Доғҳои офтоб қисматҳои нисбатан сарди фотосфера (сатҳи Офтоб), ки чун доғи торик мушоҳида мегарданд. Доғҳо дар натиҷаи ба сатҳи Офтоб баромадани ғалаёни пурзўри майдони магнитии минтақаҳои муайяни он (то якчанд ҳазор гаусс) ба вуҷуд меояд. Дар ибтидои хатҳои қувваги майдони магнитӣ қабати фотосфераро ба самти тоҷ рахна карда, ҳаракати конвективии плазамаро дар ғурушаҳо қатъ мегардонад. Дар инҷо аввал машъал, баъд сурохҳо ҳосил мешавад, ки андозаашон ҳазорҳо км- ро ташкил медиҳад. Дар тўли якчанд соат дар натиҷаи пурқувватшавии индуксияи майдони магнитӣ андоза ва миқдори сўрохҳои афзуда, онҳо омезиш меёбанд ва як ё якчанд доғро ба вуҷуд меоранд.
Майдони пурзўри магнитӣ ҳаракати конвективии гази тафсонро, ки сабаби аз каъри Офтоб ба сатҳ интиқол ёфтани энергия мебошад, суст мекунад. Аз ин рў, газ дар минтақаи доғ сард шуда, ҳарорати сатҳи Офтоб дар доғҳо то 4000 – 5000 К паст мефурояд (ҳарорати миёнаи сатҳи Офтоб қариб 6000 К). Андозаи доғҳо ба ҳазорҳо ва даҳҳо ҳазор ки баробар мешавад. Доғҳо ва гурўҳи доғҳо муддати муайян (аз шабонарўз то якчанд моҳ) вуҷуд дошта метавонад. Шумораи Доғҳои Офтоб даврӣ тағйир ёфта, фосилаи ин тағйиррёбӣ ба ҳисоби миёна 11 солро ташкил медиҳад. Замонеро, ки миқдори доғҳо меафзояд, максимуми фаъолияти Офтоб ва солҳоеро, ки доғҳо нест ва ё кам мешаванд, минимуми фаъолияти Офтоб меноманд.
Бори нахуст Доғҳои Офтобро дар Чин соли 800 то м. мушоҳида намудаанд. Таҳқиқоти афзории Доғҳои Офтоб дар натиҷаи ихтирои телекоп ва гелиоскоп (телескопе, ки барои мушоҳидаи Офтоб таъйин шудааст) имконпазир гардид.
Бозчоп аз Энсиколопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 57-58.
Муалиф: А. Раҳмонов
Таҳияи Бибишарифа Содиқзода
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