Бузургонро бузургон зинда медоранд

Дафъаи дуюм боз ҳам дар оҳиста кушода шуд ва устод аз дар ба дарун қадам монданд. Якбора, чуноне ки тундари баҳорӣ осмони оромро метарконад, толор аз қарсаки мардум "таркид". Раёсатнишинон устодро, ки диданд, якбора аз ҷой ҷастанд, ба кафкӯбӣ ҳамроҳ шуданд. Қарсак то рафт сахттар мешуд. Ниҳоят устод Осимӣ аз суфаи раёсат поён омада, дасти Ғафуровро гирифтанд ва оҳиста - оҳиста ба курсии раисии раёсат бароварда нишонданд. Ғафуров бо сари хам менишаст. Ба гумонам ҳанӯз эҳсос накарда буд, ки дар толор чӣ мегузарад. Як лаҳза ба сӯи толор нигоҳ карданд, ки ҳама истода ба як зарб кафкӯбиҳои сахт мекарданд. Устод бемадорона аз ҷой хестанд, даст болои сина гузоштанд ва ба сӯи толор сар хам карданд. Кафкӯбӣ шиддати тоза гирифт ва се - чор дақиқа давом ёфт.

Аслан Бобоҷон Ғафуров соли 1947 қаҳрамони миллӣ шуда буд, яъне соле, ки гунаи нахустини “Тоҷикон” бо номи “Из истории Таджикского народа” чоп шуд. Чаро бояд қаҳрамон мешуд? Зеро ҳам нашри нахустини таърихи мухтасари тоҷикон, ҳам нашри фундаменталӣ бо унвони “Таджики” соли 1974 дар Маскав як қаҳрамонии ҳақиқӣ буд. Аммо қаҳрамонии давлатӣ набуд.

Баръакс, ҳам аз назари сиёсатшиносӣ барои Бобоҷон Ғафуров ҳамчун як олим, на аз нуқтаи назари сиёсатмадорӣ, навиштани як монографияи фундаменталӣ дар бораи саргузашти як миллат (ки ин миллатҳо дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз дусад зиёд буданд, шиори шӯравӣ бошад, баробарии миллатҳо буд), хусусан бо унвони бисёр дурахшанда, бо садои баланд барои тамоми ҷаҳон, бо унвони “Тоҷикон”, на ба манфиати сиёсати давлати шӯравӣ буд ва бисёр муҳим аст, ки ба манфиати шахси Б. Ғафуров ҳам ҳамчун як сиёсатмадор ва як олим набуд. 


Бо Садриаъзами Ҳинд Индира Гандӣ

Ин ва дигар худфидоиҳои алломаро касе метавонист қадр намояд, ки ватанпарвар ва миллатдӯсти ҳақиқист. Ва ин шахсият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соли 1997 Бобоҷон Ғафуровро Қаҳрамони Тоҷикистон хонд. Собит шуд, ки “Бузургонро бузургон зинда медоранд”.

