Шаш моҳи Шуъбаи маркетин ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ

Дар шаш моҳи сипаригардида ба давраҳои омӯзишии забони чинӣ 115 нафар, забони арабӣ 76, курёӣ 53, 17 нафар хоҳишмандон номнавис шуданд, ки қисмати бештари онҳодар семоҳаи аввал соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд.
Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ тибқи нақшаи кории тасдиқшуда амал намуда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корҳои зиёдеро ҷиҳати ҷалби хонандагон ба Китобхона, таблиғи шароитҳо дар ин боргоҳи маърифат, ҷалби афрод ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, роҳандозии корҳои таблиғотиву таҳлилу баррасии сатҳи хизматрасониҳо дар толорҳои хониш корҳои зиёдеро ба сомон расонд.

Аз ҷумла, дар «Ҳафтаи ҷавонон» дар ташкили чорабинии даъват ба Китобхона таҳти шиори «Саодати ҷавонӣ дар китоб аст» низ кормандони шуъба саҳми худро гузоштанд. Барои тарғибу ташвиқ зиёда аз 2000 буклету китобчаҳо ва варақаҳои таблиғотӣ тайёр карда шуд. Дар давраи таътили тобистона барои даъвати мактаббачагон ба Китобхонаи миллӣ кормандони шуъба ба мактабҳои таҳсилоти умумии рақами 8,12,38,90 ва 92-юм равона шуданд. Онҳо ба хонандагон дар бораи шароитҳои китобхона, имкониятҳои он, толорҳои хониш ва ғайра суханронӣ намуда, аз хонандагон даъват карданд, ки таътили худро бо мутолиаи китоб дар Китбхона гузаронанд. 

Тибқи нақшаи корӣ ҳар се моҳ барои боло бурдани сатҳи хизматрасонӣ ба хонандагон кормандони шуъба дар толору шуъбаҳо пурсишнома гузарониданд. Дар ду пурсиши анҷомшуда 255 нафар хонандагон ширкат ва ба суолҳо посух доданд. Пурсишҳо як қатор кмбудиҳо дар раванди хизматрасониро ошкор карданд ва барои бартараф намудани онҳо ба таври хаттӣ ба роҳбарияти Китобхона гузориш пешниҳод шуд.

Зарфи ним соли гузашта дар Китобхонаи миллӣ  56 чорабинии дохиливу сатҳи байналмилалӣ дошта бургузор шуд. Чорабиниҳои мазкур бештар тариқи пешниҳодҳои тиҷоратӣ, ки аз ҷониби шуъба ба вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои байналмилалӣ ирсол мегардад, баргузор мегарданд.  

Бахшида ба ҷашни Наврўз тибқи нақшаи корӣ шуъбаи маркетинг ва менеҷмент рўзҳои 19 ва 20-уми мартро рўзи «Дарҳои боз» эълон намуд. Барои корҳои ташкилӣ зиёда аз 900 буклет чоп намуда онҳоро ба касоне, ки он рӯзҳо ба Китобхона омаданд, тақдим намуд. Бино ба омори ироашуда дар ин рӯзҳо ҳудудан 5 ҳазор нафар бо шароити Китобхонаи миллӣ аз наздик шинос шуданд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони кишварҳои хириҷӣ низ кам набуданд.

Кормандони шуъбаи маркетин ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ дар атрофи омаду рафти хонандагон, инчунин аъзо намудани хонандагон аз ҷониби шуъбаҳои дар барномаи «Даъват ба китоб ва Китобхона» масъул буда, дар шашмоҳаи гузаштаи соли ҷорӣ бо муқоиса бо солҳои 2012; 2013;  2014; 2015 ва 2016 чунин маълумотро натиҷагирӣ намуданд.

Аз таҳлилу корбурд намудани тамоми маълумотҳое, ки марбут ба ҷалб ва бақайдгирии хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дахлдор аст, маълум шуд:

 

Теъдоди касоне, кидар солҳои 2012-2017 ба узвияти Китобхона пазируфта шуданд

Соли  2012

26470

Соли  2013

17692

Соли  2014

18585

Соли  2015

21160

Соли  2016

22940

Нимсолаи 2017 то 30.06.2017

20426

Чуноне дида мешавад, дар шаш моҳи соли 2017 теъдоди аъзои нави китобхона назар ба солҳои 2013 ва 2014 зиёд аст. Як сабаби афзоиши бесобиқаи сафи аъзои нави Китобхонаи миллӣ татбиқи амалии барномаи «Даъват ба китоб ва Китобхона» аз ҷониби шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ  якҷо бо дигар шуъбаҳои  китобхона мебошад.

Бо муассисаиҳои Нашрияи «Ирфон», МДСИ Энциклопедияи Миллии Тоҷик, Муассисаи нашриявии «Адиб», ТЧБ «Истиқбол» ва муаллифон ҳамкориҳоро ба роҳ монда, барои ба мағозаи фурўши китоб ворид намудани китобҳои онҳо шартномадуҷониба бастанд.

Шуъба дар ташкили курсҳои омўзиши забонҳои арабӣ, русӣ, чинӣ, куриёӣ бе мушкилот мувафақ шуд. Дар шаш моҳи сипаригардида ба давраҳои омӯзишии забони чинӣ 115 нафар, забони арабӣ 76, курёӣ 53, 17 нафар хоҳишмандон номнавис шуданд, ки қисмати бештари онҳодар семоҳаи аввал соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд.