Рӯзи дарҳои боз, ки аз дирӯз, 2-уми сентябр дар Китобхонаи миллӣ идома дошт, чанд лаҳза пеш ба поён расид. Муддати ду рӯз сокинони кишвар ва меҳмонони он имкон доштанд вориди толорҳои хониш шаванд ва бо кору фаъолияти Китобхонаи миллӣ аз наздик ошно гарданд, ба суолҳои худ посух гиранд.
Гуфтанист, ки ҳамасола бахшида ба «Ҳафтаи китоб» ва ҷашни «Истиқлолияти давлатӣ» дар Китобхонаи миллӣ чорабинии васеъи «Дарҳои боз» баргузор мешавад, ки масъули он Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ аст.
Соли равон нахуст барои ҷалби донишҷўёни соли аввали донишгоҳҳо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда, ҷиҳати ташрифи донишҷўёни макотибҳои олӣ талошҳои судман анҷом гирифтанд.
Бахшида ба Ҳафтаи китоб муддати ду рўз Рӯзи дарҳои боз идома дошт. Дар ин рўз на танҳо сокинони пойтахт ва бошандагони атрофи он, балки даҳҳо тан аз ҷумлаи меҳмонони хориҷӣ, гардишгарон аз кишварҳои дуру наздик ба Китобхонаи миллӣ омаданд.
Кормандони Китобхонаи миллӣ ба касоне, ки мехостанд толорҳои хонишро тамошо кунанд ва бо ҷараёни кор дар ин китобхона ва дарёфти китобҳо ошно шаванд, кумак мерасониданд. Онҳоро гуруҳ-гуруҳ ба саёҳат мебурданд ва дар бораи ҳар толору ҳар шуъбаи он маълумоти муфассал медоданд. Дар поёни муаррифӣ варақаву китобчаҳои таблиғотӣ тақдим намуданд.
Дар ин миён даҳҳо тан баъди сайр дар китобхона ба он аъзо шуданд.
Мақсад аз баргузор намудани чорабинии «Дарҳои боз» дар арафаи соли хониши нав ва ҳафтаи китобу ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, ин пеш аз ҳама ошно намудани шаҳрвандон аз шароиту афзалиятҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. Инчунин ҷалби онҳо ба китоб ва китобхонӣ низ масъалаи баргузории чорабинии мазкур ба ҳисоб меравафт.
Аз рафти чорабинии мазкур муовинони Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова ва Гадобек Маҳмудов аз меҳмонон пазироӣ мекарданд.
Абдуғаюр Саломов