Алҳақ, ишқ манфиат намешиносад, ному нангро писанд намекунад, таҳдиду хатарро намедонад, танҳо ҷамолу камоли маҳбубу маъшуқро медонад. Саргузашти алломаи бузургвор, ҳанӯз аз давраи дар Донишгоҳи журналистии Маскав (соли 1932) хонданаш барои ҳар касе, ки камтарин эҳсоси ватандӯстӣ дорад, равшан намоиш медиҳад, ки Бобоҷон Ғафуров ишқу муҳаббати рӯзафзун, рӯҳбахш, қудратбахш, сӯзанда, созанда дорад, ки ин ишқи халқу ватанаш аст.
“Тоҷикон” ба он ҳад истидлолӣ, бо ҳуҷҷату далоили бешумори археологӣ навишта, ҳунарӣ, фалсафӣ иншо шудааст, ки фавран баъд аз нашри аввалини маскавии “Тоҷикон”, ин шоҳасар ба тамоми забонҳои бонуфузи ҷаҳон тарҷумаву нашр шуд. Ҳатто унвони тарҷумаи баъзе аз нашрҳо ишора ба он мекунад, ки таърихи тоҷикон аслан таърихи фарҳанги Осиёи Марказӣ аст. 
Ду - се соли баъд аз нашри “Тоҷикон” сарнавишти муаллифи он ҳама задухӯрдҳои шадид буд. Набардҳое, ки метавонист оқибатҳои бисёр сахт дошта бошад. Аммо қаҳрамон одати мағлуб шудан надорад. Дар ин задухӯрдҳо Б. Ғафуров ва “Тоҷикон” - аш бо сари баланд, бо обрӯву иззат аз майдони набард ғолиб берун омаданд. Барои мо бисёр муҳим аст, намакшиносӣ аст, ки хизматҳои академикҳои рус П. Огородников, М. Е. Массон, А. Рибаковро ҳаргиз фаромӯш накунем. Ҳамин мардон буданд, ки дар паҳлуи дӯсташон истоданд ва ду сол дар набардҳои илмӣ, дар саҳифаҳои “Вопросы истории”, ҳақиқати мавқеъ ва натиҷаҳои таҳқиқоти Б. Ғафуровро исбот карданд.
Тақдир чунин будааст, ки ман бо Георгий Ашкинадзе, шоир ва тарҷумони рус, ки шаш сол ёрдамчии аллома Б. Ғафуров будааст, дӯстӣ пайдо кардам. Г. Ашкинадзе, албатта ба шарофати Ғафуров, ба маданияту адабиёти тоҷик муҳаббату алоқаи сахт дошт. Осори зиёди классикони моро ба русӣ тарҷума кардааст. Ҳар гоҳе дар Душанбе ё Маскав ҳамсуҳбат мешудем, соатҳои дароз дар бораи аллома суҳбат мекардем. Ҷолиб аст, ки ӯ ҳам дар ҳамин мавзӯъ бо шавқ гуфтугузор мекард.

Хулосаи таассуроти ман аз ин суҳбатҳо дар ин саҳифаҳои мухтасар бо ҳуҷҷату далел ин аст: 

- то рӯзи вафоти Б. Ғафуров ягон ҳуҷҷати сиёсати хориҷии СССР дар қитъаҳои Осиёву Африқо бе маслиҳату мувофиқати ӯ ба тасвиб намерасид. Дар мушкилтарин вазъиятҳои сиёсати Осиёву Африқо Б. Ғафуров буд, ки ба минтақаҳои доғу мушкилдори ин қитъаҳо фиристода мешуд ва маъмулан бо муваффақияту сарбаландӣ бармегашт; 

- барои тарбияи шарқшиносони ҷавони ҷаҳон хизмати зиёд кардааст, бавижа ба шарқшиносони ҷавони тоҷик, диққати махсус медодааст.


Бобоҷон Ғафуров бо Садриддин Айнӣ

Бешубҳа, дурахшандатарин дарсе, ки аз академия гирифтаам ин вохӯрии мо бо Бобоҷон Ғафуров аст. Ба ман гуфтанд, ки устод хостаанд бо олимони ҷавони умедбахш мулоқот кунанд. Таассуротамро аз ин вохӯрӣ навиштаам ва боз хоҳам навишт. Дар ин ҷо зарур медонам, ки чанд нукта қайд шавад. Устод ба Ҷаббор Расулов муроҷиат карда, гуфтанд: “Албатта, боигарии мо канданиҳои фоиданок ҳаст, "тиллои сафед" ҳаст, аммо Ҷаббор Расулович, қиматтарин боигарии мо қудрати ақлонии миллати мост. Ин боигариро бояд ба бозори ҷаҳонӣ баровард”.

Гаштаву баргашта ин дидорро дар хотираам варақгардон мекунам. Ҳар дафъа як хулосаи тоза ҳосил мешавад. Яке аз онҳо ин аст, ки чаро устод Ғафуров дар ин мулоқот, ки ду - се моҳ қабл аз вафоташон буд, мақсади  асосӣ бо олимони ҷавони умедбахш  будааст, сарвари вақти давлат Ҷаббор Расулов, президенти Академияи илмҳо Муҳаммад Осимиро даъват карда буд. Хулосаи имрӯзаи ман ин аст, ки Ғафуров бо истифода аз ин ҷамъомад васият гуфта будааст. Ба назари ман, нуктаҳои асосии ин васият чунинанд: - Тоҷикон мероси ғанитарини фарҳангӣ доранд, соҳибӣ кардани ин мерос кори мушкил аст, зеро даъвогарони ин мерос  зиёданд, ба ин мақсад, олимони пурқувват тарбият кардан зарур аст, барои ин давлат бояд чизеро дареғ надорад, ин ганҷ дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд дорад ва онро бояд ба бозори ҷаҳонӣ баровард. 
Як лаҳзаи дигар ҳам ба назарам такрорнашавандаю истисноӣ аст.  Дар толори академия симпозиуми байналхалқӣ ҷараён дошт. Тақрибан як моҳ қабл аз реҳлати устод буд. Як вақт дари толор оҳиста кушода ва сари устод Бобоҷон Ғафуров, ки як тоқии нимдошт пӯшида буд, намоён шуд. Онҳое, ки дар раёсат менишастанд ин саҳнаро намедиданд. Мо аз толор устодро дидему интизор будем, ки оё медаромада бошад? Он рӯзҳо сиҳатиашон вазнин буд. Шояд ӯро дар ин маҷлис интизор набуданд. Дафъаи дуюм боз ҳам дар оҳиста кушода шуд ва устод аз дар ба дарун қадам монданд. Якбора, чуноне ки тундари баҳорӣ осмони оромро метарконад, толор аз қарсаки мардум "таркид". Раёсатнишинон устодро, ки диданд, якбора аз ҷой ҷастанд, ба кафкӯбӣ ҳамроҳ шуданд. Қарсак то рафт сахттар мешуд. Ниҳоят устод Осимӣ аз суфаи раёсат поён омада, дасти Ғафуровро гирифтанд ва оҳиста - оҳиста ба курсии раисии раёсат бароварда нишонданд. Ғафуров бо сари хам менишаст. Ба гумонам ҳанӯз эҳсос накарда буд, ки дар толор чӣ мегузарад. Як лаҳза ба сӯи толор нигоҳ карданд, ки ҳама истода ба як зарб кафкӯбиҳои сахт мекарданд. Устод бемадорона аз ҷой хестанд, даст болои сина гузоштанд ва ба сӯи толор сар хам карданд. Кафкӯбӣ шиддати тоза гирифт ва се - чор дақиқа давом ёфт. 

Ин лаҳза барои ман равшану баръало нишон дод, ки шуҳрати ҳақиқӣ чист, муҳаббати асил чист, баҳои хизматҳои беғараз ба миллат, подоши заҳматҳои ҷонкоҳ ба хотири иззату шарофати миллат чист!
Тасвиби ин ҳақиқатро рӯзи ҷанозаи бузургвор дидам. Устод писар надоштанд. Писари хоҳарашон Фаррух Арабовро ҳамчун писар тарбият карда буданд. Обрӯву эҳтироми Фаррух дар муҳити фарҳангии Маскав бисёр баланд буд. Мутаассифона, ин марди донишманди нодир имконияти комилан бо илм машғул шудан пайдо накард, ҷавонмарг шуд. Рӯзи ҷаноза ман ҳамчун дӯсти Фаррух дар паҳлуи ӯ дар назди тобути Ғафуров меистодам. Вақте аз Донишгоҳи аграрӣ қофилаи ҷаноза ба сӯи Боғи Айнӣ ҳаракат мекард, баргашта дидам, ки як қиёмате барпо шуда буд. Барои ман бешумор, бениҳоят будани қофила аҷиб набуд, ҳайратовар он буд, ки дар байни ин анбӯҳ мӯйсафедони қишлоқии асобадаст, ки баъзе базӯр ҳаракат мекарданд, занҳои кӯдакони ширхорашон дар бағал, кӯдакони дигараш аз дунбола, ҷавонон ранг ба ранг, зиёиён - тоҷик, рус, ӯзбек, қирғиз, тотор, хулоса бешумораву бекарона ашк дар чашмон мерафтанд. 
Вақте имрӯз ҳам дар саросари кишвар акси пур аз нуру ором, хушҳоли алломаро дар радифи дигар қаҳрамонҳо мебинам, ба назарам мерасад, ки ошиқи содиқе дурри гаронбаҳои ишқашро солиму сиҳат ба даст овардааст, аз гумномиву нописандӣ, талаву тороҷ наҷот додааст. Номи ватанашро дар саросари ҷаҳон бо оби зар ҳаккокӣ кардааст.

 

 

 

 

Назри ЯЗДОНӢ,
Шоири халқии Тоҷикистон