзҳои давлати қадимаи онҳо дар Шарқ бо Чин, дар Ғарб бо баҳри Хазар дар Шимол ба Хуҷанд ва дар ҷануб ба Ҳиндустон ҳамсарҳаду пайваст буд».

Шаҳноза Дониёрова,
сармутахассиси
Маркази «Тоҷикшиносӣ»