Чӣ гуна бояд китобхониро таблиғ кунем?

 Дар васфи китоб шеърҳову суханҳои ҳикматомез бигўянд ва ба фарзандони худ таъкидҳои муфид кунанд, аз ҷумла: «Писарам, ин шеъро ҳифз кун, зеро мо агар китобхон набошем, аз ин олам ҳеч чизи шоиста барои худ пайдо намекунем. Агар хоҳӣ  ки донишманду муътабар шавӣ, пас китобхон шав, зеро тамоми илмро аз китоб хоҳӣ  дарёфт». Шояд ин суханҳои ширини модар ба зеҳни ў таъсир расонад ва минбаъд вақти худро бо китобхонӣ сипарӣ кунад.

                                                     Ҳурмати илму устоду китоб,

Лозими ин раҳ аст аз ҳама боб.

Ҳар кӣ  ў тарки ин се ҳурмат кард,

Азми идбору майли зиллат кард.

Биноӣ

Ҷаҳони имрўзро бидуни мутолиа ва дарёфти иттилоот тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро шахсияти инсон маҳз тавассути китобхонӣ рушду тавсеа меёбад. Инсон дар ҳаёт мунтазам бо падидаҳои нав рў ба рў шуда, роҷеъ ба онҳо иттилоот гирифтан мехоҳад. Маълумоти мавриди ниёзи хешро, пеш аз ҳама, аз китобҳо пайдо хоҳад кард. Аз ин рў, фазилату бузургии китоб назди аҳли башар маълум буда, он ақлу рўҳи инсонро бо ғизои маънавӣ  қонеъ мекунад. Ба ҳар як фарди ҷомеа зарур аст, ки ба китоб арҷ гузорад, онро азиз дорад, зеро тамоми таърихи гузаштаву имрўза маҳз аз он фаҳмида мешавад.

Имрўзҳо мушоҳида мешавад, ки насли ҷавон ба тавсияҳои психологии донишандўзӣ  эҳтиёҷи ҷиддӣ  доранд. Аз нигоҳи аксари онҳо, китоб арзиши таърихӣ  ва рисолати шахсиятсозиашро аз даст додааст, ки ин ғалати маҳз аст. Ҷавонон андеша намекунанд, ки китоб сарчашмаи ақлу дониш, тафаккур, шаъну шараф, сухандонӣ, шинохти дунё мебошад. Агар мардумро ба китобхонию китобдўстӣ ташвиқ накунем, бемаърифату бефарҳанг мемонанд. Дар ин хусус якчанд тавсияҳои таҷрибавӣ  ва илмиеро метавон мисол овард, ки барои хонанда қобили қабул ва коромад хоҳад буд.

Ҳар як шахсро зарур аст, ки имрўз дар ҷомеа барои водорсозии насли наврас ба китобхонӣ  кўшиш ба харҷ диҳаду онҳоро ба дўст доштани китоб одат кунонад ва барои мутолиаи онҳо пайваста дар ҷустҷўи китобҳои муфид бошад.

Китоб ба хонанда рўҳу илҳоми тоза бахшида, минбаъд завқи донишандўзиву ҷаҳонбинии ўро инкишофу такомул мебахшад.

Дар ин росто, бояд таъкид кард, ки пеш аз ҳама, мо бояд ба фарзандону низдикон китобхониро ташвиқу тарғиб намуда, китобҳои беҳтаринро тавсия диҳем, то дар лаҳзаҳои фориғ буданашон пайваста рў ба китобу китобхона биёранд. Албатта, дар ин амали нек саҳми модарони бомаърифату мушфиқ хеле муҳим аст. Модаронро мебояд суханҳои хубу ҳикматомез ба забон оварда, фарзандонро ба роҳи касби фазлу дониш ва соҳибмақом гаштан дар ҷомеа роҳнамоӣ  кунанд. Аз ҷумла, «писарам, ин сухани хуб дар фалон китоб аз номи фалон олими бузург омадааст»-гуфта фарзандонро ба ҷустуҷўву саъю талоши мустақилона водор созанд. Бо чунин роҳи тарғиб кўдак ин китобро ҳатман ҷустуҷўва пайдо намуда мехонад. Дар васфи китоб шеърҳову суханҳои ҳикматомез бигўянд ва ба фарзандони худ таъкидҳои муфид кунанд, аз ҷумла: «Писарам, ин шеъро ҳифз кун, зеро мо агар китобхон набошем, аз ин олам ҳеч чизи шоиста барои худ пайдо намекунем. Агар хоҳӣ  ки донишманду муътабар шавӣ, пас китобхон шав, зеро тамоми илмро аз китоб хоҳӣ  дарёфт». Шояд ин суханҳои ширини модар ба зеҳни ў таъсир расонад ва минбаъд вақти худро бо китобхонӣ сипарӣ кунад. Пеш аз ҳама, бояд таъкид кард, ки дар татбиқ намудани ин амал бояд волидайн худ майл ба китобхонӣ дошта бошанд, то ки фарзандашон меросбари эшон гардад. Барои хуб ба воя расонидани фарзанди накуву номбардори волидайн Саъдии хуҷастаном фармудааст:

Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,

Писарро хирадмандӣ  омўзу рой.

Ки гар ақлу раъяш набошад басе,

Бимириву аз ту намонад касе.

Олимону донишмандон ва афроди соҳибилму маорифпарвар масъуланд, ки бо ҳар роҳу восита барои вусъат бахшидани илму дониш пайваста ба мардум китобхониро ташвиқу тарғиб кунанд. Хоҳ тариқи навиштану фаҳмондадиҳӣ  бошад, хоҳ тариқи васоити ахбори омма, хоҳ тариқи ҳавасмандкунӣ, хоҳ тариқи ташкил кардани озмунҳо ва дигар васоили мавҷудаи иттилоърасонӣ. Ва олимон вазифадоранд, ки барои ҳамаи табақаҳои ҷомеа китобҳои хуб ва ҷалбкунанда таълиф кунанд ва забони китоб набояд мушкилфаҳму душвор бошад, зеро дар акси ҳол, хонандаро хеле кам ба худ ҷалб мекунанд. Масалан, шумо ба китоби илмӣ -таърихии «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллатамон назар кунед, ки бо забони хеле фасеҳу гуворо навишта шуда, тамоми мардум дар пайи хондану фарогирии матолибаш ҳастанд. Он ба хонанда рўҳу илҳоми тоза бахшида, бо чеҳраҳои шинохтаву мондагор ва ибратомўзи миллат ошно месозад.

Воқеан, агар ба мушкилоти ҷомеа назар кунем, замона аз олимону донишмандон ҳамин чизро тақозо мекунад, ки мардумро ба сўи илму дониш роҳнамоӣ  ва ҳавасманд кунанд. Агар закоти тоҷир аз дороию молаш бошад, пас закоти олим аз илми баҳраваршудааш мебошад, зеро барои тоҷир ва олим ин қарзи худовандӣ ва ҳам одамгарист. Олим бо иҷрои ин иқдомҳамеша соҳибиззат, сарбаланду комёб мегардад, мунтазам аз илми худ баракат меёбад ва ба фаромўшӣ намеравад. Камолиддини Биноӣ олими беамалро ниҳоят сахт мазаммат карда, илму амалро ба ҳам тавъам медонад. Ба қавли шоир, илме, ки дар амал татбиқ намешавад, аз он ҳеҷ манфиатеро набояд интизорӣ  дошт:

Илми худро макун ҷудо зи амал!

Ки бувад корсоз илму амал.

Илм агар бо амал нагардад ёр,

Ҳеҷ чизе зи илм чашм мадор.

Ҳар яки моро зарур аст, ки доимо рўйи мизи кориамон китоб дошта бошем, зеро дар баробари мушоҳида, он бинандаро ба худ ҷалб месозад. Шояд дар ин лаҳзаҳо ў ба муқаддимаву мундариҷаи китоб чашм андохта, сипас онро писандида ба хондани он машғул шавад. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар хусуси китобдориву китобхонӣ  чунин ёдовар шудааст:

Бикун з-ин корхона дар кутуб рўй,

Хаёли хешро деҳ бо кутуб хўй!

