Рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд. Бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем”.
Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Имрӯзҳо миллионҳо одамон ба сайёҳат мераванд ва миллиардҳо доллар дар сайёҳии ҷаҳонӣ гардиш мекунад. Талаботи маркетинги сайёҳӣ босуръат меафзоянд ва онҳо бо намудҳои алоҳидаи туризм маҳдуд намешаванд, ба монанди сафар ба соҳилҳо ва на барои баъзе мақсадҳои пешакӣ. Ташаккули намудҳои гуногуни сайёҳӣ ба монанди агротуризм, сайёҳии экологӣ, сайёҳии ҷуғрофӣ ва сайёҳии адабӣ, ки доираи васеъ ва ҳаҷми талаботи ҷаҳонро дар бозори гардишгарӣ нишон медиҳанд. Чунин бозори васеъ барои самтҳои гуногуни сайёҳӣ имконият фароҳам меорад, ки сайёҳонро аз бозори ҷаҳонии худ вобаста ба мутобиқат ва афзалиятҳо ҷалб кунанд.
Вақте ки мо дар бораи туризм дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунем, аввалин идея ё потенсиал ба ёд меояд, ки сайёҳии экологӣ ва меҳмоннавозӣ бо сабаби табиати зебояш ва кӯҳҳои ба фалак расида диққати ҳар як сайёҳи дохилӣ ва сайёҳи хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки бо меҳмоннавозии мардумаш ба ҷаҳониён машҳур гардидааст. Агар гардишгаре ҳангоми сафар ва диду боздид дари касеро барои об, нон, чой ва ғайра бикӯбад, ҳатман посухи мусбат мегирад. Ва соҳибхона на танҳо обу нон, балки дору нодорашро рӯи дастурхон мегузорад ва меҳмонро пазироӣ мекунад.
Борҳо дидаему шунидаем, ки сайёҳони хориҷӣ агар хотирае аз диду боздидашон аз кишвари мо навиштанд, ҳатман меҳмоннавозии моро дар як боби алоҳида зикр мекунанд ва он ҳам бо далел. Ин анъана тавассути фарҳангҳои аксарияти Осиёи Марказӣ арзи вуҷуд дошта дар Тоҷикистон азизи мо бисёр ба назар мерасад.
Бо ташабуси Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба амал омад.
Бояд қайд намуд, ки ҳамасола рўзи 27 сентябрро ҳамчун рўзи ҷаҳонии гардишгарӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад.
Абубакр Манонзода, сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории КМТ.