Раҳёфте ба тамаддуни гузаштаи Форсзамин аз сарчашмаҳои таърихии ғарбӣ
Агар таърихи башар аз Ховар оғоз мешавад, на танҳо аз он ҷиҳат аст, ки Осиё қадимтарин намоишгоҳи маданият аст, балки аз он ҷиҳат аст, ки ин тамаддунҳо ба манзалаи хамирмоя ва шолўдаи фарҳанги Юнону Рум аст… Ҳашт соле, ки ман дар мутолиа ва мусофират гузаронидам, ҳамин фаҳмо буд, ки агар як марди ғарбӣ тамоми умри худро ба мутолиа дар қазои Ховарзамин вақф кунад, боз ҳам наметавонад рўҳи асроромези шарқиро чунон ки ҳаст дарк намояд.
Бузургтарин садди роҳи пешрафти тангназарӣ сайр дар офоқ ва анфуси хештан аст ва агар барои касе, ки фурсат дар ин даст надода, пас ошноӣ ба кори дигарон аст, ки дар ин роҳ анҷом додаанд. Дар воқеъ, миллатҳое, ки пайваста дар роҳҳои тозаи зиндагӣ қадам мениҳанд ва барои мардуми дигар ҷаҳону уфуқҳои тоза мекушоянд, ҳамонҳо ҳастанд, ки доманаи диди андешаи онон вусъат ёфта ва ҳаргиз асири авзоу аҳволи хос намемонанд ва дар ҷаҳони офариниш пажўҳишгаранд ва нодонистаҳои онро бозёбанда. Бахусус, инро метавон дар фаъолиятҳои ҳадафмандонаи ҷаҳони Ғарб таҷриба кард. Албатта, мақсад ин нест, ки дар зоҳиру ботин аз Ғарб пайравӣ кард ва онро улгуи тавсеа ва пешрафти худ қарор дод, балки дар роҳи боз гардондани он чароғи фурўзони илму тамаддуне, ки Шарқ дар гузашта дошту зулмати асримиёнагии Аврупоро мунаввар сохт, қадам ниҳод.
Нигоҳи ғарбиён дар тамоми тўли таърих ҳамвора мутаваҷҷеҳи Шарқ ва шарқиён будааст ва дар ин росто аз ҷониби онҳо як даста аз пажўҳишҳо дар хусуси мероси Шарқ, ба вижа масоили марбут ба таърих, забон, адабиёт, одат ва суннатҳои он ба анҷом пазируфтааст, ки бештари он баҳри мо худи шарқиҳо низ муфид воқеъ гардидааст. Аз ҷумлаи намоёнтарин мусташриқоне, ки дар ин замина ковишҳои амиқ ва дақиқеро анҷом додаанд Ҳюарт Клемент дар асари худ бо номи “Ancient Persianand IranianCivilazation” (Форси бостон ва тамаддуни Эрон); Гибб Ҳамилтон дар китоби “The influence of Islamic Culture on Medieval Europe” (Нуфузи фарҳангии Шарқи исломӣ ба Аврупои асримиёнагӣ); Ҳангтингдон Э. дар китобаш «The Pulse of Asia” (Ҷаҳиши Осиё); Вилл Дурант дар китоби ёздаҳҷилдаи худ бо номи “The story of Civilization” (Таърихи тамаддунҳо), ки ҷилди аввали онро пурра ба таърихи тамаддуни Машриқзамин бахшидааст ва он ҷилдро “Our Oriental Heritage”, - «Мероси Шарқи мо» номгузорӣ намудааст, мебошанд.
Муаллиф дар ин китоби бисёрҷилдаи худ бо овардани шавоҳиди фаровоне аз аҳди бостону нав ва аз мардуми Бохтару Ховар ва умуман соири замин хонандаро ба ҳамаи замонҳо ва маконҳо раҳбарӣ мекунад ва ўро ба ҷаҳони васеъ ошно месозад .
Таваҷҷуҳи муаллиф нисбат ба Шарқ беандоза аст. Ў дар муқаддимаи китоби худ Шарқро гавҳораи тамаддун номида мегўяд: “Our story begins with the Orient, not merely because Asia was the scene of the oldest civilizations known to us, but because those civilizations formed the background and basis of that Greek and Roman culture…”(Агар таърихи башар аз Ховар оғоз мешавад, на танҳо аз он ҷиҳат аст, ки Осиё қадимтарин намоишгоҳи маданият аст, балки аз он ҷиҳат аст, ки ин тамаддунҳо ба манзалаи хамирмоя ва шолўдаи фарҳанги Юнону Рум аст…). Дар ҷои дигари ҳамин муқаддима ў мегўяд: “Eight years of study and travel have only made this, too, more evident-that not even a lifetime of devoted scholarship would suffice to initiate a western student into the subtle character and secret lore of the East.”
(Ҳашт соле, ки ман дар мутолиа ва мусофират гузаронидам, ҳамин фаҳмо буд, ки агар як марди ғарбӣ тамоми умри худро ба мутолиа дар қазои Ховарзамин вақф кунад, боз ҳам наметавонад рўҳи асроромези шарқиро чунон ки ҳаст дарк намояд).
Ў дар бораи азамат, давлатдорию шаҳрдорӣ, одобу суннат, забон ва ахлоқи мардуми форсзамин дар гузашта, дар як фасли алоҳидае аз доираи таҳқиқи худ маълумотҳои фаровонеро гирдоварӣ намудааст. Ў аз роҳи далелҳои андомшиносӣ, сурати зоҳирии миллати Форсро чунин батасвир расонидааст: “The Persians were apparently the handsomest people of the ancient Near East. The monuments picture them as erect and vigorous made hardy by their mountains and yet refined by their wealth, with a pleasing symmetry of features, an almost Greek straightness of nose, and a certain nobility of countenance and carriage.” (“Зоҳиран форсҳо зеботарин миллатҳои Ховари Наздик дар рўзгорҳои бостонӣ будаанд. Аз рўи тасвирҳое, ки дар осори таърихӣ ба ҷой мондаанд, онҳо миёнаболо ва неруманд буда, бар асари зиндагӣ кардан дар нуқтаҳои куҳистон сахтӣ ва салобат доштаанд, вале сарвати фаровон сабаби латофати табъи онон будааст. Монанди юнониён бинии кашида доштаанд ва дар андому ҳайати эшон осори наҷобат машҳуд будааст».
Китоби мазкур соли 1986 аз ҷониби як гуруҳ тарҷумонон аз қабили Аҳмад Ором, Пошоӣ ва Амирҳусайн Ориёнпўр ба забони форсӣ тарҷума шуда, дар Теҳрон ба нашр расидааст.
Мутассифона, ин ва дигар осори мусташриқон, ки марбут ба фарҳанг ва тамаддуни худи мо ҳаст, то ба ҳол ба дасти хонандаи тоҷикзабон нарасидааст, дар ҳоле ки мо худ бояд ковишеро дар ин замина анҷом дода бошем. Агар ин осор тарҷума ва таҳия гардад дар рўшан кардани зеҳн ва бедории ҳисси нуқтасанҷӣ ва ҷаҳонбинии хонандагони тоҷик муассир хоҳад буд.
Таҳияи Назира Мерганова,
мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”