Навад дарсади хонандагон дар Китобхонаи миллӣ аз хизматрасониҳои анъанавӣ истифода мекунанд
Нашр шуд 2019-08-09 10:09
Назарсанҷии навбатӣ нишон дод, ки 90 (36 нафар) дарсади хонандагони толорҳои хониши Китобхонаи аз хизматрасонии анъанавӣ истифода мекунанд. Танҳо 10 (4 нафар) дарсади ширкаткунандагони пурсиш аз хизматрасонии электронӣ истифода мекардаанд.
Гуфта мешавад, ки 85 (34 нафар) дарсади пурсидашудагон, аз муносибати кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, розианд. 15 (6 нафар) дарсад гуфтаанд, ки аз ин хизматрасонӣ қонеъ нестанд.
67,5 (27 нафар) дарсади хонандагони толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ, барои дарёфти дилхоҳ китоб ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон рў меовардаанд. Боқимонда, яъне 32, 5 (13 нафар) дарсад барои мувофиқ будани толорҳо, сатҳи хуби хизматрасонӣ зиёд будани соати корӣ бештар ба китобхона меоянд.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷумлаи чиҳил нафаре, ки дар пурсиш ширкат карданд, 23 нафарашон (57,5 дарсад) донишҷӯён буданд.
Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ҳар се моҳ бо суолоти мухталиф миёни хонадагони Китобхонаи милли назарсанҷӣ мегузаронад. Ҳадаф аз ин муайян кардани дараҷаи ризояти хонандагон аз сатҳи хизматрасонӣ, ҷамъоварии арзу шикоятҳо ва мушкилоте, ки хонанда рӯ ба рӯ мешавад ва пайдо кардани роҳи ҳалли ҳама мушкилот дар кутоҳтарин фурсат аст.
Абдуғаюр Саломов