Боз зиёда аз 20 нафар забономӯзон дар Китобхонаи миллӣ соҳиби сертификат шуданд

Бештар аз 20 нафар забономӯзон баъди анҷоми давраи омӯзишӣ соҳиби сертификат шуданд. Маросими супурдани сертификатҳо субҳи имрӯз бо ширкати Ҷонишини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов, директори гўшаи фарҳангии забони куриё дар Китобхонаи миллӣ Шин Наг Кюн ва директори маркази омўзиши забони куриёӣ дар Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Чой Миҳи, сардори маркази «Конуни забони тоҷикӣ» ва омўзиши забонҳои хориҷӣ Шамсиддин Солеҳ ва сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Абубакр Аминов баргузор шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар Китобхонаи миллӣ ин гуна давраҳои омӯзишӣ барои забонҳои арабӣ, инглисӣ, чинӣ, ҷопонӣ ва русӣ низ дар ҷараён аст.
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъкиди ҳамешагии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистоон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки қариб дар ҳар баромади худ ба он ишора мекунад. Ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳам ин тавсияву таъкидҳои Сардори давлатро дар дастури кории худ қарор додаву барои ҷалби ҷавонон ба омӯзиши забон даст иқдом кардааст.
Ба омӯзиши забонҳо дар Китобхонаи миллӣ мутахассисони соҳибтаҷриба ва донандагони хуби ин забонҳо ҷалб шудаанд ва як талаби қатъӣ аз омӯзгорон ҳам ин аст, ки дарсҳо бидуни таъхир дар вақту соати таъиншуда шуруъ шаванд ва бидуни таътил идома кунанд, то вақти донишомӯз беҳуда сарф нашавад.
Дарсҳои омӯзиши забонҳо ҳафтае се маротиба гузаронида мешаванд. Имсол дар назар ба як соли пеш курсҳо бештар фаъоланд ва донишомӯзон бо рағбати бештар саргарми забономӯзӣ шудаанд.