Зи доноён бувад ин нукта машҳур,

Ки: «Дониш дар кутуб, доност дар гўр».

Пайваста саъй кунем, ки дар ҳама ҷо китобҳо намоиш дода шаванд, то ба китоб арҷ гузорему эҳтиромаш кунем, зеро китоб, воқеан, бузургтарину муқаддастарин дастоварди насли башар аст. Дар ин замина, Худованд Қурони Каримро ба шакли китоб фармоиш дода, то ба имрўз оварда росонидааст. Пас маълум мешавад, ки китоб барои инсон муаллим, шахсиятпарвар, ризқдиҳанда, роҳнамо ва маншаи ақлу хирад ба шумор меравад.

Дар маконҳое, ки корҳои ҷамъиятӣ ё ҷашну маросимҳо ба муносибати санаҳои таърихиву арзишҳои миллӣ гузаронида мешаванд, бояд номоиши китобҳо ба роҳ монда шавад. Агар тарғибу ташвиқи маърифати китобхонӣ  дар ин гуна ҷашну маросимҳо васеъ ба роҳ монда шавад, бешак, шумораи зиёди мардум рў ба китобхониву китобдорӣ  меоранд. Ин амал ба мардум бисёр натиҷаҳои назаррасу муфид мебахшад.

Дар ҳаёт инсон бояд бештар бо рафиқони китобхону донишманд рафтуомад дошта бошад, зеро ин шахсиятҳо ба ў илму маърифат, оқилию доноӣ, шаъну шараф ва ҳам одобу ахлоқи ҳамида меомўзонанд. Дар баробари ҳамнишин будан кас маҷбур мегардад, ки хислати накуи шарикашро сармашқи рўзгори хеш қарор диҳаду тибқи он амал кунад. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста ба китобхонӣ  ва хислатҳои хуби рафиқаш одат мекунад ва барои худ зарур медонад, ки ҳадди ақал дар як шабонарўз ду-се саҳифа китоб ё маҷаллаву рўзнома бихонад. Беҳуда нагуфтанд, ки «бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ- бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ ». Носири Хусрав фазилати ҳамнишинӣ бо аҳли илмро чунин ба риштаи назм даровардааст:

Нишин бо аҳли илм, эй дўст, мудом,

Ки аз дониш басе ёбӣ  саранҷом.

Бо амалисозии ин иқдомҳои созандаву натиҷабахш, яқинан, теъдоди дўстдори илм ва аҳли мутолиа дар саросари кишвар афзун хоҳад шуд, зеро ниёзи мутолиа, дар баробари дигар ниёзҳои одамӣ, ба таври ҳамешагӣ  ҷой дорад ва танҳо бояд ба таври солиму хушоянд бароварда шавад. Имрўз дар ҷомеа ҳамин таблиғи китобхонӣ  хеле кам ба чашм мерасад. Доир ба ин масъала бояд якҷоя заҳмат кашем, ки сатҳи донишу маърифати мардуми кишварамонро баланд бардорем, то донишмандон дар ҷамъият зиёд шаванду шаъну шарафи ватани маҳбубамонро назди ҷаҳониён боло бардоранд. Вақте ки инсон ба китобхонӣ  сару кор дошта бошад, ў дар назди ҳама эътибор ва шаъну шарафро соҳиб мегардад. Дар гуфтаҳои пайғамбари Ислом Муҳаммад (с) ба таъкид омадааст: «Илм иззати дунё ва шарафи охират аст».

Ҳамин тавр, китоб сарчашмаи илму дониш, хираду заковат, махзани пургуҳари таҷрибаҳои таърих, минбари парвариши шахсиятҳои муътабару чеҳраҳои мондагор, малҳами қалби дардманду чароғи роҳи маърифат буда, китобхони боамал дар ҷомеа соҳибмақому соҳибиззат аст ва чун пири хираду дарахти пурбор ба атрофиён нури ҳикмату меваҳои ширини ҳаёт эҳдо намуда, зиндагии шоистае ба сар хоҳад бурд.

Сайдакбар АБДУЛАЗИЗЗОДА,

 корманди Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и

  Китобхонаи миллии Тоҷикистон,

 аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.