Истиклолият неъмати бебаҳост

   Дар давоми бисту ҳашт соли истиқлолият бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурўъ намудем. Барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил додем. Ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодаем.

   Истиклолият барои мо рамзи олии Ватану ватандори, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустакил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошхои фидокоронаи расидан ба истиклолияти сиёсӣ, иктисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вакт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҳаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

   Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари сохибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту ҳашт сол кабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

   Бигузор, ҷашни истиқлол ба кишвари мо шукуфоӣ ва пешравии ҳамаҷониба ва ба мардуми шарифи Точикистон саодату пирӯзии комил оварад.

   ХХVIII солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон муборак  ҳамватанони азиз !

Абубакр Аминов,

сардори шуъбаи маркетинг ва

 менеҷменти МД КМТ