Якшанбеи ободонӣ: Гулҳои нав дар саҳни бинои Китобхонаи миллӣ

Аз субҳи имрӯз, якшанбе корҳои ободонӣ дар Китобхонаи миллӣ идома доштанд. Кормандони Китобхона бештар гулшинонӣ карданд ва гулҳои рангоранги зебо саҳни онро оро доданд.
Чанд рӯз буд, ки заминҳоро побел ва барои гулшинонӣ омода менамуданд. Имрӯз бошад ҳамзамон ба идомаи побели заминҳо ва дарави алафҳои расида, боз гул ҳам шинонданд ва ин ба ҳусни мавзеъ ҳусни тоза бахшид.
Рӯзҳои ободонӣ ҳамоно идома доранд. Барои ҳар рӯзи он кор ёфт мешавад, чун ҳадаф тағйир додани ҳусни табиати атроф аст.